Адолат

Зафари СУФЙ «Озодагон» №45 17.11.2010

Дар Тоҷикистон, ба назар мерасад, адолат ба ду по мелангад. Иҷрой адолати иҷтимой бо вуҷуди ҳама қонуну дастурҳо дар ин самт ҳамчунон ба таври бояд амалй гардонда намешавад. Ҳамеша таҷрибаи таърихи инсоният чунин буда, ки пиёда нашудани адолати иҷтимоӣ боиси падид омадани эҳсоси норизоӣ дар ҷомеа мегардад.

Албатта роҳҳои пешгирй ва аз байн бурдани ин эҳсос ба гунаҳои мухталиф будаву ҳаст. Вале муҳим он аст, ки пеш аз ҳама заминаи падид омадани ин гуна эҳсос барчида шавад.

Заминаи падид омадани эҳсоси норизоиро таи чанд рӯзи ахир ва ҳини сафар ба Хуҷанд бештар мушоҳида кардам. Ҳарчанд ба зоҳир як оромй ва то андозае лоқайдиро метавон ба тамошо нишаст, дар суҳбатҳои самимитар эҳсоси норизоӣ аз пиёда нашудани адолати иҷтимоӣ бармало мегардад. Албатта аксари ҳамсӯҳбатон ҳозир намешуданд суханҳояшон сабт гардад ва як навъ эҳсоси хавотири тарсолуд монеъ буд, ки барои ошкор шудани суханҳояшон ризоият бидиҳанд. Шояд аз сӯи дигар ин зиёд муҳим набошад. Мавзӯъи матраҳ вуҷуд доштани ин эҳсос аст ва рисолати мани рӯзноманигор рӯи коғаз овардани ин воқеъият.

Табиист, ки аз ин амали ману афроде мисли ман на ҳама хушҳол мешававд ва шояд хелеҳо инро ҳамчун душманй бипазиранд. Вале эҳсоси масъулият наздй ҷомеа ва хавотир барои ояндаи фарзандони ин марзу бум мисли муҳаррике тавоно маро таҳрик медихад, то ин суханҳоро бинависам. Ҳамеша ҳушдор додан пеш аз ҳама барои шахси ҳушдордиҳанда хатар ба бор оварда ва шояд ҳамеша чунин хоҳад буд. Аммо муҳаббат ба ин Ватан ва ишқ ба ин миллат ба ҳадде ҳаст, ки ба хотири ободиву амнияташ ба ҳама гуна хатар сар биниҳй.

Даҳҳо ва шояд садҳо корхона ва садҳо гектар замин ба арзиши пули сиёҳе «хусусӣ» гардонда шудааст. Ин корхонаву ин заминҳо ё комилан бекор хобанд ва ё аз таъиноту моҳияти худ фарсахҳо дур шудаанд. Таври мисол ба ҷои корхонаи спирт бозор ва ё ошхона сохтаанд. Яъне агар таъиноташ истеҳсолӣ буда ба ҷояш хизматрасонй анҷом мегирад ва албатта дар мавриди ин хизматрасонй ва сатҳи он метавон даҳҳо саҳифаро сиёҳ кард.

Такя задан ба курсии мансабро василаи барои андӯхтани дороӣ ва беэътиноӣ ба аҳволи атрофиён пиндоштани афродеро мебинаму аз тағйири арзишҳо дилам ба дард меояд. Шояд хеле содалавҳам, ки ҳамеша бар ин бовар будаам, ки мансабу вазифа дар хидмати мардум ва ободии Ватан будан аст. Ҳол он ки инҳо хешу табори худро ҳарчанд арзанда нест соҳиби мансаб ва мошинҳои гаронарзиш карданро хидмат ба мардум медонистаанд, яъне мардум иборат аз як гурӯҳ ва барои худу пайвандонашон сохтани қасру хонаҳои чандошёнаро ободии Ватан мепиндоранд. Чун дастурхони пур аз нозу неъмат доранд ҳеч қабул кардан камехоҳанд, ки шояд ҳазорон шаҳрванди ин марзу бум рӯзгори бихӯру намур ба сар мебаранд.

Фасод дар ҷомеа бедод мекунад. Эҳтиёҷ даҳҳову садҳо танро ба рохҳое мебарад, ки шарафи инсонӣ зери по мешавад. Арзишҳои наврасон фақат сармоя ёфтан аст, ҳатто ҳозиранд хидматгори дари дигарон бошанд, танфурӯшӣ кунанд, ба корҳои пасттарин даст бизананд. Ин ҳама гӯё дигар нанғовар нест. Муҳим дар ивазаш пул ба даст оваранд. Вақте шахс ба ин пастй ва бешарафӣ одат кард оё метавон аз ӯ эҳтироми арзишҳои волои ахлоқӣ, ватанхоҳӣ ва миллатдӯстиро интизор буд?.

Ин ҳамаро мебинаму байтҳои парешонеро, ки соле чанд муқаддам рӯи коғаз оварда будам, ба ёд мерасад ва боз ҳам пеши худ иқрор мекунам, ки вазъ тағйир накарда. Ҳадди ақал аз дидгоҳи ман ҳамон гуна, ки буд, боқӣ мондааст. Шояд дидгоҳи ман тағӣир накарда, ки ҳанӯз бар ин боварам, ки дар ин обрав ҳамчунон:

Муҳаббат – кампири тунду дуруштест,
Адолат – мӯсафеди кужапуштест,
Ҷасорат – якшаҳиди гарқа дар хун,
Ҳақиқат кӯфтан оҳан ба муштест.

Advertisements

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: