350 доллар — нархи ҷасади тоҷик?

Баҳриддини АЛИЕВ «Нигох» №37 01.12.2010

Марзбонони узбак барои баргардонидани ҷасади тоҷике, ки худашон куштанд, бешармона берун аз «ставка» маблағ талаб намуданд.

Агар тоҷиконро касе «халқи бетолеъ» унвон барад, инкор намекунам, он ҳам танҳо аз лиҳози ҳамсоягӣ бо узбакистонӣ. Чандсол пеш чунин андешае ҳаргиз ба гӯшаи хаёлам ҳам намеомад. Ҳатто вақте фаҳмидам, бузургони моро ба монанди Абӯалӣ ибни Сино аз худ намуда, модараш Ситораро Юлдуз ном ниҳодаанд, ҳатто вақте шаҳрҳои қадимтарини Самарқанду Бухороро худхоҳона аз худ намуда, иддаи зиёде аз равшанфикрони моро «душмани халқ» эълом намуда, аз байн бурданд ва ҳатто чанд сол қабл бо мақсади таҳқири мардуми тоҷик барномаи густохонаеро бо номи «Лаънати Темурланг» тавассути шабакаҳои русй гаштаю баргашта намоиш дода, ба иззати нафсамон мерасиданд, ба ин андоза аз ҳамсоягӣ бо ӯзбакҳо дар таассуф набудам.

Замони таҳсил дар Донишгоҳи миллӣ донишҷӯёни зиёди тоҷик, ки сокини Узбакистон буданд, бо мо мехонданд, Вақте дар бораи беҳуқуқии тоҷикон ва муносибати таҳқиромез нисбати онҳо дар кишварашон, маҳдудияти мактабҳои тоҷикӣ ва китобҳои ба забони тоҷикӣ нашршуда, манъи гуфтугӯи забони модарӣ, ниҳоят дар шиносномаҳояшон ба ҷои «тоҷик» «ӯзбек» навиштанашон ва ғайраҳо сухан меронданд, мефаҳмидаму вале ба нозукии ин зуҳурот чандон сарфаҳм намерафтам.

Мусофирони тоҷике, ки бо қатора аз қаламрави Узбакистон мегузаштанд, ҳамеша аз чашмгурӯснагӣ ва ришвахӯрӣ, ахлоқи ғайриинсонии кормандони гумруки он кишвар нисбат ба мусофирони тоҷик шикоят мекарданд, вале онро низ чун амри маъмулӣ қабул мекардам.

Имрӯз бошад, муносиботи сарди ҳамсоягонро бо тоҷикон мушоҳида карда, боварам намеояд, ки замоне сухансарои тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ бо шогирди турктабори худ Алишери Навой риштаи ногусастании дӯстӣ доштаасту якҷоя дар сабки «ширу шакар» шеърҳо гуфтаанд.

Рӯз ба рӯз рафтори худхоҳонаи сарони он кишварро дар масоили ИБО-и Роғон, ТАЛКО, мушкилоти экологӣ ва бастани роҳҳо дидаву шунида, домани ҳайрату тааҷҷубам густариш меёбад, ки чаро Узбакистон нисбати мо чунин иқдомро пеш гирифтааст, чаро ҳисси бухсу кинаро нисбати пешрафту рушди ҳамсоякишвари худ Тоҷикистон дар қалб мепарварад?

Бар асари минаҳои дар сарҳадхобондаи низомиёни Узбакистон ба ҳалокат расидани чандин шаҳрвандони бегуноҳи кишвар кам набуд, ки солҳои охир ҳодисаҳое рух дода истодаанд, ки бо ҳар баҳона шаҳрвандони тоҷик аз ҷониби сарҳадбонони Узбакистон нобуд мегарданд. Ба ҳама маълум аст, ки маъмурони интизомии он кишвар бидуни ҳеҷ гуна далеле ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозат намедиҳанд, ки марзро гузаранд, онҳоро мавриди азобу шиканҷа қарор медиҳанд, асноди онҳоро гирифта, худашонродар маҳбасхр ҷой медиҳанд. Бо ҷорӣ намудани реҷаи визавӣ чӣ басо тоҷикистонию узбакистонӣ аз дидори хешовандонашон, ки тӯли таърих бо ҳам пайванди хешутабории ниҳоят амиқе доранд, маҳрум гаштаанд. Ҳатто баъзеҳо дар маросими мотами падару мо дар ва дигар наздиконашон иштирок карда наметавонанд.

Чанд моҳ пеш дар рӯзномае хонда будам, ки як сокини шаҳри Панҷакент ҳангоми чарондани чорво аз ҷониби марзбонони Ҷумҳурии Узбакистон рабуда шуда, бо ҷурми убури сарҳад ба маҳкама кашида шудааст. Баъдтар тавассути як хеши наздики ӯ маълумам гашт, ки дар асл ҳамон вақт сарҳадбонони Узбакистон тақрибан 700-800 метр ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, шаҳрванди Тоҷикистонро маҷбурандастгир карда, дасту чашмонашро баста, зӯран ба ҳудуди дидбонгоҳи худ бурдаанд. Дар вакти пурсиш ӯро маҷбур кардаанд, ки дар баёноти худ ҳангоми ғайриқонунй убур намудани сарҳади давлатӣ дастгир шуданашро қайд намояд, вале шаҳрванди Тоҷикистон дастури марзбононро рад намудааст.

Қазия то ҷое расидааст, ки қариб он шаҳрвандро бо ҷурми ҷосусӣ айбдор намоянд, вале хушбахтона бо кӯмаки яке аз сарҳадбонони Ҷумҳурии Узбакистон (аҳсан, офарин, як ҷаҳон ташаккур) ӯ ба Тоҷикистон баргаштааст. Ҳодисаи мазкур чанд ҳадаф дорад ё марзбонони Ҷумҳурии Узбакистон натиҷаи корашонро мехостанд нишон диҳанд, ё андохтани низои навбатй миёни ду халқ ва ё ин ки мехостанд бори дигар тоҷиконро паст гардонанд. Шояд мақсади асосӣ, мисли ҳамеша рӯёндани пули бедарди миён бошад? Вагарна 700-800 метр роҳро тай карда, худро ба куҷо мезаданд?

Мохҳои охир сар задани чунин амалҳои барқасдона аз ҷониби марзбонони Узбакистон меафзояд. Дар баробари рабудани одамон аз ҷониби онҳо инчунин ҳодисаҳои рабудани чорво, мошину тракторҳо ва ғайраҳо низ рух додааст.

Агар ба ҳамаи ин амалҳо чашм пӯшем, ба ҳодисае, ки чанд рӯз қабл дар деҳаи наздисарҳадии Мирзоободи ноҳияи Зафаробод рух дода буд, бетараф будан нашояд. Мувофиқи маълумоте, ки дар расонаҳои хабарй омадааст, он иддаи ҷавонон, ки нияти убури марзро доштаанд, чандин сол ба ин кор машғул будаанд, яъне «ҳаққи» марзбонони ӯзбакро дода, фаъолияти тиҷоратии худро пеш мебурдаанд. Ин дафъа аз зиёд шудани «ставка»-и убур норозй шуда, байнашон низоъ бархостааст ва дар натиҷа, марзбонон ҷониби онҳо тир кушодаанд. Ҷавони нокоме бо хаёт падруд гуфтааст. Аламовараш он аст, ки бар ивази ҷасад марзбони ӯзбак 350 доллари амрикоӣ талаб кардааст. Баъди ифшои ин хабар, нанги кадоме аз онҳо омада, ба хабари мазкур «ислоҳот» ворид намудаанд, ки гӯё пулро марзбонони Узбакистон на, балки марзбони тоҷикталабкардааст. Ин худсафедкунӣ аллакай ба дарди касе намехӯрад. Кор аз кор гузаштааст…

Дар Созишномаи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбакистон ки 31-уми январи соли 2007 ба имзо расидааст, аз муносибати дӯстонаи абадии ду кишвари ҳамҷавор сухан меравад. Магар ин аст дӯстии бародаронаи ду миллат? Чаро бародарони ҳамсояамон талаботҳои Созишномаи мазкурро фаромӯш сохтаанд? Дуруст аст, ки он иддаи ҷавонон қонуншиканӣ кардаанд, нияти ғайриқонунӣ гузаштани сарҳадро доштанд, магар илоҷи воқеа фақат дар куштор буд? Роҳи дигаре чун боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани онҳо вуҷуд надошт, ки ба сӯи ашхоси беяроқоташ кушодаанд? Ё тарсиданд, ки аъмоли пулситониашон ифшо мешавад?

Мутаассифона, имрӯз ҳамсоягони мо бо чашмони нимбозу ҳасадомез дар андешаанд, ки боз бо кадом роҳе Тоҷикистону тоҷиконро дар назди ҷаҳониён «сиёҳ» созанд ва сиёҳкориро аз арзишҳои башардӯстиву инсонпарварй болотар гирифта, дар кадом самт ба онҳо зарбаи зиёновар зананд.

Вазъи молӣ ва бӯҳрони иқтисодие, ки ҷаҳонро фаро гирифтааст, маҷбур сохтааст, ки имрӯз ҳама рӯ ба тиҷорат биёранд. Албатта, он ҷавонони тоҷик низ пайи дарёфти маблағи ночизе барои рӯзгузаронӣ рӯ ба кишвари ҳамсоя бурдаанд. Солҳост сокинони минтақаҳои ҳамҷавори Узбакистон ҳам ба интиқоли маҳсулоти ниёзи мардум аз Тоҷикистон шуғл меварзанд. Аммо дар марзи Тоҷикистон мубталои марг намегарданд. Дар шарҳи «худсафедкунӣ»-и ҷониби Узбакистон бо тамасхур гуфта мешавад, ки шаҳрвадони мазкури Тоҷикистон «маводи ғизоии пастсифат»-ро гузарониданй буданд. Агар чунин ҳам бошад, оё барои ғизои фурӯшӣ инсонро куштан ваҳшигарӣ нест?

Мусаллам аст, ки ҷониби Тоҷикистон низ метавонад чунин иқдомеро нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Узбакистон, ки на як бору ду бор ҳангоми интиқоли варақаҳои «Ҳизб-ут-таҳрир» ба қаламрави кишвари мо дастгир шудаанд, пеш гирад, вале масъулини тоҷик қонунро аз тамоми анвоъи хусуматҳо боло гузошта, гунаҳкоронро тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарй мекашанд. Ана ин аст рисолати давлатдорӣ ва риояи Созишномаҳои миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбакистон баимзорасида! Ана ин аст оини неку хайрхоҳонаи ҳамсоядорӣ!

Барои марзбонони Ҷумҳурии Узбакистон рӯшан аст, ки аксарияти сокинони деҳаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ҳаммиллатони онҳоянд. Ғайр аз ин, маҳз ӯзбакҳои тоҷикистонӣ бештар дар нуқтаҳои аҳолинишини ду ҷониби сарҳад ба тиҷорат машғуланд. Вале ҳисси тоҷикбадбинӣ то ҳадде дар мағзи масъулини расмии Узбакистон тақвият ёфтааст, ки онҳо ҳаммиллатони худро низ барои аз Тоҷикистон буданашон ба катл мерасонанд. Зеро ин ҷо миллат аҳамият надорад, хоҳ ӯзбак бошад, хоҳ тоҷик – мақсад зиёнрасонӣ ба истиқлолияти Тоҷикистон аст.

Ҳақ ба ҷониби журналист Беҳрӯзи Ҳимост, ки чанде қабл навишта буд: «Вуҷуди тоҷикон ва Тоҷикистон худ монеаест дар роҳи нақшаи эъмори «Узбакистони бузург» ва ин мавҷудият ҳаргиз имкон нахоҳад дод, ки рушду нумӯи умумии минтақа танҳо моли Узбакистон гардад». Бале, ин хаёле ки сарварони Ҷумҳурии Узбакистон дар сар доранд, хом асту хушкида!

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: