Сарват ё миллат?

Абдуғанӣ МАМАДАЗИМОВ «Нигох» №25 08.09.2010

Ҳодисаҳои гуногуни иҷтимоиву сиёси, иқтисодӣ ва ҳатто ҷиноии моҳҳои гузаштаи соли ҷорӣ ва таҳлили онҳо ба мо нишон дод, ки дар байни равандҳои гуногун, ки дар ҷомеаи мо амалӣ шуда истодаанд, ду раванд бо якдигар зиддияти сахт нишон дода истодааст, ки онҳо ба даст омадани иттиҳоди миллии моро душвор мекунанд.

Зиддият байни ду раванд – ваҳдати миллӣ ва марҳилаи аввалияи ҷамъоварии сарват («первичное накопление капитала») рӯз аз рӯз ба ҷомеа бараъло маълум шуда истодааст. Биёед якҷоя таҳлил мекунем.

Соли ҷори бо як руҳияи хеле баланд оғоз шуд. Ҳамаи ҳамватанони мо аз навзод (аз тарафи волидайн) то қӯҳансол чун як тан ба номи ояндаи нек саҳмияҳои нерӯгоҳи «Роғун»-ро харидорӣ карданд. Дар ҷаҳон каме чун мисолҳо ҳаст, ки як миллат сарҷамъона ва яквақта бо даъвати роҳбари худ саҳмияхарӣ кунад. Халқи тоҷик ба маблағи аз интизориҳо ҳам зиёд саҳмия харидорӣ кард, барои он аз яслипулӣ (маблағбарои боғчаи бачагона) то кафанпули истифода шуд. Ҷамъоварии маблағи ғайриҷашмдошт аз тарафи халқи камбизоат имкон дод, ки таҳлилгари пешбари кишвар хитоб кунад, ки «аз ҳадаф ҳам гузаштем!» – «Рубикон пройден!». Албатта, фақат дар ҷамоварии маблағ барои Роғун мо ба ҳадаф расидем. Маблағи ҷамъшуда (зиёда аз 800 млн. сомонӣ) аз маблағи, ки аз тарафи Вазорати молия ҳарсола ба ин иншооти азим ҷудо мешавад (зиёда аз 600 млн. сомонй), зиёд буд. Ҳадафи мо зиддият андохтан байни ҷомеа ва сохтори давлати худ набуда, балки таъкиди он ки ҷомеаи мо дар ҷунбишии миллӣ ба даст овардани амнияти энергетикӣ аз давлат қафо монданй нест. Барои ҳамин, вақтҳои охир, ки аз тарафи баъзе аз маъсулони соҳа суханрониҳо шуда истодааст, дар он ҷо таъкид мешавад, ки мо неругоҳи «Роғун»-ро бунёд накарда, балки онро аз лойқаҳои сели 1993 тоза карда истодаем. Ба мо маълум аст, ки дар ягон нуқтаи ҷаҳон барои лойқатозакунй саҳмия харидорӣ намекунанд!

Мардуме, ки ба роҳбари худ бовар карда аз қафои он барои таъмини амнияти энергетики устувор қадам зада истодаст ҳоло парешон аст, ки аз як дигар пурсон мешавад – Мо чӣ кор карда истодаем?

Роғунро бунёд карда истодаем ё аз лойқаи даҳсолаҳо халос шуда истодаем? Мардум ҳаққи ҳалол дорад, ки донад, дар ҷумҳурй оиди бунёди Роғун чӣ корҳо шуда истодааст. Мардум бо супоридани маблағ (барои худ не, барои ояндаи миллат) нишон дод, ки тарафдори ваҳдати миллат мебошад, чунки дар ин чорабинӣ аксари харидорони саҳмияҳо оиди суди (фоидаи) он хеле кам фикрронӣ мекарданд, балки онҳо тарафдори тезонидани худи раванди дастрасии рӯшнои фасли зимистон буданд.

Акнун ба қисми дуюм мегузарем- ба масъалаи истифодаи маблағ. Ба охир расидани марҳилаи аввали харидории оммавии саҳмияҳо (баъзе аз мисолҳои маҷбурсозӣ аз хотирамон дур шуд) мушкилоти навро пайдо кард. Мушкилоти навбаҳсҳо (аниқтараш, кашмакашиҳо) оиди сарфи қисми калони маблағи ҷамъшудаи нерӯгохи «Роғун» (80 млн. доллари ИМА) байни Вазорати молия ва бонкҳои тиҷоратии мо бараъло нишон дод, ки дар байни мафкураи як гурӯҳ нуҳбагони молиявии иқтисодии мо арзишҳои дигар авлавият дорад. Беҳурматӣ ба маблағи мардуми камбизоат (аз яслипулй то кафанпули) аз тарафи роҳбарони Вазорати молия, ки аз набудани намояндаи (ё роҳбари) онҳо ду бор ҷаласаи муҳим баргузор нашуд ва мавқеъгирии бонкҳои тиҷоратии мо, ки мехоҳанд, ки аз он маблағи мардумӣ ҳам суди (фоидаи) лозимаро гиранд. Кашмакашиҳои онҳо, ки дар натиҷа маблағи бо чӣ қадар азоб ва ниятҳои неки миллӣ ҷамъшуда бекор хобидааст. Барои онҳо ягонагии миллат не, балки ҷамъоварии сарват дар мадди аввал меистад. Ба ҳамагон маълум, ки бонкҳои мо аз пушти маблағҳои бо азобҳои зиёди бадастовардаи муҳоҷирони меҳнати қомати худро рост кардаанд, имрӯз метавонистанд, ки барои мардуми заҳматкаши худ, каме бошад ҳам, эҳтиром нишон диҳад.

Омода набудани маъсулони олирутбаи Вазорати молияи кишвар оиди оқилона ва сарфакорона истифода намудани маблағи мардуми заҳматкаши кишвар боз як камбуди ҷиддии ин муассисаи давлатиро бараъло ошкор намуд. Норасоии кадрҳои муосир ё камбудӣ дар ҷобаҷогузории онҳо дар раёсати яке аз муҳимтарин вазорати ҳукумат мебошад. Бори аввал дар сар задани бӯҳрони ҷаҳонии молиявй ин вазорат натавонист дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои давлатӣ як барномаи мукаммали зиддибуҳронй коркард намояд ва баҷомеаи мо пешкаш кунад. Бар замми ин, ҳоло дар замоне, ки мо аз ҳамон бӯҳрон пурра набаромада ва охирин маблағи худро барои нерӯгоҳи азими худ ҷамъоварем, онҳо боз дар истифодаи онҳо оҷизии худро нишон дода истодаанд.

Марҳилаи аввалияи ҷамоварии сарват, ки ба марҳилаи хеле зарури ниҳоии ваҳдати миллӣ («иттиҳодӣ миллӣ») рост омад ва ба даст расидани онро мушкил оохта истодааст. Мо ҳоло ҳозир дар марҳилаи «ризояти миллӣ» қарор дорем (номи «Созишномаи сулҳ ва ризояти милли» ро ба ёд оред), ки он аз марҳилаи пешина «парокандагии миллӣ» беҳтар аст, лекин нокифоя барои ташаккулёбӣ ва инкишофи арзишҳои умумимиллӣ, ки тавонад ҳамаи соҳаҳои фаъолияти халқи кухани тамаддун офарини тоҷикро фаро гирад ва муттаҳид созад.

Гузоштани монеаҳо (пулчинӣ аз аҳолии камбизоат) дар роҳҳои кӯҳии мо, ки онҳоро роҳбари давлат ба «рагҳои хунгузар» қиёс карда буд, метавонад мисоли равшан оиди пурзӯршавии марҳилаи ибтидоии ҷамъоварии сарват шавад. Чамоварии имзоҳои зиёда аз 10 ҳазор сокинони ноҳияи Варзоб ва ҳазорҳо сокинони шаҳри тиҷоратии кӯҳани мо – Уротеппа ва дигар шаҳру ноҳияҳои ватанамон, ки аз ин амали зиёновар ба иттиҳоди миллӣ аввалин шуда азият кашида истодаанд, ки як намуди вокуниши ҷомеаи шаҳрвандӣ буд, ҳоло пурра омӯхта нашудааст ва ҷавоби лоиқдода нашудааст.

Ин марҳилаи ҷамъоварии ибтидоии сарват («первичное накопление капитала»), ки аз тарафи асосгузори таълимоти марксизм Карл Маркс хеле хуб омӯхта шудааст ва гуфта мешавад, ки ҳамаи кишварҳои рӯ ба форматсияи капитализм оварда аз ин марҳила гузаштанаш шарт аст. Гуфтаҳои ин мутафаккири бузурги ҷаҳон аз он далолат медиҳад, ки дар давлати мо арзишҳои капитализми ибтидоӣ рӯ ба инкишоф бояд дошт, ки аломати хушбинӣ бояд бошад. Лекин дар амал мо онро мушоҳида мекунем, ки капиталистҳои навбаромадаи мо дар кунҷи иншоотҳои саноатии хусусигардонидашудаи худ ва аз масолехи сохтмонии онҳо хонаҳо (сехҳои нав не!) месозанд ва ба он ҷо оилаҳои дуюм ё сеюми худро ҷойгир мекунанд. То имрӯз ягон мутафаккири илми сиёсӣ таъсири бисёрзаниро ба инкишофи капитализм кашф накардааст. Ҷамъоварии ибтидои сарват бошад, дар кишвари мо дар утоқҳо ва даҳлезхои муассисаҳои давлатӣ рафта истодааст, ки нишондодҳои онҳо (фасод) моро ба ҷои аввали рӯйхати ҷаҳонӣ оварда расонид, ки он аломати хушбинӣ шуда наметавонад.

Ҳоло имрӯз фасод то ба дараҷае расидаст, ки он ба амнияти давлат таҳдид мекунад. Фирори ҷинояткорон аз маҳбаси аз ҳама тартиботаш пурқувват нишонаи он аст, ки фасод ба ҳамаи муассисаҳои кишвар ва ҳатто дар муассисаҳои фаъолияташ махсус (маҳ-басҳо) ворид шуда дар он ҷо ҳам чунон реша давондааст, ки оиди омӯзиши ворид кардани дар кишвар вазъияти фавқулодда – зидди фасодро баҷои аввал мегузаронад.

Таърихи кӯҳани пурмоҷарои халқи мо аз се чиз далолат медиҳад: Аввал, сарватро бояд аз тиҷорат ва истеҳсолот, на аз корхонаҳои давлатӣ дарёфт кард;

Дувум, асосан дар даври гузариш он халқу миллат камтар азият мекашад ва бештар хушбахт аст, ки нӯҳбагони он паҳлӯ ба паҳлӯ бо мардумаш истода, ҳамаи душвориҳоро якҷоя паси сар намудааст, Агар нӯҳбагон ба такдири халқу миллати бефарқ буда, фикру зикраш фақат ҷамоварии сарват буд, он вақт онҳо аз ҳар ду- ҳам аз миллат ва ҳам аз сарват маҳрум шуда, ба хизмати бегонагон афтидаанд.

Сеюм, сарватро ҳаргиз аз киссаи ҳамватани камбизоати худ гирифта ҷамоварй накард.

Хотиррасон бояд кард, ки сарвати ҳангуфти ҳаром як хусусияти хеле ҳайратангез дорад – соҳиби худро аз ватанаш маҳрум мекунад.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: