ТАЛБАНДАГӢ

Зафари СУФИ

«Озодагон» №21 01.06.2010

Ба назар мерасад талбандагиву гадотабъӣ ба сифати як фарҳанг дар ҷомеаи мо реша медавонад. Ҳарчанд аксари масъулон ва дар таъсири гуфтаҳои онҳо афроди зиёде дар ҷомеа фарҳангро маҷмӯи рақсу суруд медонанд, аммо маънии онро надорад, ки чунин бошад.

Фарҳанг маҷмӯи амалу аксуламалҳои инсон аст. Ҳоло ин фарҳанги талбандагмву гадотабъӣ дар чй зоҳир мешавад? Биёед аз боло шурӯъ кунам.

Наздик ба як соли дигар монда, ки ҷашни бистумин солгарди истиқлоли кишварро таҷлил намоем. Агар солҳои авали истиқлол ва пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ҳукумат баҳона пеш меовард, ки вазъи номуносиби иҷтимой ва иқтисодй ба далели нобасомониҳо пас аз даргириҳост, қобили қабул буд ва аз ин назар дархостй кумакҳои башардӯстона ва садҳо навъи дигари кумак метавонист тавҷеҳ шавад. Имрӯз, яъне пас аз 15 соли хатми ҷанги нанговари дохилӣ низ онро баҳона пеш овардану кумакҳои хориҷиро тавҷеҳ кардан барои ман як ҳолати нофаҳмост.

Талоши ин ё он ниҳоди байнулмилалӣ ва ё давлати хориҷӣ барои коҳиши сатҳи фақр дар кишвар барои ман ва шояд садҳо тани дигар мисли ман амале таҳқиромез аст. Чашм ба кумаки бегонаҳо доштани ҳукумати кишвар маро ба сифати як шаҳрванд, ки ғуруру номус ва сараландиву озодагӣ усулҳои асосии зиндагияш мебошад, азоб медиҳад. Бар болои ин ҳар сари чанд мисли саҳмияи Роғун, хатнасури фарзандони хонаводаҳои камбизоат ва хона сохтан барои офатзадагонро ба дӯши соҳибкорон вогузор кардани ҳукумат низ бароям қобили дарк нест.

Бояд фаромӯш накард, ки эҳсону ватандорӣ ва мардумдӯстӣ наметавонад бо тавсияву шиор ба вуҷуд ояд. Ин падидаҳо ба раванди шаклгирии шахсияти инсон бастагӣ дорад ва саховати шахси сармоядор низ ба тарзу роҳи ҷамъоварии сармояаш иртибот мегирад.. Агар ин ҳама кумакҳо бидуни ҳеч дастуру дархости ҳукумат ва ё шахси мансабдоре ва фақат ба таври худҷӯш, яъне бо хоҳиши худи соҳибкорон анҷом мегирифт, воқеан арзиш дошт.

Аз сӯи дигар имрӯз дар ҳар қишри ҷомеа фарҳанги талбандаги-ву гадотабъӣ мушоҳида мешавад. Иддао надорам, ки ҳама чунинанд, аммо мутаассифона рӯз аз рӯз зиёд шудани шумори онҳое, ки ин фарҳангро ба сифати амали маъмулӣ қабул мекунанд, сахт аламовар ва нишон аз буҳрони амиқи хуввият ва озодагӣ дар ҷомеа мебошад. Шояд бардоштҳои ман аз арзишҳо ба гунаи дигар аст ва шоядхато мекунам. Аммо муаллиме, ки барои гузоштани баҳо ба шогирдонаш пул ҷамъ мекунад, магар ҷуз талбандаву гадотабъ метавон ном бурд? Оё чунин фард ҳуқуқи маънавии омӯзишу парвариши фардои миллату кишварро дорад?

Баҳонаи ин, ки моҳонаи муаллимон кам асту онҳо барои гузарони рӯзгор маҷбуранд ба чунин амал даст бизананд аз худи амал дида бештар ҷинояткорона аст. Агар бо маоши омӯзгорӣ рӯзаш намегузарад бояд дунболи кори дигар равад ва табиист вақте дар мактабҳо муаллим нарасид ҳукумат маоши омӯзгоронро ба ҳадде боло мебарад, ки барои гузарони рӯзгор басанда бошад. Охир, таври мисол, чаро барои як вазир ё як мансабдор чандсадсомонй маош таъин кардан имкон дораду барои омӯзгоре, ки вазирони оянда ва умуман соҳибони фардои ин марзу бумро тарбият мекунад, моҳонаи бехтар таъин кардан номумкин будааст? Магар гаҳвораи вазирону мансабдорон аз осмон афтодааст?

Дар ҳамин ҳол шояд ҳар кадоме аз мо борҳо чашми умед ба ҷайбу дасти бемор ва ё наздикони он дӯхтани пизишконро шоҳид будаем. Мутахассисе, ки дар хеле ҳолат зиндагии инсоне аз ӯ вобаста мебошад, талбандаву гадотабъ аст. Аламовартарин ҳолат ин амалро бе ҳеч ҳассосият ва дар камоли беэътиноӣ пазируфтани ин пизишк ва аксари ҷомеа бувад.

Дар донишгоҳҳо барои гузоштани баҳои санҷишу имтиҳон пул ҷамъ кардани омӯзгорон, ки ҳамзамон дорои унвонҳои илмӣ низ ҳастанд, дигар барои хелеҳо кори тааҷҷубовар нест. Намедонам ин соҳибунвонҳо талбандагӣ ва гадотабъии хешро чи гуна тавҷеҳ мекарда бошанд. Аммо ин чиз мусаллам аст, ки онҳо ҳам ба худ ва ҳам ба фардои миллату меҳан хиёнат мекунанд. Зеро ин ҳама аз боло то поин фарҳанги талбандагиву гадотабъиро дар ҷомеа рушд медиҳанду соҳибони фардои миллату кишварро дар ҳамин руҳия вафарҳанги гадой тарбият медиҳанд. Набояд як лаҳза фаррмӯш кард, миллате, ки руҳням гадой эа талбандагй дорад, ба ҳеч ваҷҳ саодя нахохад буд.

3 Responses

  1. Дуруст навиштед. Ман хам хамдарду хамбини Шумоям. Вале чи кор кард ки ин фарханг ай байн равад, яъне фарханги талбандаги… Янон сохае нест ки дуруст кор кунад, на факат илму тандурусти.

  2. Рости гап хамин ман шуми талбандаро дорам. Хар дафъа чугиро бинам ба у мегуям ки мемури кор куни тану тушат аз ман дида бакуваттар лекин сарат хаму дастат дароз мур ту бо хамин ахволат. Баъд хулоса кунед мо кием?20сол факат дасти дарози сари хам айб аст ээээй! Мо аз чуги чи фарк дорем? Ку ягон кас бигуяд. Раиси хона ки Чуги бошад хонаводааш низ чуги мешавад…. Хазорон бор Тоуба…

  3. Хама сохахо дуруст кор мекунанд. Факат одамони дар он соха кор мекардаги дуруст кор намекунанд. Мо ки чунин тарбия гир ифтем, он бо мо дар хар чост. Талбандаги аз беакли аст. Мо ки як кори дурустро бо дарачаи боло ва бо музди лозима ки намекунем, талбандагиро осонтар мешуморем ва онро пеш мегирем. Охир барои ба мо пул додан мо бояд ягон чиз бар ивази он дихем.Аммо мо чи дода метавонем?Гайр аз ваъдаю дуруггуи хеч чиз. Аз ин хулоса меояд, ки ое ба мо ери додан лозим е не?
    Найди дело по душе, стань в этом деле лучшим, а потом найди где за это хорошо платят (Генри ФОРД).

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: