Ман ҷонибдори истиқлолам, кй мухолиф аст?

Турко ДИКАЕВ, «Миллат» №50 15.12.2010

Ҳама тибқи қоида аст (ҳатто агар ин қоидаи нопоке бошад). Яъне ҳамла тавассути расонаҳои хабарӣ дар мавриди он, ки марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон ба роҳгузаре мубаддал гаштааст.

Гӯё Тоҷикистон пурра фалаҷ шудаву дар ояндаи наздик бояд номи он ба Толибистон иваз шавад. Аммо дунболи кафан давидани мо маълум гардид, ки ҳоло ба ин зарурат нест.

Гӯё русҳо марзи моро чунон маҳкам мекунанд, ки ягон муш онро убур карда наметавонад ва мо зиндагии хушбахтонаи худро шурӯъ хоҳем кард. Ҳамин тариқ, мо оғӯши худро ба бародари калони худ боз мекунему ба ихтиёраш як қисми қаламрави худро месупорем?Бовар кунед, ҷанги иттилоотии ба муқобили мо бғозшуда, бо пешниҳоди таъсиси дастаи муҳофиз анҷом намеёбад. Тавассути васоити ахбори умуми Русия (тафовути мову Русия ин аст, ки дарон кишвар ВАУ 100% зери назорати шадиди давлат аст) мо дар бораи худ ҳоло чизҳои бисёре мефаҳмем, алалхусус дар бораи он ки мо чӣ гуна мӯҳтоҷи ёрӣ ҳастем, вале кӯрнамакем.

Маълум аст, ки тасмимро ман намегирам, вале ҳамчун шаҳрванд, ман ӯҳдадорам, ки андешаи худро бигӯям. Андешаи қатъии ман ин аст, ки мо ба ҳеҷ ваҷҳ набояд аз истиқлоле, ки хеле бо мушкил ба он даст ёфтаем, ихтиёран худро аз он маҳрум кунем. Истклолияти ҳақиқии давлату миллат аз ҳифзи марзҳояш шурӯъ мешавад, на дар натиҷаи эълони зоҳирии он. Агар бо забони хонагӣ гӯем, вақте калиди хонаро ба ҳар як роҳгузар медихед, ҳеҷ зарурат надорад охирин пулҳои худро сарф карда, хонаамонро дари оҳанӣ насб кунем.

Ва ин ҳам чандон муҳим нест. Муҳимтар он аст, ки дар ин ишқи русҳо ҳеҷ самимияте нисбат ба мо вуҷуд надорад, зеро танҳо манфиатҳои худи онҳо дунболагир мешавад. Мехоҳанд моро истифода кунанд, мисли як пайтоба ва баъд дур бипартоянд. Интиқоли дастаи зудамали марзбонӣ ба сарҳади Тоҷикистон барои русҳо танҳо ба ин хотир аст, ки пойгоҳи низомии худро фаъол кунанд. 5 сол боз ин пойгоҳ дар қаламрави мо бидуни вазифаи муайяни ҳарбй қарор дорад. Мандати он бо техникаи низомии зиреҳпӯш расондани ёрӣ ба марзбонони рус буд, ки 5 сол қабл бо хурӯҷи сарҳадбонони Русия ба анҷом расид. Барои фаъол намудани пойгохи низомӣ баҳонаи зоҳирӣ лозим аст. Чунин баҳона пайдо мешавад, агар русҳо тавонанд моро боз як бори дигар фиреб диҳанд.

Лубиёву каду; лаънат ба ҳар ду

Дар ин замина тамоми воситаҳо муносибанд; марзи боз, қочоқи маводи мухаддир ва ғайра коргар аст. Гӯё дар ҳалли онҳо худи мо дасткӯтоҳем.

Шояд Русия то бехи гӯш дар ботлоқи Афғонистон фурӯ равад. Касоне, ки вазъияти ин кишварро дунболагирй мекунанд, бояд дар хотир дошта бошанд, ки як-ду сол қабл Русия аз Амрико гузаштҳои гӯшношунидеро барои ширкати эҳтимолии худ дар ҷанг талаб мекард. Дар ин маврид ҳатто фикр намекунад, ки кӯшиши бо роҳи осон соҳиби миллиардҳо маблағ шудан ба хазинаи худаш зарба мезанад. Мисли корчалонҳои калон, амрикоиҳо ишқи русҳоро бо маблағҳои муфт дар ивази ҷони дигарон ба фоидаи худ истифода карданианд.

Як сол пеш, бо дарназардошти вазъияти ба амаломадаи низомӣ дар Афғонистон, ки ба манфиаташон набуд, Вашингтон теъдоди ҳарбиёни худро афзуд, аммо он вақт касе намедонист, ки амрикоиҳо дар сурати шикасти худ чй нақшае дар сар доранд. Акнун ин стратегия комилан равшан шудааст.

Афғонистон дар муқобили мавҷи ин ҳамла истода тавонист. Гузашта аз ин, ба ҳуҷум гузашта, қоидаи бозироҳам худ муайян кард. Пойгоҳҳои низомии НАТО дар қароргоҳҳояшон зери ҳамлаи доимй қарор гирифтанд. Вазъият хеле буғранҷ гардидааст. Шикасти комили лашкари НАТО дигар ошкор аст. Бинобар ин, кӯшишҳои зиёде ба харҷ дода шуд, то ки ин нирӯҳо дар минтақа мавқеи худро мустаҳкам кунанд.

Вазъият аз интизоре, ки русҳо доштанд, бадтар аст, зеро пурра ба нафъи толибон аст. Дигар ҳоло масъала масъалаи пуле, ки бояд барои ёриву ширкат мустақим ба даст меомад, нест. Вақти он расидааст, ки худашон ҳам вориди амал шаванд, дар акси ҳол вазъият хеле бадтар мешавад. Толибон дар назди марзҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ пайдо мешаванд. Амрико калиди заруриро интихоб кардааст, зеро тамоми кӯшишро ба харҷ дод, то ки толибонро ба шимоли Афғонистон, ба марзхои собик Итиходи Шуорвӣ биронад. Низомиёни олмони, амрикоӣ, белгиягӣ ва афғонӣ дар ноҳияи Чордараи Афғонистони шимолӣ ҷангҳои сангинро шурӯъ кардаанд. Ва он гоҳ расонаҳои хабарӣ дар бораи тузариши оммавии толибон ба Тоҷикистон хабарҳо пахш намуданд. Ва ҳатто Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишварамон маҷбур шуд, ки ин гуна хабарҳоро рад кунад.

Дар Русия ин қадами ИМА-ро хеле ҷиддӣ қабул карданд. Русия ва шаш ҷумҳурии собиқи шӯравӣ кӯшиш ба харҷ доданд, ки нирӯҳои НАТО-ро дар Афғонистон мутмаин созанд то онҳо ба «сиёсати бесамар»-и худ дар мавриди «рондан»-и толибон аз минтакахои амалиёти чанги дар ҷануб ба дисар вилоятҳо, аз ҷумла ба вилоятҳои нисбатан ороми шимол хотима диҳанд.

Ба қавли намояндаи доимии Русия дар СММ Виталий Чуркин, «маъракае, ки нирӯҳои байналмилалӣ ба муқобли Ал-Қойида ва толибон пиёда месозанд, бесамар аст, зеро ҳангоми амалиётҳои низомӣ ба онҳо имкон дода мешавад, ки нирӯи ҳарбии худро ҳифз кунанду ба дигар ноҳияҳои Афғонистон раванд, аз ҷумла ба марзҳои шимолии Афғонистон».

Русия роҳи бозгашт надорад

Тазаккур медиҳем, ки ин сиёсат барои Русия бесамар аст, на барои НАТО. Чунон ки расонаҳои хабарӣ қайд мекунанд, Русия дигар роҳи ақиб гаштан надорад. Яъне роҳи бозгашт ба Афғонистон. Агар намехоҳед онро таҷовуз номиданд, амалиёти махсус ба муқобили маводи мухаддир номед! Фарқ надорад, ки онро чӣ меномед. Зарур аст, ки ҳамаи масъалаҳо ҳал шаванд ва ҳар рӯз бештар ба ин ботлоқ ғӯттавар шавад.

Ва акнун русҳо маҷбур ҳастанд, ки принтсипи «аз даст надодани обрӯ»-ро ба кор дароваранд ва ақрабакро ба самти бозгашти Русияба Афғонистон, зарурати мубориза ба муқобили қочоқи маводи мухаддир тоб диҳанд. Қочоқи маводи мухаддир, чунон ки мефаҳмед, тибқи шарҳи русӣ аз қаламрави Тоҷикистон мегузарад, ҳарчанд тавассути кишвари мо қисми ками он интиқол мешавад.

5-уми октябри соли 2010 ИМА дар назди Русия шартҳои нав гузошт. Акнун амрикоихо хеле боадабона боз як хоҳиши дигар карданд. Сафири ИМА дар Русия Ҷон Байерли гуфт: «Ба муборизаи зидди экстермизм ва наркотрафик транзити бронетранспортёрҳо тавассути роҳҳои заминии Русия мусоидат мекунад. Инчунин ёрӣ дар сохтмони нақбҳо, алалхӯсус, барқарор кардани нақби Соланг зарур аст. Сафир ҳамчунин фоидаи шартномаро доир ба интиқоли ҳавоӣ махсус таъкид карда, изҳор дошт, ки беш аз 50 ҳазор низомиёни амрикоӣ тавассути роҳи ҳавоии Русия ба Афғонистон фиристода шуда буданд».

Ҳеҷ ҷои шак нест, ки Русияро ин дафъа ҳам маҷбур мекунанд, ки на танҳо ин кор, балки корҳои зиёди дигарро низ анҷом бидиҳад. Аммо чаро Русия ин корҳоро аз ҳисоби мо ва поймол кардани истиқлоли мо кунад? Ин аст саволи матраҳ. Афғонҳо изҳор доштанд, ки ҳангоми бозгашти русҳо ба ватанашон қотеъона қассос мегиранд. Аҷиб ин аст, кй ҳам толибон ва хам ҷонибдорони Карзай дар ин кор саҳм гузоштанианд. Агар манфиати аввалиҳо маълум бошад, эътирози дувумиҳо бо маводи мухаддир иртибот дорад.

Русия дар дом аст

Чунон ки аз иттилооти расонаҳои хабарӣ бармеояд, 60% ҳисобҳои молӣ дар дохили Афғонистон бо маводи мухаддир вобастагӣ дорад ва ё ба ҳар шакли дигаре аз фурӯши маводи мухаддир ба даст меояд. Бародари президент Карзай Аҳмад Валӣ Карзай ҳамчун шохи маводи мухаддир на  танҳо дар қаламраве, ки рузона зери фармонаш аст, яъне Қандаҳор, шинохта шудааст. Худи Карзай ҳам аз фурӯши маводи мухаддир суд мегирад. Ин ҳодисаи ҷанҷолбарангез аст. Ёд доред амалиёти мушгараки амрикоиҳо ва русҳоро барои нобуд кардани лабораторияҳои тавлиди ҳероин? Вокуниши Карзай воқеан шадид буд, зеро системаи анъанавии дохилӣ вайрон карда шуд.

Ва ҳоло мегӯянд, ки «Карзай тибқи анъанае, ки тарбия ёфтааст», «ҳар гуна ки метавонист», ба ҳамшаҳриёни худ доир ба тағйир ёфтани ҳадаф хабар додааст. «Иттиҳоди Шӯравӣ барои 10 сол Афғонистонро ишғол карда буд ва аксар пешвоёни -имрӯз ба муқобили он таҷовузгар ҷангида буданд». Ба ибораи дигар, муборизаи сахту шадид шурӯъ мешавад ва иттилоот дар бораи ҳаракати русҳо ба таври доимӣ ҳамзамон ба ҳама гуруҳҳо расонда мешавад.

Русияро дигар намегузоранд аз ин дом берун барояд. Дар ибтидои моҳи декабр дар Қазоқистон ба мақсади он ки Русияро ҳарчӣ бештар дар банди талаботҳои худ нигоҳ доранд, саммити САҲА-ро зарба заданд. Дар Эъломияи саммити Остона якпорчагии Гурҷистону Озарбойҷон тазаккур нагардид. Акнун ҳар гуна қадам барои ақиб нишастан паёмади нохубе ба бор меорад. Амрикоиҳо толибанро бо суръати дучанд ба марзҳои шимолӣ меронанд.

Ғуломон ва нафақахурон

Биёед акнун бубинем, ки агар мо мардона истиқлоли худро ҳимоят кунем, ба пайдо шудани нирӯҳои низомии кишварҳои бегона дар қаламрав ва марзҳои худ роҳ надиҳем, вазъиятамон чӣ мешавад? Нахустин омили даҳшатафканӣ дар чунин ҳолатҳо, ки доим ба зеҳни мардум ҷой дода мешавад, вақте ки дар бораи сард шудани равобити Тоҷикистону Русия сухан ба миён меояд, маълум аст. Яъне Русия муҳоҷирони меҳнатии моро меронад ва иқтисоди Тоҷикистон фалаҷ мешавад.

Оё мешавад ба ин бовар кард? Ба ҳеҷ ваҷҳ. Дар акси ин ҳол, ин ба худкушии дастаҷамъии тамоми Русия монанд мешавад. Албатта, агар мо нафту газро истисно кунем, Русияро танҳо меҳнати ғуломонаи муҳоҷирон нигоҳ доштааст. Барои исботи ин гуфтаҳо ба далелҳое, ки дар манбаъҳои дастрас интишор шудаанд, муроҷиат мекунам.

Имрӯз 65% аҳолии Русияро нафақахӯрон, ё шахсоне, ки дар арафаи ба нафақа баромадан ҳастанд, ташкил мекунанд. Агар инро ба рақам гардонем, 87 млн. 100.000 мешавад, ҳайати шахсии артиш, аскарони муасиссаҳои ёрирасону таъмиргарон 2.млн. 247.000, кормандони штатии хадамоти амният, муҳофизат, марз, зиддиҳавоӣ, истихборотй, иттилоотӣ ва ғайра 2 млн. 733.000, вазорати умури хориҷа ва муассисаҳои дар хорйҷбуда (СММ, ЮНЕСКО ва ғайра) 782 ҳазор, кормандони штатии ВКД ва вазорати ҳолатҳои фавқулодда, қӯшунҳои дохилӣ, вазорати адлия ва прокуратура 2млн. 246.000, кормандони соҳай гумрук, андоз ва дигар мақомоти назораткунандаи вазорату идораҳо ва ғайра 1 млн. 492.000, кормандони дастгоҳҳои ҳукуматӣ ва депутатҳо 1 млн. 370.000, чиновникҳои литсензия диҳанда, назораткунанда ва ба қайдгиранда 1 млн. 371.000, клеркҳои фондҳои нафақа, иҷтимоӣ, суғуртавӣ ва ғайра 2 млн. 218.000, рӯхониён ва хидматгузорони муассисотй динӣ 592 ҳазор, гурӯҳҳои муташаккили ҷинояти ва маҳбусон 1 млн. 857.000, бекорон (тибқи маълумоти оморӣ) 5 млн. 900.000, қасоне, ки доимо дар хориҷа зиндагӣ мекунанд 2 млн. 489.000 мебошанд.

Ҳамин тариқ, 114 млн. 092.000 нафар ҳеҷ чиз истеҳсол намекунад ва танҳо аз ҳисобй буҷа зиндагӣ мекунанд. Шумораи аҳолии Русия (тибқи иттилооти зиддунақиз ё «дақиқ»-и мақомоти расмӣ ба ҳисоби миёна 134 миллион нафар аст. Агар мо теъдоди кормандони соҳаи буҷаро тарҳ кунем, боқӣ мемонад 19 млн. 908.000 нафар. Ин аст теъдоди андозсупорандагон. Фаромӯш накунед, ки ба ин ҳисоб кӯдакон, мактаббачаҳо, донишҷӯён, хонанишинҳо, бепарасторон, гурезаҳо, касони маҷбуран кӯчида ва ғайра низ дохил мешаванд.

Акнун худ қазоват кунед. Чӣ гуна Русия бе муҳоҷирони меҳнатӣ метавонад проблемаҳои худро ҳал кунад? Ва ин ҳам дар ҳоле ки муҳоҷирони тоҷик дар тамоми ҷаҳон аз муҳоҷиронеанд, ки чандон талаботҳои зиёд надоранд. Бигзор шуморо он даҳҳо хазор нафаре, ки депортатсия шудаанд, ба гумроҳӣ набаранд. Ин гуна ҳамшаҳриёни бемақсад саргардонро дар ҳар як деҳаи ватани худамон ҳам мебинем.

Сар хам накунед! Ба Google ангушт бизанед!

Ҳоло зарур аст, ки ин раванд ба танзим -дароварда шавад. Дар сатҳи давлатӣ ва бидуни сархамкунӣ ва гарданкаҷӣ. Қувваи корӣ бояд ба минтақаҳое фиристода шаванд, ки одами бекора ба он ҷо на танҳо наравад, балки худаш ба пайдо шудани нахустин имконият аз он ҷо фирор кунад.

Системаи ҷустуҷӯии Google ба мо нишон медиҳад, ки дар ояндаи наздик ҳеч хатаре ба муҳоҷирони меҳнатӣ тахдид намекунад. Такрор- мекунам, ба муҳоҷирони меҳнатӣ, на ба онҳое, ки мехоҳанд ватанро тарк кунанд. Барои бовар кардан ба ин гуфтаҳо кофист, ки чанд калимаи калидиро ба шабакаи ҷустуҷӯии Google ворид кунед. Ба таври мисол «Русия дар ҷаҳон ишғол мекунад». Шумо мефаҳ, ки Русия дар ҷаҳони муосир дар сархати чунин зуҳуроти манфй қарор дорад;

ҷои 1-ум дар истеъмоли ҳероин

ҷои 1-ум аз рӯи марги модарони сари фарзандрафта ва исқоти ҳамл

ҷои 1-ум -аз рӯи коҳиши афзоиши аҳолӣ

ҷои 1-ум аз рӯи худкушии пиронсолон

ҷои 1-ум аз рӯи талок, ва афзоиши сафи валад-уз-зиноҳо

ҷои 1-ум аз рӯи партофтани кӯдакон аз ҷониби волидайн

ҷои 1-ум аз рӯи худкушӣ миёни кӯдакону наврасон

ҷои 1 -ум аз рӯи марг бо сабаби касалиҳой дил

ҷои 1-ум аз рӯи теъдоди бемориҳои рӯҳӣ

ҷои 1-ум дар фурӯши инсонҳо

ҷои 1-ум аз рӯи ҳаҷми фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ-

ҷои 1-ум аз рӯи истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ

ҷои 1-ум аз рӯи тамокукашӣ

ҷои 1-ум аз рӯи афзоиши бемориҳои сироятӣ

ҷои 1-ум аз рӯи садамаҳои ҳавопаймоҳо (аз ҳисоби миёнаи ҷаҳонӣ 13 баробар зиёдтар)

ҷои 1-ум дар мавриди миллиардерҳое, ки зери пайгарди қонунӣ қарор доранд

ҷои 1-ум доир ба садама дар роҳҳо

ҷои 1-ум доир ба воридоти мошинҳои чинӣ

ҷои 1-ум доир ба воридоти кенгуру аз Австралия.

Русия моро гул мезанад:

…Даҳшатафкании дуюм иборат аз он аст, ки русҳо дигар ба мо аз лиҳози иқтисодӣ ёрӣ намерасонанд. Дар ин маврид чӣ ҳам гуфта мешавад? Чӣ гуна онҳо моро дар бунёди НБО- и Роғун фиреб доданд, ҳама медонанд. Ва мавқеи Дмитрий Медведев низ дар ин бора ба ҳама маълумвст.

Ҳамосаи ҳузнангези «ҳамлаи русҳо» ҳанӯз дар даврони президентии Борис Елстин шурӯъ шуда буд. Агар Думаи давлатӣ тасдик, накунад, президенти Русия ваъда карда буд, ки аз ҷайби худаш маблағи заруриро барои бунёди НБО- и Роғун медиҳад. Ва ин ҳама танҳо барои он лозим буд, ки Тоҷикистон қарордодро бо Покистон дар мавриди фурӯши кони уран имзо накунад. Аммо ин танҳо қарордод дар бораи хариду фурӯши мол набуд. Дар қарордод махсус шарҳ дода мешуд, ки Покистон сохтмони НБО-и Роғунро маблағгузорӣ мекунад. Аммо мо мисли ҳамеша на ба шарики тиҷоратӣ, балки ба бародари калонӣ бовар кардем ва қарордоди тайёрро имзо накардем.

Покистон ҳатто барои як муддат сафири худро «барои машварат» бозпас хонд. Вале уран, тибқи баъзе маълумотҳо, аз Саяногорски Русия хомӯшона ба Покистон рафт. Покистон бомбаи атомӣ сохт, ҷайби Елтсин тиҳй нашуд, танҳо мо барои соддагие, ки доштем, фиреб хӯрдем. Ҳол он ки гузаштагони мо ин зарбулмасалро гуфта буданд: «Кӯр асояшро як бор гум мекунад». Маълум мешавад, ки мо ворисони баде ҳастем.

«Сангтӯда-1»-ро ба ёд биоред. Дар вакташ ман беэҳтиётӣ карда, гуфта будам, ки мо бо заҳмати ғуломони худ дар қаламрави худамон барои кишвари бегона иншооти бузурги энержӣ месозем, марокамтар касон фаҳмиданд. Аксарият маро барои ин гуфтаҳо гунаҳкор мекарданд. Ҳоло натиҷаро мебинед? Таъминоти барқ беҳтар гардид? Ягона иттилоъ ин аст, ки Тоҷикистон аз «Сангтӯда -1» миллионҳо сомонӣ қарздор шудааст. Дигар чизеро ба ёд оварда ҳам намешавад.

Аз ин ҳама танҳо як хулоса бароварда мешавад, худро бояд эҳтиром кард. Ба ман писанд нест, ки бисёриҳо худро баҳои паст медиҳанд. Яъне, мо ҳоло коре накарда, аз қабл нерӯманд ва ба чизе қодир набудани худро эътроф мекунем.

«Кур асояшро як бор гум мекунад»

Ин гуфтаҳо ба марз ҳам дахл дорад. Мо қодирем, ки онро аз ҳар каси дигар беҳтар ҳифз ку-нем. Аммо корҳои худро то охир анҷом намедиҳем. Боре БДА-ро ихтисор кардем, то 900 кормандашро барои ҳифзи марз фиристонем, аммо то ҳол ягон «гаишник» дар онҷо пайдо нашудааст. Соли сеюм аст, ки мо дар самти Шурообод баталиони моторикунонидашуда таъсис дода наметавонем, ҳарчанд ки инро дар сатҳи олӣ эълон карда буданд. Зарур аст, ки ахолии маҳаллӣ, шикорчиёни маҳаллӣ мусаллаҳ гардонда шаванд. Аз онҳо барои ёрӣ ба марзбонон дастаҳои худдифоъ таъсис дода шавад, вале ба ҷои ин, ҳатто «рогаткаҳояшон»-ро ҳам ҷамъ карда гирифтанд.

Мо Конститутсияро тағйир медиҳем, лекин ба қонун доир ба хидмати ҳарбӣ тағйирот ворид карда наметавонем, ки дар нирӯҳои марзбонӣ (ҷои шубҳа нест, ки ҳама модари худро дӯст медорад) ҷавонони ҳамон минтақаҳое хидмат кунанд, на онҳое, ки аз тахдаштҳо даъват шудаанд, зеро охириҳо кӯҳистонро дар телевизор дидаанд: Ҳама гуна истинод ба он ки маблағ намерасад, фазлфурӯшӣ аст. Кофист, ки мо чанд ҷашни серхарҷи умумимиллиро нагузаронему пулашро барои эҳтиёҷоти марзҳову марзбонҳо истифода кунем. Агар хазина пурра тиҳӣ бошад, суратҳисоб барои хайркунандагони ихтиёрӣ ба хотири ҳифзи марз кушода шавад. Он гоҳ усули ҷамъоварии пул ба мисли Роғун зарур намешавад.

Ва ахиран. Ишқ ҳамеша ғаразнок аст. Инро мо бояд барои ҳамеша дар ёд дошта бошем ва ба ваъдаҳои ширин бовар накунем. Дар ин ҳолате ки мо қарор дорем, бояд зарбулмасали русиро, ки «хукро ба зери миз роҳ додӣ, болои миз мебарояд!» фаромӯш накунем. То ягон хел каҷфаҳмиҳо сурат нагирад, мегӯям: Ман ҷонибдори истиқлол ҳастам. Кӣ мухолиф аст?

2 Responses

  1. Не ва боз сад бори дигар не.Бо Русия Точикистон набояд як шавад.Чунки Русия ин давлати пусидашудаистода аст.Дар худи Русия бо мо чунин муомила мекунанд,хол он ки агар як шавем тамоман моро несту нобуд мекунанд.Бехтараш бо Аврупо е Амрико дусту наздик шавем, чунки тафакури ин мардум дар пеш аст ва иктисоду сиесати онхо пуркудраттарин мебошад. Ба Русия мо набояд сиесати наздик дошта бошем. Хама метарсад,ки агар Русия бо мо режими визаги кунад мардум гуруснаву бекор мемонад.Инро гуям,ки бе Русия хам дигар роххои халли масала аст.Масалан Чехия ва дигар давлатхои дунье хаст ки ба дасти кори мухточ доранд. Аз Русия бо иктисодиети Точикистон ягон ерии мукамал ва пурра намерасад. Хама воридоту содироте ки ба

  2. э Мухиддин… Мухиддин давлати пусидашуда ин Точикистон аст… Мо на ба русхо даркорем на ба Аврупову Амрико. Аввал худатро нигох кун баъд дигархоро лаънат хон чурачон. Чи хеле ки набошад хамин 20 сол аст ки бо хамон уруси пусидаги зиндаи… лекин боз хам ношукри… Мо ба хеч кас даркор хам нестем чурачон дархои мо боз хастанд лекин хеч кас худро ба гор бо хохиши худ намепартояд ! Мо чурачон ба худи точикон даркор хам нестем парвои мардуми моро худи точикон накунанд кадом уруси пусидаги е аврупои ё Амрикои мекунад? Э ачаб содаи неки… Хай ина урус рафт тамом БАЪД ЧИ? Амрикои барои афгон чи кард? ё барои Ироки? Ё ин ки Аврупои? Ин Дикаев як Чечени камакл аст чурачон.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: