Оё мансабдорони фосид хам боздошт мешаванд?

«Озодагон» №32 18.08.2010

Тайи хафтаи гузашта боздошти собик прокурори нохияи Хисор Файзуллох Бобохонов, ки писари собик прокурори генералии Точикистон мебошад, мавзӯи доғи расонахо буд. Дар ин миён изхороти директории очонсии мубориза бо фасод Фаттох Саидов вокеан хабарсозтар шуд.

Чаноби Фаттох Саидов дар як сӯхбат бо хабарнигоре гуфт, ки заминаи боздошти Файзуллох Бобохонов хангоми сари вазифа будани падараш оғоз шуда ва хамйн масъала боиси аз вазифа рафтани Бобочон Бобохонов буд. Хамчунин таъкид кардааст, ки мутобики дастури президенти кишвар аъмоли хафт-хашт мансабдори дигар низ дар холи баррасӣ аст ва эхтимоли ба сари онхо низ омадани сарнавишити Бобохоновхо вучуд дорад.

Дар хамин хол оё ин талоши ниходхои расмй муборизаи вокеъй бо фасод аст ё як бозиест, ки мехоханд мардумро бовар диханд, ки дар чомеа мубориза бо фасод вучуд дорад? Оё дарвокеъ имкон дорад, ки мансабдорони фасодкор билахира боздошт шаванд? Оё то чи хад очонсии мубориза бо фасод ва рахбари он часорат нишон хоханд дод? Ба хар сурат “Озодагон” пурсиши ин хафтаро чунин матрах намуд:

Абдуғанӣ МАМАДАЗИМОВ, сиесатшинос

Ин як масъулият аз ҷониби агентии зидди фасод аст, на ягон бозии сиёсӣ. Зеро дар як ҷаласаи ҳукумат ин ниход аз ҷониби раҳбари давлат мавриди танқид қарор дода шуд ва президент фаъолияти ин ниҳодро ғайриқаноатбахш гуфта буд. Вақтҳои охир мо на фақат дар сохтори Прокуратураи генералӣ, балки дар макотиби олӣ ҳам боздошт шудани фасодкоронро мушоҳида мекунем ва ин ба Бобоҷон Бобохонов ягон робита надорад. Яъне мубориза бо фасод дар бештари ниҳодҳо пурзӯр гашта истодааст.

Шояд дар Прокуратураи генералй ин як раванди сиёсӣ бошад, аммо дар макотиби олӣ ин ҳолати сиёсӣ нест ва ҳар вақте довталаб ба остонаи донишгоҳ меояд, ин ҷо фасод пайдо мешавад. Ин нишонаи тақозои пурзӯр гаштани мубориза алайҳи фасод аст. Аммо ҷомеаи Тоҷикистон аз ҳангоми таъсиси ин ниҳод интизориҳои зиёд доштанд, ки кормандони он на фақат моҳичаҳо, балки наҳангҳоро ҳам ба шаст оранд, аммо то ин вақт ба онҳо ин комёбӣ муяссар нагардидааст ва агар мубориза бо фасод дар шакли ҳозира давом кунад, онҳо метавонанд, ки ҷомеаро аз фаъолияти худ қаноатманд кунанд.

Рахматулло ВАЛИЕВ, раиси созмони “Рушди чомеа”

Масъала духӯрагӣ дорад. Зеро ҳам ҳукумати Тоҷикистонро роҳи дигар намондааст, ба ғайр аз он ки муборизаро бар зидди фасод пурзӯр кунад. Ба он хотир, ки нафарони даст ба коррупсия дошта асосан дар сатҳи боло нишастаанд ва аз он ҷумла, нафароне, ки дар ҳукумат ҳастанд. Ва Маркази тадқиқоти стратегӣ низ дар натиҷаи як омӯзиш асосан даст доштани вазоратҳо, прокуратура ва судро ба фасод муайян карда буд. Аз ин рӯ агар ин корро анҷом надиҳад обрӯи давлат дар назди дигар кишварҳо паст гашта истодааст ва ҳукумати Тоҷикистон бояд коре кунад, ки ин рейтинги худро барқарор намояд. Дар сурати ғайр ягон кишвар бо Тоҷикистон ҳамкорӣ кардан намехоҳад ва муҳити сармоягузорияш хеле махдуд мегардад.

Аз ҷониби дигар сатҳи зиндагии мардум хеле паст аст ва рӯз то рӯз боз ҳам душвортар гашта истодааст ва барои он ки ба мардум нишон диҳанд, ки коре аз дасташон меояд, нафаронеро, ки сабабгори паст шудани зиндагии мардуманд, боздошт карда, ба ҷавобгарӣ кашиданиянд. Фикр мекунам, ки ба ҳарҳол мубориза бурдан бар зидди афроде, ки даст ба фасод доранд, шарт аст ва ин мубориза на фақат ба хотири нишон додани кори худ дар назди халқ бошад, балки мақсаднок сурат гирад ва ба фоидаи ҷомеаи Тоҷикистон бошад.

Амният АБДУНАЗАРОВ, раиси созмони “Демократия”

Мубориза бо коррупсия аслан вуҷуд надорад. Ин як мубориза ё қасос нисбати якдигар аст. Кулли мардуми Тоҷикистон медонанд, ки дар тамоми сохторҳои давлатӣ тамоми масъалаҳо бо ришва ҳал мешавад. Ба хусус дар Вазорати умури дохила, ҳамаи сохторҳои қудратӣ, Вазорати маориф ва тандурустӣ, Ба ҳамин хотир ба фикрам ин то андозае аз байн бурдани шахсони номатлуб аст ва махсусан он фардҳое, ки то ҳадде барои халқу ватан хизмат карданд.

Корррупсия то ҳол идома дорад ва ба фикрам рушд ҳам меёбад. Зеро мардум имрӯз қашшоқ ва аз тамоми ҳуқукҳояш маҳрум аст. То он вақте, ки мардум қобилияти назорат аз болои ҳукуматро надорад, маҷбур аст ба фасод рӯ орад. Ҳеч фарде қудрате надорад, ки шахси дар мансаб бударо ба ҷавобгарӣ кашад. Чун он шахси дар мансаб буда дар болотар ягон хеше дорад ва ӯ на ба хотири қобилияти корияш, балки аз рӯи хизматҳои содиқонааш ба як ё ду мансабдори воломақом дар он вазифа интихоб шудаасту бас. Ман то ҳол нашунидаам, ки соҳибмансабе, ба хусус вазиреро ба маҳкама кашида бошанд. Агар ба маҳкама кашида бошанд ҳам, аз рӯи гуногунандешӣ ё ба хотири ақидаи шахсӣ доштанаш, на ба он далеле, ки он мансабдор ба фасод даст задааст.

Сайфулло САФАРОВ, муовини раиси Маркази тадкиқоти стратегии Точикистон

Боздошт кардани мансабдороне, ки ба фасод даст доранд, то ҳадде ки қонун имкон медиҳад, вуҷуд дорад. Яъне агар мансабдор аз ҳадди қонун гузашта бошад, пас барои агентии зидди фасод имконият пайдо мешавад, ки ба фасод даст доштани онҳоро исбот қунанд. Мо соли 2005 дар бораи коррупсия тадқиқот анҷом дода будем ва албатта даст доштани мансабдорон ба фасод яке аз омилҳост. Масъалаи духӯрагии қонунҳо, амалӣ нашудани онҳо, ахлоқи паст доштани мансабдорон ва дигар омилҳое низ ҳастанд, ки боиси авҷи фасод дар ҷомеа гаштаанд ва бо бартараф кардани ин камбудиҳо фасод дар ҷомеа камтар хоҳад шуд.

Сафват БУРХОНОВ, журналист

Тамоми масъала ду тараф дорад. Пеш аз ҳама агар ин кор барои тарсонидан бошад ҳам, хеле хуб аст. Давлат ин як воситаи ҷабр аст. Агар натарсонад ҳам мардум бисёр аз сари худ рафтаанд. Дуввум, агар касе гӯяд, ки ман коррупсияро аз Тоҷикистон нест мекунам як роҳ дорад. Атрофи Тоҷикистонро пурра симхор мекашаду номашро “маҳбаси калон” мемонад. Ҳама, ману шумоҳам ба коррупсионерон шарикем. Тамоми одам ё порадеҳ ё порахӯр аст. Мувофиқи қонунҳои байналмиллалӣ ва Тоҷикистон ҳамаи мо ба ҷиноят даст дорем. Дар ҳаёт риборо мавриди истифода қарор додем, аммо имрӯз да-ҳони ҳамаамон бастааст, гӯё мо рӯзадорем, аммо бо ин корҳоямон бӯи мусулмонӣ ҳам надорем.

Журналистон то дирӯз мегуфтанд, ки Бобохонов коррупсионер, фарзандаш хонаҳои зиёд дорад ва ғайра, акнун имрӯз Бобохонов аз кор рафт, дили ҳама месӯзад. Агар ҷиноят содир карда бошад, бигзор ҷавоб диҳад. Бобохонов барои мо давлату миллат насохтааст, ки раҳм хӯрем. Корҳои ӯро ҳар як афсари қаторӣ ҳам метавонист ба сомон расонад. Вай танҳо пул кор кард, дигар коре накардааст. Леқин як бартарии Фаттоҳ Саидов дар он аст, ки ба ҳар навъ бо ҷасорат кор бурда истодааст. Ӯ то андозае фасодкорони сатҳи болоро дастгир карда истодааст.

То замони Фаттоҳ Саидов касеро ин тавр дастгир накарда буданд. Инро бояд фаромӯш накунед, ки агарчӣ Бобохонов рафта бошад ҳам дар ҳукумат пушту паноҳ дорад. Чӣ хеле худаш гуфтааст тамоми оилааш дар прокуратура кор мекунанд. Фаттоҳ Саидов коррупсионерони дар мансаб бударо боздошт кунад, дар сурате, ки агар худи ӯро ҷинояткори рақами як шавад ҳам, ман ҷонибдори ӯ набошам, худро инсон намеҳисобам. Агар ҳамин корро кунад, ҳайкали тиллоии ӯро гузорем ҳам меарзад.

Файзулло ФАЙЗИЕВ, сиёсатшинос

Дар асл барои мубориза бурдан бо фасод мо бояд тамоми системаи давлатдории худро тағйир диҳем. Яъне то интихоботи озоду шаффофро ба роҳ намонем ва мустақилияти судро таъмин накунем, мо аз фасодгароӣ раҳо намеёбем. Чӣ хеле раиси Агентии зидди фасод, Фаттоҳ Саидов гуфтааст, аслан ниҳоди фасодзадатарин Вазорати маориф аст. Ин сад дар сад дуруст аст. Зеро то замоне, ки мо дар соҳаи маориф ислоҳоти куллӣ нагузаронем ва ба меъёри баҳо эътибор надиҳем, ин фасод боқӣ мемонад. То он замоне, ки мо ба сабади истеъмолии ҳар як истеъмолгар назар карда, маошро муайян накунем, фасод боқй хоҳад монд.

Махмадалии ҲАЙИТ, муовини раиси ХНИТ

Ба ҳама маълум аст, ки Тоҷикистон яке аз фасодзадатарин кишварҳои дунёст ва сатҳи ришваситониву фасод сол то сол боло меравад. Гарчанде Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бар зидди фасод тезу тунд мубориза барад ҳам, фикр накунам, ки гилеми коррупсия ва ришвахориро дар ин солҳои наздик ҷамъ карда тавонад. Ҳарчанд фиреби мазар ҳамбошад, агар ин корҳо анҷом ёбад, то андозае метавон дили мардумро ба даст овард, вале дар маҷмӯъ мардумро наметавон мутақоид кард, ки дар Тоҷикистон фасод решакан шудааст. Чун имрӯз маълум аст, ки аз донишгоҳ, табобаттоҳ, ҷамоату мактаб то вазорату идораҳои давлатӣ ҳама ба фасод машғуланд ва сатҳи ришва хеле ҳам боло рафтааст.

Тасмиме, ки аз ҷониби агентӣ дар ин авохир гирйфта шуд, ба хусус боздошт кардани писари собиқ прокурори генералӣ ва ҳатто ба гуфтаи раиси агентӣ, Фаттоҳ Саидов амали якчанд мансабдорон мавриди таҳқиқ қарор дорад, ин фоли нек аст. Аммо ба назари ман ҳар касе аз мансаб равад, ин агентӣ имкони боздошт карданро дорад. То ба имрӯз ба вазиру кабироне, ки дар сатҳи боло кор мекунанд, агентӣ сару кор нагирифтааст. Ва ҳар тасмиме, ки гирифта мешавад, танҳо бо иҷозаи нафари аввал сурат мегирад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: