Туф-туфи нос дар пойтахт…

Давлатхуча ШЕРАЛИЕВ «Точикистон» №45 11.11.2010

Тайи солҳои ахир пойтахти кишварамон -шахри Душанбе ба худ ҳусну қабои нав ба бар намудааст, Қомат афрохтани биноҳои баландошёна, бунёди боғу гулгаштҳои наву зебо ҳусни шаҳрро дучанд намудаанд. Поӣтахтхонаи ободи мо -тоҷикон аст, бинобар ин онро бояд ҳамеша ободу зебо нигоҳдорем. Аммо саволи матраҳ ин аст, ки то куҷо мо тозагиро дар пойтахт аа дар ҷойҳои ҷамъияти риоя мекунем?

Ба ҳамагон маълум аст, ки тозагиро риоя намудан аэ як тараф маданиятнокии моро нишон диҳад, аз ҷониби дигар ба саломатии мо манфиатовар аст ва риояи қоидаҳои гигиенӣ баҳамагон ҳатмист. Аммо мо на ҳама вақт ва на ҳама кас ин чизҳоро дарк мекунему тозагиро риоя мекунем.

Масалан, доимо аз тариқи телевизион ба воситаи барномаҳои ҷолиб нишон дода мешавад, ки кашидани носу сигор ба инсон чӣ қадар зарари ҷисмониву моддӣ дорад ва партофтани боқимондаи хокистардори сигор ва туф кардани нос дар роху пайраҳаҳои пойтахт ва ҳам аз мигоҳи гигиени ба атрофиён зарар дорад. Аммо чун пагоҳ ба кӯча бароем, ҳамоно мебинем, ки боз онҳое, ки мосу сигор мекашанд, кори худро мекунанд -яъне, боэ ҳамон носи даҳанашонро ва ё боқимондаи шгорро дар куҷое хоҳанд мепартоянду мераванд.

Боре як бегоҳ савори микроавтобуси «Тангем» будам, ки ду ҷавон хандакунон дар дасташон сигор, наклиётро дар назди хеш нигоҳ доштанду бо сигорҳои дасташон вориди наклиёт шуданд. Аммо ронанда нақлиётро боздошту ба эшон гуфт: «Бародарҳо, аввал, ки дар дохили нақлиёта ҷамъиятӣ сигор кашидан аз рӯйи маданияту одоб нест, зеро дар дохили он одамони гуногунанд. Дуввум ин, ки нақлиёти ман ба воситаи газ ҳаракат мекунад ва дар он кашидани сигор тамоман хатарнок ва мань аст».

Пас он ду ҷавон сигорҳояшонро ба берун партофтанду мо ҳаракати хешро давом додем. Аммо он ду ҷавон боз ҳам боқимондаи сигорҳояшонро дар руйи роҳи мошингард партофтанд.

Қариб дар хама гӯшаву канори пойтахтамон аз тарафи масъулини шаҳрдорӣ дар пойтахт партовкуттӣ насб шудааст. Аммо аз чӣ сабаб бошад, ки аксари сокинон аз онҳо истифода намекунанд, Қариб дар ҳама ҷоӣҳои ҷамъиятӣ, махсусан, дар пахлӯи истгохҳо партовқуттиро дидан мумкин аст. Аммо мушоҳида мешавад ки кас коғази канд е дигар ширини ва ё бокимондаи сигорро дар қуттӣ напартофта, дар назди он ё дар руйи роҳ мепартоянд, ки аз рӯйи одоб ва маданият нест.

Чаро мо чунин мекунам? Охир аз қадим то имрӯз бузургонамон ба мо фақат панду насиҳат ва ба воситаи шеъру достон ва шохасарҳо одобу ахлоқи ҳамидаи инсониро омузонда омаданд, вале боз худи мо аз рӯйи одоби ҳамида рафтор намекунем. Агар хориҷиён бо кашфиёту техникаву технологияи худ ба иқтисодиёти тараққикардаашон ба мо ва ҷаҳониён машҳур бошанд, мо бо шеъру шоҳасарҳои ахлоқии бузургонамон чун Фирдавсӣ, Мавлави, бедил ва дигарон дар ҷаҳон шинохтаему фахр мекунем, Пас, чаро онҳо одобу маданияти волоро, ки бузургони мо талқин намудаанд, ҳамагон имрӯз дороянду мо не?

Як нафар донишҷу бо исми Исмоил Амиров, ки кишварҳои зиёди ҷаҳонро дидааст, мегуяд: «Дар кишварҳое, ки ман будам, на танҳо дар роҳхои марказии пойтахт, балки дар ҳама гума роҳу он ҷойҳо ва дар тамоми ҷойҳои ҷамъияти тозагиро хеле хуб ва дар сатҳи олӣ риоя мекунанд. Қариб сари оад қадам дар он ҷоӣҳо партовқуттиҳо насб шудааст, ш аз онҳо хеле хуб истифода мекунанд. Дар хориҷи кишвар тозагиро риоя кардан ҳамчун маданият ва фарҳанги волои шаҳрдорӣ медонанд ва дар ҳама ҷо онро риоя мекунанд».

Шаҳрдорӣ дар масъалаи риояи тозаги дар пойтахтғамхори зоҳир мекунад. Ҳукумата шаҳр ҳар сол барои хамини партовқуттиҳо ва контейнерҳои партовҳо қариб дар ҳама кучаҳои шаҳр шароитҳо фароҳам меорад. Бино ба иттилои масьулини ҳукумати шаҳр вазифаи таъмини партовқутии бар души чаҳор ноҳияи поӣтахт вогузор шудааст, то дар худуди ноҳияҳои хеш тозагию ободиро нигоҳ доранд. Барои муайян намудани масъала рох пеш гирифтем сӯйси бинои мақомоти ичроияи ноҳияи Исмоили Сомонии поӣтахт. Ба гуфти сардори Сарраёсати хоҷагии коммуналии манзилию ободонӣ ва сохтмонии ноҳия Сайбурҳон Муродов, имсол дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 130 партовқуттии нави замонави насб намудаанд, то ки сокинони пойтахт бо истифода аз онҳо тозагиро дар ҷоӣҳои ҷамьияти ва дар кӯчаҳои пойтахт риоя намоянд.

Аз ин бармеояд, ки мо бояд хамагон, хурду калон дар бобати тозагиро риоя намудан фаъол бошем. Сари ҳар кадом ва дар ҳар куҷое бошем, ба дигарон фаҳмонем. Зеро, ободии диёр ин ифтихори мост. Дар ин росто ҷавонон бояд нақши фаъол ва созанда дошта бошанд. Зеро, эшон неруи асосии ҷомеа махсуб мешаванд. Вале, мутаассифона, аксаран онҳое, ки чӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва чи дар роҳҳо, тозагиро риоя намекунанд, ҷавононанд. Боре бегоҳӣ аз назди бинои Сирки давлат мегузаштаму дидам, ки тӯда-тӯда ҷавонон ҳалқа зада суҳбат оростаанд. Онҳо дар болои сабабҳои тозаю нафӣси назди бино пахлу зада, офтобпараст ва ҳар гуна ширимиҳо истеъмол мекарданду баъзеи дигарон сигор дуд медоданд.

Аммо онҳо пӯстлохҳои офтобпараст ва коғазаи шириниҳоро дар руи сабабҳое, ки бо мехнати зиёд сабазахои шудаанд, мепартофтанд. Дар назди онҳо, дар масофаи тақрибан панҷметр дуртар партовкуттӣ касб шудааст. Охир, хуб мебуд, ки ахлотҳои худро дар селофане ҷамъ кунанду ҳангоми рафтан ба кутти партоянд. Ин ҳам манфиатовар мебуд ва ҳам маърифатнокии моро нишон медод. Масалан, хориҷие аз он ҷо гузар кунаду оддитарин қоидаҳои тозагиро дар миёни мо надида чӣ фикр мекунад?

Ҳатто дар роҳҳои марказии пойтахт коғази конфету дигар ахлотро дидан мумкин аст. Мо бо хориҷиҳо дар пушидани либос, ки ба урфу одат ва акъанаҳои либоспӯшии ачдоди мо мувофиқ намеояд ва хуб нест, тақлид мекунем. Аммо, чаро дар омӯзишиилму одобу кашфиёти техникаву технология ва маданияти воло ба онҳо паӣрави намекунем, ки ин ба манфиати мост?

Бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе таҳти № 150-15 аз 16.10.2008 дастур_и Қоидаҳои тартиботи ҷамъияти, дободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе дар шакли китобча ба табъ расидааст, ки ин чо овардани банду фаслҳое, ки ба масьалаи пешгирифтаи мо оиданд, аз манфиат холӣ нест. Зеро ҳамин қонуну дастурҳо барои ки кабул мешавад? Албатта, барои халқ ва сокинони пойтахт. Аммо халк аз он бехабар монда, дастуру қарорҳои кабулшуда дар китобҳо мехобанд, Ин аст, ки бархе аз сокинон аз ин гуна қарорҳо бехабар монда, тозагиро мувофиқи меъёр риоя намекунанд.

Дар фасли 3-и ҳамин дастур «Риояи тартиботи санитарӣ ва ҳифзи мухити зист» бандҳо ва зербандҳоеро, ки ба мавзуи мо далолат мекунанд, дар шакли якҷоя пешкаш месозем.

  • дар ҷойҳои ҷамъиятӣ шаҳрвандон ухдадоранд тозагиро риоя намоянд;
  • маъмурияти корхонаҳо, ташкилотҳо, раёсатҳои манзиливу томмуналӣ, дигар сохторҳо, новобаста аз мансубияти идоравиашон ва соҳибмулкон, ӯхдадоранд:
  • биноҳо ва иншоотҳои ҳудуди онҳо, аз ҷумла, чӯйборҳои обёриву обгузар, пиёдарохҳо, мавзеи кабудизор ва истгохори нақлиётиро дар ҳолати хубу тоза нигоҳ  доранд;
  • дар назди биноҳо партовкуттиҳои хушнамуд гузошта, сари вақттоза кардани онҳоро таъмин намоянд;
  • дар мавсими тирамоху зимистон пиёдароҳҳо, маӣдону истгоҳҳои нақлиётиро аз барфу ях ва ифлосӣ тоза карда, ин худудҳоро дар рузҳои яхбанди омехтаи қуму намак ё тарошаҳои чуб пошанд;
  • вобаста аз имконоти мавчуда барои тоза кардани худуд аз тачдизотҳои техникии чангкаши истифода намоянд.

Банди 24-уми ҳамин фасл:

-Ҳавш, маӣдончаҳои партовҷамькуни ва чумриҳои пуршаванда бо ихроҷ бояд ҳаррӯза аз ҷониби шахсони зерин иҷро гардида, дар хар 3 рӯз на кам аз як маротиба безарар гардонида шаванд:

-дар хонаҳои истиқоматӣ ва шаҳракҳо аз тарафи раёсатҳои хоҷагии манзилӣ ва коммунали, сохторҳои марбута ва соҳибмулкони манзил бо корхонаи махсуси партовбарорӣ;

-дар корхонаву ташкилотҳо аз тарафи маъмурият.

Банди 25 ҳамин фасл:

Истиқоматкунандагон ухдадо ранд:

-партовҳои маиширо бо сатилҳои пластмасаии сарпӯшакдор ҷамъ карда, аз соати 18-00 то 6-00 ба партовгоҳи махсус бароварда партоянд.

Банди 28. Ман карда шавад:

-партофтани партовҳо, барф, хар гуна ифлоси ва дигар намуди партовҳо ба нӯчаҳои шахр, гулзору чаманзор, дарею каналу селпартовҳо ва ҷӯйборҳои обраву обёри, назди сутунҳои барқию телефони, трансформаторҳо, кабинаҳои телефонҳо.

Ҳамчунин, дар бобҳои дигари ин дастур ва дар бандҳои алоҳида риояи тозагӣ махсус таъкид гардида, вайронкунандаҳои қоидаҳои мазкур, чи тавре ки дар охири ҳар фасли он гуфта мешавад, ба ҷавобгарии маъмури кашида мешаванд.

Маълум мегардад, ки хукумати шаҳр ва ноҳияҳои он ҳар сол бахри ободони ва тозагӣ дар поӣтахт тадбирҳо меандешанд, шароитҳои мусоид фароҳам меоранд ва ҳар як сокини пойтахт бояд ба қадри он бирасад ва маромномаи сокини пойтахт буданро муқаддас донад.

Боре баъд аз тамошои консерти мусикр дар «Кохи Ҷомӣ» бо фаррошзани ин кох Ҷумъагул Исоева ҳамсӯҳбат шудам. У дар ин росто ғуфт: «Ростӣ, мо кариб баъди хар як консерт дохили то лорро аз назар гузаронида, тоза мекунем. Ҳарчанд дар дохили бино аз тарафи масъулин партовқутта насб шуда бошад хам, доимо баъд аз намоиш коғази конфету пӯчоқи офтобпараст пур аст . Ба фикри ман, ҳарчанд ин кори мо аст ва мо онро мекунем, лекин барои сокини пойтахт ин хуб нест. Агар хориҷиён дар толор зиёд бошанд, ин чиз мушоҳида намешавад».

Барои боз ҳам равшани андохтан ба ин масъала чанде аз сокинони пойтахтро пурсон шудем, ки чаро аксар ва сокинон, махсусан, ҷавонони синнашон хурд ва мактабӣ ахлот ва ё партови дасташонро на дар партовқуттӣ, балки берун аз он мепартоянд?

Зебунисо Ниёзова, омӯзгор:

-Ба назари ман дар ин масъала бештар калонсолон айбдоранд. Бисёр вақт дар роҳу пайраҳаҳои пойтахт ахлоти носу сигор ба назар мерасад, ки хурдсоли мо ҳеҷ гоҳ носу сигор намечокад. Аммо баъзе ҳолатҳое мешавад, ки аз тарафи ҷавонон, махсусан ашхоси синни 15-20- сола дар истгоҳҳо ва дар дигар ҷоӣхои ҷамъияти, намедонам аз бефаҳмӣ за ё беодобии онҳо бошад, риоя нагардидани тозаги мушоҳида мегардад. Ҳолате мешавад, ки боқимондаи сигар ва ё дигар партовро дар даруни партовкутти, ки дар пеши чашмашон истодааст, напартофта, берун аз он ва дар куҷое хоҳанд, мепартоянд, ки ин ба маданияти сокини пойтахт будан мувофиқ нест. Ба назари ман барои бартараф кардани ин мушкили аз як ҷониб мо омӯзгорон дарсҳои махсуси тарбияви ташкил кунему чӣ будани партовкутиро фаҳмонем, зеро фаҳмиши бисере аз ҷавонони пойтахт ба он намешвад.

Мехостам якчизро қаӣд кунам, ки имрӯз ҷавони 16-17-солаи моро насиҳат кардану фаҳмондан бисёр мушкил шудааст. Агар ҷавоне, масалан, ба миёни гулзори байни роҳ, ки онро зер кардан намнӯъ аст, гузарад ва ман ба ӯ гӯям, ки ин корро накун, ин корат хатост, вай хатман ба ман ҷавоби обдоре медиҳад. Бинобар ин онҳо аз хона тарбия ёбанд. Зеро тазаги аз хона сар мешавад.

Албатта, имруз мо ҷавонони эиёде низ дорем, ки фаҳмишу маданияти баландро соҳибанд. Аммо дар ин росто ҳамагон бояд фаъол бошем. Дар ин сурат метавонем кишвари воқеан ободу зебо бисозем».

Донишҷӯ Беҳрӯзҷон Расулов мегӯяд:

Тозагиро риоя накардан дар кучаҳои пойтахт ва, умуман, дар дигар ҷойҳо, албатта, аз бефаҳмист. Масалан, дар боғу гулгаштҳои пойтахт, ки ҷоӣи истироҳат ва ором намудани асаб аст, бисер вакт ҷавонони то 25-соларо мушоҳида кардан мумкин аст, ки роҳравон дар хиёбонҳо боқимондаи сигору дигар партреро дар руйи роҳ мепартоянд ё дар боғҳо дар куҷое хоҳакд офтобпараст хӯрда, пучоки онро роҳравон партофта мераванд.

Дар ин гуна ҷойҳо низ бояд тозагиро риоя кард, вагарна ин чрйҳо макоми хешро ҳамчун макони истироҳат ва ором кардани асаб гум мекунанд. Ҳол он ки дар ҳама боғҳои пойтахт партовқуттӣ насб шудааст, то ки омадагон партови хешро ба онҳо гузоранд.

Донишҷу Фаридахонуми Саидҷаъфар андешаҳояшро дар ин хусус чунин баён сохт:

«Сокини шаҳр будан ифтихори беназир аст, вале дар аини замон масъулияти бузургро ҳам дорост, ки дарки чунин масъулият вазифаҳои мухими шахрвандиро тақозо мекунад. Боиси сарфарозист, км имрузхо назар ба солҳои пеш вазъи тозаги дар шаҳр руӣ ба беҳбуди овардааст. Аксари сокинон тозагиро хуб дарк мекунанд. Вале баъзеҳо, ки ба мазмуну манзалати сокини шахр будан сарфаҳм намераванд, ба тозагӣ риоя намекунанд. Агар мо, ҳамагон, дар якҷояги баҳри тозагиву ободони ва озодагии ватани хеш бикӯшем, метавонем онро ба макони ахлоқу одоби писандида ва сатҳи баланди фарҳангӣ табдил диҳем».

Аз андешаҳои гуногуни дар боло зикрдида бармеояд, ки тозагиро риоя намудан ин камоли бофаросатию бофарҳангии шахс буда, ба ҳамагон зарур ва ҳатмист. Зеро, бузургон фармудаанд: «Маконе, ки ҳаёт ба сар мебари ва аз обу ҳавояш нафас мегирӣ. бароят муқаддас аст. Пас, тозаву обод нигоҳ доштани ватани азизамон, ки дар қалбаш чун навниҳоле месабзем ва бароямон азизу мукаддас аст, вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост. Махсусан, пойтахт, ки чун қалби кишвар ва хар мехони хориҷӣ аввал аз он дидан мекунад, бояд ҳамеша тозаву шукуфон бошад. Аз ин бармеояд, ки дар ин шаҳри зебову дилоро ва маъвои пур аз мехру вафо, ки хонаи умеди ҳамаи тоҷикони ҷаҳон аст, тозагӣ, ободӣ, сарсабзӣ ва чароғи сидку сафоро ҳамеша фурузон нигоҳ дорем…

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: