Ҳ. Табаров: «Ӯзбекистон Кӯлобро кӯмак кард»

Хуршеди ҲАМДАМ «Начот» №29 22.07.2010

Ба ҷои муъаррифи: Ахиран, китоби Ҳабибулло Табаров, собиқ вазири кишоварзӣ бо номи «То мард сухан нагуфта бошад», мунташир шуд.

Дар ин китоб хотираҳо ва ёддоштҳои муаллиф, аз ҷумла дар бораи ҷанги дохилии Тоҷикистон ҷамъоварӣ шудаанд. Ҳ.Табаров, раёсати баргузории иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии вақтро дар моҳи ноябри соли 1992 бар ӯҳда дошт. Иҷлосияе, ки боиси сари қудрат омадани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон шуд. Дар гуфтугӯе, ки ҷаноби Табаров бо радиои «Озодӣ» дошт, нахуст аз сафари вакилони мардумии минтақаи Кӯлоб ба иҷлосияи Хуҷанд ёдоварӣ кард.

– Он замон Ҷиёнхон Ризоев раиси комитети иҷроияи вилояти Кӯлоб буданд ва бояд депутатҳо барои гузарондани сессияи 16 -уми Шӯрои Олӣ ба Хуҷанд мерафтанд. Раҳматӣ моро ҷамъ карду маро сардори гурӯҳ таъйин кард. Мо, як гурӯҳ вакилон аз Кӯлоб ба воситаи чархбол то ба марзи Ӯзбакистон рафтем. Пеш аз парвоз дар сарҳади Ӯзбакистон моро вазири мудофиаи ин кишвар Аҳмадов пешвоз гирифт. Сангак Сафаров низ омада буд ва ба мо гуфт, ки «сессия меравед, дасти холӣ наоед. Агар дасти холӣ омадед, аз худатон хафа шавед». Манзури Сангак Сафаров ин буд, ки сессияро дуруст гузаронед, «ҳукумати конститутсионӣ»-ро тарафдорӣ кунед ва масъаларо ҳал кунед. Мо ба Хуҷанд парвоз кардем. Дар он ҷо як шаб мондем. Саҳарии рӯзи дигар раиси ҳамонвақтаи вилояти Ленинобод-Ҳомидов назди ман омаду гуфт: Ҷиёнхон Ризоев, раиси вилоятатонро паронданд ва бояд ба ҷаноза равед.

-Қотили Ҷи ёнхон Ризоев кӣ буд? Баъзеҳо мегӯянд, ин кори дасти Сангак Сафаров буд. Оё ин воқеият аст?

– Бале, ин воқеият дорад. Зеро мо вақте аз ҷанозаи Ҷиёнхон Ризоев, ки дар хонааш, дар колхози ҳамонвақтаи Ленинград доир шуд, баргаштем, бегоҳии рӯз аз тариқи радио баромади Сангак Сафаровро шунидам, ки вай мегуфт, «гунаҳгорро накобед, Ҷиёнхон Ризоевро ман паррондам, чунки вай дар корҳои ношоям шарикӣ дорад. Барои ҳамин гунаҳкорро накобед».

– Баъзе аз таърихдонон мегӯянд, сабаби кушта шудани Ҷ.Ризоев танҳо номзад ба мақоми раҳбари Тоҷикистон будани вай будааст. Ба ин хотир гӯё Сангак Сафаров ӯро аз саҳнаи сиёсӣ дур кард…

– Ин ҳарфҳо воқеъият надоранд ва нодуруст мебошанд. Агарчи Ризоевро қаблан намешинохтам, аммо. дар муддати кӯтоҳе, ки чаҳор-панҷ маротиба вохӯрӣ кардем ва дар атрофи ин масъалаҳо бисёр гуфтугӯи дароз доштем, рӯирост мегуфт, ки хоҳони барқарории адолат ва ҳақиқат дар вилояти Кӯлоб аст. Вай, умуман, тарафдори ҳукумат буд, «ҳукумати конститутсионӣ». Ва бар зидди ашхосе, ки сарнагунии ҳукуматро мехостанд, бар зидди оппозитсия буд. Ҳамин гапҳоро мегуфт. Лекин дар бораи он ки вай хоҳиш дошт, ки оянда сардори давлат шавад, ягон бор гап нашуда буд. Ман боварӣ ҳам дорам, ки вай ин гуна мақсад ҳам надошт.

– Хуб, пас аз қатли Ҷиёнхон Ризоев, Эмомалӣ Раҳмон масъулияти раиси кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлобро бар ӯҳда гирифт. Ин масъала чӣ гуна сурат гирифт?

– Вақте вилоят бе раҳбар монд, куҳансолон ва мардони обрӯмандро ҷамъ карданд ва ман низ дар он маҳфил ширкат доштам. Ҳамаи мо ба хулосае омадем, ки Эмомалӣ Раҳмон қобилияти раҳбарӣ кардани вилоятро дорад, чунки дар сессияҳои гузашта баромадҳои хуб мекард. Барои ҳамин ба хулоса омадем, ки ин кас ҷавон аст, қобилияти ташкилотчиги дорад, қобилияти сиёсиву маданиву маърифатӣ дорад, ин касро пешбарӣ кунем беҳтар аст. Бинобар ин чаҳор-панҷ нафарро комиссия кардем, то ба Қӯрғонтеппа, ба назди қумондонҳои ҳамонвақта рафта, маслиҳати онҳоро низ гиранд. Баъди оне ки онҳо рафта розигии Сангак Сафаров ва дигаронро гирифтанд, масъаларо бори дигар дар маҷлиси куҳансолон дидему ба сессия пешниҳод кардем. Дар сессия ман пешниҳод кардам, ки интихоб шавад.

– Ҳ.Табаров дар замони шӯравӣ дар мансабҳои котиби кумитаи ҳизбӣ ва раиси комиҷроияи навоҳии вилояти Кӯлоб маъруф буд. Аммо иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар моҳи ноябри соли 1992 шуморо бештар машҳур кард, чун масъулияти гузарондани ин иҷлосияро бар дӯш доштед. Оё ин масъулият душворй надошт?

– Рости гап, гузаронидани иҷлосияи мазкур хеле муҳим буд. Чунки дар байни депутатҳо гурӯҳҳои махсусе буданд, ки кор карданӣ намемонданд ва дар маҷлисҳо иштирок карданӣ намемонданд. Лекин вақте як гурӯҳи депутатҳои куҳансол ҷамъ шуда, маслиҳати интихоби раисикунандаи сессияро диданд ва Эмомалӣ Раҳмон низ, ки раиои вилоят буд, дар он ҷо ҳузур дошт, таклиф шуд, ки маро барои пеш бурдани сессияи 16-ум интихоб кунанд. Ин масъала ба овоз монда шуд ва 80 фоизи депутатҳо ба тарфдории ман овоз доданд.

– Аз навиштаҳои китоб бармеояд, ки шумо аз касони водоркунанда ва ба истеъфо рафтани Раҳмон Набиев аз мансаби президенти кишвар будаед. Ин миссияро чӣ гуна анҷом додед?

– Дар ҳақиқат, ман бо Р.Набиев аз лиҳози корӣ наздикӣ доштем. Чун дар он соҳаҳое, ки вай ифои вазифа мекард, дар сафарҳо ва омаду рафтҳо бо ҳамдигар мулоқоту гуфтугӯҳо доштем ва якдигарро мешинохтем. Вақте комиссия таъсис доданд ва ҳайати мо шаш нафар буд, ба хонаи Р. Набиев рафтем. Азбаски дигарон хап карда нишастанд, ман суханро сар карда гуфтам, ки Раҳмон Набиев, мо бо миссияи хуб наомадем, лекин таклиф шудааст, ки агар шумо бо хубӣ истеъфо диҳед, хамаи он имтиёзоти барои президентҳо таъйиншуда, ҳифз мешаванд ва ба шумо дода мешавад. Он кас хеле гапро кашола карданд, то соъати яки шаб сӯҳбат доштем ва оқибат мо хеста рафтем. Пагоҳ рафта Р. Набиевро аз хонааш оварданд ва ӯ дар сессия иштирок кард. Баъди якчанд бор баромад кардани ӯ ва Эмомали Раҳмон Набиев аризаи истеъфои худро пешниҳод кард.

Раҳмон Набиев бояд президент мемонд

– Он гуна ки дар китоби хеш овардаед, Р.Набиев андешаҳояшро иброз карда гуфтааст, ки «ман бо Сангак Сафаров телефонй суҳбат доштам, фикрҳои ӯ дигар хел ҳастанд». Ин ҷо Набиев чиро дар назар дошт?

– С.Сафаров гуфта буданд, ки Раҳмон Набиевич бояд президент монад ва ин гап бо телефон шудааст. Лекин ман ба ӯ гуфтам, ки Раҳмон Набиевич, шумо мегӯед, ки мардуми Кӯлоб маро интихоб карданд ва боз маро интихоб кунанд, ҳоло мардуми Кӯлоб мегӯянд, ки «агар Раҳмон Набиевич мехостанд, ки роҳбари давлату республика бимонанд, бояд аз ҳамшаҳриёнаш, аз хешу таборонаш ё ақаллан як писарашро равон мекард, то дар штаб ҳамроҳи мо, кӯлобиҳо мебуд. Дар он ҳолат метавонистем то охир шуморо тарафдорй кунем. О, ягон кас аз вилояти пештараи Ленинобод, аз хешу таборон, аз фарзандон ба Кӯлоб наомад, ёрдам накард. Дигар бояд хафа набошед, мо шуморо дастгирӣ намекунем». Ҳамин хел гап шуда буд. Лекин фикр мекунам, ки С.Сафаров ҳамин хел гуфтааст, ки ман тарафдорӣ мекунам, то шумо президент бимонед. Лекин баъд вай ҳам аз гапаш гашт.

-Дар ҳамин иҷлосия чанд рӯз Сафаралӣ Кенҷаев ғайб зад. Вақте пайдо шуд, ки ҳама масъалаҳо ҳал шуданд. Аммо баъдан гуфтааст, ки ӯро бурда маҳкам кардаанд. Вайро куҷо бурданд ва чаро ин ҳодиса рух дод?

– Ростӣ гап, ман дар бораи Сафаралӣ Кенҷаев ва ин ҳодиса чизе гуфта наметавонам. Агарчӣ медонам, ки вай ду ё се рӯз дар сессия иштирок накард. Лекин вақте вай омад, аз трибунаи сессия касе дар ин бора сухан накард. Ман ҳам аз он кас ягон бор напурсидам, ки барои чӣ шумо ду ё се рӯз дар сес-сия набудед. Дар ин бора чизе гуфта наметавонам.

– Маҳз дар ҳамин иҷлосия Шумо ба мақоми вазири кишоварзӣ пазируфта шудед. Ин вазифаро дар ивази гузарондани иҷлосия гирифтед ё …?

– Фикр мекунам, вазифаи вазири кишоварзиро на дар ивази раисии сессия гирифтам. Баръакс. дар ҳамон ҳолат кадрҳое, ки бисёр пурқувват буданд ва ғайрат ҳам доштанд, ҳар якеро раиси Шурои олӣ ба сӯҳбат даъват карданд, вале рад карданд дар ин вазифаҳо кор карданро. Чунки вазъият бисёр муташанниҷ буд. Гузарондани сессия, ки масъулияти бисёр баланд дошт, рости гап, ман як шабонарӯз хоб накардам, ки оё ман метавонам ҳамин сессияро ба таври лозимй, ба таври ҷиддӣ гузаронам, то ягон ҳодиса рӯй надиҳад. Лекин бисёр кӯшиш ба харҷ додам, ки сессияро хуб гузаронам. Ва дар гӯшаи хотирам набуд, ки маро вазири кишоварзӣ пешбарӣ мекунанд. Як рӯз гузашт ё ду рӯз, ки Абдумалик Абдуллоҷонов сарвазир буд, маро даъват карду гуфт, ки «маслиҳат ҳамин шуда, ки шумо вазири кишоварзӣ шавед». Ман гуфтам, ки раҳмат барои пешбарӣ карданатон, ҳаракат мекунам, ки боварии шуморо баҷоорам.

Кумаки Ӯзбакистон ба Кулоб

– Шумо дар китобатон таъкид кардед, ки Тошканд аз мардуми Кӯлоб дар давраи ҷанг ҳимоят мекард. Чаро Ислом Каримов аз мардуми ин минтақа дар ҳамон шабуруз пуштибонӣ кард?

– Сабаби аслӣ ё аниқи инро намедонам. Чизеро ки намедонам, намедонам. Барои чӣ он вақт тарафдорӣ карду баъд не, намефаҳмам. Аммо шояд ба хотири ҳар чӣ зудтар ҷанги дохилӣ тамом шудану барқарор намудани ҳукумати қонунй бошад…

– Манзурам ин аст, ки киҳо ин ҷангро мехостанд?

– Аз назари ман, ҳам душ-манони дохилӣ ва ҳам душманони берунӣ. Шояд душманони дохилӣ ва берунӣ якҷоя кор карданд. Чунки он вақт вазифа талабҳо бисёр буданд. Касоне, ки ҷанг меандохтанд, ба хотири вазифа гирифтан, ба хотири ҳукуматро гирифтан ин корро мекарданд. Лекин бегуфтугӯ ин гуна душманҳо ҳам дохилӣ буданду ҳам аз берунӣ. Мумкин дар ҳамон ҳолат душманони дохилӣ зиёдтар буданд.

– Феълан бо гузашти 13 сол аз имзои Созишномаи сулҳ, ки ба як ҷанги панҷсола дар Тоҷикистон хотима дод, оё сулҳи воқеъӣ миёни қишрҳои ҷомеъа истиқрор пайдо кард ё хайр?

– Дар имзои санади сулҳ саҳми Эмомалӣ Раҳмон, раи-сиҷумҳур ва марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ хеле зиёд аст. Бисёр меҳнати хуб карданд, то вазъият беҳбуд пайдо кард ва сулҳ барқарор шуд. Имрӯз низ сулҳ барқарор аст. Лекин яктодуто одамоне, ки нав пайдо шуда истодаанд, пеши роҳи онҳоро гирифтан даркор. Чунки ман баъзан рӯзнома ва китобҳоро мехонам, мебинам, ки ҷавононинавбаромаде пайдо шудаанд, ки мухолифи давлат ҳастанд.

Advertisements

3 Responses

  1. ризвон ки буд ганда буд ё хуб махсади вай чи буд

  2. узбекистон чи гуна кумак кард кумак накардааст вай бо гапи душман рафта худ чангро сар кард амо у мехохад боз як бори дигар чангро саркунад у зудбовараст

  3. Jiyonxon yak mardi buzurg bud. Xudovand rahmatash kunad. Xari sangak uro dar qadi kuchai Kulob dar peshi hama parond. insholloh ki shahid shudaast..

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: