Намоиши узви бадан ё мояи фахр?

БАРДОШТИ ШУМО АЗ ФЕСТИВАЛИ «ЧАКОМАИ ГЕСУ» ЧИ ГУНА АСТ?

«Озодагон» №44 10.11.2010

Зарринаи ХУШВАКТ, хабарнигор

Ростй аз овони ҷавони ба ҷашнвораҳое, ки ба як узви бадани инсон ва ё зебоии онҳо бахшида мешаванд чандон таваҷҷӯҳ надорам Ба фикри ман қабл аз ҳама бояд ба акли инсонҳо арҷгузори кард. Ҷашнвораҳои ҷумҳуриявӣ ҳам бештар бояд марбут ба фаъолият ва зиндагии мардум бошад.

Дар ҷашнвораи «Чакомаи гесӯ» ягона чизе, ки хушам омад, ин ба намоиш гузошта шудани офридахои мардум буд. Аммо он чизе, ки марбут ба чакома гесӯ, мӯйи бадан аст фикр накунам, ки хуб бошад. Мӯйи дарозро ҳар нафаре, ки хоҳиш дошта бошад метавонад нигоҳубин намояд, нафаре ки хохиш надорад онро мегирад ва кӯтоҳ мекунад. Ин кори шахсии хар шаҳрванд аст. Гесӯ он чизест, ки ба вазъи зиндагии мо иртибот надорад ва аз доштану надоштани он зиндагии мо пеш намеравад. Ман наметавонам бигӯям, ки бо гузоштани мӯйи дароз зиндагии мо бехтар мешавад ва ё ба шахр хусни дигар зам мекунад.

Бо дидани мӯйи дарози як духтар ва ё хонум аввалин чиэе, ки дар зеҳни инсон меояд, ин мушкил ҳангоми шустушӯ ва нигохубини он аст. тамом. Бехтар мешуд агар мо ҷашнворахое доир намоем, ки занҳои мо дар фаъолият чӣ пешрафт доранд, дар зери 21 чӣ ихтироъ кардаанд. Ҷашнвораи «Чакомаи гесу» барои тафреқ чизи бад набуд, рақсхои зебо буданд онҷо. Рақс хуб, аммо онро мешавад, ки дар консертҳо ҳам дид. Баргузор намудани ҷашнаорае, ки дар қарии 21 хеҷ рабте ба зиндагии инсон надорад, хуб нест. Бехтар буд, агар мо озмунҳои бехтарин донандаи компютер математика ва ё илмҳои ҷадидро баргузор менамудем. Агар ҳамин ҷашнвораи «Чакомаи Гесӯ» барои кори ман зарур намебуд, ман хеҷ гоҳ талоши вориди толор шуданро намекардам. Ҳар чизе, ки дар ҷашнвора ба намоиш гузошта шуд, чизест, ки мо дар гузашта онро доштем. Ман бисёр хушҳол мешудам агар дар ҷашнвора чизеро бубинам, ки тоза ихтироъ шудааст. Таърих хуб аст, аммо ҳоло фурсате расида, ки мо бояд бо дарназардошти таърих барои оянда таърихи дигаре созем. Агар ҷашнворае баргузор мегардад, ки давоми 10 соли охир мардуми тоҷик чӣ ихтароъ кардааст, ман бо камоли май барои дидаии он мерафтам.

 

Бахриддини РАЧАБОВ, рохбарии бадеии фестивали умумичумхуриявии «Чакомаи Гесу»

Фестивали умумиҷумхуриявии «Чакомаи гесу» бисёр дар сатҳи баланд ва хуб гузашт. Бисёр хушҳол ҳастем, ки чорабинии мазкурро мардум хуш қабул карданд. Метавон гуфт, ки мардум, ба хусус бонувон интизори чунин як фестирал буданд, ки он бояд ҳатман баргузор мегардид Вақте мо дар ҷануби кишвар барои баргузории озмун сафар доштем, назди мо як духтари муӣдароз омад ва гуфт, ки ҳамеша аз хонавода барои буридани гесӯаш ризоият мепурсид ва ҳамакнун баъди баргузории ин фестивал дар ин маврид талош нахоҳад дошт, зеро мӯйи дароз чун либоси миллӣ хоси духтари тоҷик аст.

 

Савфат БУРХОНОВ, хабарнигор

Гамза кардан даркор нест. Чакомаи гесу майли, ин мӯӣ аст, риш ҳам мӯй аст-ку? Ришро меғӯем, хи тарошидан лозим аст, мӯйро мегӯем, ки ёзонидан даркор аст. Ин чизро ман намефаҳмам, ҳисобам гум. Дар асри 21 реклама кардани пашм бисер айб аст, тоҷикро ҳамагй пашм эълон кардан ва муқаддасоти миллӣ унвон кардани мӯй бисёр айб аст. Ҳоло дар дуне тенденсияи инсоншавӣ рафта истодааст. Одам қабл аз ҳама одам шуда истодааст. Дарвинизм маймуни одамшаклро меомӯхт ҳозир одам ба намуди биологии худ инкишоф меёбад. Ҳозир тенденсияи аэ ҳайвон фарқ доштами одам рафта истодааст, яъне одам одам шуданаш даркор. Агар муқаддасоти инсонӣ пашм мебуд ва Худо ба одам пашм меофарид мисли маймун ё мисли гов либосдор меофарид гапи дигар буд, ҳоло бошад пашм як чизи нодаркор аст барои одам, чӣ мӯӣ бошад чӣ риш. Дар асри 21 пашмро «култ» кардан хуб нест. Ман бо мушкилихои зиёде давоми чанд соли охир савори нақлиёти мусофирбар шуданро одат карда будам, акнун ҳозир медароӣ боз бӯш ҷурғот. Мо хоҳиш дорем, ки мардхо марди асри 21 бошанд: ришҳо тарошидагӣ шиму костюм ба бар. Занҳоро бошад ба зери санг баробар мекунем.

Зани асри миёнаги фарзанди асри 21 барои мову шумо таваллуд карда наметавонад. Дар дунё танҳо як миллат бо доштани мӯй фахр мекунад. давлати Сохили Оҷ. Дар ин давлат мӯӣ мавқеъи ҷамъиятиии одамро нишон медиҳад, агар шаҳрванди ин кишвар 1413 кокул бофтагй бошад метавонад вазир бошад. Агар ин хел бошад, биёед мо хам зани аз хама муйи дароз доштаро раиси Кумитаи занон таъин мекунем, Мӯйи аз вай кӯтоҳтарро депутат таъин мекунен, сафиронро хам аз ҳисоби занхои мӯӣдароз таъин мекунам. Аср асри 21 бачаҳо, аз ин хотир биёед идеяҳои он қадар носолимро пропаганда накунем. Зеро фардо мо пушаймон мешавем аз хамин мӯйи дароз. Сабаби хазору 400 бекоршавии авди никоҳ, сағера мондани хазору 400 кӯдак мешавем. Мӯят буридагӣ ба ту ҷавоб гуфтани мардҳо хам шурӯъ мешавад. ба мӯй мақоми ҷамъиятӣ додан лозим не, хохиш дорӣ мӯятро дароз кун, нахоҳи бибур. Сарқонун Тоҷикистонро давлати дунявӣ, ҳуқукбунёд, демкоратӣ муаррифй кардааст. Дар ин ҳолат мо набояд ба падидаҳои асри санг аҳамият дихем. Мо бо тамоми нерӯ нишонаи миллӣ кофта истодаем. Рафикон, яхудиҳо забон надоштан, миллат надоштанд, давлати ягона надоштан. Аммо яхудӣ яҳудӣ мемонад дар тамоми дунё. Аз ин хотир забон, мӯӣи дароз нишонаи миллӣ нест. Мо худамон миллатро фиреб дода истодаем. Дар охир мехоҳам баро «пиаршикон»-и нишонаи миллӣ як идея диҳам. Агар соли ҷорӣ фестивали «Чакомаи гесӯ»-ро баргузор намуданд. пас дар соли оянд «Чакомаи риш»-ро доир намоянд. Дар ин сурат қонун риоя шуда, ҳуқуқи мардум зан нақз намешавад, гендер риоя мешавад, акнун хатман мардҳо ришро ёзонанд.

 

Advertisements

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: