Ватандорӣ, ватандорӣ…

АНДЕШАЕ ЧАНД АЗ ЯК ТОҶИКИ УЗБАКИСТОНӢ

Шероз ХУДОЙҚУЛОВ «Нигох» №25 08.09.2010

Эҳсоси милли доштан ва ба қадри меҳану обу хоки ин диёри бихиштосо, ки ба ном Тоҷикистони азиз аст, расидан, манфиатҳои миллиро аз ҳама чиз боло донистан барои ҳар як точик ҳам қарз ва ҳам фарз аст.

Дар раванди мазкур агар чунин эҳсосот поку беолоиш ва мустаҳкам бошад, воқеоте дар ин зиндагии бесару сомон ба миён меояд, ки ба ғурури миллӣ мубаддал мешавад. Ин фикри шахсии ман аст ва қайд кардан мехоҳам, ки чунин ҳодисотро, ки дар вақти муҳоҷирати меҳнатй аз сар гузарондам ва ҳатто бо намояндагони ҳифзи ҳуқуқи Россия дар ин бобат баҳсу муноқиша ҳам кардаам.

Ҳамаи ин танҳо ба миллати «тоҷик» дахл дошт ва барои ҳифзи он чанд шатта ҳам хӯрдам, хайр, ин аҳамияте надорад.

Матлаби ин фикрҳо чӣ аст? Хонандаи борикбин бояд эҳсос карда тавонад, ки ҳадафи ман чист. Ман дар бораи воқеаҳои охир, яъне муносибатҳои хукуматдорони Ӯзбекистону Тоҷикистон фикрҳоямро баён карданиам.

Инсон нону намаки кадом диёреро хӯрда бошад, бояд онро пос бидорад, ки ин ақида аз гузаштагони мо ба мерос омадааст. Лекин сад афсӯс, ки ҳоло нону намак хӯрда, қадри он надонистан ва ахдшиканӣ аз тарафи «бародаронамон» мӯд шудааст. Ман, ки худ зодаи Ӯзбекистон ҳастам ва нисфи ҳаётро дар онҷо гузаронда, ба қавле, бо нону намаки ин диёр калон шуда, тарбият ёфта, ба камол расидам, барои ман гуворо ва хушоянд аст, ки муносибатҳои ин ду давлати ҳамсоя хуб бошанд.

Лекин сад афсӯс, ки муносибати ҳукумати Ӯзбекистонро нисбати мардуми банангу номус дар ягон чорчӯба ғунҷонда намешавад. Ин суханон аз номи тоҷики ӯзбекистоние садо медиҳад, ки худ ҳоло дар Тоҷикистон асту худро ноҳинҷор ҳис мекунад, ба он хотир, ки тамоми пайвандонаш дар он тарафи сарҳад аст ва зиёда аз шаш моҳ инҷониб наметавонад ба аёдати онҳо равад. Ин сардии муносибатҳои ҳукуматдорон тоҷикони Ӯзбекистонро низ хеле ошуфтаҳол кардааст.

Аз рӯи маълумоти оморӣ тоҷикони муқимии Ӯзбекистонро зиёда аз 10 миллион мегӯянд, вале мутаассифона, онҳо аз манфиатҳои миллии худ бархурдор нестанд. Ҳаминро бо қатьият гуфта метавонам, он сиёсате, ки ҳоло Ӯзбекистон роҳандозӣ кардааст, дар давраи Шӯравӣ тарҳрезӣ шуда буд ва барои амалӣ намудани он аз ҳар гуна имкониятҳо истифода мекунанд. Агар не, ГЭС-и Роғун куҷою Ӯзбекистон куҷо ва боз даххо ҳамин хел баҳонаҳо метавонанд сабабгори бад гаштани муносибатҳо гарданд. Он қадар элитаи тоҷике, ки зодагони Ӯзбекистонанд ва дар роҳи тараққиёти иктисод, илму маданияти Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоштаанд, хомӯшанд ё ин, ки «сер чӣ парвои гурусна дорад?»-ро шиори хеш кардаанд, ё аз он метарсанд, ки ӯртоқ Каримов намемонад ба аёдати диёрашон раванд.

Куҷо шуданд устодон Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода, Бобоҷон Ғафурову дигар ҳомиёни миллат?

Системаи маорифи Ӯзбекистон аз сустии мо истифода карда, ҳамаи тоҷикони ин сарзаминро «ӯзбекизатсия» карда истодааст. Бо ном дар Ӯзбекистон мактабҳои тоҷикӣ вуҷуд доранд, вале решаашон ӯзбекист.

Чаро Ҳукумати Тоҷикистон дар ин самт чора намеандешад, ё ин, ки мақоли «як дарди сар камтар»-ро ихтиёр кардаанд.

Агар Ҳукумати Тоҷикистон хонаи умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон бошад, пас, чаро таҳсили тоҷикони Ӯзбекистонро дар мактабҳои олӣ маҳдуд кардааст. Агар кор ҳамин тарз рафтан гирад, ҳоло, ку заминҳои бобоиямонро гирифтанд ва ман боварии комил дорам, ки баъди ду насл аз 10 миллион тоҷике, ки муаррифӣ мекунем, ягонтояш намемонад, ҳамаашон сирф ба забони узбекӣ ҳарф мезананд. Ин аст ҳадафи аслии дастандаркорон дар Ӯзбекистон.

Мумкин аст, ин арзи ман ба ҳукуматдорони Ӯзбекистон расад, барои ин кй кам нестанд таблнавозҳояшон, вале ғурури миллӣ маро нагузошт, ки хомӯширо ихтиёр кунам.

Ҳамчун як фарди тоҷики асил, ки ҳамеша барои манфиатҳои тоҷикон камари ҳиммат мебандад, аз ҷаноби олӣ Президенти мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш менамоям, ки аз он квотаҳое, ки ба ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳанд, лоақал 10 ва ё 20 – тояшро ба ин 10 миллион тоҷики берун аз кишвар низ диҳанд. Ин амал ба зарари Тоҷикистон ҳам бошад, мумкин аст, дар оянда роли муҳим бозад, яъне робитаҳои маънавии мо бо тоҷикони бурунмарзӣ канда намешавад ва руҳияи миллӣ дар ин сарзамин гум нахоҳад шуд. Давлатҳои бузург барои ҳаммиллатҳояшон, барои муҳоҷиронашон дар ҳар гӯшаи дунё маблағҳои зиёдро сарф мекунанд. Мардуми ин сарзамин бошад, яъне тоҷикзабонон муқимиянд, на муҳоҷир. Душманони миллат аз соддагии мо истифода намуда, аз рӯи мақоли «дузди зӯр, соҳиби говро бастааст», амал мекунанд. Замоне омадааст, аз сабақи ирландиҳо истифода намоем. Миллати ман мардуми банангу ор аст, ки барои озодии хеш ба ҳар гуна фидокорӣ даст мезанад.

Наход, ки мо як миллати фарҳангӣ ва ҳам меҳмоннавоз аз ӯҳдаи 10 ва ё 20 тоҷики ӯзбекистониро нигаҳбонӣ кардан набароем, ё ин ки дигар чораҳо наандешем. Ба инҳо имтиёзҳо дода шавад, зеро онҳо ҳам тоҷиканд, аз ӯхдаи ҳар кор мебароянд ва барои рушду нумӯи Тоҷикистони азиз, баланд бардоштани рӯҳияи миллӣ берун аз Тоҷикистон ва фахру ғурури миллӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд. Кадрҳои ба нангу номус дар он сӯи марз кам нестанд.

Ҳоло ҳам дер нашудааст, метавон ин иқдомҳоро анҷом диҳем ва кӯшиш намоем, ки нестии миллатро дар дигар кишварҳо, аз ҷумла, Ӯзбекистон ҷилавгарӣ намоем.

2 Responses

  1. “ман боварии комил дорам, ки баъди ду насл аз 10 миллион тоҷике, ки муаррифӣ мекунем, ягонтояш намемонад, ҳамаашон сирф ба забони узбекӣ ҳарф мезананд.”
    Захр бодо шиори модар бар касе
    К-у забони модари гум кардааст

  2. “ман боварии комил дорам, ки баъди ду насл аз 10 миллион тоҷике, ки муаррифӣ мекунем, ягонтояш намемонад, ҳамаашон сирф ба забони узбекӣ ҳарф мезананд.”
    Захр бодо шири модар бар касе
    К-у забони модари гум кардааст

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: