Вирҷиния ҷазир(бод)-и тоҷикон шуд?

Ширкатҳои офшории «Талко – менеҷмент», «Талко – сервис» ва IRS, ки дар ин ҷазираҳо сабти ном шудаанд, чаро фаъолияти «пасипардагӣ» ё ношаффофро интихоб кардаанд?

СБП хостори аудити «Талко – менеҷмент»

Масъулини Сандуқи байналмилалии пул хостори аудити ширкати «Талко – менеҷмент» шудаанд. Гуфта мешавад, ин ширкат бо корхонаи алюминиюми Тоҷикистон ҳамкории зич дошта, дар минтақаи офшории ҷазираҳои Вирҷиния ҳамчун ширкати хусусӣ сабти ном шудааст ва ба фурӯши маҳсулоти корхонаи алюминийи тоҷик машғул аст.

Аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ СБП бозрасии фаъолияти як ширкати хусусиро ҳуқуқи талаб кардан надорад, аммо ба қавли намояндаи доимии СБП дар Тоҷикистон Люк Моерс фаъолияти «Талко – менеҷмент» бо корхонаи алюминийи Тоҷикистон ҳамбастагӣ дорад ва ба ин хотир бояд дар он мисли корхонаи воҳиди давлатии «Талко», ки чанде пеш аз ҷониби ширкати британиягии «Мур Стивенз» бозрасияш ба поён расида буд, аудит гузаронида шавад.

Ёдовар мешавем, ки аудити ширкати алюминиюми Тоҷикистон аз ҷониби СБП сурат гирифта буд ва чанде қабл намояндаи ин созмон иброз дошт, ки бояд натиҷаи санҷиш эълом дошта шавад. Аммо масъулини ширкати «Талко» иддао мекарданд, ки ҳанӯз мӯҳлати эъломи натиҷаи аудит нарасидааст.

Ҳоло гуфта мешавад, ба ғайр аз «Талко – менеҷмент» боз ду ширкати дигар машғули фурӯши маҳсулоти корхонаи алюминиюми тоҷиканд ва ба қавли оқои Моерс, давлати Тоҷикистон дар мавриди санҷиши онҳо ба хотири шаффофият дар фаъолияти «Талко» низ бояд тасмим гирад. Ба андешаи Люк Моерс, ҳарчанд аз лиҳози ҳуқуқӣ «Талко – менеҷмент» ширкати хусусӣ маҳсуб меёбад, аммо амалан давлатист.

Ҳарчанд натиҷаи бозрасии молии ширкати «Талко» эълом нашудааст, аммо коршиносон бар ин назаранд, ки дар фаъолияти он низ мисли дигар ниҳодҳои давлатӣ, назири Бонки Миллӣ ва «Барқи тоҷик» мушкилоти зиёде вуҷуд дорад. Аммо гуфта мешавад, ки маъмурияти чорсолаи Люк Моерс, намояндаи доимии СБП дар Тоҷикистон ба поён расидааст ва аз моҳи оянда Ари Айзен ӯро иваз хоҳад кард. Пас номаълум мемонад, ки ин хостаи Люк Моерс, яъне бозрасии «Талко -менеҷмент»-ро намояндаи нав дастгирӣ хоҳад кард ё бо рафтани ӯ тасмимаш низ ба гӯшаи фаромӯшӣ меравад?

«Талко – менеҷмент» аз они кист?

Ин бори аввал нест, ки изи тоҷиконро дар минтақаи офшории ҷазираҳои Вирҷиния пайдо мекунанд. Ҳанӯз соли 2008 журналисти сомонаи интернетии «Asia Times» Ҷон Ҳелмер навишта буд:

– Он чӣ ҳоло мушаххас аст, ин аст, ки корхонаи алюминиюми Тоҷикистон бо як қатор ширкатҳои офшорӣ дар ҷазираҳои Вирҷинияи Британияи Кабир қарордодҳо бастааст. Яке аз ин ширкатҳо «CDH», дигараш «Талко – менеҷмент» ва охирӣ «Talko – servise» мебошад.

Ин ширкатҳо чун шарикони стратегии корхонаи алюминиюм ёд мешаванд. Шояд боз ширкатҳои дигаре дар минтақаи офшории Вирҷиния бошад, вале ҳанӯз мардум огоҳӣ пайдо накардаанд.

Сабти ном шудани ширкати «Талко – менеҷмент» дар ҷазираҳои Вирҷиния дар ҳолест, ки ширкати IRS, ки ҳоло пулчинӣ дар шоҳроҳи Душанбе – Чаноқро ба ӯҳда дорад, низ дар ин минтақа сабти ном шудааст ва муассисони аслии он худро ошкор кардан намехоҳанд.

Сабти ном шудани ширкатҳое, ки бо корхонаҳои Тоҷикистон ҳамкорӣ доранд, ё дар Тоҷикистон фаъолияти пулчиниро ба ӯҳда гирифтаанд ва гуфта мешавад, ки гӯё муассисони ин корхонаҳо британиягиҳоянд, фарзияеро ба вуҷуд меорад, ки эҳтимолан тоҷике сарвари ин ҳама сарватҳост ва шояд ин ширкатҳо ба як нафаре тааллуқ дорад ё дар паси ин дороиҳо касест, ки дар Тоҷикистон пуштибони қавӣ дорад. Вагарна як ширкати бритониёӣ, ки дар гузашта ҳеҷ саҳме дар таҷдиду таъмири роҳҳо ва гузоштани сармоя дар Тоҷикистон надошт, чӣ гуна метавонад гӯё «аз осмон фуруд омада», ба пулҷамъкунӣ машғул гардад?

Иқтисоди «сиёҳ» ва офшор

Соли 2007 Маркази илмӣ-тадқиқотии «Шарқ» бо дастгирии Барномаи рушди Созмони миллали муттаҳид дар Тоҷикистон як тадқиқот гузаронд, ки тибқи он ҳаҷми «иқтисоди пасипардагӣ» 60 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад. Марказ ин рақамҳоро баъд аз ташхиси 500 ширкат ва 1000 хоҷагии деҳқонӣ муайян карда буд.

Чун сатҳи «иқтисоди пасипардагӣ» дар Тоҷикистон зиёд аст, сарчашма ва ҳаракати маблағҳо низ пӯшида сурат мегиранд. Ба гуфтаи таҳлилгарон системаи молии ҷаҳони имрӯза хеле мураккаб гаштааст. Суратҳисобҳои виртуалӣ аз як ҷиҳат кори кормандони бонкҳоро осон намуда, дастрасии муштариёнро васеътар кунад, аз ҷониби дигар, роҳи интиқоли «маблағҳои пасипардагӣ» ё «сиёҳ»-ро мекушояд.

Роҳи интиқоли маблағҳо гуногун аст. Аз ҳама роҳи маъмул системаи «зеризаминӣ»-и IMVT мебошад, ки ба ҳамаи хоҳишмандон имконияти васеъро фароҳам месозад. Ба воситаи ин система пулҳоро ба суратҳисоби ширкати офшор мегузаронанд ё миқдори зиёди коғазҳои қиматнокро бо нархи арзон ба он мефурӯшанд ва баъдан харидорон бо нархи нисбатан гарон мехаранд. Ба иддаои иддае аз таҳлилгарон ҳамин тавр тарҳи акти террористии 11-уми сентябр дар Амрико кашида шуда буд. Террористон ба воситаи интернет ва телефон маблағҳои худро дар тамоми ҷаҳон идора мекунанд.

Зимни баррасии даъвои Талко дар додгоҳи Лондон яке аз судяҳои британиягӣ гуфтааст, ки теъдоде аз маблағҳои фурӯши алюминиюм дар бонкҳои минтақаи офшор гум мешавад. Ба гуфтаи коршиноси масоили иқтисодӣ Ҳоҷимуҳаммад Умаров, давлати Тоҷикистон барои пайдо кардани ин пулҳо талош накард. Гузашта аз ин, саҳми корхонаи алюминий дар буҷаи Тоҷикистон ба андешаи ӯ ночиз аст.

– Ба ҳисоби миёна гаронии андоз дар Тоҷикистон гӯё 35 дар садро ташкил медиҳад. Дар ин сурат бояд «Талко» ба буҷаи Тоҷикистон 350 миллион доллар ворид кунад. Аммо саҳми ин корхона дар буҷа аз 100 миллион зиёд набуд ва ҳоло камтар шудааст. Суол ин аст, ки маблағҳо куҷо меравад?,- мегӯяд ӯ.

Исфандиёр ХАЛИЛОВ, БМСТЖ

Маълумот. Офшор аз калиами англисии «affshore» гирифта шуда, маънои «бесарҳад ё беҳудуд»-ро дорад. Ширкатҳои офшор дар минтақаҳои имтиёздор ё холӣ аз андоз бунёд карда мешаванд, ки дар он ҷойҳо тафтишоти молиявӣ вуҷуд надорад. Фаъолияти чунин ширкатҳое, ки андоз намесупоранд, қонунӣ буда, усули маъмули содагардонии пешбурди тиҷорат дар ҷаҳон мебошад. Талаботи асосии ҳуқуқӣ ҷиҳати бақайдгирии ин гуна ширкатҳо фаъолият кардан дар хориҷи он кишварҳое мебошад, ки дар он ҷо ширкатҳои офшор мавҷуданд. Ширкатҳои офшор дастгоҳи муносиби тиҷорати байналхалқӣ ва роҳи бехатари гузоштани маблағ дар бонкҳои боэътимоди байналхалқӣ мебошад. Мувофиқи маълумотҳои интернетӣ, муштариёни ширкатҳои офшор хеле зиёданд. Аз ширкатҳои байналмилалӣ сар карда, то корхонаҳои хусусӣ ва шахсони алоҳида муштариёни ширкатҳои офшор ба шумор мераванд.

Advertisements

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: