Максади норавшани хамсояи наздик

Додоҷон РУЗИЕВ

«Чумхурият» №66-67 29.05.2010

Ё чи гуна идораи сиёсати хориҷии Узбекистон, роҳбарияти Ширкати давлатии саҳомии «Ӯзбекистон темир йуллари» муроҷиатҳои чандинкаратаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, масъулони Роҳи оҳани Тоҷикистонро мавриди омӯзиши амиқ қарор надода, бо баҳонаҳои беасосу бебунёди худ вазъиятро беш аз пеш вазнинтар мегардонанд.

Тамоми инсонияти мутамаддин ва ҳар яки моро возеҳу равшан аст, ки мардуми тоҷику ӯзбек садсолаҳо инҷониб дар ҳамсоягии наздик умр ба сар бурда, ғаму шодиҳои зиндагонй ва пасту баландиҳой рӯзгорро якҷоя пушти сар ниҳодаанд. Хитоби санҷидаву шиори писандидаашон як будааст:

Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст,

Дар парешонҳоливу дармондагӣ…

Аммо… замонаҳо дигар шуда, одамону ахлоқу ҳадафу муносибатҳояшон ҳам дигар шуданд…

Ҳамин гуна «дигаршавӣ»-ро дар ҳолату фаъолияти роҳиоҳанчиёни ҳамсоя метавон пай бурд, ки солиёни дарозе аҳлона ҳамкорӣ карданду дар ин овони озодиву истиқлолияту пешравӣ ҷомаи инсофи худро чапа пӯшида, ба ҷойи вусъату самарабахши ҳамкориҳои судманди дуҷониба, ба ҷойи дастгирии мардуми офатзадаи минтақаи Кулоби вилояти Хатлони Тоҷикистон, ки аҳли олам дасти мададашон даhоз мекунад, садди роҳи равобити ҳасанаи ҷонибҳо мешаванд. Ҳарчанд аз гузаштаи начандон дури таърихӣ воқифу бохабаранд, ки ҳеч гуна роҳбандӣ касеро судеву обрӯе наовардааст, дӯстиву некиро дар вақташ, дар амал, на дар сухан, нишон додан лозим аст!

Кӯтоҳи гап, аз ибтидои соли ҷорӣ то имрӯзҳо Ширкати давлатии саҳомии роҳи оҳани «Узбекистон темир йуллари» беш аз 2500 вагон бори ба Тоҷикистон фиристодашударо зӯран дар истгоҳҳои худ нигоҳ медорад. Беҳуда нест, ки тоқати ҳамагон ҳам сохибони бори сершумори дохиливу ҳам хориҷӣ тоқ шуда, идомаи боздошти вагонҳои ҳомили бору колои гуногуни Тоҷикистон дар қаламрави Ӯзбекистон аз нав мавриди баҳс ва нигарониҳо қарор гирифт. Дар робита ба масъалаи мавриди назар бархе аз расонаҳои хабарӣ ва сомонаҳои интернети, монанди воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Узбекистон, матолибевонашр мекунанд, ки ғолибан хақиқати ҳолро зери суол мебаранд.

Масалан, 14 апрели соли равон дар сомонаи интернетии «Сентр – Азия» таҳти унвони «Худи Тоҷикистон аз қабули борҳояш аз Узбекистон даст мекашад» матлаби бофтаву бардурӯғу фармоишии Рашид Толипов интишор ёфта буд, ки ба тамоми даъвоҳои бедалелаш ҳамон замон аз ҷониби роҳбарияти Роҳи оҳани Тоҷикистон посухи дурусту мушаххас гирифт. 17 майи соли 2010 бошад, Агентии иттилоотии «Жаҳон» навиштаеро зери сарлавҳаи «ВКХ Ӯзбекистон вазъиятро оид ба боздошти вагонҳои Тоҷикистон ташреҳ медиҳад» интишор намуд, ки он низ дар батни худ далелҳои беасосе дорад.

Дар шарҳи ВКХ Ӯзбекистон омадааст, ки «Ӯзбекистон темир йуллари» ба иллати надоштани маблағ ва воситаҳои техникӣ корҳои таъмиру барқарорсозии минтақаи роҳи оҳани Тирмиз-Амузангро сари вақт анҷом дода наметавонад. Дар ҳамин асос манбаъ ба ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки вагонҳои ба вилояти Хатлон интиқолшавандаро ба воситаи нуқтаи сарҳадии Қудуқлй (минтақаи Душанбе) қабул намояд, ки дар сурати пазируфтанаш даҳҳо мушкилаи дигарро пеш хоҳад овард.

Дар ин мавзӯъ рӯзномаи «Ҷумҳурият» мақолаи таҳлилиеро зери унвони «Роҳҳо мушкилкушои мардуманд, аммо…» (бо зерсарлавҳаи «Ҳамсоягони ӯзбек онҳоро беасос мебанданду дидаву дониста ба иқтисодиёти Тоҷикистон зарари калони молиявӣ мерасонанд») интишрр дода, бебунёдиву баҳонаҷӯии маҳз будани пешниҳоди мазкурро бо далелҳои мӯътамад собит сохта буд, ки ҳоҷати такрорашон нест.

Мутаассифонаи идораи сиёсати хориҷии Узбекистон, роҳбарияти Ширкати давлатии саҳомии «Ӯзбекистон темир йуллари» муроҷиатҳои чандинкаратаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии чумҳурӣ, масъулони Роҳи оҳани Тоҷикистонро мавриди омӯзиши амиқ қарор надода, бо баҳонаҳои беасосу бебунёди худ вазъиятро беш аз пеш вазнинтар мегардонанд.

Андрей Тропин, муовини аввали сардори хадамоти боркашонии Роҳи оҳани Тоҷикистон, аз он изҳори нигаронӣ дорад, ки аз аввали моҳи феврали соли ҷорӣ беш аз дуву ним ҳазор вагон борҳои гуногуни тавассути роҳи оҳани Ӯзбекистон ба Тоҷикистон воридшаванда дар ҳудуди кишвари ҳамсоя бесабаб нигоҳ дошта мешаванд.

Мавсуф иброз дошт, ки баъди обхезиҳои даҳшатбору фоҷиаангез дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, ҷониби Ӯзбекистон интиқоли борҳоро ба Тоҷикистон тавассути қитъаи роҳи оҳани Тирмиз – Амузанг ба роҳ монд. Мо, гуфт ӯ,- рӯзи 8 майи соли равон 61 вагон, 9 май 35 вагон, 10 май 53 вагон, 11 май 20 вагон, 12 маӣ 3 вагон ва 13 май 18 вагон борҳои гуногунро қабул кардем. Дар маҷмӯъ то 26 майи соли равон ба вилояти Хатлон 291 вагон ворид гашт, ки аз ин ҳисоб 135 вагонашро орд, 15 вагонашро гандум, 40 вагонашро сузишвори, 34 вагонашро чӯбу тахта, 5 вагонашро шифер, 9 вагонашро равғани растанӣ, 24 вагонашро наск ва дигар намуди борҳо ташкил медиҳад. Айни замон дар ҳудуди кишвари ҳамсоя 969 вагони дигар, аз ҷумла, 255 вагон бензин, 37 вагон битум, 97 вагон гази энергетикӣ, 231 вагон маводи сӯхти дизелӣ, 1 вагон равғани техникӣ, 6 вагон орд, 127 вагон семент, 132 вагон маводи сӯхти реактивӣ, ки бояд ба вилояти Хатлон фиристода шаванд, бо сабабҳои номаълум нигоҳ дошта мешаванд.

Бино ба иттилои Андрей Тропин, ҳамаи борҳои то имрӯз ба вилояти Хатлон воридшударо асосан ёриҳои башардустона ба минтақаи офатзада ташкил медиҳанд. Дар ин замина саволе ба миён меояд, ки чаро ҷониби Узбекистон вагонҳои пурбори барои хоҷагии халқи вилоят бениҳоят заруриро иҷозати вуруд надода, танҳо ба кӯмакҳои расондаи Хазинаи ҳифзи иҷтимоии кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ва чанд контейнери иборат аз наски амрикоӣ чароғи «сабз»-ашро рӯшан сохт?!

-Барои пурра ба вилояти Хатлон интиқол додани вагонҳои боқимонда чандин маротиба ба роҳбарияти роҳи оҳани Ӯзбекистон дархост пешниҳод шуда бошад ҳам, – идома дод андешаҳояшро ҳамсӯҳбатамон, – онҳо чун ҳарвақта «таъмирталаб» будани қитъаи мазкури роҳро баҳона пеш меоранд. Ва дар ҷавоб мо ба ҷониби Узбекистон сидқан пешниҳод кардем, ки корҳои таъмиру барқарорсозии қитъаи роҳи оҳани Тирмиз-Амузангро (шояд, он аслан таъмирталаб набошад) бо ҷалби мутахассисони варзидаи тоҷик, техникаву таҷҳизоти замонавии худ анҷом медиҳем. Ва тайёр ҳастем, ки барои то Амузанг расондани вагонҳо техникаву локомотивҳоямонро сафарбар намоем. Аммо пешниҳод қабул нашуд.

Мутахассис аз он изҳори тааҷҷуб кард, ки як қитъаи роҳи оҳанро, ки таъмираш ду – се рӯз ё худ як ё ду ҳафта бояд давом кунад, чӣ тавр наметавонанд дар чор моҳ ба анҷом расонанд?! Ҳол он ки дар ин муддат худи ҳамсоягони ӯзбек (!) дар минтақаи Тирмиз – Ҳайратон дар муддати кутоҳе роҳи оҳани 20-километра сохтанду мамолики дигар садҳо километр роҳҳои аз ин ҳам дарозтару қиматтарро барои истифода супурданд!

Андрей Тропин мегуяд, ки «ман солҳои 80- уми қарни гузашта дар ин минтақаи роҳи оҳан муддате чанд кор кардам. Ва шоҳиди он будам, ки дар он ҷо қариб боришоту селхезиҳо намешаванд. Маълум мегардад, ки «Узбекистон темир йуллари» дар ин бобат баҳонаҷӯйиро шиори ягона ва доимии худ қарор додааст».

Пас, ҷониби Ӯзбекистон бо гуфтаву даъвоҳо ва баҳонаҳои сершумору бебунёдаш на танҳо сокинони Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҷаҳонро дар ҳоли нигаронӣ қарор додааст. Ва кас мутахассиси соҳа набошад, гумон мебарад, ки дар ҳалли ин масъала аз ҷониби мо кашолкорӣ сурат мегирад. Дар ҳоле ки қатораҳои мусофирбар аз Кӯлобу Қӯрғонтеппа ба Хуҷанд ва дигар шаҳрҳои Федератсияи Русия маҳз аз роҳи ҳамин қитъа мунтазам дар ҳаракатанд. Пурсида мешавад, ин қатораҳо аз ҳамон қитъаи роҳи таъмирталаб чӣ тавр убур мекунанд?

Охир, локомотиви қатораи мусофирбар аз локомотиви қатораи боркаш ягон тафовуте надорад!

Корманди масъули Роҳи оҳани Тоҷикистон иброз дошт, ки муддати тӯлонӣ дар ҳудуди кишвари ҳамсоя боздошт гардидани вагонҳои Тоҷикистон, аз ҷумла, беш аз 600 вагоне, ки маводи сӯхт дорад, дар ҳавои гарм метавонад оқибатҳои ногуворе ба бор орад.

Гузашта аз ин, ба Тоҷикистон ҳамарӯза аз Афғонистон, Эрон, мамлакатҳои аъзои ИДМ, ҷумҳуриҳои назди Балтика ва дигар кишварҳои хориҷи дуру наздик борҳои гуногун фиристода мешаванд. Ва ин борҳо дар Ӯзбекистон моҳҳо беҳаракат мехобанд, вайрону бесифату нодаркор шуда, ба корҳои тиҷорату равобити соҳибкорону тоҷирони сершумор ва рушди иқтисодиёти Тоҷикистон, махсусан, дар ҳамин лаҳзаҳои душвору ҳассоси таърихи халали ҷиддӣ расонида, дар ҳофизаи таърихии мардум нақши фаромӯшнашавандаи манфӣ мегузоранд. Яъне, кишвари ҳамсоя дидаву дониста шарикони хориҷии моро дилхунук сохта, бо ҳамин васила обрӯю эътибори байналмилалии Тоҷикистонро коҳиш доданӣ мешавад. Ба ибораи дигар гӯем, Ӯзбекистон алайҳи Тоҷикистон муҳосираи расмии эълоннашудаи иқтисодӣ – техникие роҳандозӣ намудааст, ки боиси нигаронии ҳамагон гаштааст.

Мавриди таъкид аст, ки даъвои ҷониби Ӯзбекистон дар боби таъмирталабии қитъаи роҳи оҳани Тирмиз-Амузанг то ҳол аз ҷониби масъулони Роҳи оҳани Тоҷикистон ва дигар доираҳо тасдиқ нашудааст. Аз ин рӯ, масъалаи мавриди баҳс аз ҷониби гурӯҳи мутахассисон ва шахсони салоҳиятдори дахлдори давлатӣ омӯзишу баррасй ва пешниҳоду хулосабардории аниқу амиқеро тақозо дорад.

Ба назари мо, сари вақту айни матлаб мебуд, агар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам ба ин масъала таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар ин ҷода чораҳои муассири фаврӣ меандешид.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: