Балои риш

Бишнав зи ман ду-се сухане дар «сано»-и риш,
Чун мондаам зи бахри Худо, дар балои риш.

Дар навраси чи таровате дошт руи ман,
Руям сиёх кард кунун ин балои риш.

Гуянд риш суннати пайгамбар аст, лек,
Набвад кабул пеши накуён хичои риш.

Эй муддаи,  макун дароз чу ришат фасонаро,
Озурда гашт хотири ман аз барои риш.

Имруз пур  гашта зи ришдор кучахо,
Мо худ кучо расем кунун  дар хавои риш.

Халки чахон чу дар талаби  илму донишанд,
Моем хануз хам давон аз кафои риш.

Риши сафеду  сурху сиях дидаам басе,
Безор гаштаам зи хама  рангхои риш.

Ин чи сироятаст, ки ба мардум расидааст,
Ё раб, рахон миллати ман аз вабои риш.

Чоми маям бидех, ки чонам  ба лаб расид,
То чуръае бизанам дар «наво»-и риш.

Эй шайхи ришкаппа ба холам маро гузор,
К-омад кайам зи руи туву  аз намои риш.

Чоно, биёр тегу ришамро тарош пок,
Кутах шавад, то ки дигар  киссахои риш.

Омир Сохиб

7 Responses

  1. тамоман ахмак будаасти ку… шоирон мурдандду шоир шуди..

  2. Рости гап точикон хакикатан фикр мекунанд ки касе риши дароз дорад аклаш низ хамон аст…
    Як бор риши Муфтии Мисрро нигаред …? Мана бародарон риш ин одам чандин китобхои илми оид ба дин навиштааст бовари дорам илме ки у дорад мумкин ягон муллои мо надорад вале ришаш ба риши муллохои мо намебарояд. Инашба чи мегуед? Ман бар зиди риш нестам вале максади риши дароз ягон мантик надорад…

  3. Rish ham meguzarad…

  4. Chi rish monemu chi namonem va boz galstuk banem, boz hamon tojiki ablahu tarsu va ghulomtabiat hastem.
    Yo ne, akai «shoir»?

  5. бо арзи салом, бародарон як бор ба худ биёед,охир шумо суннати Паёмбари ислом МУХАММАД (с) ро доред масхара мекунед,
    Мусалмон илм дорад ё надорад, мансаб дорад ё надорад,кудратманд аст ё заиф, бояд пойбанди суннати паёмбари худ бошад,мутаассифона мо на инки пайрави аз суннат,балки суннатхоро дорем танкид мекунем………..

  6. салом бар хама бародарони мусалмон
    ин шеърхое,ки дар боло гузашт ва ин бахсхо ман намедонам ин нависандай ин шеър мусалмон хаст нест наход риш хам бало бошад риш бародархо сипари бандаи муъмин аст мо аксарияти точикхо ас фарханги исломии худамон бехабар хастем баъд ягон кас ки як марди ришдор йо мусалмоне ки масчид рафта намоз мегузорад онро мулло мегуянд йо риш монад терор мегуянд вай не мулос аст не терор вай мусалмон аст касе,ки ришдорхоро гапе мезанад ба фикри ман вай як шахси занкалоне хаст,ки духтаронаш либосхои нимбарахна пушида мегардад гапаш дар ойлааш дар ягон кас намегузарад бад хеставу ришдорхоро йо ин ки намозхонхоро гап мезанар Риш бало нест риш сунат аст

  7. Салом бародарони Исломи! Ин аблах, ки риш намемонад ба ришдорон чи коре дошта бошад?

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: