Точикистон дар остонаи ошубу балвост

Кишвари чоночони моро рузхои сахте дар пеш аст, зеро хукумати ноухдабаро ва фасодзадаи он тамоми корро кардааст, ки мардумро ба ин дарача расонад. Шуриш метавонад бо хар бахонае сар занад ва хамзамон зери хар гуна парчаме чараён гирад, аммо заминахои онро касе ба гайр аз худи ин хукумат омода накардааст.

Онхое ки сигнали шуруъи балворо медиханд ва дар идома аз ошубгарон  химоят мекунанд, мумкин аз хоричи мамлакат бошанд ва ашхос ё давлатхое буда бошанд, аммо ин дасти беруна танхо хамири расидаро ба танур хохад зад, дигар хеч. Аз шароите ки ин давлатдорон сохтаанд хар неру кобил аст, истифода кунад.

Агар хамин руз як хамапурсии хакикй гузаронида шавад, маьлум мешавад, ки аксарияти кулли мардуми Точикистон, мумкин то 60-70% талабгори истеъфои ин рохбар ва хукумати махалгарову хонаводагии у шаванд ва агар хадамоти чосусии хукумат хирфай кор мекарда бошад, бояд кайхо ба рахбари давлат хабар дода бошад, ки чони мардум ба лабаш расидааст ва аз ин зиёда халки точикро «туккуз баста» намешавад. Ин кадар зулмро агар ба пушти фил мегузоштанд, кайхо миёнаш мешикаст, локин хукуматдорон то хол танхо як бурд доштанд, ки мардумро аз чанг метарсонданд. Вале дар хар як чомеъа вакте ки корд ба устухон мерасад, ин тарс дигар худ ба худ аз байн меравад.

Дахшатнокии вазъият ин аст ки дар 19 соли рахбарияш ин шахс хеч натавонист як хукумати хакикй ва дилсузи миллат ташкил дихад ва кори давлату мамлакатро акаллан ба як шакли камобеш кобили тахаммул ба рох монад. Ба болои ин махз хамин шахс мансабдоронеро дар ин муддат «тарбия» кард, ки худ хеч гухе нестанд, коре ба манфиати халк намекунанд, аммо акнун тамоман аз худ рафтаанд. Онхо на ба худо эътикод доранд ва на ба халк ва пеги рохи онхоро на инсоф мегирад ва на вичдони оддии инсонй. Онхо танхо хамин як шахсро худо ва пайгамбари худ мешуморанд.

Хаминхо хастанд, ки мардумро хам мачбур мекунанд, дар хама чо худочаи онхоро шоху шоханшох унвон кунанд ва дар холе ки ин кадар зулм бар сари мардуми бечора мекунанд, онро мачбур доранд, ки табассуму раксу бозй кунад. Бинед, ки чанд сол пеш сафари сардори давлат ба нохияхои кишвар барои мардум чй кадар шодию хурсандй меовард, акнун мардум аз дидори ин шахс  безор аст. Мушаххас мешавад ки Эмомалй Рахмон охирин катрахои обруи худро резонда ва «кредит доверия»-и халк ба у тамом шудааст.

Ин шахс ва хукумати у хамоно худро дар солхои 2000-2005 хис мекунад, гуё намедонад ки авзоъ кайхо дигар шудааст. Дар ин байн онхое ки чангро надидаанд, ба балогат расиданд ва агар он солхо мардум танхо ба мардикории Русия мерафт, холо кишвархои зиёди оламро мегардаду мебинад ва бо кишвари худ мукоиса мекунад. Хамон мардикорон хам дигар дилбазани мардикорй шуданд. Зану фарзанди онхо хам фикр мекарданд, мухочират як мачбурияти муваккатй аст, акнун садхо хазор точик бепадар ва бо дидани азобу машаккати модари худ ба воя расиданд. Дидани худсаръ, зулму ситам, ришвагирй ва фасоди мансабдорони давлат онхоро ба хашму газаби беандоза меорад. Онхо нагз медонанд, ки кй ва кихо гунахкори чунин вазъи кишварашонанд.

Бозихои дуруг бо сахмияхои Рогун, ки акнун 100% маълум аст, пули халк ба кисаи кй меравад, рохи пулакие, ки хар руз хазорон нафарро чон ба лаб меорад, бо нокучои маьлум рафтани даромади Талко, масти пулу кудрат шудани як оила ва хешу табораш дар холе ки садхо нафарро бо хар бахона пушти панчараи зиндон мепартоянд, хамагй аломатхои як давлати мустамликавй, золиму худкома ва муваккатист, ки акнун бояд чойро холй кунад.

Ин бехтарин рохи хал аст, ки сардори давлат Эмомалй Рахмон бо хохиши худаш ба истеъфо равад ва кудрат ба дасти парламент гузашта, аслан мансаби президентй бархам бихурад ва хукуматро парламент ташкил, идора ва назорат намояд. Илочи вокеа пеш аз вукуяш мегуянд. Агар ин хукумат як зарра гами кишвар ва мардуми онро мехурда бошад, бояд худаш ба як хулоса биёяд.

Advertisements

5 Responses

  1. «Хадафи сиёсати мо манфиати мардум мебошад» Э Ш Рахмон.
    Факат маънии калимаи «мардум» дар ин чо «оила» аст.

  2. ва чи оилае, ки баъд аз 20 сол тамоми хукуматро аз худ хохад кард, хатто парлумонро

  3. Сад % тарафдори хамин макола … Ин ягона рохи хали начоти точикон аст. Ба фикрам шарт нест ки ба монанди Киргизхо халк бар зиди хукуматаш бихезад як бесарусомони сар шавад бас будагист 20 сол сер шудагистан як хел инсонхо. Наход дигар точик нест ки рохбари давлат шаваду як хукумати ба инсоф ташкил дихад ё ин ки Инсоф аз точикхо ру гардонидааст?

  4. Рустам ба чунин шердилиат точиконро ба умеди хуб мекуни.Ташаккур. Чунин масъалахоро бояд ВАО-и дохилй бояд низ мутолиа кунанд, вале афсус чунин шердилон нестанд. Хукумат худро аз дарун пуч кардааст ва то ба руй баромадани он вактхои башумор мондааст. Дар замони хозира ягон хукумати авторитари вакти зиед дар сари кудрат намемонад. Ин хукумат худро кайхост аз даруну берун хурдааст. Сад офарин ба мардуми токатфарсои мо. Лекин хазор лаънат ба чунин бандагиву гуломи. Дар як суруди Ахмад Зоир чунин омадааст: » Зиндаги гар сахт бошад, бандаги даркор нест. Бандаги гар сахт бошад, зиндаги даркор нест.» Шуриш дур нест.

  5. Салом ба Рустамчон ва ахли бахс!
    Ин дарде ки ту дори мо хам дорем бародар. Лекин хамин чиза мешавад илова кард ки чаноби ЭШР хануз хам каме шонс дорад то тагири сиёсати хеш кунад то солиму кахрамон бимонад. Аниктараш иштибоххоро ислох кунад. Агар у инкилобе дар дилу хиради хеш кунад инкилоби мо зарур нахохад шуд.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: