Мардуми касалманди точик

Абдулазизи ВОСЕЪ «Озодагон» №32 18.08.2010

Бунёди як давлати рушдкарда дар пояи чомеаи донишманду солими он шакл мегирад. Ду чизе, ки мутаасифона хамасола мо онро ба охистагӣ аз даст додан дорем. Дар махофили мухталиф хам бештар аз хама исмиду ниходмаорифу тандурустӣ шунида мешавад.

Моҳе нест, ки аз боздошти як муаллим ё духтуре бо иттихоми порагирӣ иттилоъ нарасад. Оатхи дониши толибилмони авваливу шеваи кори кормандони дуввумӣ хамеша бахсофар будаву хаст. Сару садохо перомуни бахши маориф то ба пешниходи истеъфои муаллими рақами яки Точикистон Абдучаббор Рахмонов кашид.

Вазир бошад, чун ҳамешаги дар қиболи ин пешниҳод хомушӣ ихтиёр кард. Фаъолияти соҳаи тандурустӣ низ тӯли солҳо борҳо ба расонаҳо кашида шуду баҳсҳои доманадореро тавлид кард, аммо ба фарқ аз бахши маориф касе беҳбудии соҳаи тандурустиро дар истеъфои духтури рақами яки ҷумҳурй намебинад, ки шояд дурусту мантиқӣ бошад ва ё шояд рӯзҳои наздик ин гуна пешниҳод матраҳ мегардад…

Чанд мушкиле, ки даст ба гардани пешрафтҳои Тоҷикистон ҳалқа кардааст аз бахши тандурустӣ сарчашма мегирад ё ба ин соҳа бастагие дорад. Мушкили рақами як дар ин замина чанде қабл гӯйё бартараф шуд. Маризии фалаҷи кӯдакон ё полиомиелит, ки Тоҷикистонро ангуштнамои ҳамсояҳову шарики стратегӣ намуд. Марзҳо баста шуданд ва содироти хушкмеваҳо манъ гардид. Баъзе таҳлилгарон маҳдудияти ҷорӣ кардаи Русия дар заминаи ҷилавгирӣ аз хурӯҷи полиомиелитро як навъ фишори сиёсии Кремл алайҳи Тоҷикистони “саркаш” маънидод карданд. Чандин кишвари хориҷи дур хам ба шаҳрвандонаш ҳушдор дод, ки аз вуруд ба Тоҷикистон худдорӣ варзанд. Ин маризӣ барои бархе ҳамсояҳо имкони хуби фишору марзбандй ҳам шуд. Ба ин ҳол вазорати тандурустии Тоҷикистон аз маъракаи моякӯбии кӯдакон эълом дошт. Бурузи якбораи фалаҷи атфол як гуна ҳайратангез ҳам ҳаст, зеро ба омори вазорати тандурустӣ аз соли 1997 ба ин сӯ дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳеч мубталои ин беморӣ сабт нашудааст. Мушкили дигар, ки ҳамеша боиси малоли вазорати тандурустӣ шудааст, маризии- сил аст. Масъулини ин ниҳод ҳамеша аз журналистон гиламанданд, ки гӯйё маълумоти носаҳеҳро дар мавриди гирифторони сил ба вижа дар ҷануби кишвар ба нашр мерасонанд. Муовини вазири тандурустӣ чандин маврид дар вокуниш ба навиштаи матбуот, ки вазъи гирифторони маризии сил дар ноҳияи Восеъро ваҳим ба қалам доданд, гуфт, ки ҳолати минтақа таҳти контрол ҳаст ва Восеъ он гуна, ки матбуот мегӯяд водии марг нест. Агарчӣ мушкили фалаҷ то андозае бартараф шудаву ҳатто Ӯзбакистон марзҳои муштаракаш бо Тоҷикистонро боз кард, аммо проблемаи сил ҳамоно мисли пешин боқӣ мондааст. Мушкили дигар бар асари истифодаи оби нопок гирифтори касалиҳои сироягӣ шудани сокинони минтақаҳои мухталифи ҷумҳурӣ аст. Дар чанд соли ахир дар чандин навоҳий кишвар маризиҳое ба таври оммавӣ гиребони мардумро доштанд, ки пизишкон мегуфтанд, сарчашмаи бурузи он оби ошомиданист.

Кафи рости духтурҳо кай ба хориш медарояд?

Бахши тандурустй ҳам шомили феҳрастест, ки кормандонаш бештар бо ҷурми ришваситонӣ боздошт мешаванд. Дар аксар маврид иллати аз суйи кормандони соҳаи тандурустӣ гирифтайи ришваро ба моҳонаи ками онҳо марбут медонанд, ҳамон дарде, ки муаллимҳо доранд. Аммо ба фарқ аз омӯзгорон табибон қасам ёд мекунанд. Савганд мехӯранд, ки содиқонаву самимӣ ба мардум хизмат хоҳанд кард, вале тавре аз мушоҳидаҳо маълум мешавад барои бархе аз пизишкон қасами Гепократ ҳам ба ҷаве арзиш надорад.

Бархе аз кормандони соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби беморон зиндагӣ мекунанд. Як дӯстам, ки дар яке аз табобатхонаҳо фаъолият дорад мегӯяд, баъзан барои қабули беморон миёни ҳамшираҳо нофаҳмӣ мешавад. Чунин ҳолатро ман дар ошхонаҳои Душанбе мушоҳида кардам (пешхизматҳои ошхонаҳои бозори “Корвон” барои як мизоҷ ҳатто мӯйканӣ ҳам мекунанд).

Бисёр аҷиб аст, вақте масъулини вазорати тандурустӣ мегӯянд, ки оддитарин хизматрасонии тиббӣ барои мардум ройгон аст, вале дар асл тамоман бо чизи дигар рӯ ба рӯ мешавед. Дар таваллудхонаҳо бошад, аллакай аз волидайни кӯдак “савғо” гирифтани як гурӯҳи бузурги “момодояҳо” “муд” шудааст. Марде дар мусофиркаш ба ҳамроҳаш гила мекард, ки ин навбат агар ҳамсараш ҳомила шавад ба ҳеч ваҷҳ ба тавалудхона намебарад, балки кампири ҳамсояро ҷеғ мезанад: “Мо ҳафт фарзандем дар хона ва модарам ягонтои моро дар таваллудхона ба дунё наовардааст. Бовар кунед, рӯзи якум рафтам ба як духтураш пул нарасид кӯдакамро ҳамроҳи занам ҷавоб надоданд. Таги қарз мондам”.

Тасаввур кунед, ки волидайн оҳирин маблағашонро барои аз таваллудхона бароварданй навзодашон масраф мекунанд ва дар чӣ шароите он кӯдак бузург мешавад? Хело хуб аст, ки анъанаи номгузории бобоёнамон қариб аз миён рафтааст, вагарна тифлро ҳатман Қарзбек ё Талбида ном мегузоштанд.

Ҳолати дигари бисёр аламовар ин аз нафаре, ки давоми 20 рӯз дардаш маълум нашудааст маблағ талаб мешавад. Чунин воқеаро соле қабл ҳамкурсам нақл кард. Ӯ наздик ба як моҳ бистарии яке аз беморхонаҳои бузурги Душанбе буд, аммо дар ин муддат ташхис муайян накард, ки ба чӣ касалие гирифтор аст. Мудири шӯъба ҷавобаш медиҳад, вале “сафедӣ” мегирад. Ҳамин тариқ ҳамсабақам гуфт, ки боз “дасти чанд каси дигарро сафед” карда либосҳоямро ғун доштаву рафтанӣ будам, ки фаррош назди дар истода бо абрӯи гирифта ғурунгид: “аку ҳамихе мерави-а?”. Чӣ кор кунам, пурсидааст ӯ. Ягон чӣ “дастмона сафед намекунӣ”. Ва охирин 5 сомонашро ба фаррош дода аз дар мебарояд…

Ҳоло фасоду ришва ба монанди аксар мақомот дар бахши тандурустӣ низ тиррешаашро ба патакреша иваз кардан дорад. Дар чунин ҳолат ягона роҳи ҷилавгирӣ аз корупсия шояд ба низоми пулакӣ гузаштани- табобатхонаҳо бошад, зеро ҳоло ҳам маълум нест, ки дар Тоҷикистон табобат ройгон сурат мегирад.

Духтурони ихтисосманд дар мардикориянд

Сатҳи омодагии ихтисосмандони бахши тиб дар Тоҷикистон бояд ҷиддӣ мавриди таваҷҷӯҳи масъулини ҳукумат бошад. Зеро ояндаи солими ҷомеа маҳз ба Донишгоҳу колеҷҳои тиббӣ бастагӣ дорад. Барои касе пӯшида нест, ки ворид шудан ба ин даргохҳо чӣ қадар мушкил аст, нархкомаи гурӯҳҳои шартномавӣ ҳам боиси гиребон гирифтану тавба кардан мегардад. Ин маблағ ҳеч вақт мувофиқ ба киссаи аҳолии оддӣ нест, пас онҷо кӣ таҳсил мекунад (агар имтиёздорононҳое, ки тариқи квотаи президентӣ донишҷӯ мёшаванд ба ҳисоб нагирем)? Гузашта аз ин ҳама мишмишҳо дар мавриди фурӯхта шудани ихтисосҳо баъди анҷоми таҳсил ҳам гоҳу ногоҳ баланд мешавад…

Аммо бо ин ҳама таври маълум садҳо мутахасиси хуби соҳа ҳоло аз тариқи шартномавӣ дар кишварҳои хориҷ кор мекунанд. Афғонистон, Русия ва чанд кишвари арабӣ пизишкони тоҷикро бо ваъдаи шароитҳои хуби корӣ ва маблағи хуб ба кор даъват кардаанд. Бо эҳтимоли зиёд ин афрод баъди анҷоми шартнома боз хоҳиши тамдиди онро хоҳанд кард, зеро хело хуб медонанд, ки дар ватанашон бидуни ришва як зиндагии аз сатҳи миёна болотареро намешавад роҳандозӣ кард. Фикр мекунам, ин хуб ҳам ҳаст, ки ҳадди аққал чанд пизишки тоҷикро виҷдону савганди ёд кардаашон азоб медиҳад. Ҳарчанд барои бегонаҳо хизмат мекунанд, аммо ҳамеша метавонанд бо овози баланд даъво кунанд, ки ҳеч гоҳе касамшикаста набудаанд.

Тоҷикистон ба ҳамин тариқ ихтисосмандони хуби соҳаи тандурустияшро аз даст медиҳад ва ҷои онҳоро бештари маврид табибони мардумӣ мегиранд. Ҳамон гуна, ки Бозор Собир гуфтааст:

Ҳар мамлакате ҳазор духтур дорад,

Дорую давою дасти гулбур дорад;

Дар мамлакати Абӯалӣ духтур нест,

Хокистару теғу як-ду чукбур дорад.

Бовар дорам, ки ин ҳамаро хондаву ҳатман аз худ мепурсед, ки чаро якбора перомуни бахши тандурустӣ навиштаам. Посухи ин суолатон осон аст, санаи 18-уми август, рӯзи мавлуди Абуалӣ ибни Сино, ки дар Ғарб бо номи Авиценна маъруф аст, ҳамасола дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил мешавад!

Рӯзи тиб муборак, маризоне, ки аз диданатон баъзе духтурон курта-курта гӯшт мегиранд! Рӯзи тиб муборак, духтурони асил, ки теъдодатон хело кам мондааст! Ин рӯзро ман ҳамчунин ба худораҳматии Абуали ибни Сино муборак мегӯям!

Аммо ҳеч забонам намегардад, ки ин Рӯзи муқаддасро барои духтуроне, ки савганди хӯрдаашонро мешикананд, табрик гӯям, маъзурам доред.

3 Responses

  1. Навиштаи хеле оли. Дардест ки бедаво. Кираъ мегуй?

  2. Ба фикрам ин торнома хело ва хело аз хабархои нав ба нав акибмонда аст зеро то хол аз 25-нафар гурехтагону суханони ахири Эмомали вучуд надорад!

  3. Бовар кун…

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: