Таъиноти нави Рустами Эмомалӣ

Эҳсони Шариф

Имрӯзҳо дар бораи ба вазифаи нави давлатӣ тансиб шудани Рустами Эмомалӣ дар торнамоҳо ва нашрияҳо фикрҳои гуногунеро хонда дар ҳайрат меафтам. Бисёр мехонам, ки…ба ин таъиншавӣ бо шубҳа менигаранд ва дарҳол аз он менависанд, ки Рустами ҷавонро барои гирифтани мансаби президентӣ тайёр карда истодаанд.

Магар як ҷавон ҳақ надорад, ба мансабҳои баланди давлатӣ расад? Магар худи ҳамин торнамоҳову нашрияҳо ҳар рӯз наменависанд, ки чаро дар ҳукумати кишвар ҷавонон каманд? Ҳоло вақте ки ба як ҷавон роҳ дода шудааст, онҳо баръакс даъво доранд, ки чаро Рустами Эмомалӣ ба ин мақоми тансиб шудааст.

Баъзеҳо мегӯянд, ки Рустами ҷавон чӣ тавр як худаш 5 вазифаро ӯҳда мекарда бошад. Магар шумо намебинед, ки вай писари кист ва падараш як худаш чанд вазифаро иҷро карда омада истодааст. Дуюмаш ин ки дар таърихи гузашта ва имрӯзаи ҷаҳон чунин ҳодиса бори якум нашуда истодааст, ки ин қадар ҷои ҳайрату ғавғо дошта бошад. Дар Озарбойҷон Ҳайдар Алиев ба кишвараш сулҳ овард, онро орому осуда кард, иқтисодиётро пеш бурд ва вақте ки пир шуд, писараш Илҳом Алиевро ба ҷои худаш гузошт. Озарбойҷониҳо ин иқдомро бо хушнудӣ пешвоз гирифтанд ва то ҳол Илҳом Алиев дар мақоми раисиҷумҳури Озарбойҷон бомуваффақият кор мекунад.

Аз лиҳози ҷомеъашиносӣ чунин интиқоли осоиштаи қудрат бисёр муҳим ва муфид аст. Мансабдороне, ки дар муддати раҳбарии падар ҷойгоҳи муносиб ёфтанд ва таҳкурсии давлатро ташкил медиҳанд, осуда ба корҳои давлатӣ идома медиҳанд ва талош намекунанд, ки вазъи мамлакатро баҳам зананд. Дар акси ҳол дар кишварҳои шарқӣ ва мусулмонӣ гузариши қудрат одатан ба ҷангу бадбахтиҳо сабаб мегардад. Заминаи он норозигии гурӯҳҳое мебошад, ки аз чунин тағйири якборагӣ барои манфиатҳои худ ба тарс меафтанд ва ягона чораро дар ноором кардани вазъият мебинанд.

Аз тарафи дигар номустаҳкамии қудрати давлатӣ ашхос ва гурӯҳҳои ҳангомахоҳу мансабталошро ба ҳаракат меорад, то бо истифода аз ин фурсати ҳассоси интиқоли давлат даст ба хушунат зананд ва ҳамчунон сабабгори нооромӣ дар кишвар шаванд.

Албатта, бояд ба Рустами Эмомалӣ ин машварат дода шавад, ки худро бештар ҳамчун сиёсатмадори устувор нишон диҳад, дар қарорҳои умумии давлатӣ фаъолтар бошад ва шахсияти худашро ба аҳолии кишвар шиносонад. Дар акси ҳол то имрӯз мардум ӯро зиёдтар аз рӯи хабарҳои дурӯғе мешиносанд, ки чанд сол пеш тонамоҳо ва нашрияҳоро пур карда буд, ки бино бар онҳо вай тағаи худ Ҳасан Асадуллоҳзодаро бо тири таппонча аз гарданаш захмӣ кардааст. Барои аз байни бурдани ин овозаҳо бояд Рустами Эмомалӣ бо амалҳои нек кӣ ва чӣ будани худашро нишон диҳад ва ин фикрҳоро аз сари одамон дур кунад.

Бо камоли ҷуръату ҷасорат метавон гуфт, Рустами Эмомалӣ дар мансаби нави давлатӣ корҳои некеро ба анҷом мерасонад, зеро таври маълум гумрук яке аз соҳаҳои бисёр муҳими давлатист ва дар ин ришта қонуншиканиҳо хеле зиёданд. Бо пешгирӣ аз ин қонуншиканиҳо дар соҳаи гумруку Рустами Эмомалӣ метавонед хеле зуд ном ва обрӯи худро дучандон кунад.

Advertisements

8 Responses

  1. Ту бигуй ки барои ин маколаи заказной чанд пул мегири? Ва чаро ангуштро бо к… киёс мекуни? Як бипурс ки оё он Рустами таърифии ту медонад ки худ гумрук чист? ба ман бифахмон ки калимаи «тага»-и ту чи маъно дораду бо чи забонест ин кадар касифу магшуш?

  2. Mardi zirak Эҳсони Шариф, naxodu slivki snimat kardee… Jo ki dejstvitelno zakaza ijro kard. Inro xudi xudo donad, jo shajton???

    Anti, tu ham ajoib budaji, az chi gham mexuri? Mardak ghami bachasha naxurad, movu tu xurem?

  3. Эхсони Шариф!Чанде пеш маколаатро зидди олимони диндори Точикистон хонда будаму чехраат камтар аён буд.Акнун бо боварии комил мегуям ки лагандбардори маддохе хасти ки бо таърифхои дуругат сари мардумро гаранг карда истодаи?1000000 чавони точик аз хона бе хонаю 1 одам сохиби 5 вазифа.Дар кучо инсоф мемонад.Э худо инсофатро гирад нависандаи дарбори!Як бор сухани хакро гуй!Дуюмбора нагуй ки зёиён аз дасти исломиён ватанро тарк мегуянд.Сабабаш мо ва худи ту нагз медони?Аз набудани чои кор!

  4. Аз саратон монад хамаи хамин мансабхо дар тамоми точикистон ахоли аз пушти навси баъди хаминхел Рустамхо хорию зори мекашанду ту боши харомхур таърифи мансабпарастонро мекуни

  5. Эҳсони Шариф маколаи ту маддох бисёр кимати гарон дорад ва «бомаъни» аст ту хам ба наздики сохиби 5 вазифа мешави камтари дигар кунбардори карда ист

  6. mo tarafdori emomali rustam, ki raisi jumhur shava

  7. ЭХСОН ХАМАИ ГАПХОТ ФАРЗКАРДЕМ КИ РОСТ
    ДАР БОРИ ОЗОРБОЙЧОН ВА ИЛХОМ АЛИЕВ!
    ХОБ ТУ РУСТАМА КОР НАГИ – МАНА ХАМИ ХУДИ ТУ БА МАРДУМИ ТОЧИК ЧИ ХИЗМАТ КАРДИ,?
    А МАРДУМИ ТОЧИК АЗ ОН МЕТАРСАНД,КИ ПАДАРИ РУСТАМ ТАНХО ЯК БАРОДАР ДОШТ ВА ИМРУЗ ЧИ?
    БО НИМИ ДИГАРИ ТОЧИКИСТОН ХЕШИ РУСТАМ ШУДАНИЯН
    ТАРАФИ ХУСУРУ- ХУСУРБАЧАХОШ- НОМАРДИ НЕСТ?
    ЭЙ ТУ БАРИН НАВИСАНДА КОХИ ПУСИДАРА НАКОВ,КИ БУЯШ МЕБРОЯ ,,,

  8. Албатта Албатта Бародар Рост Мегуй !

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: