ТАЛКО корхонаи давлатй не, мардумй шавад!

Зафар АБДУЛЛОЕВ «СССР» №47 25.11.2010

Статуси корхонаи алюминии Тоҷик-«Талко», ки айни замон корхонаи давлатист ва қисман эз якчанд андозу хароҷот озод шудааст, ба фикри шахсии ман, бояд пурра дигаргуна шавад. Ин корхона, ки ягона коргоҳи саноати бузурги мерос аз шуравист ва шукри Худо, ҳамчун моликияти Союз ба мо мондааст. Аз ин рӯ фикр мекунам, ки корхона бояд моли мардуми Тоҷик ҳисоб шавад.

Порсол тариқи радио қариб 3 моҳ реклама тоб медоданд, ки «Талко-ормони миллати Тоҷик аст».

Оре, Талко воқеан ҳам ормони Тоҷикон, яъне умеду орзуи мост ва фоидааш ҳам бояд ба мо расад, на фақат ба ким-касе аз «шербачаҳои» олигарх.

Ба фикрам вакте расидааст, ки «Талко» мардумӣ эълон шавад. Барои воқеан миллӣ кардани Талко бояд он сароғоз статуси «корхонаи мардумӣ» гирад (даркор бошад дар бораи ин мақом қонуни махсус қабул кардан мумкин аст) ва системам менеҷменташро аз нав бояд кард.

Фаъолияти корхонаи алюминиюмро пурра зери назорати ҷамъият супурдан даркор ва барои ин дар завод Шӯрои махсуси ҷамъиятӣ ташкил карда, ҳама функсияҳои назоратӣ бар дӯши он гузошта шавад. Аъзои Шӯро (7-9 кас) аз байни одамҳои ботаҷрибаю шинохташуда президент интихоб кунанд ва ин кандидатҳо аз тарафи вакилони Маҷлиси Намояндагон (албатта бо розигии пурраи ҳама фраксияҳо ё намояндагони ҳизбҳо, ки дар парламент вуҷуд доранд) тасдиқ хоҳанд шуд. Аъзои Шӯро кист? Фарқ надорад; бигзор муаллими оддӣ ё профессор-иқтисодчӣ, журналист 9 қуқуқшинос бошанд. Вале муҳим ин аст, ки бояд профессионалҳо дар ин соҳа фаъолият кунанд. давлатдориро фаҳманд ва миллатдӯст бошанд! Аз сӯи дигар ба пиндори ман аъзои шӯрои мазкур набояд коргари ҳукумат ё ягон мақомоти маҳаллӣ бошанд, ки аз кори заводи алюминий ягон фоида бардошта тавонанд.

Шӯрои ҷамъиятии «Талко» фақат барои назорат даркор аст, на роҳбарӣ кардан. Функсияи роҳбарият (Шурои менеҷерон)-ро ба шахсони таҷрибадор ва мустақил додан даркор (бигзор директори генералӣ аз хориҷа бошад).

Маоши онхоро зиед ва премияро 1-2% аз фоидаи иловагии даромадҳои завод ваъда кардан даркор, то пурра ба кор дода шуда, рохдои бештару хубтари даромадро пайдо карда тавонанд.

Зеро менеҷерҳои «Талко»-и ҳозира мустақил набуда, ба 1 гурӯҳи молиявӣ тааллуқ доранд ва шӯрои назоратии назди завод ба назари ман мустақил ва шаффоф нест. Системаи истифодабурдаи молиявӣ дар корхонаи алюминий боигарии миллатро аз даст медиҳад. Ҳар сол ба ҷазираҳои бидуни андоз (оффшор) миллионҳо доллар фоида аз фурӯши алюминийи Тоҷик меравад; ин пул ба хориҷа меравад, ки шахсан ман мутаассифам. Барои мардуми Тоҷикистон ва буҷҷаи кишвар «оши палов не, фақат равғани табақро лесидан мемонаду бас».

Мумкин ман ягон чизро намефаҳмаму шумо хубтар медонед, вале 1 бор фикр кунед, ки бо толлинги ҳозира ба «Талко»-и мо толлингербачаҳо қариб 1 млн. тонна хокаи алюминий ворид мекунанд ва ё дигар ашёи даркорӣ тахминан ба маблағи 500 млн. доллар. Ҳукумати Тоҷикистон Талко»-ро аз чанд андози калон ва харҷи гумрукӣ озод кардааст. Гузашта аз ин нархи барқро, ки зимистон ба 90% иқтисодиёти ҷумҳуриямон намерасад, 2-3 баробар кам кардааст.

Завод ашёи хомро коркард намудаву алюминийи тайёрро ба мистерхои толлинг пурра мегардонад. Онҳо дар навбати худ. дар бозори ҷаҳонӣ алюминийи тоҷикро бо дисконт ба 1-1,2 млрд. доллар мефурӯшанд. Аз ин маблағ, танҳо барои маоши коргарон 30-40 млн. доллар ҷудо мешаваду боз 30-40 млн. доллар ба буҷҷаи давлат мерезад; Фоидаи тозаро (тақрибан 300-400 млн. доллар солона) берун мебаранд. Ва мо боз хурсанд, ки заводи алюминий дорем!

Аз ҳама аҷиб ин аст, ки ба фикри шахсии ман дар он тарафи марз, дар Швейтсарияву Лондон на хориҷиҳо, балки Тоҷикҳо мешинанд! Пас суоле посух мехохад, ки ин кадом Тоҷиконанд. ки ба ҷои дар бораи тараққиёти миллат фикр намудан, дар фикри баракати кисаи худ ҳастанд?

То кай мо аэ Гарбу Шарқ кредиту грант мепурсем, вақте ки 1 манбаи пулёбии калон дорем? Дорем, вале даромади асосии вай ба ширкатҳом бурунмарзӣ мерезад? Наход роҳи ин ноадолатиро гирифтан намонда бошад?!

Биёед, муштаракона садо баланд кунем.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: