ТВТ ҳам тоҷиконро Джамшут гумон мекунад?

«Озодагон» №35 07.09.2010

Аз он ки як шабакаи ТБ-и Русия точиконро ба мазох кашидаву хамчун кавми кафомонда ва содалавх чилва медихад, аксари точикони баномус норохат мешаванд. Аммо шигифтовар ин аст, ТВ-хои миллии Точикистон, ки аз хисоби пули халк, фаъолият доранд, миллати моро содалавх меангоранд ва мекӯшанд, ки ба харфхои дур аз вокеъият ва беасосу хеле омиёнаашон мардуми кишвар бовар намоянд, аксариятро ба ташвиш намеорад.

Шуморо намедонам, аммо барои ман бархе аз барномахои ТВ-хои Тоҷикистон аламовартар аз масхарахои ТНТ-и Русия аст, зеро масъулини шабакаи русӣ бегонаанд. Аммо вакте, ки хамватани худат миллататро сода мепиндорад ва харфхои боварнакарданиеро барояш тахмил менамояд, дардовартар ва аламбарангезтар аст.

Агар ТВ-ҳои Тоҷикистон ба содалавҳии мо бовар намедоштанд, шабу рӯз аз дастовардҳои диданашаванда тавсиф намекарданд. Агар заррае ба хиради мардуми худ бовар медоштанд ва эҳтиром мегузоштанд, андеша менамуданд, ки мардум чашм дорад, гӯш дорад ва беш аз ҳама ақлу хирад дорад ва метавонад худ ташхис диҳад, ки кишвараш дар чӣ ҳол қарор дорад. Оё дар кишваре, ки 7 миллион аҳолй доштаву ҳудуди 2 милиард доллар қарздор аст, қариб нисфи солро дар сардиву торикӣ паси сар мекунад, 1 миллион шаҳрвандаш муздури бегонагон аст, беш аз 60 дарсади мардумаш дар зери хати фақр ба сар мебарад, саноаташ рӯ ба таназзул асту маорифаш дар ҳоли ногувортарин қарор дорад ва аксари ниҳодҳояш гарқи фасод аст, ҳарф аз пешрафту рушд гуфтан соддалавҳ пиндоштани мардуми кишвар нест?

Агар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон сокинони кишварро содда намепиндоштанд воқеияти ҷанги фоҷеабор ва нангинеро, ки аз сари миллат гузашт ва ба ҷуз насли наврас ҳама шоҳиди он буданд, ба таври шубҳаовар яктарафа ва ғаразнок пешниҳод намекарданд.

Агар масъулини ин шабакаҳо медонистанд, ки мардумашон аз ақлу мантиқ огоҳ аст, фаъолияти ширкати пулчинаки IRS- ро «дастоварди бузург» унвон намекарданд.

Ё моҳҳо дар хусуси зарари телефони ҳамроҳ ба буҷаи оила ҳарф задан магар беақл гумон кардани мардум нёст?

Шояд танҳо хоси кишвари мо бошад, ки телевизионҳояш аслан аз мушкилоти мардум, аз камбудиву норасоиҳои иҷтимоӣ ҳарф намезананд. Шукр, ки миллати мо он гунае нест, ки кормандони ТВ-ҳояш мепиндоранд, вагарна аз тамошои барномаҳои телевизионашон гумон мекарданд, ки дар биҳишт зиндагӣ доранд ва паи ислоҳ ва пешбурди рӯзгорашон намегардиданд.

Агар дастандаркорони телевизиони кишвар ба завқу дарки миллати тоҷик бовар медоштанд аз пахши барномаҳои сусту содалавҳона ва ғайрикасбӣ даст мебардоштанд. Шояд воқуниши ешкор надоштан ба чунин барномаҳо ва фақат эътирози худро бо иваз кардани шабака ва тамошои телевизионҳои хориҷӣ намоиш додани мардумро ин дастандаркорон намедонанд ва ё дар асл чунин содалавҳ пиндоштани мардум низ аз ҳамин воқеият маншаъ мегирад?

Ба ҳар ҳол аз тарзи бархӯрди ТВ-ҳои Тоҷикистон чунин бардошт ҳосил мегардад, ки мо мардуми бефаҳму ношукре ҳастем, ки дастовардҳоро дида наметавонем ва эшонанд, ки ба мо мефаҳмонанд. Аламовар аст. Ба Шумо чӣ?

Advertisements

4 Responses

  1. Э монед хамин ТВТ ва Джамшутатонро!
    Нависед, ки дар Гарм чи ходиса аст. Ё барои шумо фаркаш не-мй?

  2. Сешанбеи 12 октябр (ду руз пас) мавзӯъи баҳси барномаи «Навбати Шумо»и телевизиюни форсии Бибиси «Бунёдгароии исломӣ дар Точикистон» хоҳад буд.

    Афроди алокаманд метавонанд дар ин баҳси телевизиюни, ки банудрат иттифоқ меуфтад, ширкат кунанд ва назароти худро дар миён гузоранд.

    Шумо метавонед бо қарор додани шумораи тамоси худ дар бахши назароти вебсойт, ирсоли имейл ба нишонии shoma@bbc.co.uk ё тамос ба шумораҳои 00442077652048 ва 00442077650505 дар барномаи «Навбати шумо» ширкат кунед.

    Ҳамчунин метавонед шумораи тамоси худ ё назароти худро аз тариқи паёмак (SMS) ба шумораи 00447786200548 ирсол кунед.

    Дар «Твитер» метавонед назароти худро аз тариқи http://www.twitter.com/nowbat бифиристед.

    Агар мехоҳед ба сурати тасвирӣ бо вебкам дар барнома ширкат кунед, метавонед ба барнома имейл бизанед ва роҳнамоӣ шавед.

    Ҳамчунин метавонед ба василаи мубойл ё вебкам назароти худро ба сурати тасвирӣ забт ва ба барномаи Навбати шумо ирсол кунед, то дар тӯли барнома пахш шавад.

    http://newsforums.bbc.co.uk/ws/fa/thread.jspa?forumID=12733

    http://www.bbctajik.com
    http://www.bbcpersian.com

  3. Навбати шумо: Рушди бунёдгароии исломӣ дар Тоҷикистон

    Интишори гузоришҳое аз фаъолияти гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ дар бархе манотиқи Тоҷикистон, аз ҷумла ҳамлае, ки ба кушта шудани панҷоҳ сарбози давлатӣ анҷомид ва ба исломгароёни тундрав нисбат дода шуд, ҳарос аз рушди бунёдгароии мазҳабиро дар ин кишвари нисбатан ороми Осиёи Миёна тақвият кардааст.

    Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ахиран аз шаҳрвандони кишвараш хоста фарзандони худро барои таҳсили динӣ ба хориҷ нафиристанд ва ҳушдор дода, ки аксарияти ин мадорис динӣ нестанд ва касоне ки дар ин мадорис омӯзиш мебинанд, ифротгаро ва терурист мешаванд.

    Оё шумо нигаронии давлати Тоҷикистон аз рушди бунёдгароии исломиро баҷо медонед? Оё фикр мекунед донишомӯзоне, ки барои таҳсили динӣ ба хориҷ мераванд, бо худ бунёдгароӣ ва терурисмро ба Тоҷикистон меоваранд?

    Ба дунболи ҷангҳои дохилии пас аз истиқлоли Тоҷикистон дар сенздаҳ сол пеш, давлати ин кишвар бо имзои як тавофуқномаи сқлҳ, мухолифони исломгарои худро дар мудирияти кишвар саҳим кард. Аммо акнун бо гузашти 13 сол, ҳеҷ як аз чеҳраҳои исломӣ дигар дар мансабҳои давлатӣ дида намешаванд. Аз як сӯ давлат баъзе аз аъзои Ҳизби Наҳзати Исломиро ба ифротгароӣ муттаҳам мекунад ва аз тарафи дигар, насли ҷавон фикр мекунад, ки ин ҳизб чандон ҳам бунёдгаро ва тарафдори ислоҳоти сиёсӣ нест.

    Назари шумо дар бораи фаъолияти аҳзоби исломгаро дар Тоҷикистон чист? Оё худи шумо бо атрофиёнатон дар ин гуна аҳзоб фаъолият доштаед?

    Акнун мардуми тоҷик дар заминаҳои эътиқодоти динӣ ва мазҳабӣ, аз озодиҳои бештаре дар муқоиса бо даврони Шӯравӣ бархӯрдоранд, аммо ҳамзамон аз назари иқтисодӣ, шикофҳои табақотӣ дар миёни мардум бештар шудааст.

    Бархе муътақиданд, ки ҳамин ихтилофҳои табақотӣ, тарокуми зиёди ҷамъият ва нархи болои бекорӣ ҷавононро водоштааст, ки посухи мушкилоти худро дар қироъатҳои бунёдгароёна аз ислом ҷустуҷӯ кунанд.

    Ба назари шумо, аҳзоби исломгаро чи ҷойгоҳе дар миёни мардуми Тоҷикистон доранд ва назари умумии мардум нисбати фаъолиятҳои онон чист?

    Оё фаъолияти ин аҳзобро барои рушди демукросӣ дар Тоҷикистон муфид медонед ё нигарон ҳастед, ки ин аҳзоб мумкин аст ин кишварро ба сӯйи бунёдгароӣ бикашад?

    Барномаи «Навбати шумо» дар рӯзи сешанбе, 19 октябр, ба ин мавзӯъ мепардозад.

    Шумо метавонед бо қарор додани шумораи тамоси худ дар бахши назароти вебсойт, ирсоли имейл ба нишонии shoma@bbc.co.uk ё тамос бо шумораҳои 00442077652048 ва 00442077650505 дар барномаи «Навбати шумо» ширкуат кунед.

    Ҳамчунин метавонед шумораи тамос ё назароти худро аз тариқи паёмак (SMS) ба шумораҳои 00447786201127 ё 00447786200548 ирсол кунед.

    Дар «Твитер» метавонед назароти худро аз тариқи nowbat@ ба мо бифиристед: http://www.twitter.com/nowbat

    Агар мехоҳед ба сурати тасвирӣ бо вебкам дар барнома ширкат кунед, лутфан ба мо имейл бизанед, то шуморо роҳнамоӣ кунем.

    Ҳамчунин метавонед ба василаи мубойл ё вебкам назаротии худро ба сурати тасвирӣ забт ва барои мо ирсол кунед, то дар тӯли барнома пахш шавад.

  4. Ин бародархо як хазлу шухи аст!!! Шарт нест ки ба он ахамият калон дихед ва худро асаби кунед. Аз ин хуб ба гапу гуфтору ахлоки худ эътибор бидихед. Бихандед ба худ хам хеч гапе нест! Ягон халк ва ягон инсон бе галати намешавад.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: