Русия шарик ё ракиби кишвархои форсзабон?

Ё вақти он аст, ки дӯстро аз душман фарқ кунем!

Ҳошим Холзода НЕКВАРЗ

«Миллат» №23 10.06.2010

Форсизабонони ориёитабор аз кӯҳанзамон ба далели доштани тамаддуни воло ва фарҳангу хунари асил ҳамвора бо ду бархӯрди ба ҳам зид аз сӯи давлатҳо ва кавмиятҳои сокин дар дуру наздик рубарӯ будаанд:

Якум: Эътироф ва арҷ ниҳодан ба фарҳангу тамаддуни форсизабонон. Барҷастатарин намунаи ин гуна арҷгузорӣ каломи гуҳарбори Паёмбари Ислом-Ҳазрати Муҳаммад(с) хитоб ба Салмони Форсӣ аст, ба ин шакл, ки-«Агар илм ба Сураё биравад, мардоне аз Форс(Ирон) ба он дастрасӣ меёбанд»

Ва низ дар идомаи ин матлаб

метавонем ба ин гуфтаи баарзиши донишманди қарни 19-уми рус академик Иван Павлов дар бораи-тоҷикон руҷӯъ кунем;- «Мо акнун шоҳиди эҳёи ин миллати ҷонсахт, халлоқ ва боистеъдод ҳастем, аз ин пеш онҳо на зиндагӣ, балки ҳақирона рӯз кӯр мекарданд, ва ин факру аҷз натиҷаи се зарбае буд, ки Чингизхон, Темур ва Манғит ба пайкараш заданд, аммо дар дунё кам миллате ёфт мешавад, ки чунин зарбаеро таҳаммул карда, боз зинда бимонад. Тоҷикон аз ҳама акроми дигар сахтҷонтаранд, кадре фурсат кофӣ буд, ки дубора ҷон бигиранд ва эҳё шаванд».

Дуввум: Ҳасодат, тамаъварзӣ ва бадхоҳӣ. Мутаассифона ин маврид намунаҳои зиёде дорад. Аз ҳамлаҳои Искандару Чингиз дар карнҳои гузашта гирифта, то таҷовузи Шӯравӣ ба Афғонистон, ҷанги Ироқ алайҳи Ирон бо пуштабонии тамоми кудратҳои вақти ҷаҳон ва низ мухолифатҳои Амрико ва пайравонаш бо барномаҳои сулҳомези ҳастаии Ҷумхурии Исломи Ирон дар замони охир, хамагӣ реша дар тамаъҷӯӣ ва душманиҳо бар алайҳи порсигӯёни мусалмон доранд. Шубҳае нест, ки мушкилофариниҳои кунунии Узбакистон барои Тоҷикистон низ дар идомаи раванди зикршуда сурат мегирад…

Чашмҳоро бояд шуст…

Аз миёни тарафҳои хориҷӣ, Русия дар муносибат бо мардумон ва мулкҳои форсизабон дорои ҷойгоҳи ба зохир матлуб, вале агар амиқтар нигоҳ кунем, аз чиҳатҳое манфӣ низ хаст. Таври маълум мо ва ҳамзабононамон насл андар насл нисбати мардумон ва кишвари Рус то худуди зиёд назари эхтиромона доштаву дорем, вале ин ҷараён аксаран якгарафа будааст. Мо бо хушбоварии шаркиёна ба сиёсатҳои зимомдорони ҳоким дар Санкт-Петербургу Маскав менигаристему менигарем. Албатта омилҳое низ дар дохили ҷомеаҳои мо аз қабили истибдоди ҳокимони махаллӣ ва акибмондагиҳои фархангиву саноатӣ вуҷуд дошта, ки ба роҳаттар пиёдашудани сиёсатҳои имперотурии Кремл кумак ва заминаи ҷалби таваҷҷуҳ ба ин равандро фарохам мекард. Дар ҳамин заминаҳо буд, ки бузургмарди илму адаби қарни ХIХ тоҷик Аҳмади Дониш аз сафарҳо ба Русия асо сан бардоштҳои мусбат дошт. Аз сӯйи дигар Аллома Дониш фасоди ахлоки ва шаробхориҳои ифротии русҳоро ба боди танқид кашидааст, ки дар замони шӯравӣ ин кисмат аз раҳоварди сафари ӯ бар хилофи кисмати аввал ба китобхои дарсӣ роҳ наёфтанд. Зимнан фасоди ахлоқиву маънавӣ ва одатҳои хоси ҳоким дар ҷомеаи рус, аз қабили шаробхорӣ, истеъмоли гӯшти хук, бараҳнагии занон ва ғайра, баъдҳо тавассута болшевикҳо дар ҷомеаҳои ҷумхуриҳои навташкил густариш пайдо кард, ки зарбаи чуброннопазире ба пайкараи фарҳангии ҷомеаҳои суннатӣ, бахусус тоҷикони мусалмон зад. Албатта, бузургтарин ҷинояти фиристодагони Ленин ривоҷи бединӣ буд. Ҳоҷи Акбари Тураҷонзода аз чеҳраҳои шинохташудаи сиёсӣдинӣ, ин ҷиноятҳоро дар китоби «Шариат ва ҷомеа» чунин каламдод кардааст,-«…Ҷомеаи мо дар муддато беш аз хафт дахсола дар шароита давлата зиддидинӣ ва атеистии шӯравӣ ба сар бурда, хусусан дар даҳсолаҳои нахусти он, ки мубориза бо фарханги гузашта хусусияти ифроти доштааст, бахши бузурге аз унсурҳои арзишманди фарҳангии худро аз даст дод. Дар ин давра мардум на танҳо аз дин, балки аз маҷмӯаи арзишҳои миллии худ ба тадриҷ (оҳиста-оҳиста) дур карда шуда, дар зери раванди суньии «эҷоди миллати ягонаи шӯравӣ» симои миллии тоҷикон хеле камранг гардид. Ин раванд ба мухимтарин арзишу намодҳои фарҳанги мо чун тафаккури миллӣ, забони миллӣ, суннатҳои миллӣ, либоси миллӣ, низоми маорифи миллӣ ва хусусан ба арзишҳои диниасоси фарҳанги мо зарбаи шадид ворид кард. Дар ин миён хароб кардани садхо масҷиду мадрасаи маърифатомӯз, ба оташ кашидани садҳо хазор нусха китоб, нобуд сохтани кишри уламои исломи ва зиёиёни ҳақики миллӣ, тағйири алифбои ниёкон ба алифбои лотинӣ ва сипас русӣ, маньи таълимоти динӣ, таълими бисёр тахрифшудаи таърих ва фарханги гузашта ва гайра, зербинои илмиву аклонии фарҳанги моро басе заиф намуда, пайванди табии наслҳои навини миллатро аз фарҳанги асили миллӣ тафибан катъ намуд». Гуфтанист, зарбаҳои ворида бар асари ҷиноятҳои зикршуда ба думболи осебҳои расида аз равишҳои золимонаи чандинасраи ҳокимони махаллӣ пас аз инкирози сулолаи Сомониён маколи «болои сӯхта намакоб»-ро мемонд.

Ва аммо аз омилҳои дигари хушнигарии мо, натиҷаи таблиғоти чандин даҳаина дар замони Шӯравӣ буд, ки ҷиҳатҳои торик ва номатлуби сиёсати давлатмардони русро дар баробари миллатҳои сокин дар ин тарафи марзҳои ҷанубии Русия, нишон намедод ва баракс, он сиёсатҳо ҷумлагӣ ҳақ бароварда мешуданд. Ба унвони мисол хар гоҳе, ки сухан дар бораи Шӯравӣ равад аз некуаҳволи ва таъминоти матлуби иҷтимоӣ ёд мешавад. Аммо ҳакукат ин аст, ки тоҷикон асосан бо сиёсатҳои табъизомез аз суйи хукумати марказӣ рӯ ба рӯ буданд. Донишманди барҷастаи тиб профессор Саъдиниссо Ҳакимова дар китоби хеш «Заложники Империи» (Гаравгонони Империя) далелу ракамхои зиёде меорад, ки гӯёи поён будани сатҳи маишату даромади ахолии Тоҷикистон ва баракс боло будани сатҳи маргу мири кудакону модарони тоҷик дар киёс ба дигар чумхуриҳои ИҶШС (СССР) аст. Ба ҳар хол акнун, ки дар рохи бозёбии хувияти миллӣ ва фарҳанги хеш хастем, фурсатфаро расидаасг, то ба арзёбии воқеии муносибат бо шрикони дуру наздик дар муомилоту муодилот ва ба таври хос, Русия бипардозем. Дар ростои ин зарурат бидуни онки рӯба моҷароҷӯиву игвогарӣ биоварем, ниёз ба шикастани қолабҳо ва баёни ҳакикатҳо аст. Ба кавли шоири ширинхаёл Сӯҳроби Сипеҳрӣ:

Чашмҳоро бояд шуст,

Ҷӯри дигар бояд дид!…

Таҷовузҳои Русия ба қалам-рави форсизабонон

Барасии воқеъбинонаи тахаввулот, махсусан дар се садаи охир нишон медиҳад, ки Русия чун шарик ва хамсояи торихӣ ва бузурги чаҳони форсӣ, асосан ба усулҳои ҳамҷаворӣ пойбанд набуда ва барои расидан ба ҳадафҳои кӯтоҳ ва дарозмуддати худ, ҳамвора манфиатҳои моро зери по гузоштааст. Ин рафтори кохнишинони Кремлро ба як калом метавон чун тамаъҷӯӣ ва манманиву такаббур таъбир кард на чизи дигар. Ҳамимҷо ҳам кайд мекунем, ки ин баҳогузорӣ, асосан хоси муносибати сарони алоҳидаи Русия, нисбати мост, ҳол он ки бузургони адабу хунари ин мардум, амсоли Пушкин, Толстой, Есенен, Горкий ва ғайра эхтиромона ва аз рӯи муҳаббату эътироф ба тамаддуни форсӣисломӣ нигоҳ кардаанд. Чернишевский – адиби бузурги рус дар зиндону бадарға ҳам аз «Шоҳномаи»-и безаволи Фирдавсӣ ҷудоӣ надошт ва хатто Владимир Путин ҳам, ки чун меъмори сиёсатҳои императорихоҳии навини Русия шинохта шудааст, чанд сол пеш икрор карда буд, ки рубоиёти Хаём китоби рӯимизиаш аст…

Русия дартӯли карнҳои ХIХ-ХХ се дафъа ба Ирон, ду дафъа ба Осиёи Миёна ва ду дафъа ба Афғонистон хамлавар шудааст. Натаҷаи ин таҷовузгарихо ба давлати Форс (Ирони кунунӣ) се сулхи ноодилонаи Туркманҷой, Гулистон ва Ахал буд, ки сабабгори аз даст рафтани сарзаминҳои шимолии Ирон шуд. Дар мавридҳое, ки инглисҳо ба ҷануби Ирон таҷовуз мекарданд, Русияи подшоҳӣ аз пушт ба Ирон ханҷар мезад ва шимоли Иронро ишғол мекард. Ҳатто онҳо як бор дар замони шӯриши Мирзо Кӯчакхон маъруф ба Наҳзати Ҷангал бар алайҳи истибдоди салтанати Кочорӣ ва тачовузҳои Бритониёи Кабир, бо ваӣрон намудани ахдномаи хеш бо ин раҳбари шӯришии мардумӣ, онҳоро аз пушт мавриди ҳамла карор доданд ва дар ниҳоят сабабгори шикасти ин киём шуданд. Аз чинояти гӯшношуниди низомиёни Русияи подшохӣ, ки дар зеҳни мардуми Ирон абадӣ накш бастааст, ҳамла ба оромгоҳи Имом Ризоавлоди паёмбари ислом дар шаҳри Машҳад аст, ки соли 1912 рухдодааст… Ин сиёсатҳо дар поёни карни XX бо ҳимояти хамаҷонибаи Маскав аз режими Саддом дар ҳамла ба давлати навпои Ҷумхурии Исломӣ дар завфи со лҳои 1980-1988 идома паӣдо кард. Ҷанги таҳмилие, ки миллионҳо куштаву захмӣ ва беномунишоншуда бар ҷой гузошт….

Дар нимаи дувуми қарни ХIХ Русияи подшоҳӣ бо истифода аз заъфи хонҳои маҳаллӣ бештари манотики Осиёи Миёнаро ба ишғоли худ даровард. Болшевикҳо ишғолгариро дар Осиёи Миёна такмил карданд. Дар ин ҷараён агарчӣ ба тоҷикон макоми чумхурӣ доданд, вале хат ва марказҳои таърихии ин мардум, яъне Самарқанду Бухороро гирифтанд ва дари моро ба рӯйи ҳамзабононамон дар он сӯйи Ому бастанд. Захмҳои ин «табартаксим» ҳамчунон бар пайкари миллат боқист. (Мо агарчи сиёсатҳои золимонаи Кремлро дар баробари тоҷикон маҳкум мекунем, аммо ин ба он маъно нест, ки хидматҳои мутахао сисони оддии рус ва дигар аҳолии русзабонро дар ободии ҷумхурии Тоҷикистон нодида гирем. Ин хидматҳо ҳамсони саҳмгирии муҳоҷирони мехнатии тоҷик дар сохтмонҳои Русия тайи солҳои охир аст. Ба ҳар ҳол ҳамеша ҳисоби мардуми оддӣ аз хукуматдорон ва низомиён чудост.) Таҳлили амиқи хаводиси солҳои 20 карни гузашта гӯёи ин хакикат аст, ки Ленин ва ҳамсафонаш аз бунёд сиёсати зиддитоҷикӣ доштанд ва дар ин асос ҳатто ба ақидаи вазири хориҷаашон Чечерен, ки бо мутолиоти анҷомдодааш тоҷиконро соҳибони аслии обу хок ва фархангу тамаддуни Осиёи Миёна медонист, мувофикат накарданд. Болшевикҳо бар асоси барномаи ҳисобшуда ва бо пойбандӣ ба тавофуки Русияи подшоҳӣ бо Бригониёи кабир тоҷиконро аз ҳамзабонони худ ҷудо карданд. Тибқи китоби рӯшангароёнаи Устод Муҳаммадҷон Шакурӣ «Фитнаи инқилоби Бухоро» болшевикҳо дар ростои сиёсати зикршудаашон ба таксияти ҷараёни пантуркизм ёрӣ доданд. Пантуркизм агарчи пасонтар ба зоҳир тавассути хукумати Сталин саркӯб шуд, вале ба шакли пинҳон дар даврони ҳокимони шӯравии Узбакистон, бахусус Шароф Рашидов таъқиби фарҳангу забони тоҷикиро идома дод. Натиҷаи кори ин чараён аст, ки акнун миллионҳо тоҷик дар кишвари ҳамсоя аз мактаб ва корбурди забони модарй дар берун аз хона маҳруманд. Ин раванд беш аз як қарн идома дорад ва катъан аз химоятм пасипардати Кремл бархурдор будаву ҳаст. Бавижа дар замони Шӯравӣ, ки дастгоҳҳои ҳукумати ва амнияти тамоми ҳаракатҳои дохили ҷомеаро тахти назар доштанд, имкон надошт аз сиёсахҳои зиддитоҷикии мақомоти Тошканд бехабар монда бошанд…

Дар Афғонистон низ махз дахолати низомӣ ва махфии болшевикҳои рус дар соли 1929 мӯҷиби сарнагунии давлати Бачаи Сақои тоҷик ё Ҳабибуллоҳи Калаконӣ шуд. Шоири шӯҳратёр Халилуллоҳи Халилӣ ба унвони шоҳиди моҷаро дар китоби ‘Таҷовузи нахустини рус ба Афғонистон» ва шодравон Ҳақназар Назаров дар китоби «Нақши тоҷикон дар Афғонистон» дахдатҳои ин таҷовузро муфассал шарҳ додаанд. Берамзу роз нест, ки Владимир Ленин барпокунандаи низоми шӯравӣ ҳозир шуд ду чеҳраи мухолиф бо фарҳангу тамаддуни тоҷикон -яъне Амонуллохон ва Анварпошшоро дар Кремл ба ҳузур бипазирад. Ин хаводис гӯёӣ он аст, ки сардамдорони коммунисти Кремл ҳамагӣ як сиёсат ва он ҳам золимонаро дар муқобили тоҷикон дар ду тарафи рудхонаи Ому пиёда кардаанд. Яке аз намунаҳои санади бебаҳсй ин сиёсати зиддиинсонӣ, таҷовузи Артиши сурхи Шӯравӣ ба Афғонистон дар соли 1979 буд, ки 14 сол ба тӯл кашид. Оташи фитнае, ки он замон генералҳои рус бо дастури Кремл дар Афғонистон рӯшан карданд, ханӯз ҳам инсонҳои бедифову бегуноҳро ба доми худ кашидан дорад. Ҳамин оташ бузургтарин сипаҳсолори тоҷик Аҳмадшоҳ Масъудро, ки дар дифоъ аз озодий Ватани хеш камари низомиёни шӯравиро шикаста буд, шаҳид кард ва сипас пои Амрикои ҷаҳонхорро ба Осиёи Миёна ва Афғонистон кашонд.

Нуфузи яҳудиёни ҷоҳталаб дар кохи Кремл

Мисолҳои дар боло баён шуда, ба хубӣ нишон медиханд, ки сиёсатхои минтакаии Русия аз ҷумла дар баробари кишварҳои форси-забон бар асоси зургӯӣ ва бар хилофи урфи хамсоят сурат гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки мардуми оддӣ ва рӯшанфикрони асили рус назару дидгохҳои мухолиф бо сиёсатҳои раҳбаронашонро доро будаву мебошанд. Ин қишри ҷомеаи Русия дар мисоли ҳамзистӣ ва таомул бо мусалмонон ва форсизабонон дар замони шӯравӣ ва ҳатто пеш аз 6н, эътироф доранд, ки хубиҳои ин ҳамзистй садҳо баробар бештар аз мушкилоту нохушиҳост. Мо аз назари мусбат ва мухтарамонай бузургони илму адаби рус нисбати мардуми худ огоҳшудем. Аммо дар боби мардуми оддии рус факат ба ин нукта басанда мекунем; такрибан ҳеҷ русеро наметавон пайдо кард, ки дар бораи тоҷикон назари манфӣ дошта бошанд. Махсусан онҳое, ки пас аз фурӯпошии шӯравӣ аз Тоҷикистон кӯч бастаанд, хамвора аз тоҷикон ба некӣ ёд мекунанд. Ҳамин назарро аксари ҳамдиёронамон дар баробари дӯстон, хамкорон ва хамсоягони русашон доранд. Дар бастагӣ ба ҳамин алоқаи дуҷониба буд, ки чанд сол қабл сокинони шарифи Кӯлоб зимни як икдоми инсонӣ дар ободонии мазори масеҳиён дар ин шаҳр саҳм гирифтанд.

Бар асоси ончи зикр шуд, ин тасаввур беҷо нест, ки манфиати миллии Русия дар таҳкими дӯстиву ҳамкори бо кишварҳо ва миллатҳои ҳамҷавор ва хамминтака, аз ҷумла олами форсӣ, ки нажо дан ҳам аз як реша хастанд, нухуфтааст. Пас суоле пеш меояд, ки бар чӣ асос сиёсатҳои Кремл дар баробари ин мардум бархилофи мантиқ ва урфи ҳамсоягӣ сурат мегирад?

Таҳлилгарон сабабгори аслии сиёсатҳои зикршударо нуфузи яхудиёни ҷохталаб дар доираҳои ҳукуматии Русия медонанд, ки доимо дар ҳоли ситезонидани миллатҳо ва кишварҳо бар алайҳи якдигар ҳастанд. Ин тоифа, ки аз онҳо ба хайси «яхудиёни сионист ёд мешавад, дар тӯли садаҳои охир ҳамвора ба моҷароҷӯи, иғвогарӣ, фурсатталабӣ ва ҷангафрӯзӣ мутаҳам ҳастанд. Таҳлили амиқи ин мавзӯь аз маҷоли макола берун аст, бинобар ин танҳо ба мавридҳое ишора мекунем, ки дар доираи баҳси мо қарор доранд.

Акнун ба касе пӯшида нест, ки ин гурӯҳ аз яҳудиёни ҷохталаб дар аксари дигаргуниҳои сатҳи ҷаҳонӣ, ин китобҳо, ҷангҳо, табаддулслҳо ва тағйироти сиёсӣ-амниятӣ ё бевосита ё бавосита накш доранд. Бар ҳамин асос бирёре аз таърихшиносон поягузорони инкилоби Октябр ва давлати Шӯравиро ба саркардагии Ленин, яхудиасл медонанд. Тротский, Бухарин, Зиновев, Сталин, Каганович, Молотов, Каминев, Свердлов ва дигарон аз ҳамин қабил шуморида мешаванд, ҳарчанд, ки кам касон аз асрори онон огоҳ буданд. Масалан, бар асоси матолибе, ки моҳи гузашта матбуоти Русия ва сомонаҳои интернетӣ нашр карданд, маълум гардид, ки бо дастури махсуси КГБ-и ИҶШС ифшои асолати хонаводагии Ленин, ки аз тарафи модари яхудӣ аст, мамнӯь гардида буд. Аз ҷумлаи барномаҳои ин гурӯҳ «табартақсим»-ҳои маъруф буд, то ки заминаи низоъ дар доираи шӯрави боқӣ бимонад. Зарбаи чуброннопазире, ки тоҷикон аз ин барнома хурданд ба ҳамагон маълум аст, ки ба ед оварданаш хам дили хар хамдиёри баномусамонро ба дард меорад. Дар айни ҳол сарони яҳудитабори болшевик аз тамоми дунё тарафдорони ҳамкеши худро чамь намуда, барои нуфуз дар дигар кишварҳо ва миллатҳо барномарезӣ мекарданд. Чунончи тибқи китоби профессор Худойназар Асозода «Саргузашти Устод Лохутӣ» ин шоири шаҳир аз таҳсили яҳудиёни зодаи Хиндустон, Ироқ ва дигар кишварҳои атрофи чанубии Русия дар Дорулфунуни заҳматкашони Шарқ дар Тошканд дар солҳои 20-уми асри гузашта нақл мекунад, ки ному насаби худро тағйир дода, тахти ҳимоят ва ҳидояти болшевикҳо карор доштанд..

Ба навиштаи воқеанигори рус АСивастиянов дар китоби «Что от нас хотят евреи» (Яхудиён аз мо чӣ мехоҳанд) яхудитаборон дар солҳои поёнии Шӯравӣ ва Руоияи пас аз он, ба раҳбарии Борис Елсин кудрати аслиро дар Кремл ба даст гирифта, сиёсатҳои ҷанҷолбарангези худро дунбол карданд. Фурӯпошондани асроромези СССР бидуни дар назар гирифтани манофеи ҷумхуриҳои ғайриславянӣ, авҷи «шохкорӣ» ин кудрато навзухур дар «шашяки рӯи замин» ба ҳисоб меомад. Сухани маъруфи тоифаи мазкур «шикамбаи зиёдатӣ» буд, ки аз забони Солженитсин дар мавриди ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна садо дод. Дар ҳамин давра буд, ки «бахманмоҳи хунин»- и соли 1990 дар Душанбе ва чанги ба зохир дохилй, вале дар асл таҳмилии Трҷикистон тайи солҳои 1992-1997 рух дод (Тахмилӣ ва аз хфиҷ барномарезишудани ҷанги Тоҷикистонро Эмомалӣ Раҳмон-Раиси Ҷумхури кишварамон борҳо мавриди таъкид карор додааст). Андрей Козиреви яхудиасл ва Павел Грачёв – вазирони хориҷа ва дифои даврони Елсин аз сиёсатмадорони саҳим дар ин ҷанг шинохта шудаанд. Дар ин байн аз Евгений Примаков-сиёсатмадори барҷастаи рус бояд ба некӣ ёд кард, ки бархилофи ин ду барои мусолиҳаи тоҷикон талош кард.

Нақши Кремл дар ҷанги Тоҷикистон

Тоҷикистон агарчӣ дар соли 1992 расман истиқлоли сиёсӣ ба дастовард, аммо бисёре аз масоили он бахусус дарбахши низомӣ-амниятӣ тавассути намояндагони Маскав ҳаллу фасл мешуд. Онон бо истифода аз заьфи Раҳмон Набиев-Раиси Ҷумҳурии вақт монеъ аз миллӣ шудани Артиши ба мерос монда аз Шӯравӣ гардид. Ин Артиш мутаалиқ ба Русия дар Тоҷикистон шуд. Коре, ки дар дигар ҷумхуриҳои шӯравии собиқ ба ракси он сурат гирифт. Низомиёни рус дар ҷанги дохилии Тоҷикистон ба зоҳир худро бетараф мегирифтанд, аммо далелҳои зиёде вуҷуд дорад, ки онон бо фурӯхтани силоҳу муҳимот ба харду тарафи даргир, барои идомаи моҷарш хунин мусоидат мекарданд. Моҷарои маъруфи «дуздидан»-и танкҳо аз қисми низомии Русия дар Қурғонтеппа тавассути Маҳмуд Худойбердиевро хама медонанд, ки гуфтугуҳои ду тарафи тоҷик барои оштиро дар он марҳила ба бод дод. Худойбердиев ба унвони афсари ин қисм хиёнат ба Тоҷикистонро аз ҳамин дуздӣ оғоз карда, бо ду шӯриши хунин идома дод ва ҳанӯз ҳам чун хатар ба амнияти кишвар боқӣ мондааст.

Аслан бисёриҳо ба шумули Раиси Ҷумҳурӣ ҳамон тавре, Ки – болотар кайд шуд, муътақиданд, ки ҷанги Тоҷикистон аз берун сарчашма гирифтааст. Профессор Ҳакимова дар китоби «Заложники Империи» дар ин робита тахдиди Валентин Севастянов-корманди масьули Кумитаи Марказии ҲК ИҶШС (КПСС)-ро меорад, ки ба ин шакл аст: «На примери вашеӣ республики мы проучим всех осталных» (Дар мисоли ҷумхурии Шумо, мо ба дйгарон дарси ибрат хоҳем дод). Муаллиф дар идома менависад; «6 сол пас, яьне соли 1992 замоне ки аввалин тирпарронӣ дар назди бинои КГБ-и Тоҷикистон дар наздикии хонаи ман, дар шаҳри Душанбе рух дод, таҳдиди Севастянов ба ёдам омад. Ҳамон лаҳза дарк кардам, ки ӯ ишора ба ин ҷанг мекард…».

Лозим ба зикр аст, низомиёни Русия солҳои дароз худро кудрати бечунучаро дар Тоҷикистон медонистанд. Аз аввалин иқдомо ти онон иҷозаи фуруд надодан ба ҳавопаймои ҳайати Ирон дар фурудгоҳи Душанбе буд, ки соли 1992 барои ширкат дар ҷашни Наврӯз ба назди хамзабонони худ раҳсипор буданд. Онҳо бо ин рафторихудгӯе фаҳмондани буданд, ки авлоди онҳое хастанд, ки даҳсолаҳо пеш миёни мо ва хамзабо нонамон марз эҷод кардаанд. Ҳамин низомиён то охирин лаҳза талош қарданд дар марзи кишвари мустақили Тоҷикистон боки бимонанд. Солҳое, ки марзбонони рус дар марзи тоҷику-афғон карор доштанд, дар Русия номи тоҷиконро ҳамрадифи «кочокчии маводи мухаддир «ба забон меоварданд. Дар ин кори шум ва ғаӣриинсонӣ махсусан намояндаи яхудитабори Дума Евгений Ройзман фаъол буд. Он замон ва ин замон ҳам касе ба ин савол посух надода, ки дар ҳоле ки марз дар ихтиёри сархадбонони рус буд ва маводи мухаддири Афғонистон асосан аз онҷо ва аксаран бо мушорикати онон крчоқ мешуд, чаро факат тоҷики бечора доғи кочокчиро ба пешони дошта бошад. Ҳоло он ки даст доштани низомиёни рус дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба касе пӯшида нест. Яке аз намунаҳои он дар паи амалиёти нерӯҳои вазорати дохилаи Тоҷикистон дар моҳи марти соли 1997 ифшо шуд, ки маълум гардид чархболҳои низомиёни русӣ аз Хоруғ ба Душанбе ва аз онҷо ба Қирғизистон ва Русия маводи мухаддир мекашондаанд. Ба ин қисмат факат як ҷумла илова мекунем; аз замоне, ки марзбонони тоҷик ҷойгузини ҳамкасбони русии худ шуданд, мизони қочоқи маводи мухаддир ҳам аз Афғонистон рӯ ба коҳиш ниҳод.

Русия шарики Тоҷикистон; ҳа ё на?

Солхои сол буд, ки Тоҷикистон Русияро шарики стратегии худ арзёбӣ мекард. Ҳамин пиндор буд, ки Душанбе гузаштҳои зиёде ба Маскав кард. Додани пойгоҳи низомӣ ва Маркази назорато кайҳонии «Панҷара» дар Норак, аз ҷумлаи мухимтарини ин гузаштҳо аст. Оё дар иваз Русия кори қобили зикр барои Тоҷикистон анҷом дод?

Чанд сол мақомоти Тоҷикистонро бо баҳонаи мушорикат дар сохти неругоҳи Роғун саргардон кард ва монеъ аз хузури дигар кишварҳо, бахусус Покистон ва Ирон дар ин тархи азим шуд ва дар нихоят ҳам ба таври ғайридӯстона аз мавзеи мухолифи Узбакистон бо Ро ғун химоят кард, саҳмияҳои неругохи Сангтудаи-1-ро ноодилона 75 ба 25 тақсим намуд ва акнун ба дунболи аз худ кардани фурудгоҳи Айнӣ аст. Оё ин икдомотро метавон дар ҷихати дӯсти номид?

Таҳкиру безҳшромӣ ба тоҷикону Тоҷикистон аз суйи расонаҳо ва хукуматдорони русӣ поённаёфтанӣ ба назар мерасад. Тозатарин маврид хам хабари даргузашти як шахрванди Узбакистон дар Русия ба сабаби гирифторӣ ба бемории полиоелит аст, ки дар нашрияи интернетии Утро таҳти унвони Таджикский вирус начал убиват» чоп шудааст. Ба ин ибораи таҳқиромези: Таджикский вирус» диққат кунеду сиёсатҳои бузургманишонаи Русияро таҳлил кунед, ки аз чанд карн ба инҷониб ҳазорҳо тоҷик ва нафақат ононро куштаву бехонумон кард. Дуздиву даҳондарозӣ… чизе дигар наметавон гуфт!

Дар ҳоле ки бо хомӯшии тарафгиронаи Маскав боздоштани ҳаракати каторҳои бории Тоҷикистон тавассути Узбакистон идома дорад, Русия нархи бензини содиротй ба Тоҷикистонро афзоиш дод. Аз ин гуна ҳаракатҳои шубҳабарангези мақомоти русӣ метавон мисолҳри зиёде овард. Оё бо ин ҳама метавон Русияро шарик номид?

Алами исоро аз мусо мегиранд?

Кремл, ки бо васвасабозии Кохи Сафед ба Афгонистон лашкар кашид ва шармандавор берун ронда шуд, ханӯз аз он шикаст ба худ наомадааст. Инак ба назар мерасад сарони Кремл кофияро дар ин кишвар ба Ғарб бохтаанд ва шояд ҳам мавқеи геополитикии худро дар ин моҷаро дудаста ба НАТО ва Амрико такдим кардаанд. Ҳамин тахмин ба вокеият наздик аст ва аз он рӯшантар алами Исоро аз Мӯсо гирифтани онхрст, ки дар мисоли фишорҳояшон ба Тоҷикистон ва Итон ба мушохида мерасад.

Ҳукуматдорони русӣ бо мавзеьгириҳои охири худ дар баробари Ирон худро вориди дарди сари бузурге карданд. Ин харакатхо дар ҳоле ки аксари ҷомеаи ҷаҳони ва МАГАТЕ сулҳомез будани барно маи ҳастаии Ҷ.И. Иронро иқрор кардаанд, суде ба чуз обрӯрезӣ барои Маскав нахохад дошт. Макомоти иронӣ нишон доданд, ки дар роҳи мантоқ ва усули худ бо ҳеҷ кас муомила нахоханд кард. Онҳо бо ёриварии кашолкориҳои масъулони русӣ дар рохандозии нерӯгохи Бушехр ва бозии «качдорумарез»-и Русия дар масалаи ҳастаӣ, ба сарони Маскав дар бораи идомаи ин сиёсатҳо хушдор доданд. Дар тозатарин вокуниш перомуни ин мочаро Ҳамидризо Миртоҷидинӣ -муовини порлумонии Раиси Чумхурии Исломии Ирон таъкид кард: «Ин гуна мавзеъгириҳои сарони Русия ба зарари худашон хоҳад буд. Думболаравии русҳо аз Амрико барои онон гарон тамом хохад шуд ва қатьан афкори умумии ҷаҳон ва миллатҳо ин равиши Русияро маҳкум хоҳад кард». Ба назар мерасад дар пархошгари сиёсӣ бо Ирон ҳам Русия фиреби Амрикоро хурдааст. Нашрияи амрикоии «Ню Йорк таймс» рӯзи 27-уми май номаи махрамонаи Барак Обама-Раиси Ҷумҳурии Амрико ба Лолу Да Силва -Раиси Ҷумхурии Бразилияро чоп кард, ки бар асоси он Обама аз Да Силва хостааст то барои тавофуқ бо Ирон талош кунад. Ин нома пеш аз 17-уми май, ки Ирон, Туркия ва Бразиля дар борай табодули сӯхти ҳастаӣ ба тавофуқ расидаанд, навишта шудааст. Маънии номаи зикршуда ин аст, ки Амрико бо вуҷуди тахрики зоҳирии кишварҳои дигар бар зидди Ирон, худ паси парда думболи як навъ гузашт ва канор омадан бо масоили хастаии Ирон аст. Дар ҳамин робита, акнун беш аз пеш сиёсатмадоро ни амрикоӣ ва урупоӣ ба эътирофи Ирон ба унвони як қудрати ҳастаӣ таъкид мекунанд ва он рӯз дур нест, ки ин рухдод амалӣ шавад. Дар чунин вазъият мавзеъгирии маълуми Русия дар баробари Ирон кори бачагона ба назар меояд… ва муайян аст, ки ҳеч нафъе барои имрӯзу ояндаи ин давлат нахоҳад дошт.

Роҳи ҳал бознигарй дар муносибот

Бо мисолҳои зикршуда ҷои баҳс намемонад, ки мавзеъгириҳои Русия дар баробари форсизабонон дар тӯли таърих дар маҷмӯъ ноодилона будааст. Акнун, ки дар ҳазораи сеюм ва даврони тағйиру дигаргуниҳои асосӣ дар муодилоти ҷаҳонӣ қарор дорем, идомаи ноадолатиҳо дар Муносиботи байни якдигарӣ кобили қабул нест. Дар пайванд бо ин матлаб интизори огоҳону хирадмандон ин аст, ки сарони Русия дар муносиботи худ бо кишварҳои ҳамшарик ва ҳам манфиат ва хамҷавор бознигарии куллӣ намуда, ба самти андешидани иқдомоти созанда пеш хоҳанд рафт. Аз ҷумла Кремл бояд ба садоқати Тоҷикистон посуҳм муносиб диҳад. Дар ҳоле ки дар Тоҷикистон пойгоҳ ва дигар манфиатҳои муштарак дорад, бояд ба фикри ҳифзи ин манофеъ бошад, ки ин кор ҳам бо эҳтироми ба тарафи муқобил анҷомшуданист на бо фиребу зӯр. Дар Афғонистон низ танҳо аз роҳи сиёсати мустақил ва на вобаста ба Ғарб метавонад, ҷои по пайдо кунад. Ва ниҳоят дар муносибат бо Ирон ин тавсияи Леонид Ивашов – раиси Маркази таҳқиқоти геополитикии Русия метавонад корсоз бошад, ки ахиран дар сӯҳбат ба хабаргузории ИРНА гуфтааст: «Ҳамроҳии Русия бо сиёсатҳои Вашингтон дар иртиботи муносибот ва ҳамкорӣ бо Ирон бархилофи манофеи миллии Маскав аст ва вобастагӣ надоштан ба сиёсати Амрико дар баробари Ирон ба суди ҳамкориҳои муштарак бо Теҳрон хоҳад буд .

Advertisements

2 Responses

  1. Ҳошим Холзода НЕКВАРЗ
    Шумо гуед ки ки аст дуст ва бародари халки точик? Бас нест ки бародаркови кунем? Ин бародар ваяш душман..? Худи точикон худ ба худ бародаранд? Яъне точики Самарканд точики Душанберо эътироф ва дуст медорад? Ё ин ки точики Дангара точики Сугд, Бадахшон, Рашту дигаррро эътироф е ин ки мепазирад? Ту боши Рус мегуи . Барои Рус мо як халки Осиеи Марказие ки як вакт бо онхо дар як давлат будем хамон хастем дигар хич чиз. Хаети имрузаи Точикон аз руи мухочироне ки на дар Эрон кор мекунан на дар ягон давлати дигар барои он ки ба онхо ягон кас пуле ки дар Русия мегиран намедихад. Дар ин макола факат танкиди Рус ки бечора точики пешрафтаро 200 сол аст ки ба кафо бурдаистодааст нишон додашудаасту халос. О ШУМО киен ки шуморо дуст дорану дар даст гардонанд? КИ? Точик факат дар кофтуков ки касе (давлате) ба мо намедихад ки мо хушбахтона зиндаги кунем. Барои чи барои он ки мо худамон наметавонем хушбахтона зиндагиамонро барем.
    Барои халки худамон ягона рохро пулаки кардаем е ин ки Русхо ба мо инро нишон ва фармудаанд? Эрон худаш дар хилла гум аст. Нисфи чахон бар зиди уст. Бовар кунед дустии Эрони аз дустии Австрияги хич фарке надорад барои ки ба онхо фарк нест ки ту чи халки ва чи монанди ба у дори. Туро барои аклу, заковат, хирадманди, савод ва хакикиатан коргар буданат мепазиранд.
    Худо кунад точик хам як ба худ биеяд ва бифахмад ки ягон хамсоя ба шумо ягон ери намерасонад ва хамааш дар дасти худи точик аст.

  2. Таджики?

    Страну, которую в СНГ не воспринимают как равноправную и свободную. Страну, мнение которого искажают и не воспринимают мировые державы. Страна, в котором живут люди не преодолевщие бедность. Страна, который обеспечивает некоторых стран дешевой рабочей силой. Страна, где народ терпит беззаконие и беспредел, до такой степени, что в Киргизии давно за это уже были изгнаны правители. Страна, где ограниченное количество население упорно трудится и активно старается познать мир и добится хороших жизненых результатов. Страна, где некоторые жители у себя дома ведут себя как порядочные, а зарубежом ведут себя как свиньи и волки. Страна, где чиновники воруют и бюджет страны и гуманитарные помощи предоставленные другими странами. Страна, где большинство население не оптимистичен в своих взглядах на светлое будущее. Страна, которую вспоминают при произношении слово «героин». Страна, где лучшие умы давно покинули ее и скитаются за рубожом. Страна,где водных ресурсов не имеет аналога в регионе.И многое друго. И эту страну называют Таджикистан.

    Почему, мы таджики так живем? Почему, мы не можем объединится для развития государство? Почему, мы терпим беззаконие и беспредел? Как еще нам жить, чтобы страна была сильной и процветающей? Неужели таджикский народ достоин такой бедности и лентяство? Как еще сделать, чтобы чиновники перестали воровать? Как развить демократию и свободную страну? Как еще развивать экономику, чтобы людям стало легче жить? Как сделать еще, чтобы мы могли построить общество, где будущее поколение благодарили нынешнее? Как сделать, чтобы соблюдались права наших граждан во всем мире? Как сделать, чтобы при произношении слово «таджик» к нам относились с уважением, а не как с низшей кастой?

    Как нам еще сделать, чтобы наши рабочие силы за рубежом соблюдали свои права и требовали от других их соблюдения? Как еще объяснить нашему чиновнику, чтобы он работал честно и уважал граждан Таджикистана? Как нам еще сделать, чтобы государство соблюдал, те законы, которых сам и издает?

    Все эти мысли и вопросы приходится на ум, когда видиш и наблюдаеш со стороны. Ведь нас таджиков ни кто не только неподдерживает, но и к нам почти никто с уважением не относится.Все старания наших политиков не дают положительных результатов. У нас вроде бы все хорошо, однако при детальном изучении обнаруживается, что все на самом так плохо, что дальше некуда. Мы не можем прогнозировать светлое будущее своей страны, потому что мы сами в это будущее не верим. Политики видят, что народ до такой степени бедно живет, что у населения нет даже чем прокормиться. А народ все это до такой степени терпит, что от бессилия не может высказать свое возмушение. Страна доведено до массового психоза. Где каждый ребенок уже рождается больным. Правители государство не могут (не желают) справится с минимальными стихийными бедствиями (наводнение в Кулябе). Хотя силы и средств для этого имеется. Во главе местных администрациях находятся не компетентные люди, которые не умеют самостоятельно принимать умные решения. Правительства, которая кроме слов больше ни чем не может похватотся. Работоспособная население страны в основном находится за рубежом. Представители страны, зарубежом не оказывают достойную правовую и моральную поддержку своим гражданам. Эту роль выполняют энтузиасты и добровольцы, которым не оказывают поддержку ни правительство Таджикистана, ни другие.

    Все это заставило меня подумать, а может вообще такой страны нет? Но с большой радостью я понимаю, что я таджик и имею ту страну, которая вот такая и есть. И все это нас таджиков, должно подталкнуть к улучшению уровня жизни путем реализации полученных знаний в самом Таджикистане. Активно участвовать в культурной, социальной,экономической и политической жизни страны. Чтобы наши СМИ обсуждали острые и насущенные вопросы. Чтобы политики понимали, что гуманизм это главное. Чтобы таджики гордо поднимали свое голово и смело шли вперед за светлое и демократическое будущее.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: