Дарвозахои зулм

Азизи НАКИБЗОД «Озодагон» №27 14.07.2010

М а с ъ у л и  д а с т  б а  к и с а и  м а р д у м  з а д а н и IRS к и с т?

Беш аз се мох аст, ки ширкати IRS даррохи Душанбе-Чанак дарвозахое сохтаву аз рохгузарон чабран пул гун мекунад. Барои масъулини ин ширкат хеч ахамият надорад, ки рохгузар еваю бечора аст ё камбизоат, нафакахур аст ё маъюб. Чаноза меравад ё беморхона, бемор аст ё ранчур, хар ки бошад хатман бояд «хакки» ин ширкатро бидихад.

Ин ширкат барои пулчинӣ як сол қабл бо ҳукумати Тоҷикистон шартнома ба имзо расонда ва дар парлумон шартномаро тасвиб карда буд. Ва шартномаи ҳукумат бо ин ширкат аз мардум пинҳон дошта;мешуд. Дар парлумон ба ҷуз ду се депутати ба ҳама ошно касе пуштибонӣ аз манфиати мардум накард, яъне нагуфт, ки мардуми ман қудрати пардохти чунин маблағро надорад. Ё нагуфт, ки кадом як ширкат чӣ хақ дорад, ки даст ба кисаи нимхолии халқи ман бизанад?

Ҳукумати Тоҷикистон ва намояндаҳои маҷлис ин амали ширкати зикршударо бо он тавҷеҳ менамуданд, ки ин ширкат қарзи ҷумҳурии Чинро пардохт хоҳад кард, аммо як масъули ширкати IRS “сирро бой дод “. Ӯ дар мусоҳибааш ба ҳафтаномаи “Азия плюс” гуфт, ки ширкаташ муваззаф нест, ки қарзи кишвари Чинро бипардозад.

Ҳамчунин иддао мегардид, ки ин ширкат нигоҳубини роҳро бар дӯш хоҳад гирифт, аммо гуфтугузоре ҳаст, ки ширкати чиние, ки ин роҳро сохт ӯҳдадор аст, ки ширкати нигоҳубини роҳро ба зимма гирад ва ҳамаи роҳгузарон шоҳиданд, ки дар айни замон кормандони ҳамин ширкати чинӣ ҷойҳои осебдидаи роҳро таъмир карда истодаанд. Ва ҳеч корманди ширкати IRS дар ҳеч нуқтаи роҳ машғули таъмири роҳ нест.

Ин ҷо пурсиши бепосух он аст, ки ин ширкат қарзи ҷумҳурии Чинро ба гардан нагирад ва роҳро таъмир насозад, пас ба мо чӣ манфиат дорад? Беш аз ин аз аксари андозҳо озод буданаш ва дорои имтиёзҳо шуданаш чӣ маънӣ дошта метавонад?

Гуфтем, ки ба амали ин ширкат ба ҷуз се тан депутат касе вокуниш накард. Бале, онҳое, ки худро пуштибони миллат ҷилва медиҳанд на танҳо зид набаромаданд, баръакс бархе аз онҳо ба ин ширкат “баракалло” гуфтанд. Пулчинии IRS-ро “дастоварди бузург” низ хонданд. Танҳо рӯзноманигорон буданд, ки аз рӯзҳои нахустини фаъолияти ин ширкат пуштибонӣ аз манфиати мардумро пеша намуданд. Аммо якбора ҳодисаи дар ҳукумати Тоҷикистон нодир ба вуқӯъ омад. Амонулло Ашӯр раиси агентии зидимонополӣ алайҳи ин ширкат садо баланд кард.

Ин воқеа аз он ҷиҳат нодир буд, ки таи 19 соли ҳукмронии Эмомалӣ Раҳмон ҳеч нашудааст, ки ягон намояндаи ҳукумат муқобили амали ҳукумат садо баланд намояд. IRS бе иҷозаи ҳукумат чӣ ҳад дошт, ки пулчинӣ кунад? Аз ин рӯ амали Амонулло Ашӯр маънои шӯридан бар зидди ҳукуматро низ метавонист дошта бошад. Аммо ба ҷуз содаҳо касе ба самимияти раиси агентии зидиинҳисорӣ бовар накард. Бархе ҳамкасбони содаи мо қариб аз ӯ “қаҳрамони миллӣ” тарошиданд. Пас аз хулосаи комиссияи ҳукуматӣ, ки фаъолияти ин ширкатро қонунӣ шинохт, самимӣ набудани тасмими Амонулло Ашӯр рӯшантар гардид, зеро ӯ аз ин пас мӯҳри хомӯшӣ ба лаб зад.

Ҳоло ширкати IRS мағрурона аз мардум пул мечинад. Роҳгузарон норозиёна ва бо чеҳраи гирифта маҷбур “ҳақ”-и ин ширкатро медиҳанду аз дарвозаҳояш мегузаранд. IRS ширкати толлингӣ номида мешавад, аммо коршиносони масоили иқтисодӣ мегӯянд, ки фаъолияти ин ширкат ба низоми толлингӣ ҳеч муносибат надорад.

Ин ширкат то ҳол се дарвозаи пулчинӣ дорад ва тасмим дорад чанд дарвози дигари пулғундорӣ бисозад. Ин дарвозаҳо барои бархе дарвозаи толлингӣ, барои гурӯҳе “дастоварди бузург”, шояд барои нафароне дарвозаи даромади муфт низ бошад. Вале ман дар шарҳи ин дарвозаҳо ҷуз ин ибора пайдо карда наметавонам:

-Дарвозаҳои зулм.

One Response

  1. Пули хароме ки онхо мегиранд насибашон намешавад. На факат рохбарони ин ширкат балки коргаронаш хам пули харом мегиранд. Аз Аллох тарсед !!! Пули мардум аз бинихоятон мебарояд!!!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: