Фирор аз махбас

«Нигох» №23 24.08.2010

Чунин ба назар мерасад, ки фирори 25 нафар махбусон аз боздоштгохи муваккатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Точикистон (КДАМ), ки шаби 22-юм ба 23-юми август бо катли панч, корманди макомоти курати анчом ёфт, чомеаи Точикистонро сахт нигарон кардааст.

Макомоти кудрати теъдоди онхоро эълон карда бошанд хам, рузи аввал ному насаби танхо 14 нафари онхоро гирифтанду бас. Иттилои ахир, тирпаронии милисахо ва пароканда кардани кисме аз ин гурухро дар даромадгохи нохияи Файзободро бошад, касе тасдик кардан намехохад…

Хабари расми ва омодагии ҷангӣ

Субҳи душанбеи 23-юми август барои сокинони пойтахт ва навоҳии атроф ғайриоддӣ буд, зеро дар чорроҳа ва дидбонгоҳҳои маъмулии БДА

Милисаҳои «калашников»-дор ва бо теъдоди зиёд пайдо шуданд. Тақрибан соатҳои нӯҳи саҳар чанд расонаи мустақил хабари фирори гурӯҳи калони маҳбусонро аз боздошгоҳи КДАМ дар маркази кишвар пахш карданд. Баъди соате хабари расмӣ ҳам чоп шуд ва маълум гашт, ки аз шаб боз мақомоти қудратии Тоҷикистон дар ҳолати ниҳоии омодагии ҷангӣ қарор доранд.

Шаби 22-юм бар 23-юми августи соли ҷорӣ, ба иттилои расмӣ, 25 нафар маҳбусони мусаллаҳ аз боздоштгоҳи муваққатии №1-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, воқеъ дар пойтахти кишвар 5 нафарро кушта, бо либосҳои низомӣ эҳтимол ба шарқи кишвар фирор карданд.

Мақомот расман фирори маҳбусонро тасдиқ намуданд. Фирор пешакӣ ташкилшуда буд, -таъкид карданд чанде аз онҳо.

Тавре рӯзи душанбе, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияту миллӣ Қосим Ғаффоров ба журналистон иттилоъ дод, ташкилкунандагони фирори дастаҷамъии маҳбусон аллакай маълум аст.

Инҳо Иброҳим Насриддинов, сокини ноҳияи Ҷалолуддини Румии вилояти Хатлон, Магамед Ахмедов, шаҳрванди Доғистони Федератсияи Русия ва Ҳикмат Азизов, сокини ноҳияи Панҷ мебошанд, ки дар боздоштгоҳи муваққатии №1 дар Душанбе нигоҳ дошта мешуданд.

Ба иттилои Қосим Ғаффоров, фирори маҳбусон пешакӣ ба нақша гирифташуда будааст. Насриддинов, Ахмедов ва Азизов ба корманди боздоштгоҳ ҳамла карда, онҳоро ба қатл расонда мусаллаҳ шудаанд ва 22-нафар маҳбусро озод карданд. Сипас, онҳо ба кормандони боздоштгоҳи муваққатии вазорати адлияи Тоҷикистон ҳамла кардаанд, ки дар натиҷаи задухӯрд миёни фирориён ва кормандони боздоштгоҳ, аз ахириҳо 4 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Ба иттилои расмӣ, миёни фирориён ҳамчунин шаҳрвандони Тоҷикистон, Федератсияи Русия ва Афғонистон будаанд, ки барои фаъолияти террористӣ ва қочоқи маводи мухаддир, ба ҳабс гирифта шудаанд. Айни ҳол, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кудратии ҷумҳурӣ дар доираи амалиёти «Перехват» барои муайян кардани самти ҳаракат ва дастгир кардани гур ӯҳи ҷинояткорон ҳайати шахсии худро ба ҳолати омодабош гузаронида, тадбирҳои бетаъхири фаврӣ-ҷустуҷӯӣ меандешанд.

Амалиёти «Перехват»

Бо мақсади ошкор ва дастгир намудани ҷинояткорон Ситоди фаврӣ бо роҳбарии Вазири корҳои дохилии ҶТ генерал-полковники милитсия Абдураҳим Қаххоров таъсис дода шудааст.

Ба иттилои манобеъ, дар саросари кишвар реҷаи шиносномавӣ ҷорӣ карда шуда, дар роҳҳо нақлиёт мавриди санҷиши ҷиддӣ қарор мегиранд.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, ба шарқи кишвар техникаи вазнини зиреҳпӯш ва нерӯҳои Вазорати корҳои дохилии кишвар ворид шудан доранд. Ҳадаф аз ин амалиёт, несту нобуд кардани ҷангиёни фирорӣ ва ҳушдор додан аз ҳолати фавқулоддаи ҳарбӣ-сиёсӣ дар ин минтақаи кӯҳистони Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.

Дар бораи он ки мақомоти қудратӣ «поккорӣ»-ро васееро дар минтақаи шарқи Тоҷикистон оғоз хоҳанд кард ва ё амалиёт танҳо дар ҷойҳои зуҳури эҳтимолии фирориён сурат мегирад, айни ҳол чизе гуфта намешавад. Тавақти чопи ин матлаб амалиёти «Перехват» ҳич натиҷа надодааст.

Аммо киҳо гурехтанд?

Мақомот «муташаккил» ва «тибқи нақшаи пешакӣ» сурат гирифтани фирори шаби 22-юм бар 23-юмро тасдиқ мекунанд, аммо номи ҳамаи фирориён ошкор кардан намехоҳанду ба суоли «Нигоҳ»: «оё аз берун ба онҳо кӯмаке расонида шудааст?» ҷавоб додан нахостанд. Дарвоқеъ, манбаъҳои ғайрирасмӣ, ки то тасдиқ шудани хабари фирори маҳбусон аз боздоштгоҳи №1, теъдоди маҳбусони фирориро 30-нафар арзёбӣ мекарданду овозаҳо теъдоди маҳбусони боздошгоҳро 90 тан мехонданд, ки гӯиё «50 нафарашон гурехтанро салоҳ надонистаанд».

Тавре мақомот дертар тасдиқ карданд, миёни нафарони фироркарда, чандтан аз гурӯҳи 46-нафарае, ки вобаста ба парвандаи воқеоти тобистони соли гузашта, дар ноҳияи Тавилдара, ба ҳабс гирифта шуданд, низ будаанд. Шабакаҳои телевизионии кишвар чанд аз онҳоро ном ҳам гирифтанд, аммо аз маҳбусони машҳур чизе нагуфтанд.

Расонаҳои русиягӣ бошанд, навиштанд, ки ду писари 23 ва 26-солаи Мирзо Зиёев, собиқ вазири ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, ки барои даст доштан дар ҳодисаҳои соли гузашта дар шарқи Тоҷикистон бо ҳукми суди олӣ ба мӯҳлатҳои 28 ва 30-сол аз озодӣ маҳрум карда шуда буданд, низ фирор кардаанд. Вале мақомот ин иттилоъоро бардурӯғ хонданд.

Дирӯз бошад, мақомоти тасдиқ намуданд, ки воқеъан Абдурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоев («Седой»), собиқ фармондеҳи Гвардияи миллии Тоҷикистон ва бародари Неъмат Азизов, маъруф ба Шайх Неъмат, ки яке аз тобеони собиқ қумондони ИНОТ Мирзо Зиёев (маъруф ба Мирзо Ҷага) дар шарқи Тоҷикистон буду Ҳикмат ном доштааст, низ фирор кардаанд.

Мавриди зикр аст, ки Суди олии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта 44 нафарро бо ҷурми ширкат дар ҳаводиси тобистони соли гузашта дар Тавилдара ба мӯҳлати аз 10 то 30 сол ва 2 нафари онҳоро умрбодӣ аз озодӣ маҳрум сохта буд ва ин мурофиаи судӣ пушти дарҳои баста сурат гирифта буд.

Файзобод: Ҳуҷуми милиса ба маҳбусони фирорӣ

Рӯзи сешанбе бошад, пайи фирориён дар Файзобод ёфт шуд. Тибқи иттилои Оҷонсии иттилоотии Томеша тақрибан соатҳои 3-и шаби 23-юми август як гурӯҳи маҳбусони фирорӣ, ки ба гумони ғолиб савори се мошин: як «тангем» ва ду «мерседес» будаанд, дар дидбонгоҳи «Бустон» (пештара Қарабулоқ)-и даромадгоҳи ноҳияи Файзобод мавриди ҳамла ва тирпаронии милисаҳо қарор гирифта, пароканда шудаанд, Аз талафоти ҷонӣ миёни онҳо ҳанӯз хабаре нест, вале касе аз кормандони ниҳодҳои қудратии кишвар дар ин тирпаронӣ ҷароҳат набардошта, талаф наёфтааст.

Ба гуфтаи ин хабаргузори, тақрибан соатҳои 3-и ҳамон шаби фирор намудани маҳбусон як мошини «тангем» дар дидбонгоҳи зикршуда, ки дар сарҳади шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод мустақар аст, ба талаби манъи ҳаракати мошин итоат накарда, дар натиҷа ҳадафи тирпаронии кормандони милиса қарор гирифтааст.

Ашхоси номаълуми савори мошин дар гардиши деҳаи Ҳаймаҳмадӣ, ки дар чандсантиметрии дидбонгоҳ қарор дорад, мошинро партофта, дар торикӣ панаҳ ёфтаанд, Ба иттилои манбаи TojNews дақиқ аст, ки онҳо ба сӯи милисаҳо ҷавобан тир накушодаанд.

Ҳамчунин субҳи рӯзи дигар маълум мешавад, ки қисме аз ин гурӯҳ ба гумони ғолиб савори ду мошини сабукрави тамғаи «мерседес» будаанд. Мошини аввалӣ дар наздикии деҳаи Қошқарӣ ва дуюмӣ дар деҳаи Қарамайдон ёфт шудаанд.

Ҳарчанд, ки амалиёти ҷӯстуҷӯ ва безарар кардани афроди гурӯҳи номаълум дар ҳудуди ноҳия идома дорад, ҳич яке аз мақомоти қудратии кишвар дар бораи ин ҳодиса ба «Нигоҳ» шарҳу тавзеҳ додан нахостанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки онҳо як рӯз пеш тавассути шабакаҳои телевизионӣ расман аз ҷомеа ҷиҳати дарёфт ва безарар кардани фирориён кӯмак хоста буданд.

Воқеа аз чӣ дарак медиҳад?

Дар вазъи ба амаломада саволи матраҳ ин аст, ки оё фирори 25 маҳбус дар наздикии қароргоҳи президенти Тоҷикистон ва он ҳам аз боздошгоҳи КДАМ-и Тоҷикистон метавонад ба оромии ҷомеа таъсир расонад ва болотар аз ин ин ҳодиса аз чӣ метавонад дарак бидиҳад?

Идомаи ин фирор чи хоҳад буд?

Оё воқеан фирори муташаккил натиҷаи саҳлангорӣ дар боздоштгоҳ буд ё давоми мантиқии амалиёти махсуси хадамоти ҷосусии ягон кишвари бегона?

Тақлилгари тоҷик Қосим БЕКМУҲАММАД мегӯяд: «…мумкин аст, як сари риштаи ин иттифоқ ба имкони ҷой доштани фасод дар ниҳодҳои амниятию қудратии Тоҷикистон баргардад, сари дигари ришта ба он иртибот мегирад, ки чунин иттифоқе чӣ пайомадҳоеро метавонад, ба думбол дошта бошад. Бо таваҷҷӯҳ ба таҳаввулоте ки дар сатҳи минтақа анҷом мешавад, метавон гуфт, ҳар навъ бесуботии сиёсӣ ва амниятӣ дар Тоҷикистон зарурати ҳамкориҳои амниятӣ ва низомӣ бо кишварҳои муайян ва муттаҳид бештару бештар мешавад.»

Ҳикматулло САЙФУЛЛОҲЗОДА, коршиноси Маркази таҳлилии «Диалог» мегӯяд, фирори маҳбусон метавонад натиҷаи кори нерӯҳои сеюм низ бошад: «қудратҳои ҳавасманд ҳамоно қодиранд, дар ин ё он гӯшаи Тоҷикистон минтақаи доғеро ба вуҷуд оранд ва фирори бесобиқаи маҳкумшудагон метавонад оғози як чунин амал бошад.»

Коршиносон дар мавриди икдомоти баъдӣ, ки метавонанд рух бидиҳанд, мегӯянд: «Ин гурӯҳи зиндониёи фирорӣ талош хоҳад кард, ки агар битавонанд, аз марзҳои Тоҷикистон хориҷшавад. Зеро ин гурӯҳи қодир ба коре дар дохили Тоҷикистон нахоҳад буд. Ва пуштибони иҷтимоӣ ҳам надорад. Агарчанде истисно нест, ки кудратҳо ва гурӯхҳои фурсатталабе талоши истифода аз ин фурсатро хоҳанд кард.»

Сиёсатшинос, Шокирҷон ҲАКИМОВ дар мусоҳиба бо хабаргузории «Авеста» гуфтааст: «Фирори чунин як гурӯҳи калони маҳбусон ба андешае мебарад, ки шояд миёни маҳбусон ва олами ҷиноӣ ва ё ҳатто ҳомиёни хориҷиашон робитаву нақшаҳое аз қабл вуҷуд доштааст».

Ба назари умумии коршиносон, ҳодисаи мазкур ба вазъи сиёсии кишвар таъсири манфӣ хоҳад гузошт: «Омили бесуботӣ дар кишвар пайдо шуд, барои мисол, пайдо шудани макомот дар кӯчаҳо бо силоҳ, агарчӣ амри зарурист, вале ҷомиаро ноҳинҷор мекунад…».

Изи русӣ?

Қобили зикр аст, ки ҳамон шаб, бегоҳи якшанбеи 22-юми август дар наздикии маҳаллаи «Гипрозем», щаҳраки ҳарбиён тақрибан соати 20:30-22:00 наздикии дивизияи 201-уми Федератсияи Русия, ба гуфти сокинони маҳаллӣ, мақомоти масаллаҳи Тоҷикистон бо гурӯҳи номаълум задухӯрд доштаанд. Ба гуфти сокинон дар яке аз хонаҳо таркиш рух дода, овозаҳо дар мавриди он ки дар бинои дигар бомба гузошта шудааст, тамоми маҳалларо фаро гирифта буд. Мақомот тақрибан то соати 23:00 00:00-и шаби 23-юм роҳро баста нигоҳ медоштанд. Дар ин бора мақомоти Тоҷикистон айни ҳол чизе намегуянд.

Фирори маҳбусон ва таркиш дар маҳаллаи «Гипрозем», ки ҳар ду дар як шаб рух доданд, чӣ ба ҳам мепайвандад?

Тасодуф ва ё чизи дигар?

Чаро дар як шаб?

Чаро маҳз шаби 22-юм бар 23-юм?

Чаро маҳз дар назди пойгоҳи ҳарбии Русия?

Оё ин задухӯрд метавонад, қисмате аз амалиёти асосии фирори маҳбусон, ё ба қавле «отвлекающий маневр» бошад? Инҳо суолҳоеанд, ки ҷавоб мехоҳанд.

Ҳушдор ё сабақ?

Ба ақидаи коршиносон, ҳодисаи фирори 25 тан аз маҳбусон, ки миёни эшон шахсони хеле хатарнок низ ҳастанд, ҳушдорест сахт ба Ҳукумати Тоҷикистон ва ҷомеаи тоҷик. Коршинос Рустам САМИЕВ мегӯяд: «Фирори як гурӯҳи бузурги маҳбусон ва он ҳам аз чунин ҷой барои ҳукумат ва ҷомеаи Тоҷикистон ҳушдорест, ки бубояд сабақ гардад. Ин ҳодисаи мудҳиш, ки метавонад, дар пай боз даҳҳову садҳо ҷиноятҳои дигар дошта бошад, ба ҳукумат ҳушдор медиҳад, ки низоми судии як давлати комил набояд хостаҳои сиёсии ин ё он гурӯҳро пиёда созаду низоми нигаҳбонии маҳбусон зери назорати ба ном «худӣ»-ҳо бошад, балки танҳо ва танҳо пайи таъмини бечунучарои адолати судӣ ва адои ҷазо гардад.

Ин фирор аз махбас ҳушдор ба ҷомеаи Тоҷикистон, хоса қисмати фаъоли он аст, ки сулҳу субот дар ин сарзамин ҳанӯз ба сифати арзиши олӣ эътироф нашудаасту қаҳрамониҳои шаҳрвандӣ ва иродаи комили сиёсӣ мехоҳад». Сиёсатмадор Шокирҷон ҲАКИМОВ бошад бо таассуф мегуяд: «Омили бесуботӣ дар кишвар пайдо шуд, барои мисол, пайдо шудани мақомотдар кӯчаҳо 60 силоҳ, агарчӣ амри зарурист, вале ҷомиаро ноҳинҷор хохад кард…».

Дар ин замина, роҳбари дафтари родиёи «Озодӣ» дар Душанбе Мирзонабии ХОЛИҚЗОД мегӯяд: «Хабари фирори дастаҷамъонаи гурӯҳи маҳбусон аз Боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ ва маҳбаси Вазорати адлияи Тоҷикистон ҳар шунавандаро на танҳо нороҳат мекунаду ба ҳайрат меорад, балки як эҳсоси ноамнӣ ва нобовариро низ эҷод мекунад». Ба назари умуми коршиносон, пайомадҳои равонии ин ҳодиса чӣ дар сатҳи сиёсӣ ва чӣ дар ҷомеа зиёдтар аз ҳама чизи дигар аст, хоса дар арафаи таҷлили 19-солагии Истиқлолияти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

ВАКТЕ, КИ ШУМОРА БА ЧОП СУПУРДА МЕШУД…

Бо мақсади дарёфт намудани маълумот нисбати аъзои гурӯҳи чинояткор ва дастгир кардани онҳо, Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон маълумотномахоро дар хусуси ҳамаи 25 нафар аъзои ин дастаи ҷиноятпеша пешкаши шумо мегардонад. Агар нисбати ашхоси мазкур, ҷойи зист ва алоқаҳои эҳтимолии онҳо ягон маълумот дошта бошед, метавонед ба телефони 221 – 37-37-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.

1.Кокулов Фахриддин Сайфиддинович, санаи таваллуд 10 марти соли 1980, милаташ тоҷик, зодаи шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон, истиқоматкунандаи ноҳияи Шуғнони ВМКБ қишлоқи Ёнч, муҷаррад, бо моддаҳои 36 кисми 5, 187 кисми 2 ва кисми 5, 335 кисми 2-и КЧ Чумхурии Точикистон махкум шудааст.

2.Иброхимов Чумъа Абдусаломович, санаи таваллуд 2 марти соли 1960, шахрванди Чумхурии Точикистон, зодаи дехаи Муллотемури чамоати Шогадоеви нохияи Точикобод, маълумоташ миёнаи махсус, муваккатан кор намекунад, истико маткунандаи шахри Душанбе, кучаи Маяковский, хонаи 91/2, хучраи 6, бо моддахои 36 кисми 5, 187 кисми 2, 36 кисми 5, 340 кисми 2-и Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон махкум шудааст.

3.Абиев Низами Русланович, санаи таваллуд 18 августи соли 1986, зода ва истикоматкунандаи нохияи Табасарински Чумхурии Догистони Федератсияи Россия, бо моддахои 32, 335 кисми 2 ва 187 кисми 2-и КЧ Чумхурии Точикистон махкум шудааст.

4.Джабраилов Казбек Джабраилович, санаи тавалуд 30 марти соли 1986, зода ва истикоматкунандаи Чумхурии Догистон, шахри Махачкала кучаи А. Султана, хонаи 8 Б хучраи 28, бо моддахои 32 кисми 1, 335 кисми 2-и КЧ Чумхурии Точикистон махкум гардидааст.

5.Ахмедов Магамед Магомедрасулович, соли таваллудаш 15 октябри соли 1979, зодаи шахри Буйнакси Чумхурии Догистони Федератсия Россия, бо моддахои 32, 335 кисми 2 ва 187 кисми 2-и КЧ Чумхурии Точикистон махкум гардидааст.

6.Халметов Фуркат Тулаганович, соли таваллудаш 11 ноябри соли 1975, зодаи шахри Чирчики вилояти Тошканди Чумхурии Узбекистон, бо моддахои 36 кисми 5 ва 335 кисми 2-и КЧ Чумхурии Точикистон махкум гардидааст.

7.Орифчонов Бахром Обидчонович, санаи таваллудаш 02 октиябри соли 1981, зода ва истикоматкунандаи шахри Исфара, кучаи Лохути, хонаи 16, бо моддахои 187 кисми 2, 305, 306 ва 335 кисми 2-и КЧ Чумхурии Точикистон махкум шудааст.

8.Махмадамир Валади Курбонали, санаи санаи таваллудаш 1987, зодаи дехаи Когни улусволии Даркад, вилояти Тохири Чумхурии Исломии Афгонистон, бо моддахои 335 кисми 2, 289 кисми 4 ва 195 кисми 3-и КЧ Чумхурии Точикистон махкум гардидааст.

9.Мухаммадвали валади Тозагул, санаи тавалудаш 1977, зодаи дехоти Майданода улусволии Даркад, вилояти Тахори Чумхурии Исломии Афгонистон, бо моддахои 335 кисми 2, 289 кисми 4, 195 кисми 3, 200 кисми 4, бандхои «г» ва «д»-и КЧ Чумхурии Точикистон махкум гардидааст.

10.Бозорали валади Эгамберди, санаи тавалудаш 1969, зодаи дехаи Когни улусволии Даркад, вилояти Тахори Чумхурии Исломии Афгонистон, бо моддаи 335 кисми 2, 289 кисми 4, 195 кисми 3, 200 кисми 4 бандхои «г» ва «д» КЧ Чумхурии Точикистон махкум шудааст.

11.Махмадзокир валади Махмадхалим, соли тавалудаш 1981, кишлоки Когни улусволии Даркад, вилояти Тахори Чумхурии Исломии Афгонистон, бо моддахои 335 кисми 2, 289 кисми 4, 195 кисми 3, 104 кисми 2 бандхои «а» «ж» «з», 199 кисми 4-и КЧ Чумхурии Точикистон махкум шудааст.

12. Сулейманов Гусейн Шарипович, соли таваллудаш 05 октябри соли 1985, шахрванди Федератсияи Россия, зода ва истикоматкунандаи нохияи Новолаки Чумхурии Догистони Федератсияи Руссия, бо моддахои 32, 335 кисми 2 ва 187 кисми 2-и КЧ Чумхурии Точикистон махкум гардидааст.

13.Насриддинов Иброхим Рачабович, санаи таваллуд 1974, зода ва истикоматкунандаи кучаи Узуни нохияи Чалолиддини Румии вилояти Хатлон, бо моддахои 104 кисми 2, 195 кисми 2, 32 кисми 3, 104 кисми 2 КЧ Чумхурии Точикистон махкум шудааст.

14. Азизов Хикматулло Файзуллоевич, соли таваллудаш 8 июни соли 1975, зодаи нохияи Панч, колхози Правда, уасткаи Трактор, бо моддахои 170, 187 кисми 2, 306, 328 кисми 2, 195 кисми 3, 32 кисми 1, 335 кисми 2 ва 245 кисми 2 КЧ Чумхурии Точикистон махкум гардидааст.

15.Азизов Рахмиддин Саъдуллоевич, санаи таваллудаш 24 апрели соли 1972, зодаи нохияи Панч, уч. Орджоникидзе, собик хизматчии харбии Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждани дар нохияи Рашт, бо моддахои 187 кисми 2, 181 кисми 3, 104 кисми 2, 328 кисми 2, 306, 195 ва 375 кисми 2-и КЧ Чумхурии Точикистон махкум гардидааст.

16.Хасанов Бахриддин Каюмович соли таваллудаш 15 июли соли 1968, зода ва истикоматкунандаи нохияи Тавилдара, чамоати Чилдара, дехаи Чашмасор, бо моддахои 187 кисми 2, 306, 328 кисми 2 ва 195 кисми 3-КЧ Чумхурии Точикистон махкум гардидааст.

17. Зиёев Аъзамшо Ахтамович, санаи таваллудаш 04 декабри соли 1969, зодаи колхози 1-майи нохияи Панчи вилояти Хатлон, нафакахури Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании Точикистон, истикоматкунандаи нохияи Тавилдара, кишлоки Чилдара, бо моддахои 170, 187 кисми 2, 306 ва 195 кисми 3-и КЧ Чумхурии Точикистон махкум шудааст.

18.Азизов Зайдулло Саъдуллоевич, санаи таваллудаш 16 январи 1977, зода ва истикомакунандаи дехаи Пастирог, чамоати Сагирдашти нохияи Дарвози ВМКБ, бо моддахои 187 кисми 2 ва 306-и КЧ Чумхурии Точикистон махкум гардидааст.

19.Алиев Али Магамедович, соли таваллудаш 5 сентябри соли 1983, шахрванди Федератсияи Россия, зода ва истикоматкунандаи шахри Радужный, вилояти Тюмени Федератсияи Россия, бо моддахои 32, 335 кисми 2 ва 187 кисми 2-и КЧ Чумхурии Точикистон махкум гардидааст.

20.Зиёев Чонибек Абдусамадович, соли таваллудаш 8 феврали соли 1979, истикоматкунандаи участкаи Тугул, чамоати дехоти Нури Вахдати нохияи Панч, бо моддахои 187 кисми 2, 306, 328 кисми 2 ва 195 кисми 3-и КЧ Чумхурии Точикистон махкум шудааст.

21.Хучаев Саидисмон Абдурахмонович, соли таваллудаш 23 феврали соли 1978, зодаи нохияи Панч, истикоматкунандаи нохияи Тавилдара, дехаи Шахринав, чамоати Тавилдара, бо моддахои 187 кисми 2, 306, 328 кисми 2 ва 195 кис-ми 3-и Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон махкум карда шудааст.

22.Мирзоев Абдурасул Рахмонович, соли таваллудаш 1 апрели соли 1958, зодаи шахри Кулоби вилояти Хатлон, истикоматкунандаи шахри Душанбе, гузаргохи 3-юми кучаи Кутузов хонаи 12, бо моддахои 216, 135 кисми 1-и КЧ ЧТ (тахрири соли 1961), 131 кисми 2, 334 кисми 2, 131 кисми 2, 248 кисми 4, 181 кисми 2, 334 кисми 2, 291 кисми 2, 340 кисми 2, 195 кисми 2 ва 306-и Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон махкум гардидааст.

23.Юлдошев Хамидулло Абдугаффорович, санаи таваллудаш 22 апрели соли 1983, зода ва истикоматкунандаи Чумхурии Узбекистон, бо моддахои 187 кисми 2, 306, 335 кисми 3-и КЧ Чумхурии Точикистон махкум гардидааст.

24.Наимов Толибшо Аламович, соли таваллудаш 14 октябри соли 1977, зода ва истикоматкунандаи нохияи Тавилдара, дехаи Пагула, бо моддахои 187 кисми 2, 306, 328 кисми 2 ва 195 кисми 3-и КЧ Чумхурии Точикистон махкум гардидааст.

25.Худоёров Мазхариддин Насриддинович, санаи таваллудаш 1985, зодаи дехаи Мулло Темури нохияи Точикобод, бо моддахои 187 кисми 2, 305, 306 ва 335 кисми 2-и КЧ Чумхурии Точикистон махкум карда шудааст.

Дар холати доштани маълумот нисбати аъзои ин гурӯҳии ҷинояткори трансмиллӣ, инчунин ҷойи зист ва алоқаҳои эхтимолии онхо метавонед ба телефони 221 – 37-37 ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон занг занед.

Advertisements

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: