Дар Тоҷикистон ба ҷавонон роҳ нест

«Озодагон» №19 18.05.2011

Сухроб ШАРИПОВ, рахбари Маркази тадкикоти

стратегии назди президенти Точикистон

Ба фикри ман ҷавонони Тоҷикистон аз ҷониби масъулин дастгирӣ меёбанд ва ҳукумат ба онҳо эътимод дорад. Ҳар як вазифаи калидӣ таҷриба, таҳлил ва масъулият мехоҳад. Албатта, ҷавонон дар вазифаҳои расмӣ ҳастанд, барои мисол Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Ҳамин тавр шояд 20 ва ҳатто 30 дарсади кадрҳои ҳукуматиро ҷавонои ташкил диҳанд. Ман ҳамаруза мебинам. Агар ба дастгоҳи президенти Тоҷикистон ва дигар вазоратҳо равед, мебинед. Ҳама ҷавонон ҳастанд то 30 сола ва аз он бештар.

Фақат сабаб ин аст, ки шояд онҳо ҳоло таҷрибаи зиёд надоранд ва аз назари ҷомеа дуртар ҳастанд, чун бо хабарнигорон камтар ҳамкорӣ мекунанд. Яъне чехраӣ расмӣ ва оммавӣ нестанд.

Ба андешаи ман масъулин бояд ба кадрҳое, ки донишгохҳои хориҷи кишварро хатм карда меоянд, такя намояд. Ин як захираи давлатӣ мебошад, зеро онҳо аз ҳисоби маблағи буҷа таҳсил мекунанд.

Мушкили ҷавонони тоҷикро ман дар ҷойи кор мебинам. Мутаасифона ҷой ивазкунии кадрҳо дар мо нодуруст аст, системаи мушаххас вуҷуд надорад.

Мо бояд шароити рақобати солимро фарохам оварем. Ҷавонони донишманди тоҷик ҳозир бо созмонҳои байналмилалӣ бештар ҳамкорӣ доранд. Сабаби инро ман дар хешутаборбозӣ, маҳалгароӣ ва фасод мебинам. Мо бояд фазое бисозем, то ҷавонон барои кор дар Точикистон ҳавасманд бошанд.

Фирдавс ЮНУСОВ, чавони точик

            Дар ин ҷо ду мушкил аст, ба назари ман. Аавал ин ки худи ҷавонон ба ин маоши ҳадди ақалле, ки давлат барояшон медиҳад. омода нестанд, то дар идораҳои давлатӣ кор кунанд. Дуввум, ҳукумат низ дар навбати худ омода нест, то ба ҷавонҳое, ки дар хориҷ аз кишвар таҳсил дида ва ба ин ҷо омадаанд, ҷои кори муносиб бидиҳад. Зеро дидгохҳои эшон аз дидгоҳҳои маҷомдорони мо тафовут дорад ва инҳо метавонанд ислоҳотеро роҳандозӣ кунанд. Ин ду чиз ҳанӯз мушкили аслӣ барои ҷалби ҷавонон ба мансабҳои давлатӣ аст. Албатта, баъзе аз ҷавонҳое ҳастанд, ки дар идораҳои расмӣ мор мекунанд. Аммо ин ки ду се ҷавон дар идораҳои давлатӣ кор мекунанд, ин маънои онро надорад, ки ҳукумат барои ворид шудани ҷавонон ба идораҳои давлатӣ рох; боз кардааст. Гузашта аз ин, дар ҳоле ки идораи ҳукумат дар дасти як гурӯҳи ба ҳам наздик аст, ворид шудани ҷавонон ба ин даргох, сахлу содда нест. Ин гурӯҳ низ намехоҳад, ки нони дахонашро нимта кунад. Бо ин ҳол, мо ба ислоҳот ниёз дорем ва бояд ба идораҳои расмӣ ҷавонҳое ворид шаванд, ки дидгоххои бозу демократӣ дошта бошанд. 

Чумъабой САНГИНОВ, чонишини раиси вилояти Сугд

            Чавоб гуфтан ба ин масъала хеле мушкил аст. Ин масъала ба назари ман ду паҳлӯ дорад. Ҷомеаи мо анъанавӣ аст, ҳар андешае, ки дар фазо пайдо мешавад, ҳатман дар шакли на он қадар устувор паҳн мешавад.

Дар солҳои низои шаҳрвандӣ, олимон ва омӯзгорони донишгоҳи тиббии аз кишвар берун рафтанд Дар як муддати муаӣян заъфи донищгоҳи давлатии тибии Тоҷикистон ба мушоҳида мерасид. Мутахасисони бо таҷриба камтар ба назар мерасиданд. Аз ҳамин хотир ташкилоти баӣналмилалӣ ва кишвархои хориҷӣ зимни дархости худ ошкор мегуфтанд, ки танҳо нафаронеро ба кор ҷалб мекунанд, хи ДДТТ-ро то соли 1992 хатм кардаанд.

Аз байн солҳои зиед гузашт ва мо талош намудем ҳамон қобилияти зехнии худро баркарор созем. Тақрибан аз соли 2000 мутахасисони ботаҷриба донишгоҳи тибии кишварро хатм мекунанд. Зина ба зина мо сатҳи таҳисли худро боло мебардорем. Аз ин хотир ба он назар, Ки ҷомеа ба кадрҳои ҷавон бовар надорад, ман розӣ шуда наметавонам.

Агарчӣ то имрӯз мо бо сатхи донишандузии солхои 90-уми садаи гузашта нарасида бошем хам, аммо мархила ба ба мархила наздик мешавем Точикистон дорои кадрҳои хирфаи аст.

Аслан ба андешаи ман ҷомеа ин масъаларо ба таври дигар дарк намуда, баррасӣ мекунад. Шояд. Онҳо аслан мавэӯи бо чойи кор таъмин кардани ҷавононро дар назардошта бошанд, Аммо ба фикри ман ин нодуруст аст. Мардум бо ҷойи кор таъмин нашудани ҷавононро танҳо дар шаҳри Душанбе мебинанд Ҳол он, ки дар шаҳру навоҳии атрофи Душанбе ба ин кадрҳо ниез доранд. Мутаасифона, аксари хатм кардаҳои ДДТТ кӯшиш мекуканд, то пас аз хатми донишгоҳ дар шахри Душанбе боқӣ бимонанд. Вале, ин ғайриимкон аст. Душанбе хамеша бо мутахассис таъмин буд. Ҷавонон бояд барои кор ба минтақахо ҷалб карда шаванд.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: