Доктор РАВОКИ: Мардуми Самарканду Бухоро дар тангнои фикрию забониянд

Шохмансури ШОХМИРЗО – «Озодагон» №26 07.07.2010

Фархангу тамаддуни форсизабонони Осиёи Миёна хамеша дар маркази таваччухи мухаккикону донишмандоне дар хорич аз ин минтака будааст, ки эй басо бо пажухишу ковишхои мондагор дар ин замина бӯстони адабро ганитару пӯётар кардаанд ва барои хамватанони худ дурдонахои ноёбро аз конхои маърифати хамзабонон ҷуста ёфта ва пешкаши ахли адаб намудаанд.

Доктор Алии Равокӣ аз зумраи хамин мухаккикони мудашк аст, ки умри гаронмояро дар хамин арса ба харҷ додааст.

Вакте ба “Муассисаи Равокй” дар Техрон, ки эшон раиси ин ниходи илмию пажухишӣ хастанд, ворид мешавед, бо анбӯхи китобу дастнавиштахо, баргахои ёддошт, варакахои парокандаю бо гузашти замон зардшуда, шобхонаи вижаи адибони Точикистон ва дунё -дунё мачаллаю рисолахои камёб рубарӯ мегардед, ш бархе аз онхо танхо бо шуморагони 300 нусха чоп шудаанд ва имрӯз бо мушкилй мешавад онхоро пайдо намуд.

Алии Равоқӣ то кунун чандин китоби боарзишро дар заминаи забону осори Фарорӯд ва фарорӯдиён аз чумла, “Забони форсии фарорӯдй (точикӣ)”, “Намунаи адабиёти точик” ба чоп расонда, наздики 30 асари омода ва дар дасти чоп дорад ва касд дорад онхоро низ такдими чомеаи фархангии Эрон намояд ва ба онхо бигӯяд Осиёи Миёна аз чумла Точикистон чй харфхое барои гуфтан дорад? Ҳамин талошхои хастагинопазири доктор Равоки маро бо он водошт то пои сӯхбаташ биншинам ва гуфтугӯи мухтасареро бо эшон дар бораи накш ва чойгохи Садриддини Айнй, вазъияти забони форсии точикй дар Осиёи Миёна… рӯи сафха оварам.

-Устоди азиз, таври маълум Шумо дар ҳавзаи шинохту муаррифии забону адаби Фарорӯд дар Эрон хадамоти шоистаю боиста анҷом додаед.-Мехоҳам бидонам таваҷҷуҳи Шумо ба фарҳанги ин минтақа аз куҷо ва чӣ тавр сурат гирифт?

-Аз рӯзгоре, ки ба Донишкадаи адабиёт рафтам ва бо матнҳои қадими форсӣ ошно шудам, алоқаи бисёре барои шинохти фарҳангу забон ва таърихи Эрон дар ман эҷод шуд. Аз ин рӯй, ба хондани матнҳои форсӣ рӯй овардам. Аммо пас аз хониши шуморе аз мутун дарёфтам, ки бисёре аз вожаҳои корбурдӣ дар мутун дар фарҳангҳо наёмадаанд. Дар соли 1345 хуршеди оқои Камол Айни, писари Устод Айнӣ, ки ба Эрон сафар карда буд, китоби “Ёддоштҳо”-и Устод Айниро ба доктор Парвизи Нотили Хонларӣ, ки устоди ман буданд, тӯҳфа оварданд. Ҳамроҳ бо ин асари арзишманд чандин китоби дигарро, ки дар Тоҷикистон чоп шуда буд, такдими устодам намуданд. “Ёддоштҳо” бо ҳуруфи форсӣ ва дар чаҳор муҷаллад буд.

Баъд аз рафтани оқои Камол Айнӣ Устод Хонларӣ китобҳоро мулоҳиза карданду ба ман дода гуфтанд: “Ин китобҳо ба дарди ту мехӯранд, бибар инҳору бихон”. Ман китобҳоро хондам ва бисёре аз вожагонеро, ки дар мутуни форсӣ ба кор рафта, вале дар фарҳангу қомусҳо наомада буданд, дар “Ёддоштҳо” -и Устод Айнӣ пайдо кардам. Аз он ҷо кори ман дар хусуси забони форсии точикӣ, ки ман онро фарорӯдӣ гузоштам, оғоз шуд, ки ҳоло аксаран ин вожаро ба кор мебаранд. Қаблан ба ҷои ин мафҳум Мовароуннаҳриро истифода мекарданд.

Дар аввалин мавқеъияте, ки пеш омаду ман ба Тоҷикистон сафар кардам, яъне дар соли 1369-70 бист соле пеш ва дар ин сафар миқдори зиёде китобҳои форсӣ-тоҷикиро харидаму бо худ ба Эрон овардам. Бо мутолиаи ин ганҷинаҳои пинҳон мутаваҷҷеҳ шудам, ки бисёре аз вожагони мутуни форсии қадим дар ин китобҳо корбурд доранд. Худи ин боис шуд, ки ман як китобхонаи кӯчаке аз китобҳои тоҷикӣ фароҳам овардам ва шурӯъ кардам ба мутолиаву таҳқиқи ин осори арзишманд.

Бахше аз таҳқиқотам истифодаи вожагони мутуни қадими форсй дар Мовароуннаҳр шуд. Ва дар натиҷа беш аз 350 вожаи форсии фарорӯдиро дар китоби “Забони форсии фарорӯдӣ” тавзеҳ додам, ки аз лиҳози решашиносӣ бо забони фарорӯдиён пайванди амиқ дошт. Мутаваҷҷеҳ шудам, ки дар забони форсии фарорудӣ бисёре аз вожаҳои суғдӣ ҳанӯз ба кор гирифта мешавад. Дар канори ин дарёфтам, ки дар забони яғнобӣ, ки яке аз гӯишхои забони суғдист ва ба қавли хонуми доктор Бадруззамони Гариб “забони яғнобӣ забони мурдаю хомӯш нест”, ҳанӯз бисёре аз вожаҳои мутуни қадими форсӣ зинда аст ва ин мулоҳизаҳоямро дар мақолаи “Дар бораи забони яғнобӣ”, ки иборат аз 120 сафҳа буда, дар китоби “Ҷашннома” -и Устод Абдулмуҳаммади Оятӣ омадааст ва намунаҳоеро аз забони яғнобиён ба унвони шоҳид овардаам. Вале ин вожагон он қадр тағйири шакл додаанд, ки ёфтани онҳо кори душворе буд, хусусан татбиқ доданашон бо навиштаҳои қадими форсӣ мушкилоти фаровон дошт. Бад-ин тариқ кор шурӯь шуд ва алъон ҳам “Фарҳанги форсии фароруди” -ро таҳияву тадвин менамоям, ки иншооллоҳ бо ёрии бародарони тоҷик рӯи чопро хоҳад дид. Ҳадафам аз ин пажӯҳиш ин аст, ки тоҷикони Фарорӯд аз дороию ғановат ва сарвати забони шаккаринашон огоҳ шаванд.

-Яке аз хадамоти арзандаи Шумо муаррифии асарҳои Устод Садриддини Айнӣ, хусусан чопи “Намунаи адабиёти тоҷик” мебошад, ки соли 1385 тавассути Созмони мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии Эрон бо шуморагони 3000 ва дар 372 саҳифа ҳамроҳ бо шарҳу тасҳеҳи вожагону бархе иштибоҳоти чопӣ мунташир гашт. Дар пешгуфторе, ки ба ин китоби арҷманд навиштаед, аз муаллифи он бо эҳтирому иродати фаровон ёд карда, аз ҷумла, овардаед: “Устод Садриддин Айнӣ нависандаи рӯшанфикр ва шоиру шеършиноси ҳушманд ва марди фарҳангу сиёсати Тоҷикистон аст …насре ширину зиндаву пӯё ва пурнишот, ки бархоста аз забони нимагуфторию навиштории Самарқанду Бухорост” ва медонем, ки бархе аз аҳли адаби Эрон аз чопи ин асар, ки “Намунаи адабиёти тоҷик” унвон гирифта, хушҳол набуданд ва Шумо низ ба онҳо посухи кӯбандаю қонеъкунанда дода навиштаед: “Шояд имруз ба Устод Айнӣ хурда бигиранд, ки чаро ӯ номи китоби худро “Намунаи адабиёти тоҷик” гузошт, дар ҳоле, ки зебанда буд, ки ин гузиниш номи “Намунай адабиёти форсй”-ро бар пешонии хеш нигор кунад. Агар мо ҳолу ҳавои он рӯзҳои Тоҷикистон ва мардуми тоҷикро хуб баррасӣ кунем ва аз рӯшноии андешаву инсоф мавқеъу мақоми иҷтимоии тоҷикони он рӯзро бибинем, ба Устод Айнӣ то андозае ҳақ медиҳем, ки ӯ барои моноию поёии ҳукумати навпои Тоҷикистон ва форсизабонони тоҷик даст ба чунин коре бизанад”.-Ва дар тақвияти андешаҳоятон афзудаед: “Бо ин ҳама душманиҳову ситезу овезҳо, бими он мерафт, ки дарахти баландболои забони форсӣ дар Фарорӯд, ки пас аз гусали фарҳангии чандсадсола, миёни Эрону Фарорӯд андаке хам гирифта буд ва ҷону рамақи чандоне дар тан надошт, аз баргу бор бияфтад ва соясоронаш костӣ бигирад. Устод Айнӣ ин хатари бузургро дуруст, барвақт ва бамавқеъ дарёфт ва бо таълифи ин китоб бори дигар гӯшае аз тавоймандии забони форсиро бозгӯ кард. Ӯ дар он лаҳзаҳои ҳассоси таърихи Фарорӯд, “Намунаи адабиёти тоҷик ” -ро фароҳам кард (1925), аммо на чандон дур аз он рӯзгор ва пас аз тасбити мавқеъу мақоми ҳукумати Тоҷикистон, боз ҳам худи ӯ огоҳона, доштаҳои забонию адабии ин ҳавзаро, адабиёти форс-тоҷик номгузорӣ кард. Чунин ба назар мерасад, ки Устод Айнӣ аз рӯи мантиқ миёни форс ва тоҷик фарқе намегузорад.” Ба ҳар сурат, ҷойгоҳи ин асарро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

-Аз ҳамон ошноии аввалинам бо “Ёддоштҳо” дарёфтам, ки Устод Айнӣ нависандаи бисёр тавоно аст, забонаш забонй шеър аст, забони шоирона аст ва ҷое, ки мехоҳад васф кунад, чунон доди суханро медиҳад, ки хонанда шигифтзада мешавад ва дар муцоиса бо нависандагони ҳамрӯзгораш назир надорад, воқеан тавонмандии бисёр болое дошт. Устод мутуни форсиро хеле дақиқу амиқ хонда буданд. Ман дар миёни адибони Фарорӯд камтар касеро дидаам, ки мисли Устод Айнӣ диди илмӣ нисбат ба китобҳои форсӣ дошта бошанд. Иллати ин ки Устод тавсия медоданд бо ҳамон забони маҳалли худатон, ки гап мезанед, бинвисед ин буда, ки эшон ғановату тавонмандии забони форсиро шинохта буд ва ҷудо аз ин як нуктаро мехоҳам бигӯям, ки забони имрӯзи мардуми тоҷик мадюни он азиз аст.

Яъне таъкиди Устод бар ин нукта, ки забони маҳаллии худатонро кор фармоед, ишора бар ин буд, ки мардумро водор кунад бо забони форсии гуфтории худ гап бизананду бинависанд, то забони ниёгон зинда бимонад. Ва ин дар ҳақиқат муҷиб шуд, ки дарёе аз вожаҳои кӯҳани форсӣ, ки дар миёни хонаводаҳои кӯҳани Фарорӯд зинда буд, думартаба ҷони тоза бигиранд ва ин вожаҳои форсӣ, ки аз забонҳои суғдию хоразмию дигар забонҳои эронии миёнаи шарқӣ, ки дар Мовароунннаҳр монда буд, ҷони дубора бигирад. Ман хидмати Устод Айниро барои тоҷикону Тоҷикистон хеле бузург мебинам ва ҳар маҷлису бузургдоште, ки барои ин марди воқеан бузург сурат бигирад, кам андар кам аст.

Эшон, ки шогирди сазовори Аҳмади Дониш ва Садри Зиё буд ва бо хонаводаҳои онҳо омаду рафт дошт, аз ин нишас туназдики бо ҳамонҳушу заковати камназир истифодаи хеле беҳина кард ва ончиро, ки аз онҳо гирифт, ба сурати илмӣ даровард. Ҳарчанд худашон навиштаанд, ки ман роҳи Донишро дунбол кардам, вале ин тавр нест, роҳи Донишро аз назари нигоҳ ба ҷомеа пеши чашм доштанд, вале забони Аҳмади Донишро ба кор нагирифтанд ва аз забони мутуни клоссики форсӣ ва забони гуфтории Фарорӯд кор гирифтанд ва ин боис шуд, ки шогирдонашон, мисли Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода ва дигарон роҳашонро дунбол кунанд ва ин матлаб аз забони шогирдонашон дар китоби “Шӯълаи Инқилоб” баён шудааст.

Мисли Устод Айнӣ мардеро ман намешиносам, вале мешавад шабеҳи эшонро дар Эрон нишон дод. Ду нафар дар Эрон – яке Маликушшуарои Баҳор ва дигаре Абдуллоҳи Мустуфӣ (нависандаи китоби “Шарҳи зиндагонии ман”) шабоҳатҳое аз лиҳози руҳиёту дидгоҳ ва ҷаҳонбинӣ бо Айнӣ доштанд ва тақрибан дар як марҳалаи замонӣ ба сар бурдаанд ва шоҳиди заҷру азиятҳои зимомдорон шудаанд. Устод Айнӣ ҳануз дар 7-8 солагӣ шоҳиди кушторҳои ваҳшиёна дар Регистони Бухоро, канори қасри Амир, ки регаш аз хуни одамон сер намешуд ва ба қавли Носири Хусрав “Реги дари қасри ӯ бузургтағор аст” буд, дар зеҳни ман хотироти Абдуллоҳи Мустуфиро аз маҳаллаи Такияи Дулати Теҳрон тадоъӣ намуд, ки тасвири манзараҳо шабоҳати зиёд доранд. Ҷолиб ин аст, ки ҳарду дар бачагӣ шоҳиди ин саҳнаҳо будаанд.

Устод Айнӣ бо ин ки гароишҳои мухталиф ва уфту хезҳои зиёде дар зиндагӣ дошта, азобу шиканҷаҳои зиёд дида дар канори адиб будан ба навъе сиёсатмадор ҳам шуда буданд. Ҳуши сиёсии болое дошт ва бад-ин ҷиҳат ҳам дар соли 1948 Раиси Фарҳангистони улуми Тоҷикистон интихоб шуд. Дар он даврае, ки эшон ба бозофаринии забони тозаи форсӣ ҳиммат гумошта, ин миллатро ба роҳи тозае кашонда ва шояд эшон ин симматро ба хотири ҳифзу пойдории забону фарҳанг пазируфт. Вале як бахте буд барои Фарҳангистон ва Устод тавонист аз ин қудрати фарҳангии худ барои густариши забони адабию гӯишҳои маҳаллии Тоҷикистон ва адабиёти он хидмат кунад.

Чизи дигар инки Устод Айнӣ аз сиёсати ҷаҳонӣ дар даврони худаш ба тамомӣ огоҳ буд ва ҳаводисро ба рӯз пайгирӣ мекард. Вақте ман бо нашрияҳои нахустини тоҷикӣ – “Бухорои шариф”, “Оина”, “Шӯълаи Инқилоб “… дар китобхонаи Тошканд ошно шудам, ба ин нукта пай бурдам ва он ҷо медидам, ки чандин мақолаи Устод дар бораи Эрон, аз ҷумла вақоеъи наҳзати Машрута буд ва Устод онҳоро дунбол мекард. Чанде пеш ҳам ба яке аз донишҷӯёнам пешниҳод кардам ин мавзӯъро ба унвони рисолаи таҳқиқӣ анҷом диҳад.

-Хадамоти Айнй дар муаррифии фарҳангу тамаддуни форсӣ дар миёни ақвоми дигар ва ташаккули забони тоҷикии имрӯз бесобиқа ва аз диди аҳли таҳқиқ пӯшида нест, дар ин замина назари шумо чӣ гуна аст?

– Забон бо он корбурди вожагони гӯишӣ аз ҷойгоҳи худ поин намеояд. То Устод Айнӣ аҳли завқ матлабу андешаҳои худро бо забони шикастаю омехтаи ғализ бо муарработ менавиштанд, вале Устод тавсия намуд, ки ҳар кас бо забони маҳаллии худ нависад, ки саранҷом як забони вохиду мушаххас рӯи кор омад, ки реша аз мутуни форсии қадим мегирифт.

Ва имрӯз мо шоҳидем, ки нависандагони шумо дар истифодаю бакоргирии вожагони маҳаллӣ ҳеч мушкиле надоранд. Масалан, устод Сорбону Кӯҳзод дар таълифи осори худ ба таври фаровон аз калимоту таъобири роиҷ дар ҳавзаи водии Зарафшон истифода мекунанд ва бо ин кор бисёре аз вожаҳои эронии қадимиро зинда карданд. Аз ин рӯй, ҳаракати Устод Айнӣ хеле ҳушёронаю огоҳона буд. Ва ҳамаи тоҷикон, ки тафибан бо як забони бо ҳамдигар хеле наздик сӯҳбат мекунанд, мадюни Садриддини Айнӣ ҳастанд.

Дар он замон роҳи дигаре чуз ин набуд. Устод роҳи хубро пайдо кард ва ӯ қудрати қавии сиёсӣ надошт, ки ба ҳама амр диҳад бо ин забон нависеду гап занед. Ва бад-ин тариқ ҷудо аз вожаҳои маъмул калимоти бухороию самарқандию хоразмию зарафшонию хатлонӣ… бар забон афзуда шуд. Тақрибан 3-4 қарн миёни мо гусали фарҳангӣ вуҷуд дошт, ки аз замони Муҳаммадхони Шайбонӣ оғоз мешавад. То замони Айнӣ ахли адаб бо ҳамон забони маъмулии корбурдии қадим менавиштанд, чунончи “Наводир-ул-вақоеъ” – и Аҳмади Дониш бо ҳамон забони маъмул дар китобҳои таърих навишта шудааст. Вале Устод забонро иваз кард. Ҳамаи осори Айнӣ бо ҳамин сабку сиёхи нав таълиф шудаанд.

“Ёддоштҳо” -и Айнӣ аз лиҳози ғанои забонию дороиҳои маънавӣ ҳайратовар аст ва бо ҳамон шевае, ки менависад, чӣ қадр тавонмандӣ ба ин забон додааст. Маълум набуд, ки агар ин гӯи шҳо аз миён мерафт, чи балое бар сари забони форсӣ дар Фарорӯд меомад? Мо бояд иқрор кунем, ки дар Тоҷикистон маҳалгароӣ ба мушоҳида мерасад ва худи ҳамин падида боиси зинда мондани вожагон ва сохтори забонӣ шуд ва ҳавзаҳои гуногуни маҳаллӣ аз ҳамон гӯишҳои маҳаллӣ истифода карданд дар ҷиҳати бартарии якдигар, ки ба навъе мусобиқа шуд ва ҳар кадом талош мекард вожагони худро вориди забони адабӣ кунад ва шуморе аз ин вожагон вориди забони навишторӣ шуданд.

Ман худи маҳалгароиро маҳкум мекунам, вале дар бахши забон ин падидаи шум на танҳо вахдати миллиро аз байн набурд, балки онро тақвият кард, чунки нависандагон пуштибони забон буданд ва ин мӯҷиб шуд, ки ваҳдати миллӣ осебе набинад. Наҳзати Айнӣ дар дигар кишварҳои форсизабон собиқа надошт. Агар тақсимоти табартақсим набуд, алъон Тоҷикистон ҳудуди 15 милиюн ҷамъияти форсизабон дошт. Мутаассифона, шиносномаҳои онҳоро дар Узбкистон иваз карданд ва ин барои тоҷикон зарбаи сахту ҷуброннопазир зад.

-Ба мавзӯъи умдаю мухим ишорат намудед.-Вазъи ояндаи забони форсиро дар Узбакистон чй гуна мебинед?

-Ин баҳси сиёсист ва он тавр, ки аз дуру наздик мешунавему мебинем ва худи ман дидаам, ки давлати Узбакистон дар рӯӣдаррӯии шадид бо форсизабонҳост. Барои форсизабонон озодии сухану гуфтор вуҷуд надорад, барои фазои форсӣ маҳдудиятҳои шадид эҷод шуда, китобу нашрия бо ин забон чоп намешавад ва мардуми Самарқанду Бухоро ҳама дар тангнои фикрию забонӣ қарор доранд. Инҳо ҳам мисли Курёи Шимолию Ҷанубӣ шудаанд. Онҳоро дар ин табартақсим он тараф андохтанд, ки форсиро аз байн бубаранд. Ин воқеъият аст ва сиёсати Истолин буд, ки огоҳона сурат гирифт. Агар ин тавр набуд, чаро Самарқанду Бухоро дар ихтиёри Тоҷикистон қарор нагирифт?

Сиёсати Истолин ин буд, ки кишварҳои зери султаашро соҳиби ҳама чиз накунад ва ҳамаро ба ҳамдигар ниёзманду вобаста нигоҳ дорад. Ба ин ҷиҳат буд, ки масалан, ҷоеро барои парвариши пахта ихтисос медод, ҷои дигарро барои рангрезиву нассоҷӣ, порча шуданаш дар ҷои дигар буд ва яке аз зиёнҳое, ки ин кишвархо пас аз истиқлол бо он мувоҷеҳ шуданд, ҳамин камбудию норасоиҳо буд.

Бубинед, Тоҷикистон панбаи зиёд тавлид мекунад, вале авоил маҷбур буд коркарди онҳоро дар ҷои дигар анҷом диҳад. Ва ин камбуд, махсусан, пас аз фурӯпошии Шӯравӣ бештар буруз намуд ва домангири иқтисоди ин кишварҳои тозаистиқлол шуд. Ин сиёсати огоҳона буд, ки аз сӯи дастандакорони вақт барномарезӣ мешуд. Аз сӯи дигар ин сиёсат ба маънавиёт низ таъсир гузошта буд ва аз ҷумла, мавзӯъи баҳси мо, ки ҳам гӯишҳои эронӣ мебошад, забони форсӣ дар қиёс бо дигар забонҳо хеле кам кор шудааст.

Донишмандони русй ҳам саъй мекарданд форсиро дар ҳадди як гӯиши вахӣ ё санглачӣ нигоҳ доранд ва он тафовуте, ки миёни форсию тоҷикӣ ва дарӣ шакл гирифт, ба дасти душманони ин забон, аз ҷумла понтуркистҳо имкон дод ин ихтилофро доман зананду густариш диҳанд. Саркӯб шудани забони форсӣ дар Узбакистон низ аз ҳамин ҷо маншаъ мегирад. Ҳарчанд дар ибтидо як зумра донишмандон, аз ҷумла худи Устод Айнӣ, бо узбакӣ менавиштанд, вале мутаваҷҷеҳ шуданд, агар ин раванд идома ёбад, форсиро аз даст медиҳанд, ба ҳар сурат ман ояндаи забони форсии тоҷикиро дар Узбакистон рӯшан намебинам, ҳарчанд раиси ҷумҳури он оқои Ислом Каримов худ як самарқандӣ аст, аммо шадидан дар муқобили рушди форсӣ меистад.

Дар Тоҷикистон як падидае, ки ахиран ба мушоҳида мерасад, корбурди забони форсии Эрон аст ва ин мавзӯъ хусусан дар осори марҳум Муҳаммадзамони Солеҳ бештар ҳис мешавад. Зимни инки вожаҳои маҳаллиро ба кор мегирад, гароиш ба наҳви забони форсӣ дорад. Устод Баҳманёр ҳам бо вуҷуди ҳамаи тасвирҳои шоиронае, ки дар осорашон ҳаст, ун ҳаракате, ки пас аз солҳои 1968-70, ки як навъ канор гузоштани таъсири забони русӣ дар Тоҷикистон ба вуҷуд омад, идома медиҳанд. Ин аст, ки дар форсии фарорудӣ алъон русӣ чандон ҷойгоҳе надорад ва як гароиши махсус нисбат ба форсии Эрон дида мешавад, ки табиӣ ҳам аст, чун Эрон аз лиҳози ҷамъият бузург аст, сарвати зиёд дорад ва форсӣ ҳам дар ин ҷо сайқал хӯрда ва ун маҳалгароӣ, ки пештар гуфтам, ба нафъи тоҷикҳо анҷом ёфт, солҳост, ки дар Эрон аз миён рафтааст ва мардум ҳама бо як забони воҳиди адабӣ менависанд.

Ин маҳалгароӣ дар Афғонистон низ мутаассифона, хаст ва ин аст, ки дар ин кишвари хамзабон ба як забони вохиди навиштори нарасидаанд. Дар Эрон бисёре аз нависандагно аз вожагони махалли истифода мекунанд, вале онхо он вожагонро аз забони кахрамони достон ва ё дар баёни фазои асар ба кор мебаранд. Аммо мо ба як забони меъёр расидаем, аммо дар Точикистону Афгонистон ба ин меъёр хануз нарасидаанд.

-Шумо ба нуктаи хуб ишора намудед-забони меъёр. Ба назари шумо оё имкони руи кор омадани забони меъёр барои хамаи форсизабонон, ки дар хамаи манотик кобили кабул бошад, вучуд дорад ва агар ҳаст бо кадом шеваю равиш мешавад ба он даст ёфт?

-Имкони ин амр хеле зиёд аст ва эҳтимоли ғалабаи форсии Эрон нисбати соири манотиқбештар аст, яъне мумкин аст мо шуморе аз вожагони ун ҷоҳоро бигирем, вале имкони чирагии форсии Эрон ҳамчунон ки гуфтам, алоқаи адибони шумост ба ин забон.

Дар осори нависандаи равоншод Ҳаким Карим вожагони туркӣ фаровонанд, аммо дар ашъори хонум Фарзона ҳарчанд хуҷандист, мо калимоти маҳаллиро намебинем, бо гунаи форсии равон менависад, ки барои эрониён қобили фаҳм аст. Дар ин замина Устоди шодравон Лоиқ намунаи барҷаста буд, ки ашъорашро бо забони соддаю рӯшани форсӣ менавишт.

Чун Эронро ба унвони як маркази бузург мешиносанд, аммо ҳамчунон ки гуфтам, он маҳалгароию ҳавзагароиҳо ба ин зудиҳо аз миён нахоҳад рафт. Ман худам, ки дар бораи гӯишҳои эронӣ таҳқиқе анҷом додам, мутаваҷҷеҳ шудам, ки чӣ қадр шабоҳатҳо миёни мо – форсизабонон вуҷуд дорад, фикр намекардам, масалан, вожаи “похса” – ро дар Эрон ба кор баранд, аммо дар ҷануби Эрон ин вожа корбурд дорад.

Ё дар лаҳҷаи Ҳамадон калимоти фаровоне ҳаст, ки дар тоҷикӣ истифода мешаванд.Чунончи, дар мо калимаи “чӯл” на ҳамеша ба маънии биёбон, ҳамон тавр, ки дар Осиёи Миёна ба кор меравад, истифода мешавад, аммо дар Ҳамадон ин вожа ба ҳамин маънӣ зиёд ба кор меравад. Нависандагони машҳури мо – Содиқи Чӯбак, Ҷамолзода, Аҳмади Маҳмуд, Маҳмуди Давлатободӣ аз вожагони маҳаллии худ фаровон истифода кардаанд, чунончи Аҳмади Маҳмуд калимотеро кор гирифта, ки бархе аз онҳо дар мутуни куҳани форсӣ корбурд доштааст.

2 Responses

  1. Бародари азиз Рустамҷон!
    Илтимос ҳамин дарди дили маро нашр кунед.
    Пешакӣ сипосгузорам!

    «Давлат» дар давлат
    Чӣ тавр Роҳи оҳани Тоҷикистон ба корхонаи шахсии Амонулло Ҳукуматулло табдил ёфтааст?

    Ман як коргари Роҳи оҳани Тоҷикистон ҳастам. Қариб 30 сол мешавад, ки дар ин корхона кор мекунам. Дар даврони шӯравӣ як бор ним бор аз вазифа ба вазифае гузашта, шаҳди мансабро чашидаам. Аммо барои ман боло рафтан дар зинаи мансаб масъулиятамро баланд мекард. Боз софдилона кор мекардам. Роҳи оҳан ба ман хона дод. Фарзандонамро бо нони Роҳи оҳан калон кардам. Таҷрибаи бузург андӯхтам дар соҳаи худам. Аммо ҳозир мисли як одами нодаркор шудаам ва дар вазифае кор мекунам, ки муносиби худам нест. Сабабаш дар он аст, ки раҳбари нав болои номи ман хат кашидааст. Медонад, ки аз дасти ман чӣ кор меояд, аммо намехоҳад, ки ман боло бароям. Росташро гӯям, роҳбарони зиёдеро дидам. Аммо ин хелашро нав мебинам.
    Дар Роҳи оҳан ҳама хуб медонанд, ки ӯ кӣ аст. Ҳа, ҳамон Амони Калӯш, ки дар замони Шӯравӣ фурӯшандаи магазин буд ва барои болои калӯш чанд тин монда, спекулятсия карданаш дар маҳбас нишастааст.
    Ҳозир Амонулло Калӯш не, Ҳукуматулло аст. Вай корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳани Тоҷикистонро дар давоми зиёда аз 10 соли раҳбарӣ ба корхонаи шахсӣ ва ё хонаводагӣ табдил дода, як давлати навро дар дохили давлати Тоҷикистон ташкил додааст. Он чизе ки ман дар ин мақола менависам, санҷидашуда ва аниқ аст. Касе мехоҳад, масалан, кормандони Оҷонси ҷиноятҳои молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон метавонад, ки ин фактҳои овардаи маро тафтиш карда бинанд. Ин фактҳоро ман як соли охир баъд аз сӯҳбатҳо бо ҳамкоронам дар Роҳи оҳани вилоятҳо ва Душанбе пайдо кардаам.
    Ҳукуматулло Роҳи оҳани Тоҷикистонро ба корхонаи хешу табор, маъшуқаҳо ва ҳамшаҳриҳояш мубаддал гардондааст. Шумо осон ба Роҳи оҳан ба кор даромада метавонед, агар ба ин се меъёр мувофиқат кунед.
    «Аввал хеш, баъд дарвеш». Дар рӯйхати раҳбарони корхонаҳои Роҳи оҳани Тоҷикистон фамилияҳои монанд бисёранд. Аксари инҳо каси дигар не, хешовандони наздики раиси Роҳи оҳан ҳастанд.
    Ҳабибулло Назаров, писархолаашро баъд аз ду — се моҳи кор дар истгоҳи Қӯрғонтеппа ба Душанбе оварда, вазифаи муовини сардори истгоҳи Душанбе 1 оид ба боркашониро дод. Аммо ин танҳо бахшиш набуд. Дар бинои кормандони роҳи оҳан — дар қафои «Садбарг» як хонаи шахсӣ ҳам тақдим кард.
    Назарови дигарӣ, аммо номаш Зубайдулло, қабулкунандаи бору вагонҳо дар истгоҳи Хуҷанд бародари Ҳабибуллоаст, ки ӯ ҳам аз ҳисоби корхонаи давлат муфт хонаву вазифаро бо шарофати «писархола» гирифтааст.
    Боз як мисоли дигар, ҷиянҳои Амонулло – Тағоевҳо.
    Сироҷ Тағоев. Мегӯянд, ки ҳатто номи худашро дуруст навишта наметавонад, аммо дар ду вазифа кор мекунад. Вай ҳам сардори истгоҳи Қӯрғонтеппа ва ҳам сардори вокзали мусофирбарии Қӯрғонтеппа аст.
    Тағоеви дигар Асад ном дорад. Вай сардори истгоҳи Душанбе — 2 аст. Аммо дар гузашта ронандаи фарзандони Ҳукумов буд. Онҳоро ба мактабу бозор мебурд бо мошини хизматии Роҳи оҳан. Тамоман дониши соҳаи роҳи оҳанро надорад. Дар мобайни коргарон бо бадахлоқиаш машҳур аст. Як хонаи чорҳуҷрагӣ ҳам аз роҳи оҳани Тоҷикистон тӯҳфа гирифтааст.
    Зиёваддин Валиев, раҳбари корхонаи қатораҳо (вагонный ДЕПО) домоди Амонулло аст. Вай маълумоти соҳавӣ надорад, аммо ба зиёда аз 1000 коргар роҳбар аст.
    Дар Роҳи оҳан боз даҳҳо хешутабори Ҳукумов кор мекунанд, ки ҳатто ҳамкоронашон чӣ хел хеш будани онҳоро ба Ҳукумов намефаҳманд. Дарди бахайр мебуд, агар онҳо саводи кофӣ ва мутахассиси Роҳи оҳан бошанд.
    Масалан, Шералӣ Маҳмадов, сардори истгоҳи Хонақоҳ дар соҳаи нақлиёт умуман собиқаи корӣ надорад. Ҳамкоронаш вайро ҳамчун инсони бадрафтор мешиносанд. Азбаски хешутабори Ҳукумов аст, касе «пишакашро пишт гуфта наметавонад».
    Дар Роҳи оҳани Тоҷикистон Содиқ Ҷалов, сардори вокзали мусофиркашонии шаҳри Душанбе, Назар Холов, сардори истгоҳи Шаҳритус, ?? Муқимов (собиқаи корӣ надорад) сардори шӯъбаи робитаҳои хориҷӣ намефаҳманд, ки чӣ хел бо Ҳукуматулло «хеши наздик» ҳастанд. Як коргари Роҳи оҳан гуфт, ки кайҳо ҳисоби хешу табори раисро гум кардаанд. Шукронаш, хеле мӯл ҳастанд.
    Чандинто раҳбарони Роҳи оҳан аз ҳисоби занҳо дар гузашта ё котибаи Ҳукумов буданд ва ё «маъшуқааш». Яке аз онҳо Дилором Раҷабова ба вазифаи сардори корхонаи УП ЖДЭ барои он расидааст, ки котибаи аввалини Ҳукумов буд. Бале, чунин хадамоти муҳимро собиқ котиба роҳбарӣ мекунад! Зебо, яке аз коргарони шӯъбаи мусофиркашонӣ ва Гулчеҳра Ҷалолова сардори иттифоқи касабаи раёсати Роҳи оҳанро маъшуқаҳои Амонулло-ако меҳисобанд. Ин гуна «котиба»-ву «маъшуқаҳо» дар Роҳи оҳан кам нестанд. Ин рӯйхатро худи Ҳукумов нағз медонад. Охир, дар ин қадар мӯҳлате, ки Ҳукумов дар Роҳи оҳан мисли ҳазорреша реша давондааст, чӣ қадар маъшуқа аз дасташ гузашта бошад? Боз чандин раҳбару кормандони масъули Роҳи оҳан ҳастанд, ки хеши кадом зани Ҳукумов буданашон маълум нест.
    Меъёри дигари асосӣ барои ба Роҳи оҳан ба кор даромадан ҳамшаҳрии Амонулло Ҳукуматулло – зодаи Қӯрғонтеппа будан аст.
    Масалан, Борон Боронов, сардори қитъаоти роҳи оҳан, Камолиддин Шарипов, сардори корхонаи локомотивҳо (дар ғайбаш ӯро бесавод меноманд), Маҳмадюсуф Абдураҳмонов, сардори корхонаи мусофиркашонӣ (УПП), Исматулло Абдуллоев, сардори анбори таъмини маводи техникӣ (СМТС), Нуралӣ Алиев, сардори раёсати иттифоқи касабаи роҳи оҳан ва директори истироҳатгоҳи Роҳи оҳан дар Ромит, Маҳмад Мирзоназаров, сардори истгоҳ ва писари Мирзоназаров сардори ДГПи Колхозобод, Ҳакимҷон Собиров, сардори қитъаи барқрасонии Душанбе (ЭЧ), сардори истгоҳи Исфара ҳамагӣ зодаи Қӯрғонтеппаанд ва зиёди онҳо, тавре ки мардум мегӯяд, «алифро аз бе фарқ намекунанд».
    Ҳамхизмат, ҳамкамера ё ҳамкор – ин Баҳриддин Сатторов, муовини сардори хадамоти посбонии мусаллаҳи роҳ (ВОХР) яке аз дӯстони Ҳукумов аст, ки ҳарду дар маҳбас нишаста будаанд. Ҳамдигарро «ҳамхизмат» хитоб мекунанд. Корашон фақат дар роҳи оҳан духтаронро ба тарзи маҷбурӣ ё маккорӣ, яъне «аз кор пеш мекунем» ё «ба кор мегирем» гуфта, ё кори баланд ва таъмири хона ваъда дода, бо онҳо ишқварзӣ мекунанд, ҳарчанд баъзеи онҳо аз духтаронашон ҳам хурд ҳастанд. Баҳриддуну Амонулло зиёд рӯзҳо аз соати 11 то охири рӯзи корӣ дар меҳмонхонаи роҳи оҳан бо арӯсҳояшон айшу ишрат мекунанд. «Ҳамхизматҳо» аз ёд мебароранд, ки онҳо ҳам фарзанду модар доранд, барои ҳамин аз худо наметарсанд.
    Оё медонед? Ин саволи викторина не, ҳақиқат аст. Оё медонед, ки Амонулло ҳар шаш моҳ пас мошини хизматиашро иваз мекунад? Оё медонед, ки ҳар кадомин мошинҳо беш аз 100 ҳазор доллар нарх дорад? Оё медонед, ки ин ҳама аз ҳисоби пули Роҳи оҳани Тоҷикистон аст?
    Ҳукуматулло бо роҳи оҳан даҳҳо ҳазор одамро ба мардикорӣ мефиристад. Аммо духтари вай дар шаҳри Дубай зиндагӣ мекунад. «Падари меҳрубон» аз ҳисоби пули давлат ба духтараш ба 150 ҳазор доллар хона харидааст.
    Писараш дар шаҳри Маскав хона дорад. Вайро бо маводи мухаддир дастгир карданд ва ҳоло дар маҳбаси Русия қарор дорад. Оё корманди давлати Тоҷикистон, ки писарашро бо маводи мухаддир дар давлати дигар зиндон кардаанд ва бо ин роҳ обрӯи Тоҷикистонро резондааст, ҳақ дорад дар чунин як вазифаи пурмасъулият кор кунад?
    Оё медонед, ки ду фаввора — фонтани назди бинои Роҳи оҳан, ки нархаш 15 ҳазор доллар аст, ба арзиши 120 ҳазор доллар ҳуҷҷат шудааст?
    Ҳукумов мутахассисони касбиро аз кор пеш кардааст. Бисёри онҳо дар донишгоҳҳои хориҷи Тоҷикистон хонда буданд. Аммо ҳоло барои Ҳукумов фақат меъёрҳои махсуси интихоби кадр вуҷуд дорад — кадр бояд хешу қӯрғонтеппагӣ бошад ва ё аз бистари ӯ гузаштагӣ бошад. Аз рӯи ин меъёрҳо хонаҳои истиқоматии барои коргарони Роҳи оҳан сохташуда бенавбат ба хешу табор, ҳамшаҳриҳо, дӯстон ва маъшуқаҳояш тақсим кардааст.
    Оё медонед, ки аз ҳисоби Роҳи оҳан ҳар сол ба донишкадаҳои роҳи оҳани дигар шаҳру давлатҳо фақат хешутабори худашро мефиристад? Маълум мешавад, дар Тоҷикистон халқ хабар надорад, ки дар Қӯрғонтеппа донишкадаи Роҳи оҳан вуҷуд дорад ва то фарроши Роҳи оҳан Тоҷикистон дар ин минтақа таваллуд мешаванд.
    Инҳоро ҳар як коргари Роҳи оҳан медонад. «Пулам бисёр, даркор шавад ҳукумати ҷумҳуриро мехарам» – сухани дӯстдоштаи Ҳукумов аст, ки кормандонашро ба даҳшат овардааст. Вай фикр мекунад, ки ҳама дар ҳукумат дастнигари ӯ мебошанд.
    Оё президенти Тоҷикистон инҳоро медонад?
    Оё президент ва мардуми Тоҷикистон медонанд, ки дар Қурғонтеппа як дачаи Роҳи оҳан аст ва онро Ҳукуматулло чӣ тавр сохтааст? Аввал, ба малағи қариб ниммиллион доллар аз ҳисоби Роҳи оҳан онро сохта, баъд ба 200 ҳазор шахсӣ кард ва дар охир онро ба маблағи 1 миллион доллар боз ба Роҳи оҳан фурӯхт.
    Дар бораи ҷиноятҳои дигари иқтисодии раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон дар мақолаи оянда менависам. Дар бораи он ки вай кадом корхонаҳоро дар Роҳи оҳан шахсӣ карда, пули давлатро чӣ хел аз худ мекунад.

    Раҳмоналӣ Шукуралиев,
    коргари Роҳи оҳани Тоҷикистон

  2. Рахмонали Шукуралиев ба мардонагии Шумо коил, ташаккур ба ин маколаатон. Чунин гушнагон мисли рахбари Рохи охани Точикистон рохи дур надоранд. Агар хукумат чораи онхоро наебад, худо албатта рохашро нишон медихад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: