Фаттох САИДОВ: Бобохонов дар назди конун чй хам мегуяд?

Гулафшон СОҚИЕВА, «Фараж» №31 04.08.2010

«Ин маьлумоти нодуруст аст ки Шерхон Одина сари мансаби прокурори генерали омаду наздикону пайвандони Бобохоновро аз мансаб дур карда истодааст. Шерхон Одина дар ин идора (Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурии Тоҷикистон. Г. С) ду сол кор карда буд ва хуб медонист, ки кадом прокурори шаҳру ноҳия дар коррупсия даст дорад».

Дар нишасти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи чумхурии Тоҷикистон, ки рӯзи 31 июни соли равон доир гардид, кариб аксари журналистон ба роҳбарияти агентӣ Фаттоҳ Саидов дар гирди як савол баҳс карданд.

Барои журналистон ҷавоби як суол мароковар буд: «чаро ҳангоми дар сари вазифа будани додситони кул, генерал Бобохонов Б., фарзандаш боздошт нашуд ватанҳо баъди аз сари вазифа рафтани Бобохонов ин кор сурат гирифт? Вокеан ин ҳодисаи ягона нест, ки танҳо баъди барканор шудани мансабдорони олирут ба хешу пайвандони наздики эшон ба зиндон кашида мешаванд.

Директори агентӣ дар посух қайд намуд, ки барои дар дили журналистон шубҳа намондан доир ба ҳамаи он далелҳое, ки дар асоси онҳо парвандаи ҷиноятӣ нисбати собиқ прокурори ноҳияи Ҳисор Бобохонов Файзулло Бобоҷонович ва муфаттиши калони ҳамин прокуратура Нуралиев Шоҳрух Мустафоевич боз шудааст, пурра маълумот медиҳад:

«Агар Бобохонов дар сари мансаб ҳам мебуд, фарзандаш боздошт мешуд. Дигар ман ҳамчун шахси масъул намедонам рости гап, чаро имрӯз хама мегӯянд, ки чаро дар вақти дар сари кудрат будани Бобохонов ин кор нашуд? Ҳайрон мешавам, ки барои чӣ инҳо оварда, суди Бобохоновро ба прокуратура вобаста карда истодаанд, ба агентӣ вобаста мекунанд. Ин қонун аст, касе ки ҷиноят кард, дар пеши қонун ҷавоб медиҳад. Ин маълумоти нодуруст аст, ки Шерхон Одина сари мансаби прокурори генералӣ омаду наздикону паӣвандони Бобохоновро аз мансаб дур карда истодааст. Шерхон Одина дар ин идора (Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурии Тоҷикистон. Г. С) ду сол кор карда буд ва хуб медонист, ки кадом прокурори шаҳру ноҳия дар коррупсия даст дорад. Ман гуфтаниам, ки ҷурми прокурори як ноҳияро дар даст доштан ба коррупсия дар як рӯз ё якҳафта муайян кардан намешавад. Инро дар давоми шаш моҳ, яксол кор мекунанд. Агар собиқ Прокурори генералӣ Бобохонов Б. дар сари мансаб ҳам мешуд, имрӯз фарзандаш барои корҳои кардааш ҷавоб мегуфт».

Дар идомаи савол хабарнигори бахши форсии радиои ВВС Искандари Фирӯз чунин савол дод: «овоза ҳаст, ки дар бораи собиқ додситони кулл, генерал Бобохонов Б низ мавод омода шудааст ва нисбати ӯ ҳам парвандаи ҷиноӣ боз мекунанд. Инчунин мехостам каме аз ҷузъиёти боздошти писари Бобохонов, собиқ прокурори ноҳияи Ҳисор Бобохонов Файзулло ҳарф мезадед».

Директори агентӣ оид ба боз кардани парванда нисбати собиқ додситони кулл, генерал Бобохонов чунин ҷавоб дод: «ин ҳолат ҷой надорад, ҳозир дар дасти мо факту рақамҳо нест, лекин нисбати писарашон агар даркор бошад ба таври пурра маълумот медиҳам.

Рӯзи 4-уми майи соли 2010 ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумхурии Тоҷикистон яке аз шахсони мансабдори ноҳияи Ҳисор шахрванд Ҳ. бо ариза муроҷиат намуд, ки мохи сентябри соли 2008 муфаттиши калони прокуратураи ноҳияи Ҳисор Нуралиев Ш.М., ӯро дар содир намудани ҷинояти мансабдорӣ гунаҳкор карда, бе огоз намудани парвандаи ҷиноятӣ ва тартиб додани ягон ҳуҷҷати расмӣ дастгир намуда, дар давоми 3 шабонарӯз дар маҳкамаи нигохдории мувақкатии (МНМ) ШКД-и ноҳияи Ҳисор нигоҳ доштааст.

Санҷиши ариза муайян намуд, ки Нуралиев Ш.М. шахрванд Ҳ-ро дар МНМ ШКД-и ноҳияи Ҳисор бо мақсади таъмачӯйии маблағи пулӣ 3 шабонарӯз нигоҳ дошта, ба воситаи хамкори дастгиршуда- шаҳрванд Р. бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ, гӯё барои баҷавобгарии ҷиноятӣ накашидани шаҳрванд Ҳ 20.000 доллари ИМА-ро аз шаҳрванд Р. талаб карда гирифта, танҳо баъд аз он шахрванц Ҳ.-ро аз МНМ ШҚД озод кардааст.

Аз ин рӯ 14 июли соли 2010 аз тарафи директори агентӣ нисбати муфаттиши калони прокуратураи ноҳияи Ҳисор Нуралиев Ш.М бо қисми 2 моддаи 316 (баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ), қисми 1 моддаи 358 (ғайриконунӣ дастгир ё хабс намудан) ва кисми 4, моддаи 247 (каллобӣ ба микдори махусан калон бо истифодаи макоми хизматӣ) Кодекси ҷиноятии чумхурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Инчунин хангоми тафтиши парвандаи ҷиноятии мазкур 17 июни соли 2010 ба агентӣ раиси яке аз ҷамоатҳои деҳот шаҳрванд Ш., ки вакили Мачлиси вакилони халқии ноҳияи Ҳисор мебошад, бо ариза муроҷиат намуд, ки собиқпрокурори ноҳияи Ҳисор Бобохонрв Ф.Б. ва муфаттиши калони прокуратураи ноҳияи Нуралиев барои гӯё ирсол накардани пешниҳод ба Мачлиси вакилони халқии ноҳияи Ҳисор оид ба маҳрум намудан аз дахлнопазирии вакилии халқӣ ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ накашидан, инчунин баргардонида додани мӯхри аз ҷамоати деҳот гирифташуда, рӯзи 30 октябри соли 2009 аз ӯ маблағи пулии 5000 доллари ИМА тамаъ намуда, бо сӯйистифода аз ваколатҳои мансабии худ аз маблағи тамаънамудаашон 2000 долларро ба сифати пора гирифта, байни худ тақсим намудаанд.

Аз ин рӯ 19-июли соли 2010 аз тарафи директори агентӣ нисбати собиқпрокурори ноҳияи Ҳисор Бобохонов Ф.Б. ва муфаттиши калон Нуралиев Ш.М. прокуратураи номбурда, аз рӯии аломатҳои қисми 2, моддаи 314 (сӯйистифода аз мансаб) ва қисми 4, моддаи 319 (гирифтани пора аз ҷониби гурӯҳ бо маслиҳати пешакӣ бо роҳи тамаъҷӯйӣ) кодекси ҷиноятии ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ огоз кардашуда, номбурдагон дастгир ва ба тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии агентӣ ҷойгир карда шудаанд:

«Боз ҳолатхри дигар ҳам ҳастанд, ки ҳозир гуфта намешавад, чунки мо онҳоро санҷида истодаем. Инчунин ду – се ҳолати дигаре низ аст, ки исботи худро ёфтаанд аз он ҷумла ғасб намудани заминҳо ба номи ҳар як хешу табору ахли ақрабо, -заминҳоро барои сохтмон ба номи хешовандон навишта, барои савдо мондааст».

Фаттоҳ Саидов зимни нишаст гуфт:

«Ман аз Шумо журналистон гиламандам. Барои чӣ давоми ҳамин даҳ соле, ки Бобохонов Б прокурори генералӣ буданд, давоми 4-5 соли охир фарзандашон прокурори яке аз калонтарин ноҳияҳои ҷумхурӣ – Ҳисор таъин шуду фаъолият кард, аз Шумо як бор нашунидам, ки ин аломати коррупсионӣ аст?

Фақат як писараш не. Боз писараш ҳаст, домодаш ҳаст, духтараш ҳаст додараш ҳаст, барои чӣ якбор журналистон дар ин бора савол накарданд?

Аз рӯйи конун шахси мансабдор, хизматчии давлатӣ, ҳақ надорад, ки фарзанд, ҳатто хешу табори наздикзердасти вай бошад. Бобоҷон Бобохонов ҳамчун як мақоми баландрутбаи Тоҷикистон ҳақ надошт хешовандонашро дар мансабҳои давлатӣ таъин кунад»,- к;айд кард Фаттоҳ Саидов.

Воқеан ҳам тибқи қонунгузории Тоҷикистон ҳам фаъолият кардани хешу табор дар як сохтор ё ташкилоти давлатӣ манъ шудааст. Мувофиқи моддаи 29.1 Кодекси меҳнатии ҷумҳурии Тоҷикистон «дар ду (якчанд) ҷой дар ташкилотҳои давлатӣ ҳамроҳ кор кардани хешовандоне, ки тахти итоату назорати бевосита ҳамдигар қарор доранд, манъ аст». Инчунин, дар моддаи 29.2 – и ҳамин кодекс ва моддаи 9 Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бар зидди коррупсия низ ин маънӣ оварда шудааст.

Инчунин директори агентӣ қайд кард, ки «худи Бобохонов Бобоҷон идораи мо омада буд ва ман ба сафари хизматӣ тайёрӣ дида истода будам. Сардори сарраёсат ва сардори раёсати тафтишот ӯро кабул карданд ва ҳамаи ҳаракатҳои фарзандашро фаҳмонида доданд. Дигар чӣ мегӯяд? Вақте ки қонун аст, чӣ мегӯяд? Ман барои он ки аз дили шумо шубҳа дур шавад, боз мегӯям, ки агар Бобохонов дар сари мансаб ҳам мебуд, мехост – намехост, писараш барои ҷиноятҳои кардааш ҷавоб мегуфт».

Воқеан мансабдорӣ кори осон нест ва тақдири бархе аз мансабдорони дигаре, ки вақти «муайяншуда»-и онҳо ҳам тамом шуда истодааст, чӣ мешуда бошад? Як чиз ҷолиб аст вақте ки солҳои зиёд прокурори генералӣ, генерал Бобохонов Б. айби чандин гунаҳкорони олирутбаро хонда буд, акнун айби фарзандашро кӣ мехонда бошад?

Беш аз ҳазор сол пеш Фирдавсии бузург гуфта буд:

Чунин аст расми саройи дурушт,
Гаҳе зинсавору гаҳе зин ба пушт.

One Response

  1. Ман нафахмидум ду мисраи охира Фаттоҳ Саидов гуфт ё Гулафшон СОҚИЕВА? Э неки ин журналистхои хозира…?

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: