Хамаи роххои Точикистон пулакй мешаваду пулаш ба кисаи 1 кас меравад

РАКИБИ IRS ДАР ТУРСУНЗОДА?

«Фараж» №04 26.01.2011 Марчонаи КОДИР

Вақтҳои охир дар ВАО хабарҳо ва гузоришҳои зиёде ба табъ расиданд, ки роҳи марказии шаҳри Турсунзода пулаш шудааст ва ширкати IRS нахустини рақиби пулчинаки худро пайдо кардааст.

Ба истиснои хабару гузоришҳои дар ВАО нашршуда, якчанд ронандагон ва сокинони шаҳри Турсунзода низ ба редаксияи газетаи “Фараж ” занг зада дар ин бора хабар доданд ва ҳатто бархе аз ронандагон аз он изҳори норозигӣ карданд. Редаксия тасмим гирифт, ки барои рушан намудани ҳақиқати ҳол ва то чӣ андоза дуруст будани хабару овозаҳо хабарнигори худро ба шаҳри Турсунзода фиристад.


Сафаров Н., муовини раиси хукумати шахри Турсунзода: «Мувофики мукаррароти мо аз мошинхои самти Душанбе 1-сомони ва аз мошинхои шахри Турсунзода бошад, 50-дирам хамчун хакки таваккуфгох ситонида мешавад. Мо таваккуфгохро пулаки кардем, на рохро».

Ҳангоми боздид аз бозори марказии шаҳр ва сӯҳбат бо чанд нафар ронандагон маълум шуд, ки дар ҳақикат чекчинҳо аз хар як ронанда 50 дирамӣ гирифта, ба онҳо чек медиҳанд.

Агар ронандаҳо 2-сомонӣ пардохт намоянд, ҳамон рӯз дигар маблағ намедиҳанд, вагарна сари ҳар гардиш 50-дирами ситонида мешудааст. Якчанд ронандаҳо ҳангоми сӯҳбат иброз доштанд, ки мо хам патонт месупорем ва хам ҳақки роҳро медиҳем. Чаро роҳи моро пулакӣ карда бошанд? Ин роҳро на касе таъмир кардааст ва на роҳи нав сохтааст. Аз сӯҳбат бо яке аз чекчинакҳои роҳ Зокиров С. маълум шуд, ки дар як рӯз аз 150 то 250 сомонӣ аэ ронандаҳо пул ҷамьоварӣ карда, ба хазина месупоранд. Аммо номбурда сабаби пул ҷамъ карданашро шарҳ дода натавониста, зикр намуд, ки вазифаи ман фақат ҷамъоварӣ кардани маблағ аст ва ба сабабҳои пайдо шудани чунин фармон коре надорам. Шумо метавонед роҷеъ ба ин масъала ба масьулони шаҳр муроҷиат кунед.

Дар кумитаи иҷроияи хукумати шаҳри Турсунзода, муовини раиси шахри Турсунзода Ҷумаев Баҳром Эргашович изҳор дошт, ки қарор дар бораи пулакӣ шудани роҳи мазкур, яъне роҳи атрофи бозор ҳанӯз соли 2007 баромада буд, вале то имрӯз иҷро нашуда буд:

“Мо асотсиатсияи мусофиркашон ташкил кардем ва бо ин ҳам роҳи мазкурро ба танзим дароварда натавонистем. Он гох мо амр баровардем, ки дар рӯ ба рӯи бозорча як рох, аст, ки онро ронандагон ҳамчун тавақкуфгоҳ истифода мебаранд ва ба рафтуои мошинхо халал мерасонанд. Мо ҳамин таваккуфгоҳро пулакӣ кардем. Яъне на роҳ, балки таваққуфгоҳ пулакӣ шудааст. Маблағи ҷамъшударо мо барои ободонии роҳ харҷ мекунем. Кори мазкур озмоишӣ аст ва баъди санҷиш мо ҳамаи ҳуҷҷатҳоро ҷо ба ҷо намуда, корро аз сар огоз мекунем”.

Баъд аз талаби нусхаи қарор ё амр роҷеъ ба рохи мазкур, мавсуф моро ба назди муовини дигари раиси шаҳр Сафаров Нурулло фиристод, Сафаров изҳор дошт, ки: “дар шаҳри Турсунзода зиёда аз чор хазор “Тико” ба қайд гирифта шудааст, аз хамин чор ҳазор “Тико” 376-и он патент надорад. Масалан агар дар як рӯз 1000 автомошинаи “Тико” кор накунанд хам, вале 300-тои онҳо хатман ба мусофиркашӣ машғул мешаванд. Лекин аз онҳо ба давлат ягон фоидае намерасад. Аксарияти инҳо на андоз месупоранд ва на патент доранд. Ҳар коре, ки мо мекунем, дар чоҳорчӯбаи қонун аст. Дар Турсунзода як вокзали автомобилии “Фирӯз” мавҷуд аст, ки аз 24-хатсаӣр иборат аст. Ҳамаи хатсайрҳо фаъолият мекунанд, вале ба касе расид (квитансие) дода намешавад. Вақте квитансия дода намешавад маблағи ҷамъшуда низ муайян карда намешавад. Мувофиқи муқаррароти мо аз мошинхои самти Душанбе 1-сомонӣ ва аз мошинҳои шаҳри Турсунзода бошад 50-дирам ҳамчун ҳаққи таваққуфгоҳ ситонида мешавад, Яъне мо ягон намуд роҳро пулакӣ накардаем, балки таваққуфгоҳро пулакӣ кардем. Ҳозир идораи камуналӣ зиёда аз 6-ҳазор маблағ ҷамъоварӣ кардааст. Мо ҳама ҳуҷҷатҳоро омода карда, ба прокуратура пешниҳод карда истодаем, ки нисбати онҳо чора бинанд ва дар масъалаи андоз низ хуҷҷатҳоро пешниҳод мекунем. Дар ин бора қарори раиси шахр низ мавҷудаст”. Мавсуф баъди сӯҳбат қарореро ба мо нишон дод, ки 28 маӣи соли 2007 имзо шуда буд ва “Дар бораи тадбирҳо оиди ба танзим даровардани хизматрасонии наклиёт ба аҳолӣ” ном дошт.

Дар он аз ҷумла гуфта мешуд: “Дар асоси пешниҳоди Прокуратураи шаҳри Турсунзода аз 21 маӣи соли2007 тахти 7/1-07″ Оиди бартараф намудани камбудию қонунвайронкуниҳои ошкоршуда ва сабабу шароитҳои ба он мусоидаткуианда дар самти ташкил ва фаъолияти хизматрасонии наклиёт ва бехатарии харакати наклиёт дар ҳудуди шаҳри Турсунзода дар давоми соли 2006 ва семоҳаи аввали соли 2007”, мутобиқи моддаҳои 19,20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” қарор мекунам…

Ба ҶДММ “Хизматрасонии нақлиёти “Фирӯз”, ҶДММ “Ҳоҷӣ Фаӣзуллохон” ва бахши бозрасии давлатии автомобилии шаҳр:

-то пешниҳод ва қабули нақшаи хадои саӣри нақлиетҳои мусофиркаш ҳаракати наклиёти мусофир кашро дар истгоххои зерин ба танзим дароранд:

-ЧД ММ “Хизматрасонии наклиётии “Фирӯз”; назди мағозаи “Баҳор” деҳаи Свердлов, истгохҳои назди бохори марказӣ, муассисаи манзилию коммуналии шаҳр;

-ҶДММ “Ҳоҷӣ Файзуллохон” -даромадгоҳи шаҳри Турсунзода назди тарабхонаи “Чашма”, назди почтаи марказӣ, назди бинои комбинати хизмати маишии шахр.

Ба тамоми наклиётҳои сабукрави шахсии мусафиркаш нишонахои фаркунандаи аломатҳои ‘Таксӣ” ва ракамҳои хатсайр гузошта шавад. Дар нуктаҳои хизматрасонии зикршуда оиди аз муоинаи тиббӣ ва техникӣ гузаштани ронандагон ва автомашинахо -чораҳои зарурӣ андешанд”.

Дар банди охири он супориш дода шудааст, ки назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини раиси шаҳр Нурматов У Ш. гузошта шавад.

Дар асоси қарори мазкур аз 27-декабри соли 2010 амр низ барои пиёда кардани қарори мазкур имзо шудааст. Дар он низ аз ҷумла гуфта шудааст, ки “аз ронандагони нақлиётҳои хатсайрҳои ташкилшуда маблагҳои пулӣ бо истифодаи чек ҷамъ намуда, ба хазинаи ММК даромад намоянд;

-дар кӯчаи П.Тоҷиев даромадгоҳи бозори марказӣ ва кӯчаи ба номи Б.Ғафуров дар қисми поёнии мағозаи “Олами кӯдакои” ва ғ чӯби раҳбанд (шлагбаум) гузорад.

-маблағҳои ҷамъшударо тибқи смета барои корҳои ҷашни 20-солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар корхои ободонии шаҳр истифода намояд”.

Аз дидани рохи пулакишуда ва сӯҳбат бо ронандагону кормандони ҳукумати шаҳр маълум шуд, ки тамоми гузаргохҳои атрофи бозорҳои шаҳр, ки ба сифати таваққуфгоҳ истифода мешаванд, пулакӣ шудааст, на худи роҳ. Ба ҳар навъ таҷрибаи пулакӣ шудани роҳҳо дар Точикистон нав набуда вақт нишон дода истодааст, ки рохҳои нав ба нав пулакӣ хоҳанд шуд, Танҳо фарқ дар он аст, ки агар дар кишварҳои дигар танҳо дар ҳолати мавҷуд будани роҳхои алтернативӣ роҳҳои навро сохта пулакӣ намоянд, дар мо рохҳои кӯҳна ва нообод хам бе мавҷудияти ягон роҳи дигари алтернативӣ пулакӣ карда мешаванд. Умедворем, ки дар Турсунзода низ рохҳои дигар пулакӣ карда намешаванд ва рохбари Ҳукумати шахр бо ҳамин тавакқуфгохҳо қаноат мекунад.

 

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: