Фирори рушанфикрон аз таассуби динист

Эхсони Шариф, чомеашинос

Шоири шинохтаи точик Бозор Собир дар хамин рузхо дар Точикистон карор дорад, вале новобаста аз хохиши мухлисону хаводорони шеъраш дар Ватан бозистодани нест. Тайи ин рузхо хафтаномае нест, ки бе мусохиба бо у, ё бидуни ишорае дар бораи вай нашр гардад.

Дар аксарияти онхо, Бозор Собир дар баробари интикоди шадиди нокисихои иктисоди-ичтимоии кишвар, оиди густариши то хадди ифрот расидаи таассуби дини дар чомеаи точик такрор ба такрор харф мезанад. Албатта, барои як шахсияти рушанфикри озодандеш, ки баъди чандин соли хичрат ба Ватани худ баргаштааст, дидану пазируфтани чомеаи точик дар шакли имрузааш хеле мушкил афтодааст.

Дар кишваре, ки ахли эчодаш маданияти кухан ва сухани волояшро муаррифи мекарданд, гулхои сари сабади хар як маъракаи давлатию хусуси буданд, имруз ба кавли худи Бозор Собир «кучаю бозораш зери риш мондааст ва рузномаю расонахояш оинаи тавсифу таърифи ришу сохибришон мебошанд». Дарди устодро дарк кардан осон аст. Зеро агар у дар пойтахти мадании кишварамон, акаллан чанд зиёиеро аз хисоби шоиру нависандагон, устодони донишгоху таълимгоххои мактаби бубинад хам, вакте пой берун аз пойтахт (то зодгохаш ва ё дигар нохияхои кишвар) менихад, нишонаеро аз фархангу маданияти собик  намебинад.

Хама хурду бузург бо ришхои расидаи пошхурда, бо челаку либосхои  варзиши чониби масочид равонанду аз мавзухое, ки Бозор Собир мехохад сухбат кунад, фарсаххо дуранд+, аклу саводашон танхо ба гуш намудани чанд маъвизагуфторе дар сатхи саводи чалла мерасаду халос. Вале онхо худро сохиби аслии хаёту мамоти мардум ва такдири ояндаи кишвар хис мекунанд ва касофаташон ба хама мерасад.

Ана, чи хакикате  уро водори фирор аз Ватанаш кардааст. Вай ба кавли худаш дар Точикистон танхо «ифроти дин»-ро мебинад. Ба дарки у,  хадди ифрот то дарачае боло рафтааст, ки пешвоёни дин имруз дар Точикистон барои чанд дона муйи бадани инсон, ки буду набудашон дар хаёти инсон накше намебозад,  шевану фигон мекунанд.

Бозор Собир ва чанде дигар зиёиёни точик ифроти динро аллакай як дафъа дар пусти худ хис карданд. Як дафъа сиёсатбозон акидахои равшанфикронаи онхоро бо ифроти дини омехта карданд ва онхо мучиби бадбахтию дарбадари дар хоки бегона гашта то имруз шахди гариби мечашанд.

Бозор Собир аз миёни интеллигенсияи точик, ягона фарде нест, ки  ифроти дину таассуби он сабаби фирораш аз Ватан гардидааст. Шумораи онхо хеле зиёд аст. Акбар Турсун, яке аз файласуфони муосири точики сатхи чахони, профессори адабиётшинос Рахим Мусулмонкулов, ходимони саршиноси санъату кино Барно Исхокова, Шоиста Мулочонова, Б. Наматиев, Ханифа Мавлонова, Малика Каландарова, Магфират Хамрокулова, Махмуд Тохири, Бурхон Рачабов, Оиша Хаётова, Давлат Худоназаров, Валерий Ахадов, Бахтиёр Худоназаров, Сайдулло Курбонов, Парвиз Назаров (ин руйхатро беинтихо давом додан мумкин аст) ва садхо табибони шинохтаю сохибтачрибаи точик кохиши шуури зехни ва тафаккури умумии чомеаи милли ва ру овардани онро ба таассуби дини дида, ба кишвархое панох бурданд, ки илму эчод, фархангу хунар болотар аз арзишхои дигаранд.

Дар ин чо намояндагони дигар кавму миллатхое, ки дар як радиф бо кадрхои махалли оинаи интеллигенсияи точик буданд ва аз тарси таассуби дини Точикистонро тарк намуданд, оварда нашуданд. Ин гурух дар кишваре, ки сокинонаш, хатто дар пойтахти кишвар, дигар кобилияти дарки сухану маъни надоранд, рохи хунару театрро гум кардаанд ва пойбанди мадрасаю масчид гаштаанд,  зиндаги карда натавонистанд ва рах чониби  кишвархое гирифтаанд, ки каламу сухан манзалат доранд.

Дар кишваре, ки кадри имомхатиб ё муллое, ки бештар аз хатми як мадраса саводе надорад аз мудири мактаб, раисони чамоъату махалла, ходимони сиёсию чамъияти баландтар аст, зиёиёни номбурда  худро нолозим шуморида, онро тарк намуданд. Дар мамолике, ки онхо интихоб намуданд,  аз шунидани суханхои тахкиромези «бедин»-у «кофар»-у «мунофик»-у ким-чихои дигар  эминанд. Онхо бо чашми худ диданд ва бо гуши худ шуниданд, ки чи гуна ин муллохои мутаассиб 2 соле пештар олими шинохта Зиё Абдуллоро барои як маколаи дар мавзуи таассуби дини иншокардааш «бедину кофир» эълом доштанду хатто дар доирахои худашон махкум ба катлаш карданд. Бо ин рох олимони диншинос ва дигар риштахоро дучори вахму харос намуданд ва мачбур намуданд, ки мухри хамуши бар лаб зада, дигар ба ин мавзуъ даст назананд.

Онхо устоди мактаби миёнаи нохияи Рудакиро, ки аз шогирдаш риояи коидаи муайяннамудаи Вазорати маорифи Чумхурии Точикистонро оиди либоспуши такозо карда буд, «гайридину кофир» эълон карданд ва агар дахолати макомоти хифзи хукук намешуд, сангсораш мекарданд. Онхо нони муаллим ва чанозаи уро харом хонда ба муридонашон тавсия доданд, ки ба маъракахои ин табакаи чомеаро нодида бигиранд. Ва тирашон то чое ба хадаф расид.

Имруз муаллиме, ки сохиби маълумоти оли мебошад (асосан дар навохи ва кишлокчойхо), даст пеши бар хомушона маъвизахои сафсаттаомези муллоеро, ки аз чанд ояти Куръон бештар харфе дар магзаш нест, гуш мекунаду хомуш аст. Чунин мисолхо хеле зиёданд, вале бо хамин чандтоаш иктифо кардем. Аз хама ачибаш, ин хангомахо  дар кишваре рух дода истодаанд, ки тибки Сарконун дин аз давлат чудост ва сохти ичтимоии он дуняви ва демократи кабул шудааст.

Таассуби дини дар хама давру замонхо Шаркро аз рушду такомули фархангию ичтимои боздоштааст. Асрхо пештар Фирдавсию Сино, Берунию Рози ва садхои дигар нобигахои илму хирад, тахти фишору таъзйики дини карор гирифтанд ва натавонистанд он кудрати фитри ва зехниеро, ки доштанд ба манфиати кавму миллати хеш истифода баранд. Ва ин чахолату таассуб дар рузхои мо низ чунин рушанфикрон, устодони сухани ноб, олимони маъруф ва ситорахои олами санъатро, ки хамхуну хамзабони мо мебошанд, аз кабили Нодири Нодирпур, Сиёвуши Касрои, Насими Хоксор, Эхсони Ёшотир, Чалоли Макини, Каримии Хаккок, Ширини Ибоди, Масъуди Сипанд, Саттор, Гугуш, Муъин, Дориюш, Анди, Лайлои Фурухар, Бехрузи Вусуки, Муртазо Акили, Махасти, Хойида, Масъуди Миршохи аз Эрон, Беранги Кухдомани, Асадуллои Хабиб, Латиф Нозими, Фариди Маздак, Киштманд, Панчшери, Ковиёни, Башири Баглони, Зоир Хувайдо ва гайраро аз Афгонистон  овора аз Ватани ачдоди кардааст.

Гараз аз иншои ин сатрхо, чалби макомоти марбутаи давлати ба мавзуи мазкур, химояи табакаи равшанфикри чомеа аз таъсиру хучумхои мутаассибон ва афкори иртичои мебошад. Дар навбати худ, табакаи зиёии кишвар, ки аслан пешбурди чомеа бар души эшон аст, бояд худро дар канор нагирифта, бахри даври худ овардани мардум, бунёди чомеаи пешрафтаи озоди шахрванди кушиш кунанд, он гох ин чомеа кодир мегардад худро аз таъсири андешахои чахолатситез ва таассуби дини хифз кунад.

Advertisements

6 Responses

  1. Аз бародар эхсони Шариф як суол дорам.
    Аз Шумо пурсиданиям, ки ин зиёиёни номбаршударо чаро халк гуш надоду ба тарафи масчид равон хаст. Оё куввае буд, ки халкро мачбур аз рохи онхо гардонду ба тарафи масчит равон кард? ва Шумо навиштед, ки сухани ин зиёиён дар байни халк беарзиш аст ва ин сабаб онхо тарки ватан карданд. Модоме ки сухани онхо арзиш надошта бошад пас ки гунахгор?

  2. Бо Эхсони Шариф сад фоиз розиям. Ба Файзулло инро гуфтаниям,ки он рекламае ки диндорон мекунанд ва ба психикаи шахрвандони Точикистон хамла карда истодаанд, халкро ба монанди давлатхои Покистону Афгонистон мекунанд. Ба рости ман дар якчанд маракахои дини иштирок кардам ва бо волотарин диндорон шишту хез кардаам.Лекин аз 10 тои онхо факат яктоашон бо сухани ширину маънидор гап мезаданд, дигарон бошад бо калимахои чапу рост ва русию махали маъракаро харом мекарданд. Хай фахмидем хама диндор асту намоз мехонаду руй ба оллох таолох овардааст, лекин пешравии давлатро бо ин хама намозхони бурда намешавад. Бо панч вакт саратро ба замин задан шиками фарзандон сер намешавад. Худи диндорони олимартабаро агар дида бошед фарзандони онхо хама дар хорича хастанду намоз намехонанд ва ба ватан баргаштани хам нестанд. Мо бисьер олимону равшанфикроне дар Точикистон дорем,ки хунару илми онхо дар ин замон талабгори нест. Аз ин ру ба пешравии давлат онхо эхтиече недоранд.

  3. Khele durust va bajo navishta shuda, ehsonjon, ofarin!
    Ba Fayzullo, din, bakhusus islom, pur az dostonhoi populisti ast, mardumi omi va besavod zud ba on bovar mekunand, agar mardum harchi darajai omuzishu donishashon ziod shavad, kamtar dunboli mulo va mav’izahoi u meravand.

  4. Ба Эхсон Шариф гуфтанам ки шумо фикр мекунед ки хазорхо мусулмоне ки имруз ба масчидхо мераванд хама бесаводу акибмонда хастанду танхо шумо босаводу доно?Бозор Соббирро мегуед?Медонед ки ин шоири бедини атеист замоне мардумро ба чанги шахрванди даъват карда буд.У ЗИЁИИ ДУРУЯИ ФТНААНГЕЗ ХАСТ.У соли 1992 мегуфт ки русхоро кушта аз ин ватан берунашон кунед.У ба чашми мардум нигох карда наметавонад.Барои чи Лоик Шерали мисли Бозор Амрикоро интихоб накард.Хамаи зиёиён аз мушкили зиндаги ру ба хичрат овардаанд.Кани аз хукумате ки ба зиёиён 100 сомони маош медихад эътироз кун!Аз чонат метарси?Лагандбардору дуруя хасти мисли Бозор.Афгонистонро хочахои шумо русхою амрикоихо ба ин хол оварлаанд на ин ки муллохо.Аз руи инсоф гап зан на аз руи бадбинию бехудои.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: