Рахмон ба ки хисобот медихад?

Назари Олимпур

Маьлум аст, ки макомдорони Точикистон интишороти Wikileaks-ро кабул надоранд ва ба воситаи муздурону очирони худ хатто дар васоити ахбори ом ин акидаро пахн мекунанд, ки Wikileaks як фиреби навбатии Гарб асту навиштахои он ягон хакикат надоранд.

Вале ин макомот дар мукобили нуктахое, ки Wikileaks фош кард, ба монанди он ки бахши асосии даромади Талко ба кисаи «оила» меравад ва додарзани президент Эмомали Рахмон – Хасан Саъдуллоев (холо Асадуллозода) рахбарии асосии корхонаи миллии алюминямро дар ухда дорад назар надоданд, манзур онро рад накарданд, ки дар чунин холат монанди тасдик аст.

Дар депеши дигари Сафири Амрико ошкоро гуфта шудааст, ки фарзандон ва хешу наздикони Рахмон тамоми бизнеси равгании кишварро моли худ кардаанд ва ба дарачае нафси бад доранд, ки аз дасти онхо хеч чиз дар амон намондааст. Сафир гуфта, ки ин оила фикр намекунад, 30 фисади даромади Точикстонро бихурад ва бо 70 фоизи дигар иктисодиёти кишварро ба пеш барад. Савол ин аст, ки чаро хукумати Точикистон ба ин иттихоми вазнин хеч чиз нагуфтанд, пас онхо инро хам бо сукути худ тасдик мекунанд?

Дар хакикат чаноби холй дар 20 соли хокимияташ бо вучуди он ки маоши мохонааш кариб 60 000 доллари амрикоист, ба воситаи бародару кудову духтару домодхо ва хешони занаш миллиардхо доллари мардуми точикро дар банкхои хоричи пинхон кард ва ба хамин сабаб Точикистони азизи мо ягон пешрафт дар иктисодиёт надорад. Ба хамин сабаб кариб 3 миллион точик дар Россия ва давлатхои дигари чахон кори пасттаринро ичро мекунанд, ки барои ахлу аёли худ як порча нон пайдо кунанд.

Саволи ман ин аст, ки ягон кас рузе аз ин хокимон мепурсад, ки пули миллати точикро кучо карданд ва барои чи мамлакат хамон хел дар холи зор мондааст. Савол ин аст, ки ин чаноби холи  дар назди ягон орган, масалан парламент ё суди оли ё хар чои дигар бояд хисобот дихад ё не? Халк ба вай боварй кард, лекин вай боварии халкро чи хел ичро кард ягон кас мепурсад ва вай хисобот медихад ё хамин хел рафтан мегирад?

One Response

  1. Рахмон ба ки хисобот медихад?
    Факат ба миллати точик не.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: