Узбакистон, дузди зуре, ки сохиби говро бастааст

УЗБАКИСТОН, ДУЗДИ ЗӮРЕ, КИ СОҲИБИ ГОВРО БАСТААСТ

Абдулазизи ВОСЕЪ «Озодагон» №45 17.11.2010

Дар чанд мохи ахир эхсос мешуд, ки низоъхои лафзӣ, ҷангхои иттилоотӣ ва истифодаи фишангхои мухталиф барои фишор ба Точикистон аз сӯйи хамсояи “дар ба девор”-аш ба нуктаи авч расидааст. Аммо маълум мешавад рахбарияти давлати хамсоя холо на аз хамаи фишангхояш истифода кардааст.

Командаи Ислом Каримов пайваста усулхои нав ба нави фишорро истифода мекунад. Точикистон дар киболи ин хама гӯё сиёсати “нармонае”-ро пеша карда буд. Аз ин чост, ки мегуфтанд, чанги иттилоотиро бо узбакхо бохтаем.

Ахиран, мушохида мешавад, ки чониби Точикистон хам мехохад аз рӯйи маколи русии “какой привет такой ответ” амал намояд. Гуфта мешавад, ин усул ягона рохи гирифтани пеши рохи “дуздест, ки сохиби говро кулук карданист”.

TajCOLD: Ӯзбакистон 75 обанбори ғайриқонунӣ дорад

Ҳафтаи гузашта дар матлабе коршиносон ба “Озодагон” гуфтанд, ки баҳсоба нуқтаи авҷаш расидааст, аммо ҳафтаи ҷорӣ як баёнияи ҷониби Тоҷикистон онро боз “гармтар” намуд. Мутмаинан, чун пешин Ӯзбакистон низ ба ин гуфтаҳо дар “гармогармияш”посух мегардонад. Яъне, дар ҳафтаҳои оянда суръати ин баҳсҳо метавонанд шиддат бигиранд.

Ӯзбакистон ҳамеша аз хавфи Роғун садо баланд мекунад. Хушкшавии баҳри Арал ва фоҷеаи беобй барои тими Ислом Каримов ҳамеша дастак будаву ҳаст. Ҷониби Тоҷикистон бошад, фоҷеаи Аралро ба бунёди бемаврид ва бидуни нақшагирии обанборҳои зиёди Ӯзбакистон медонанд. Коршиносон ҳамеша таъкид мекарданд, ки бояд ба Ӯзбакистон низ он гуна ҷавоб дод, ки сазовор аст ва ахиран ба назар мерасад, ки чунин ҳам шудан дорад. Комиссияи байналмилалии  сарбандхои азим дар Тоҷикистон (TajCOLD) дар сӯҳбате бо хабарнигорон гуфтааст, ки Ӯзбакистон дар дахолахои ахир бидуни машварат бо кишварҳои ҳавзаи Арал махфиёна дар каламраваш 75 обанбор бунёд кардааст. Ба нақли Ҳомид Орифов, дабири комиссияи миллии TajCOLD Ӯзбакистон дар ин рбанборҳо оби рӯдхонаҳои Сир ва Амуро барои обёрии киштзорҳои паҳновари худ ва бар зарари баҳри Арал ҷамъовари мекунад. Дар мавриди бунёди обанборҳои зидди ҳамсоякишвар қаблан низ гуфта буданд. Дар ин бора президент Эмомалӣ Раҳмон ва вазири умури хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ низ ишораҳое доштанд, аммо вокунишеро дар пай надошт.

TajCOLD аз бунёди обанборҳои ғайриқонунй дар ҳоле хабар дод, ки Тошканд дар рӯзи Иди Қурбон конфронси байналмилалии дурӯзаеро вобаста ба мушкили хушкшавии Арал ифтитоҳ кард. Дар ин ҳамоиш намояндагони Тоҷикистон даъват нашудаанд. Мантиқан, ҳадафи аслии Ӯзбакистон аз баргузор кардани конфронси мазкур шояд қурбонӣ кардани манфиатҳои миллии Тоҷикистон бошад, зеро бо ин рох, бори дигар ба намояндагони кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ аз “зарари ҳангуфти” иншоотҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ба минтақа ва фоҷеаҳои экологӣ маълумотҳо пешниҳод хоҳандкард. Чун намояндаҳои Тоҷикистон бо иллати иштирок надоштанҳояшон наметавонанд ин иддаоҳоро бепоя бихонанд ва дар муқобилаш далелҳои дигаре ба монанди бунёди обанборҳои ғайриқонунӣ пешниҳод созанд, муътақидан Ӯзбакистон боз як имтиёзи дигареро соҳиб мешавад.

Дар конфронси мазкур баррасии заминаҳои ҳукуқии истифода аз захоири оби минтақа дар меҳвари гуфтугӯҳо қарор хоҳад дошт. Аммо қабл аз шурӯъи ҳамоиши Тошканд Ҳомид Орифов, дабири комиссияи миллии TajCOLD ҳадафи аслии баргузории онро ҷилавгирӣ аз идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон арзёбӣ кард. Орифов муътақид аст, ки Ӯзбакистон талош дорад нерӯи энержии худро ба Афғонистон ва Покистон содир кунад, то зарурате барои юх-тмони Роғун ва кумаки молии Бонки ҷаҳонӣ ба ин неругоҳ намонад.

Роғунро бозрасӣ мекунанд, обанборхои Тошкандро чӣ?

Далели аслие, ки қаблан бо он Тошканд монеи бунёди Роғун шудан мехост дар замони шӯравӣ тарҳрезӣ шудани лоиҳам нурӯгоҳ ва дар минтақаи зилзилахез ҷойгир будани он буд. Донишмандони тоҷикчандин маврид гуфтанд, кидар минтақае, ки нурӯгоҳ сохта мешавад дар 50 соли ахир заминларзаи баландшиддате ба вукӯъ напайвастааст. Баъдан Ӯзбакистон гуфт, ки то замони сероб шудани обанбори Роғун, ки 8-сол тӯл мекашад кишвараш беоб мемонад. Ислом Каримов дар Қароқалпоқистон бо шиддат мегуфт вай ҳеч гоҳ ба ин иҷоза нахоҳад дод.

Аммо дар изҳороти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ гуфт, ки обанбор на дар 8, балки давоми бештар аз 9 сол пур мешавад ва Тоҷикистон тасмим дорад онро аз ҳисоби лимити оби худ пур намояд. Ислом Каримов ва тими зидироғунии вай ба мавзӯи экологии нерӯгоҳ низ “часпиданд”. Ҳифз муҳитшиносони парлумони Ӯзбакистон аз фоҷеаҳое дар пайи бунёди Роғун хабар додаву бонги изтироб мезаданд ва хамеша тақозои баррасии комили нерӯгоҳи Роғунро мекарданд. Ҷониби Тоҷикистон ҳеч гоҳе ба ин бозрасиҳо зид набуд ва ахиран чунин як бозрасӣ идома дорад.

Дар нишасти ахири худ Ҳамрохон Зарифӣ гуфт, ки агар Ӯзбакистон хамчунон ба бунёди нерӯгоҳи Роғун монеа пеш биёрад, Тоҷикистон аз созмонҳои байналмилалӣ тақозои бозрасии обанборҳояшро хоҳад кард. Дарвоқеъ, парлумони ҷумҳурӣ низ ахиран вазоратҳои дахлдорро, ки бо иллати боздошти қаторахо дар марзи Ӯзбакистон хисоротҳои зиёде дидаанд, супориш дод, ки санадҳои зарурӣ ҷиҳати ба додгоҳҳои байналмилалӣ шикоят бурданро таҳия намоянд. Хисороти аз Ӯзбакистон расида миллиард доллар арзёбӣ мешавад.

Мавзӯи иддаои бозрасии обанборхои Ӯзбакистон ва тасмимҳои ба додгоҳҳо шикоят бурдан дар ҳолест, киба ақидаи бархе коршиносон Тошканд аз дастгирии қудратҳо бархурдор аст. Дар баъзе ҳолатҳо харчанд ин “ҳампаймониҳо” пушти пардааст, аммобаъзе ҳолатҳое ҳастанд, ки онро ошкор месозанд. Дар робита “Озодӣ” аз нақли Ҳомид Орифов, дабири комиссияи миллии TajCOLD менависад, ки “сиёсати Тошкандро дар қиболи нерӯгоҳи Роғун ҳукумати Русия ҷонибдорӣ мекунад”. Аз ин қабил ҳарфҳоро қаблан низ мегуфтанд, аммо на то ба ин ҳад ошкор. Ҳамчунин, ба қавли Орифов баъзе гурӯҳҳо нақша доранд, ки дар Тоҷикистон табаддулотеро ба мисли кишвари ҳамсоя Қирғизистон пиёда кунанд.

“Юбилей”-и мухолифати Каримов алайхи Роғун

Соли панҷум аст, ки Ӯзбакистон ба бунёди нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон мухолифат мекунад. Ин дар ҳоле, ки бунёди нерӯгоҳи мазкур омили ҳалли бӯҳрони энержӣ ва пешрафти иқтисодии Тоҷикистон дониста мешавад. Коршиносон мегӯянд, иллати аслӣ дар аксияҳои зидироғунии Каримов на мушкили экологӣ ва на проблемаи беобии кишвараш аст, балки президенти ҳамсоякишвар намехоҳад Тоҷикистон пешрафти назарасе дошта бошад Зеро гуфта мешавад бо бунёди Роғун аввалан мардуми тоҷик аз буҳрони энергетикӣ мераҳанд баъдан Тоҷикистон метавонад нерӯи барқашро ба таври арзон ба кишварҳои Афғонистону Покистон фурӯхта, иқтисодашро тавсеа бубахшад.

Ин ҳама ба чашми Каримов монанди хори халанда аст. Гурӯҳе аз дигар соҳибназарон ихтилофоти Тошканду Душанберо дар масъалаи обу нерӯгоҳҳо танҳо баҳонаи пардаи сиёсипӯшидае унвон мекунанд. Онҳо мегуянд, гап сари сохтмони иншоотхои азими гидроэнергетикӣ нест, балки ба муносибати ду раҳбар бастагӣ дорад. Ҳар чи ҳам бошад, тавре болотар ишора кардем, Тошкандто имрӯз аз фишангҳои зиёде истифода кардааст, то монеи рушди иқтисодии Тоҷикистон шавад.

Боздошти қатораҳои ҳомили молу коло ба мудати қариб як сол, иҷозаи ҳаракат надодани корвони мошинҳо ба Тоҷикистон, ба таври якҷониба бастани гузаргоҳи марзӣ дар шимоли кишвар, боздошту таҳқири занҳои тоҷик дар қаламрави Ӯзбакистон рӯйхати нопураи амалҳоест, ки кишвари ҳамҷавор то имрӯз пиёда кардааст. Аммо бо ин ҳама гуфта мешавад, бояд интизори усулҳои нави фишороварии Тошканд буд. Ин чӣ фишангу фишор аст ва дар қиболаш Тоҷикистон аз чӣ усуле истифода мекунад, суоли вақт аст.

Бо ин ҳол ҷониби Тоҷикистон ҳамеша мегӯяд ҳамаи нофаҳмиҳо бо ҳамсоякишварро бояд бо роҳи гуфтушунид ҳал кард. Ба қавли Ҳамроҳон Зарифӣ мулоқоти дуҷониба бидуни миёнҷигарии ҷониби сеюм муассиртар аст. Аммо ин мулоқоти муассир кай, дар куҷо ва дар кадом шароиту вазъият анҷом мешавад суоли дигари кушодааст о ки посухашро танҳо Худо медонад.

One Response

  1. Рахмоновская 18-летка привела всё к упадку.Ладно, промышленность,село… – это можно как-то подправить,строить.Но вот души,нравственность утеряны безвозвратно,как бы ни хвалили купленные деятели и слащаво не выступал Эмомали. Вот смотрите куда мы, “арийцы”, пришли – http://smotri.com/video/view/?id=v11336281677

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: