Баҳси роҳи пулакӣ бо чӣ меанҷомад?

«Нигох» №12 09.06.2010

Ҳафтаи сипари қазияи ширкати Innovative Road Solutions (IRS), ки то имрӯз шахсияти роҳбарият ва даромадҳои аз ҳисоби роҳҳои пулакӣ ба даст овардаашро пинҳон медорад, аз ҷониби коммиссияи Агентии зиддиинҳисории кишвар ва Вазорати иқтисод оид ба фаъолияти ғайриқонуни доштани ин ширкат мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Агентии зиддиинҳисорӣ даъво дорад, ки фаъолияти ширкати мазкур зидди қонунгузории Тоҷикистон мебошад ва аз ин ширкат дархост карда мешавад, ки фаъолияташро хотима диҳад. IRS дар навбати худ мавқеи даъвогари давлатиро инкор карда, гуфтааст, шартномаи фаъолияташ бо ҳукумати кишвар баста шудааст ва дар ҳолати фишор ба Суди байналмилалӣ муроҷиат хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, дар баррасии қаблӣ ширкати IRS аз агентии зиддиинҳисорй хоҳиш карда буд, ки қазия то расидан ба мақомоти судй, бо роҳи мусолиҳа ҳал гардад. Дар робита ба ин баҳс, «Нигоҳ» пурсид:

Ҳикматуллоҳ САЙФУЛЛОЗОДА, коршиноси масоили сиёси:

Дар кишвари мо корҳое сурат мегиранд, ки на танҳо атрофиён, балки ҷаҳониёнро дар хайрат мегузорад. Ин ҳарфҳо на танҳо ба масъалаи роххои пулакӣ дахл дорад. Яъне бо он ки сулҳи мо нодир аст ва нодир хоҳад монд, икдомҳое дида мешаванд, ки аз сулҳамон ҳам «нодир»-таранд. Биёед, боре ба он лоиҳаҳои калонҳаҷм ва миёнае, ки дар асоси созишҳои алоҳида роҳандозӣ шудаанд, назар афканем. Аксарияти онҳо баҳсбарангез буданд. Ба инҳо метавон Туннели Истиқлол, Сангтӯда-1, роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб (аслан барои шароити имрӯзи мо комилан нолозим баромад), роҳи мошингарди Кӯлоб-Дарвоз, ИБО-и «Рогон» ва Шартномаи ахири пулакӣ кардани истифодаи роҳи мошингарди Душанбе-Мастчоҳро шомил кард. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бештари иштибоҳот ё камбуд дар ин маврид аз ҷониби намояндагони кишвари мо сурат гирифтааст.

Тоҷикистон дар тамоми масоил нисбати кишварҳои ҳамсоя, манзурам, кишварҳои Осиёи Марказӣ дар дараҷаи пасти тараққиёт ва сатҳи зиндагӣ карор дорад. Вале аҷиб аст, ки бо ин ҳама тавонистааст ба амалй сохтани лоихаҳои нодир ва пурсарусадо даст бизанад. Бале, ба ин ки миллат ба амалӣ шудани ин тархҳо ниёз дошт ва дорад, шакке нест. Вале ин ҷо бояд ҳарфи бузургонро зикр кунем, ки ҳар чизеро ҳадест ва андоза…

Биёед, баргардем сари масъалаи баҳсбарангези рӯз, яъне Шартномаи пулакӣ кардани истифодаи роҳи Душанбе-Мастчоҳ, ки миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати бесарваре бо номи Innovative Road Solutions LTD механизми навоварии истифодаи зерсохторҳои роҳ ва механизми воридшавии он дар низоми иқтисодии кишвар, ки болотар аз корҳои нодири кишвари мо будааст. Яъне вақте агар мо ба ҷанбахои мухталифи зиндагии хеш ва ба номи ин ширкати нестандарҷаҳон назар андозем, дар ҳақиқат, нодир будани чунин як тасмими хукумат ва манфиатҷӯёни ширкати мазкур хеле хуб аён мегардад. Чандомиле ҳаст, ки ногузирии бекор кардани пулчинии роҳи Душанбе-Мастчоҳро тақозо менамояд:

1. Роҳ дар замоне сохта шудааст, ҳукумати феълии кишвар дарон саҳми мустақиме надорад;

2. Набудани роҳи алтернатив, ки мардуми мусофир имкони интихоб дошта бошад;

3. Зери савол ва норӯшан боқӣ мондани механмзми воридшавии ба истилоҳ ширкати пулчинаки роҳ ва роҳбари он;

4. Комилан ба инобат нагирифтани сатҳи зиндагии мардум ва мушкилоти афзояндаи Тоҷикистон;

5. Мавриди баҳс карор гирифтани Шартномаи Ҳукумати ҶТ ва «ширкатипулчинак», бахусус баҳси Агентии зиддиинҳисории назди ҳукумат ва «ширкати пулчинак»;

Бубинед, ҳам Агентии зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ ва хам «ширкати пулчинак» дар ҳоле вориди баҳс шудаанд, ки вазъияти нобасомон ба таври ошкор ба ҳукумат ва Сарвари давлат маълум бояд бошад. Ва хар ду хам гӯё дар асоси қарори хукумат, хатго дастури Сарвари давлат тасмими хешро амалӣ мекунанд, яке пул мечинад, дигаре ин амалро ғайриқонунӣ медонад. Оё ин баҳси нодир нест? Оё ин аз мавчудияти демократия ё мухторияти ниҳодҳои хукумати марказӣ дарак намедихад?

Мардум дар Варзоб гирдиҳамоӣ мекунанд, мардуми Истаравшан паёме унвонии Сарвари давтат мефиристанд ва тақозо мекунанд, ки дар истифодаи роҳи Душанбе-Мастчоҳ таҷдиди назар сурат бигирад. Вале тасмими хукумат дар ин маврид маълум нест.

Мо ба иддае аз паҳлӯҳои «нодир»-и масъала ишора кардем ва акнун интизор бояд шуд, ки тасмими Сарвари давлат чӣ хохад буд? Аммо хулосаи баҳс ва мантиқи ин ҳама эхтимол ҳамин мешавад, ки «дастандаркорони ин икдом» сабукдӯш мешаванд ва дар механизми истифодаи роҳи Душанбе-Мастчоҳ таҷдиди назар сурат мегирад. Воқеияти имрӯзаи кишвар ҳамин гуна тасмимгириро тақозо менамояд.

Хилватшоҳи МАҲМУД, коршиноси мустақил:

Барои посухи ин суол зарур аст, ба огози фаъолият ва шеваи кори ширкати Innovative Road Solutions (IRS) назар андозем. Ин муассиса дар фазои иқтисодӣ ва ҷомеаи Тоҷикистон ногаҳон ва зуд пайдо гардида, якуми апрел вокран аз худ дарак дода, тайи ду моҳ расонаӣ шуд. Тибқи иттилои расмӣ, фаъолияти ин ширкат дар асоси созишномаи он бо ҳукумат, ки ба тасвиби парлумон низ расидааст, сурат мегирад. Масъулини ин корхона ҳадс мезананд, ки ширкати онҳо як муассисаи тиҷоратии бонуфуз аст ва бо чандин давлати дунё ҳамкорй дорад, аммо ҳеҷ яке аз шарикони хориҷиашонро то ханӯз муаррифӣ накардаанд. Танҳо ҳамин паҳлӯи масъала рӯшанаст ки муассисони «IRS» шаҳрвандони Тоҷикистонанд.

Оҷонсии зиддиинҳисорӣ фаъолияти ширкати мазкурро ғайриконунӣ эълом дошт ва аз масъулини «IRS» тақозо кард, то ба ҷамъоварии пул дар роҳи Душанбе-Чаноқ хотима дихад. Аммо бо гузашти чанд рӯз фаъолияти ширкат идома дорад ва «IRS» ҳамоно иттилоро дар бораи чи кадар ҷамъ шудани маблағ ва чӣ қадар пардохти андози давлатӣ аз ин ҳисоб махфӣ нигоҳ медорад.

Баҳси роххои пулакӣ ба чӣ меанҷомад, суолест матраҳ ва дар интизори посух. Ин ҷавобро, ба назари банда, на Амонулло Ашӯр ва на Ҳукумати Тоҷикистон набояд бидиҳанд. Беҳтарин роҳи ҳалли қонунии қазия муроҷиати Оҷонсии зиддиинҳисорй ба додгоҳ аст. Аммо аҷобат ин аст, ки зимни баррасии фаъолияти ширкати «IRS» дар таърихи 27-уми май яке аз масъулини ин ширкат дар Тоҷикистон, сармуҳосиб ва дигар мақомоти он дар муқобили иддаоҳои Оҷонсии зиддиинҳисорй дар мавриди фаъолияти ғайриқонунии ширкат далел ё посух нагуфта, аз комиссия хоҳиш карданд, ки ин мавзӯъро ба додгоҳ накашанд. Поёни қазия чӣ хоҳад шуд ва ба чӣ анҷом меёбад, вақт нишон медиҳад.

Таззодро бинед, ки як масъули дигари баландпояи IRS ба «АП» гуфтааст, ки ширкати онҳо ҳеҷ як масъулиятро дар қиболи қарзи 281- миллион доллараи Тоҷикистон аз Хитой ба ӯхда нагирифтааст ва ин кори тарафи Ҳукумати Тоҷикистон аст. Пас, суоле бармеояд, ки фирмаи мазкур чӣ рисолатеро дар ин ҷода ва хосса, рушди Тоҷикистон анҷом доданист, барои кӣ ва чарофаъолият мекунад? Агар мавкри инфиродии бандаро донистан хоҳед, ман мисли як шаҳр-ванди одии ин кишвар ба ҳеҷ шарту шароит ҷонибдори пулчинӣ дар роҳе, ки онро давлати Чин бо маблағи карз таъмиру тармим(маълуматон бод, ки ин роҳро СССР сохта буд, на Хитою Бритониё!) кардааст, нестам. Агар роҳи дигари алтернативӣ барои равуо нест, чаро аз ягона ҷода – пайвандгари Марказ бо Шимоли кишвар ва он ҳам аз мардуми камбизоати Варзоб пул мечинанд?

4 Responses

  1. Вакте, ки маъракаи сахмияхарии НБО Рогунро ба миён гузоштанд, шахсан ман фикр кардам ки ин кульминация сиёсатхои хирадмандона аст. Вале сиёсатхо руз то руз хирадмандонатар шуда истодаанд.

  2. Дар аскари мегуфтан Лоххоро Лох кардан даркор… давомашро худатон фахмед ки аст ЛОХ?… норози бошед кани ягонтаатон гурда кунед ва Эътироз кунед? Бовари дорам ки фикри онхо (IRS) хамин аст…
    Сари хамро шамшер намебурад … ба сари хам туф мекунанд…чурахо

  3. Рости гап уже кардан баъд аз комиссия
    Худо нигахдоратон бод ТОЧИКОН!!!

  4. Номи чунин бузбозиро «сиесати ифлос» мегуянд. Охиран Амоннулои Ашур е бой дод е ба пули калон рози шуд.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: