Лухтакхои гилин

Хуршед АТОВУЛЛО «Фараж» № 39 29.09.2010

Ҷанги шаҳрванди бойиси он гардид, ки як муддат муайянкунандаи тақдири мардуми минтақаҳои кишвар ба дасти нафароне афтад, ки то ба ин дам ба ҳайси ронанда (Ғаффор Мирзоев), майдатоҷир (Ризвон Садиров), мироб (Раҳмон Гитлер) ва ғ. афтад. Ин нафаронро, ки аз сиёсат фарсахҳо дур буданд ва дар ягон кишвари мутамаддини дигар ҳаргиз ба сари мансабу қудрат роҳ намедиҳанд, даҳшати ҷанг, ки дар он тавонистанд ба гурӯҳҳои алоҳидаи яроқбадаст пешво шуда, «сиёсат»-и хешро шинонанд, рӯйи саҳна овард.

Ёд дорам, чӣ гуна аҳли зиё аз тарс пеши пойи эшон зону мезад ва маъруфтарин ҳунармандони кишвар хидматгорони дарборашон буданд. Албатта, ин кайфу сафои гӯшношунидро эшон, ки агар ҷанг намебуд, хуни тоҷик намерехт вакамон ба дасташон намеафтиду даст ба ҷони ҳамдигар намезаданд, дархоби шаб намедиданд, ба осонӣ аз даст додан намехостанд. Аз ин рӯ, дар оянда барои мансабҳои баланд талош кардани онҳо, танҳо ба хотири нигоҳ доштани нуфузу мақом буду бас!

Табиист, барои ин гуна нафарон, ки маҳз хуни ҳам рехтани мардуми тоҷик сабаби шӯҳрат ва эътиборашон шуд, рӯйпӯш кардани ҷинояташон кори осоне набуд ва дар идома, баъзе аз онҳо ба пушти панҷара рафтанд, баъзе кушта шуданд ва баъзе аз мансабҳои баланд сабукдӯш шуданд.

Имрӯз ҳам, бадбахтона баъзе аз нафарони тавассути ин ҷанги бародаркуш номёфтаю соҳиби мансаб шуда, ба ҳар роҳе мехоҳанд дубора аз хеш пешвои ин ё он гурӯҳу минтақа тарошанд ва ба ҷойи посух гуфтан ба ҷиноятҳои содиркардаашону назди қонун ҷавоб гуфтан, ба ҷиноятҳои тоза ба тоза даст мезананд ва фазои ороми кишварро нооромтар карданӣ мешаванд.

Ҳодисаҳои 2-феврали соли ҷорӣ дар Ғарм рухдода, далели он ҳастанд, ки тракторчӣ ва човандози пеш аз ҷанги миёни тоҷикон, вале имрӯз сардори шӯъбачаи мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташакилонаи водии Рашт, полковник (!!!) Мирзохӯҷа Аҳмадов, аз он зумра аст.

Бархӯрди «Фараж» бо «Белги»

Аслан, ҳанӯз кам касе перомуни мавҷуд будани шахсе ба унвони Мирзохӯҷа Аҳмадов хабар дошт, ки мо бо эшон ва нафарони зердасти вай бархӯрд доштем. Моҳи марти соли гузашта, дар «Фараж» маводе бо номи «Қотил кист?» перомуни марги собиқ ҷонишини вазири мудофиа, полковник Рамазон Раҷабов нашр шуд ва дар ҷое зикр шуда буд, ки «нафарони ба куштори оилаи Иброҳимовҳо даст дошта, то ба имрӯз дар шӯъбачаи Раёсати мубориза алайҳи ҷиноятҳои мутташакилонаи минтақа фаъолият доранд. Ҳарчанд дар ин маврид парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд, аммо он то ба охир нарасид».

Аввал, худи Мирзохӯҷа ба идораи рӯзнома занг зада, талаб кард, ки ному насаби аслии муаллифро (имзо мустаор буд) ба ӯ бигӯем. Вақте фаҳмонидем, ки мо тибқи қонун ҳуқуқ надорем то талаби суд ному насаби аслии муаллифро фош созем, дарғазаб шуд ва изҳор кард:

-Ман хуб медонам муаллиф кист…

Ниҳоят, вай розӣ шуд, то ба он нома ҷавоб нависад. Мо интизор будем, ки ҷавобия бо имзои сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД хохад омад. Аммо, рӯзе ки ман дар як конфронс будам, зердасташ Олим он ҷавобро овардааст ва бо имзои… худи Аҳмадов.

Олим ба ман занг зада, боисрор талаб кард, ки бо муаллиф вохӯрдан мехоҳад. Вақте ман рад кардам, ӯ ҳам бошиддат гуфт:

-Мо медонем муаллиф кист…

Мо ҷавобияро чоп кардему баъди чанд рӯз яке аз муаллифони рӯзномаи мо арз кард, ки ду нафар аз зердастони Аҳмадов, минҷумла Олим хостаанд, бо зӯрӣ ӯро ба мошин шинонида, ба Ғарм баранд. Вай изҳор кард, ки худро аз машина партофта, базӯр халос шудааст.

Баъди нақли муаллиф, ман ба Аҳмадов занг зада, гуфтам, ки агар муаллифони моро ором нагузорад, нишасти матбуотӣ баргузор карда, аз роҳбарияти ВКД талаб хоҳем кард, то нисбати кормандонаш чора андешад. Дар посух гуфт, ки аз қазия огоҳӣ надорад. (ҳол рн ки ин нафарон ҷавобияи вайро оварда буданд. X. А) Ваъда дод, ки зердастонаш муаллифони моро ором хоҳанд гузошт.

Ин аст, симои аслй ва бархӯрди Аҳмадов бо рӯзноманигорон. Аммо, имрӯз чун имкони қонунан ҳал кардани қазияи рухдодаро надорад, маҳз ба журналистон ниёз оварда, мехоҳад бо ҳар роҳе набошад, бегуноҳии худро собит созад, аммо чӣ тавон кард, ки офтобро бо домон пӯшида намешавад ва асли воқеа на он тавре аст, ки ҷаноби Аҳмадов тасвир мекунад.

Изҳороти расмӣ

2-юми феврали соли 2008 дар шаҳраки Гарм (минтақаи Рашт) командири ОМОН-и Вазорати корҳои дохилаи ҶТ, полковник Олег Захарченко кушта гардид. Бино бар маълумоти тафтишоти пешакии ВКД, ҳуҷум ба кормандони ОМОН ва Раёсати мубориза алаӣҳи ҷиноятҳои муташаккили (Раёсати) ВКД аз ҷониби тобеони сарвари шӯъбачаи мубориза алайҳи ҷиноятҳои мутташакил дар навоҳии Рашт Мирзохӯҷа Аҳмадов бо лақаби «Белгӣ», Алоудин Давлатов бо лақаби «Алӣ», Маҳмадкарим Иброҳимов бо лақаби «Камол» ва Шамсиддин Асоев сурат гирифтааст. Бо иттилои ВКД, 2 феврал, ба Ғарм таҳти сарварии Раҷабалӣ Маҳмадалиев (раҳбари Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои мутташакилона) ва полковники милиса Олег Захарченко (командири ОМОН) барои гузаронидани ҷаласаи фаврӣ-ҷамъбастии соли 2007 гурӯҳи кории вазорат фиристода мешавад.

«Вақте дар назди бинои Шӯъбача онҳо аз машинаҳояшон берун шуданд, ба онҳо аз ҷониби тобеони Мирзохӯҷа Аҳмадов ҳуҷуми мусаллаҳона сурат гирифт. Дар натиҷаи бардоштани ҷароҳатҳои вазнин, Олег Захарченко дарҳол ҳалок гашт ва шаш нафар аз ҳамсафонаш низ ҷароҳатҳо бардоштанд, ки чор нафарашон алҳол дар беморхона қарор доранд», -гуфта мешавад дар изҳороте, ки вазорат 4 феврал пахш намуд.

Ин буд асли воқеа. Аммо, Аҳмадов бо истифода аз ВАО, асли воқеаро дигаргуна, ба манфиати худаш шарҳ додан мехоҳад.

Хуб, бубинем, чӣ даъво дорад ва то кадом андоза рост мегӯяд.

Ахмадов чаро ҳамеша интизор буд?

Рӯзи якуми феврал, барои гузаронидани ҷаласаи ҳисоботии шӯъбача ба Рашт ҷонишини сардори раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил, полковник Розиқ Назрибеков ва сардори шӯъбаи навбатдории Раёсат Интиқом (на Олег, тавре баъзе ВАО навиштаанд. X. А) Абдуллоев меоанд.

Ба қавли Аҳмадов, «меҳмонони омада, рафтору ҳолати шубҳанок доштаанд»- у гуё ин яке аз нишонаҳои рух додани ҳуҷум будааст, аммо Нарзибеков ин андешаро комилан рад мекунад:

– Агар мо нияти боздошти Аҳмадовро медоштем, ман беяроқу аслиҳа ба он ҷой мерафтам? Бо кадом мақсад ман ва Абдуллоев як рӯз пеш аз ҳодиса рафта, худро ба дасти ӯ баста мёдодем ва дар дасти номбурда, худро гаравгон мегузоштем? – мегӯяд вай.

Ба қавли номбурда, онҳо вақте як рӯз пеш омаданд ва онҳоро хуб пешвоз гирифтанд. Онҳо Аҳмадовро огоҳ карда буданд, ки пагоҳ як гурӯҳи дигар меояд ва вазифаи ҷониаш азназаргузаронӣ, баҳисобгирии яроқи кормандон асту дар тамоми шӯъбаи корҳои дохилаи минтақа аз рӯйи қонун бояд чунин амал сурат мегирифт. Вале, дар ҳама мусоҳибаҳояш Аҳмадов даъво дорад, ки касе ӯро огоҳ накардааст.

Албатта, чун Аҳмадов дар ягон мактаби махсуси низомӣ нахондааст ва ҳамагӣ шояд фақат тракторчии касбӣ бошад на низомии касбӣ, ин далели хандаовари вайро (як рӯз пеш беяроқ омадани Нарзибеков ва Абдуллоев), ки бадбахтона, ВАО-и кишвар ҳам бовар кардаанд, фаҳмидан мумкин аст.

Ин ҷой аслан нуктаи ҳассоси психологие ҳаст, ки бадбахтона, дар маводи роҷеъ ба ҳодисаи рухдода, истифода нагардидааст:

–  Кӣ метавонад ҳамеша хавотир бошад, ки ӯро боздошт мекунанд?

–  Кӣ ба ҳар як нафари ношиноси воридмешуда, бо тарсу ҳарос менигараду душман мешуморад?

–  Кӣ ҳамеша мекӯшад, хешро аз чор тараф ҳифз намояд?

– Ки ҳамеша интизор аст, ки ҳамин лаҳза меоянду ӯро мепарронанд ва ё ба дастонаш занҷир мезананд?

Ҳатто хонандаи оддии маводи детективӣ роҷеъ ба психологияи ҷинояткор, – сар карда аз Расколникови Достоевский то ба Эркюл Пуарои Агата Кристи, ба ин суол ҷавоби қонеъкунанда пайдо мекунад: Оне ки гуноҳ содир кардааст, ҳаргиз наметавонад ором бошад ва мисли Расколников, дар хобҳои хеш симои мақтули худро хоб мебинад.

Пас, оне ки Мирзохӯҷа Аҳмадов мегӯяд, «ҳамеша хатарро интизор буд», хоҷат ба шарҳ надорад ва гумон меравад ин нуктаро мақомоти тафтишотӣ муайян менамояд.

Дурӯғи аввали Аҳмадов

Дар мусоҳиба бо журналист Далери Ғуфрон, Мирзохӯҷа Аҳмадов дар мавриди он ки ба сараш ҳуҷум мекунанд, маълумоти зидди ҳамдигарро баён менамояд.

Дар як ҷои мавод омадааст: «Ин ҷо ду нуктае будааст, ки ҷониби Аҳмадовро то андозае қаблан барои ҳолати омодабош ҳушдор медодааст. Яке хабари ба онҳо расида дар мавриди он ки аз Душанбе се УАЗ-ик бо аломати «МОРТ» (Вазорати мудофиаи ҶТ) вориди Ғарм шудаанд. Дигаре – рафтор ва ҳолати шубҳаноку ташвишовари меҳмонони қаблан барои ҷаласа аз Душанбе омада».

Дар идома Аҳмадов мегӯяд:

«Агар воқеан медонистам, ки ба сарам лашкар кашиданианд, пас ба истиқболашон мебаромадам».

Боз дар идома меояд:

«Аҳмадов амалиётро кӯшиши ҳуҷуми гофилгирона ва дастгир кардани ӯву ҳамсафонаш медонад, на чизи дигар».

Дар ҳамин ҳол, яке аз тобеони Мирзохӯҷа Аҳмадов, – Олим Одилов, дар сӯҳбат далелеро пеш меорад, ки ба пуррагӣ «ноогоҳи» ва «тайёр набудани Аҳмадов» – ро инкор мекунад. Вай мегӯяд:

-«Командири ОМОН – и ВКД, полковник Олег Захарченко, барои «фармоишгаронаш» воқеан фарди мӯътамад ва соҳибтаҷриба ба ҳисоб мерафт… Вақте ба Захарченко ин супоришро медоданд, аз ӯ пурсидаанд: «10 дақиқа басанда аст?», Захарченко гӯё ҷавоб дода бошад: «4 дақиқа кифоя».

Дар идома аз нақли Аҳмадов бошад, чунин меоранд:

«Ба гуфти Мирзохӯҷа Аҳмадов, дар ибтидо онҳо намедонистанд, ки ба онҳо кӣ ҳуҷум кардааст. Ҳатто то замоне ки аз марказ занг зада, ҳодисаи марги Захарченкоро маҳкум накарданд»…

Ин дурӯги фаҳш (Мирзохӯҷа Аҳмадов ва зердастонаш, ҳамчунин, ду нафари гаравгон гирифтаашон Нарзибеков ва Абдуллоев, Захарченкоро намешинохтанд????!!!!) ва боварнокарданӣ, хонандаи оддиро ҳам ба ханда меорад.

Ин гуфтаҳои зидди якдигар собит мекунад, ки ҷаноби Аҳмадов ва зердастонаш, фарзияи ягона перомуни ҳодисаи мазкур набофтаанд ва ҳатто дар дурӯғу дар афсонаҳои бофтаи хеш печидаанд.

Захарченко: Мӯҳтарамҳо, ман аз ВКД!

Ба тархи майдони амалиёт, ки дар яке аз рӯзномаҳо нашр шудааст, таваҷҷӯҳ намоед.

Барои ҳар яке ки ба қавле «бӯйи борут» – ро эҳсос кардааст, даъвои он ки «гурӯҳи

Захарченко ҳуҷум карданӣ буд», хандаовар менамояд.

Бубинед, ба қавли иштирокчиёни ходиса аз гурӯҳи ОМОН, ду нафари тиркушода, ки аз тири яке аз онҳо Олег Захарченко кушта мешавад, дар паси УАЗ-и Аҳмадов буданд. Нафари сеюм аз тирезаи ошёнаи дуюм тир мекушояд. (худи Аҳмадов. X. А)

–  Агар мо нияти ҳуҷум медоштем, аввалан биноро, иҳота мекардем, ба дарвозаи бино бо машина баҳузур ворид намешудем. Вақте ба ҳавлӣ даромадем, шахсони автомат бадастеро дидем, ки моро нишон гирифта буданд. Захарченко, ки дар машинаи аввал, дар пеши ронанда менишаст, беяроқ аз машина фаромада, дастонашро боло кард ва гуфт:

–  Уважаемые, мы из МВД! Вот смотрите, у меня нету оружье!

(Мӯҳтарамҳо, ман аз ВКД! Бубинед, ман ҳатто яроқ надорам!)

Аммо, дар ҳамин вақт аз паси УАЗ-и Аҳмадов яке аз ду нафари камингирифта, тир кушоданд ва Захарченко афтид. Баъди парронидани сарварамон, мо, – размандагони ОМОН, ки фикру хаёли ҳуҷум кардан надоштем, аз ҳуҷуми ғайриинтизор дар ҳайрат монда, аз машина фаромадем. Вақти фаромадан, табиист зери тирборон мондем ва шаш нафар захмдор шуданд – мегӯяд яке аз ширкаткунандагони амалиёт аз ОМОН.

Як нафари аз ҷониби Аҳмадов тирхӯрда, ки ӯ дар сӯҳбатҳояш шахси тасодуфӣ меномад, дар асл, дар пушти УАЗ-и шеф, дар камин будааст.

Занги тилфонӣ

Дар сӯҳбат бо мо, Нарзибеков далили гуфтаи Ахмадовро перомуни он ки гӯё «ба телефони Нарзибеков занг заданду ӯ ҷавоб дод, ки «Можно зайти?» комилан инкор менамояд:

–  Аҳмадов мегӯяд, ки гуё ин занги тилфонӣ аз Захарченко буд. Вале умуман ин гуна занги тилфонӣ набуд ва ташхиси зангҳои даромад ва баромади телефонии мобилии Захарченко нишон дод, ки ӯ ба ман занг назадааст.

Дар мавриди оғози ҳуҷум бошад, полковник мегӯяд:

– Вақте мо ҷаласа мегузаронидем, ногаҳон садои тир баланд шуд. Моро, ки умуман яроқ надоштему дар утоқ будем, Аҳмадов ба девор рост монда, ду пистолет баровард ва гуфт, ки агар мебароед, мепарронам. Моро дар он ҷо якуним соат нигоҳ доштанд. Чун баромадем, дар берун касе набуд.

Аҳмадов даъво дорад, ки гуё нафаре бо ному насаби Сулаймон Маҳмадонов барои қазои ҳоҷат бёрун баромадаасту сарбозони ОМОН ӯро дида, амалиёташон «вайрон шудааст», вале ба қавли Нарзибеков, ин дурӯғи маҳз мебошад. Ҳангоми ҷаласа, то оғози тирпарронӣ, касе ба берун нарафтааст – мегӯяд полковник.

Шахсони огоҳ аз ҳодиса мегӯянд, ки ҳар вақте комиссияе аз марказ ба Рашт мерафт, Аҳмадов ба ҷанг тайёрӣ медид ва ин дафъа ҳам чунин ҳодиса рух дод.

Кони Назарайлоқ

Ин кони ангишт то замоне ки тибқи қонун фрурӯхта нашуд,чунин менамояд, ки зери дасти Аҳмадов будааст. Фурӯхтани он аз ҷониби вазорати энергетикаи ҶТ ба ширкати хитоии ТАКА, табиист ба сардори шӯъбача хуш наомад.

Ва бо баҳонаи баланд шудани нархи ангишт, гуё ошӯб сар зад (ба тахмини Аҳмадов, митинги ронандагон??! X. А) ва аз Хазина 14000 сомонӣ ғайб зад, коркунони кон латукӯб гардиданд. Аммо баҳонаи хандаовар- ин ҷиноят аз ҷониби шӯъбача кушода нашуд, яъне, Аҳмадов вазифаи ба ӯҳда доштаашро иҷро карда натавонист.

Ҳамаи нафароне, ки дар амалиёти зидди ОМОН иштирок карданд, дар ҳамон амалиёти кони Назарайлоқ низ ширкат карда буданд. Ҳангоми ҳуҷум 14 ҳазор сомонӣ аз хазинаи ширкат гайб мезанад.

Дар ин маврид, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар он зердастони Аҳмадов, -Аловиддин, Шариф иштирок кардаанд ва ҳамаи ин амалиёт бо роҳбарии худи Мирзохӯҷа анҷом ёфт- мегӯяд як манбаи мӯътамад дар ин маврид.

Пас, чаро ҷинояткорон боздошт намешаванд?- ин суолест, ки кушода мемонад ва ҷавоб танҳо «ба хотири амнияти минтақа аст».

Суолҳои беҷавоб

Аҳмадов ҳамеша дар мусоҳибаҳояш даъво пеш меорад, ки сабаби «мавриди номеҳрубонӣ» қарор гирифтанаш, гуё солҳои пеш дар сафи оппозитсия буданаш будааст. Вале, бубинед, ки дар ҳамин ҳол, бо омадани ҳайати роҳбарикунандаи ВКД, сарварони вазорате, ки корманди он аст, ӯ ҳамеша тайёрии ҷанг мебинад ва билохира, роҳбариятро ба қавли шоҳидон, бо тир пешвоз гирифт.

1.  Магар ин далели он нест, ки на роҳбарият, балки вай ҳанӯз ҳам худро на зердаст, на роҳбари шӯъбачаи мубориза алайҳи ҷинояти водии Рашт, на полковники милиса, балки ҳоло ҳам дар сангари солҳои ҷанг эҳсос менамояд?

2.  Мирзохӯҷа Аҳмадов бо як эҳсоси ифтихор мегӯяд, ки нафарони ОМОН-ро шикаст додааст. Агар вай либоси низомиро муқаддас донад, магар тирборони ОМОН, шикасти вай чун полковник, чун сарвари шӯъбача нест?

3. Агар Аҳмадов бегуноҳ аст, пас, чаро азомадани нафарони ОМОН, аз он ки боздошташ мекунанд, метарсад? Барои чӣ ва аз кӣ ҳамеша ҳарос дорад?

4.  Оё Мирзохӯҷа Аҳмадове, ки ин қадар зиёд аз сулҳи миёни тоҷикон ёдоварӣ менамояд, боре меандешад, ки бо қатли сарвари ОМОН ва тирборони ҳамкасбонаш, маҳз худи ваӣ сабабгори  нооромӣ дар минтақа шудааст? Ва дар ҳамин ҳол, оё медонад, ки маҳз «оромии минтақа» сабаби то ба имрӯз дар озодӣ буданаш аст ва баъди қатли Захарченко ӯро боздошт накарданашон ба ин хотир мебошад?

5.  Оё Аҳмадов медонад, ки ҷанги миёни тоҷикон ба дасти дигарон пиёда шуда буд ва амали ӯ метавонад сабаби нооромии нав ва рехтани хуни тоҷикон шавад?

6. Аҳмадов ҳушдор медиҳад, ки дар атрофаш 200 нафар ҷамъ шудаанд. Далели аҷиб, – ин нафарон кистанд? Чаро Аҳмадов, – чун сардори шӯъбачаи мубориза бо ҷиноятҳои мутташакил на кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки шахсони содиқ, шояд ҳамсангаронашро дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ҷамъ меораду боз перомуни «халадор шудани сулҳи миёни тоҷикон» садо баланд мекунад?

6.  Оё Аҳмадов медонад, ки балегӯиҳои ӯ ва қаҳрамонтарошихои ӯ, ки аз ин имрӯз лаззат мебарад, фақат ба осиёби душманони Тоҷикистон об рехтан аст ва чун як шаҳрванд, чун як низомӣ бояд рӯзе назди қонун ҷавоб гӯяд?

7.  Оё медонад, ки беҳтарин фарзандони миллат ба дасти ӯ барин «қаҳрамонони рехтани хуни тоҷик» аз ду ҷониб кушта шуданд ва «қаҳрамонии» хешро ҷуз дар куштору дар ба дар кардани тоҷик дар чизи дигаре надиданд?

Фикр мекунам, Аҳмадов ба ин суолҳо посух надорад. Зеро ҷанги миёни тоҷикон мисоли ваӣ даҳҳо «пешвоён»-еро ба майдон овард, ки бӯе аз сиёсат надоштанд ва дар охир ё кушта шуданд ё кунҷи зиндон рафтанд.

Аниқтараш, чун лӯхтакҳои гилини ба дасти дигарон сохташуда, зери борони сиёсат об шуданду гум гаштанд. Шояд хуб ҳам шуд, зеро оне камон ба даст хуни мардум рехтааст ва ё дар сангарҳо сӯйи дигарон тир кушодааст, дер ё зудтакдири хешро чунин ҷамъбаст менамояд.

2 Responses

  1. Атовуллоев!

    Чаро хангоми бурдани тафтишоити журналисти аз як тараф маълумотро чамъ намуда, нуктаи назари тарафи дуюмро наовардаед. Маколаи шумо чун нутки прокурор бо обвинительный уклон навишта шудааст, ки ин сахехияти тафтишотро паст мекунад.

  2. Баъди хондани ин макола акнун “сарфахм” рафтам, ки чаро Точикистони мо хануз ба бихиште, ки Э. Рахмон ваъда кадааст, табдил наёфта… Хамин Мирзохуча ва хаммаслакони вай ба ин “сабаб” шудаанд.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: