«Сабасаи аввал», аквариум, ватаннонамо

Абдулазизи ВОСЕЪ

«Озодагон» №21 26.05.2010

Телевизионхои Точикистон ба максад расиданд. Ман аз телефони мобилиям безор шудам. Он кадар ин куттичаи хурди сиёхакро, ки то ин вакт хамеша мушкилкушоям буд, бад дидам, ки мабодо агар садои зангаш баланд шавад дилам бехузур мегардад. Инак, 33-рузи расо мешавад, ки (аввалин гузориш дар борам истифодаи нодурусти телефонхои хамрох шоми рузи 24 апрел, баъди анчоми паёми президент ба Мачлиси Оли намоиш дода шуд) телевйзионхои мо аз телефони мобилу зарари он мегуянд.

Табибони саратоншиносу рухшиносу асабшиноси мухтарами мо ду пой дар як муза андохта хушдор медиханд, ки истифодаи зиёди телефон ба кори асабу майнаи одам зарари чиддй дорад. Бовар дорам, ки агар президент дар бораи зарари иктисодии -телефонхои мобилй ба хонаводахо намегуфту кормандони ТВ-ро муддати мадид бо мавзуи ТОП таъмин намекард, пизишкони «донишманд»-и мо низ перомуни зарари телефонхо лаб фуру мебастанд.

Ман то паёми имсолаи прези¬дент аз забони хеч табибе нашунида будам, ки аз зиёни телефонии мобил харф занад. Пас, оё ин чиноят мест, вакте табиб медонад, ки истифодаи зиёди телефон зарари чиддй дорад, аммо хомуш мешинад? Суоле матрах, аст, ки ё онхо солимии чомеаро намехостаанд ё кормандони ТВ барояшон минбар намедоданд? Посухи ин суол бигзор бар души кормандони макомоти интизомй бошад, ки кори чоночонашон аст. Мо хам як лахза мавзуи телефонной мобил дар телевизионро фаромуш мекунем, бе ин хам кадом руз як «мутахассис» дар ТВ аз зарари компютер ба асабу узвхои таносул бо рикдат сухан мекард. Пешгуйй кардан душвор нест, кй баъди телефонной мобил, хучуми дигар ба компютерхо мешавад. Холо, ки ТВ-хо ба баррасии мавзуи нав дасту панча нарм накардаанд, мо ба баррасии куллии ТВ-нои давлатии Точикистон меравем. Албатта на аз нигохи як журналист, балки аз назари як бинандаи оддй…

Сабасаи аввал ё ТВ-дорухона

«Тавре аз паёми президенти Чумхурии Точикистон бармеояд…». Бисмиллохи огози барномаву гузоришхои аксари кормандони шабакаи якуми телевизиони Точикистон намин чумла аст. Хулоса мешавад, ки агар президент ба Мачлиси Оли паёме ирсол накунад, кормандони телевизион бемавзуъ мемонанд ё агар ин паем дар як сол ду маротиба сурат пазирад шояд ба пахши зи¬ёди барномахои такрорй хотима гузошта шавад. Дуруст аст, ки пешниход ва баррасихои президент дар бастагй ба ин ё он мушкил кобили кабуланд, аммо аз он ки телевизи¬он онхоро дар колабхои куннашудаву дилбазан тахияву пешниход мекунад натичахои гайриканоатбахше носил мешавад. Гузашта аз ин агар ТВ ба як мавзуъ «дил» бандад, онро то ба хадди ифрот мерасонад. Аксари кормандони эчодй новобаста аз он ки дар кадом идора кор мекунанд, натман дар он мавзуъ барномае тахия месозанд.

Колаби барномасозиву гузоришнависй дар шабакаи якум даврони шуравиро ба хотир меорад (маъракаи таблиги танзими расму оин, харидории сахмияхои Рогун, истифодаи телефонной мобилиро ба хотир биёреду тарзи пешниходашонро мукоиса намоед. Дар баъзеи барномано намон чехрахо-кахрамон ё мусохибонро мебинед). Дар холе, ки дастрасии мардум ба шабакахои зиёди телевизиони хоричй бештар шудааст, бо як шаклу услуб огозу анчом бахшидани барномано метавонад теъдоди бинанданои телевизиони раками яки Точикистонро кохиш бидихад.

Эхсос мешавад, дар ТВ-1 ба галстук эхтироми амикзонир мешавад. ТВ-чихо хам мисли вазири маориф одами бегалстукро шояд чандон хуш надоранд, ки хатто марди такрибан 60 солаеро, ки даруни бог нишастааст, галстук мебандонанд…

«Хикмат»-и дорухои баъди ахбор

Реклама дар шабакаи аввал чои вижаеро касб мекунад. Ин латифа, ки як мард ба занаш хасрат меку¬над, нав бо завк реклама тамошо дошт, ки филми хунарй огоз шуд, ба охистагй хакикат шудан дорад. Беш аз нисфи рекламахои шабакаи аввал таблиги дорухоянд. Рекламахоро тамошо карда фикр мекунед шабакаи якум филиали вазорати тандурустй аст. Хамин андеша нам дар сар пайдо мешавад, ки тамоми мардуми Точикистон касалманду маризанд. Ин шабака замоне як рекламаи «табибтахкиркунак» нам дошт. Марде писарашро назди духтур мебарад ва табиб бо таасуф мегуяд дарди писарат даво надорад. Вазорати тандурустй хам ба ин рек¬лама вокунише нишон надод. Шояд онхо ба мазмуни реклама розй буданд?

Боз як «кизики»-и дигар ин аст, ки авчи таблиги доруно баъди барномахои иттилоотии «Ахбор»-анд. Шояд инчо хикмате нухуфтааст, ки танхо кормандони ТВ-1 медонанд?

Дилпурона намешавад гуфт, ки ТВ-1 конун «Дар бораи реклама»-ро пурра риоя мекунад. Хачми пешниходи реклама, ки ман як рузаашро навиштам, хело зиёдтар аз онест, ки конун пешбинй кардааст. Худ рекламакунй хам дар ин шабака гумонам аз будаш зиёд аст, то хадде ки замоне хар шахрванди хоричиро дар куча вомехурданд, мегуфтанд, ки ру ба камера «шабакаи аввал» бигуяд. Ин худ рекламакарданхо билохира кариб монда буд, дар зехни мардум исми ТВ-1-ро тагйирбидинад. Хато нашавад, ду шахрванди чопонй ё курией буд, ки бо лакни шикастае «Сабасаи аввал, сабасаи аввал» хитоб мекарданд. Ба бахти кормандони шабакаи аввал окно «с»-и дуюмро бо нарфи аслияш V талафуз накарданд. Холо низ кудакон бо дидани рекламаи шабакаи аввал «сабасаи аввал, сабасаи аввал» садомедиханд…

Агар реклама дар ТВ-1 манбаи «пулкоркунй» бошад, пас намоиши манзараву куну пуштаву дашту да¬ману санрову осмону замин фикр мекунам барои эфирпуркунист. Ин шабака хамчунин дар намоиш додани «Клипнои сиёсй» бенамтост. Сарояндахо низ аз фурсат истифода бурда вобаста ба мавзуе, ки дар ТВ-1 «мавсими авчаш» аст, суруд мехонанд. Бигирем, Рогунро. Шаба¬каи якум ба хотири таронахои «рогунй» сурудхои овозхонноеро клип кардаву чандинхо маротиба намо¬иш дод, ки каблан чехраашонро дар ин шабака хело кам медидем, агар нагуем, ки намедидем.

Барномахои хуб кучо мешаванд?

«Нигохи комил», «Сарнавишт», «Ёдрас»-и гуруни эчодии «Симо»-ро метавон дар катори барномахое навишт, ки бо як гуна колабшиканй ва пешниходи тозаи барномасозй тания мешуданду к.обили тамошо Хам буданд. «Симо» бо тими мураккаб аз чавонони неруманд, ки дар пешниходи барномано диди тоза доранд, таъсис ёфт. Баъди чанд муддат ё потенсиали ин гурухи эчодй тамом шуд ва ё бо сабабхои дигари алъон барои бйнанда номаълум барномахои наве, ки холо аз чониби «Симо» пешниход меша¬ванд, дар колаби барномахои якранги ТВ тахия шудаанд.

Барномаи «Тадкикоти журналистй»-и Бахтиёр Сафаров аз гурухи эчодии «Фаросу» хам то андозае кобили тамошо буд, зеро муаллиф бештар барои нишон додани вокеиятталош мекард. Чандест, ки ин барнома нам аз экран гайб за¬даст. Аз миёни «Шоубарнома»-нои зиёди шабакаи аввал бошад, «Бармало»-и Машраби Абдулло чолибтар менамуд, ки хамчунон давоми якуним мои боз манзур намешавад. «Бармало»-ро соли гузашта як ма¬ротиба бе баранда тамошо кардем ва баъди ин чанд муддат он пешнихноди тамошогар нагардид. Баъдан Машраб боз дар экран пайдо шуд ва инак чандест, ки ин барномаро тамошо намекунем. Аз силсилаи барномахои мустакими сухбат дар мавзуи руз бошад, махорати сармухаррири Идораи барномахои сиёсй- Иброхим Ахмадовро зикр кардан ба маврид аст.

ТВС ё ТВ-аквариум

Як дустам боре гиребон панча кардаву шукр гуфт, ки хайрият кишвари мо Ватикан нест, набошад, ин телевизионной мо чиро намоиш медоданд? Ончо хамагй чор ё панч касри бонашамат аст, ки як ё ду руз намоиш мединиву бас. Аккалан ягон дарёи «эфирпуркун» нам надорад. Аммо ман ба ин шубха дорам. Коргардонхои мо махорати як лавхаро садхо маротиба такрор намоиш доданро доранд. Бовар дорам, ки агар дар Ватикан нам мешудем, ТВ-чино илочи корро пайдо мекарданд. Се чор навор аз укёнуси Антарктида барои панч сол кифоят мекард.

Муассисаи давлатии ‘Телеви¬зиони Сафина» ё ТВС дар авалхои таъсис ба унвони як телевизиони фархангй муаррифй шуд. Ин шабака намоиши лавхахои резиши дарёву мавчи укёнусхоро он чунон дуст медорад, ки пайваставу батакрор намоиш медихад. Махсусан, дар солхои авали таъсис ин гуна лавхахо он чунон зиёд буданд, ки дар баъзе доирахо ТВС-ро нимшухиву нимчидди ТВ-Аквариум» мегуфтанд.

Реклама барои ТВС хам чузъи чудонопазири эфир гардидааст. Ба фарк аз шабакахои дигар инчо боз «телереклама» маком дорад. Баъди анчоми рекламахои асосй боз мебояд чанд дакикаи дигар рекламахоро на тамошо, балки хонед.

Кормандони ТВС кушиш мекунанд, дар барномасозй навоварихое дошта бошанд. Баъзан ин навоварихоро дар «забони точики» тачриба мекунанд, ки зиёд номуваффак аст. Бархе аз кормандони ин шабака шояд ба хотири «обурангй» ё шояд барои намоиш додани сатхи дониши забонияшон чумлахое месозанд, ки «дуд аз димог» мебарояд. Масалан, журналист ба мусохибаш савол медихад, ки «аз кай ба фарбехгй шуруъ кардед?» ва ё муаллифи барномаи дигаре сухани хамсухбаташро буридаву мегуяд, ки «ташаккур акнун мехохам дар ин мавзуъ назари мардумро хам фахмам» ва ба донишчуе, ки дар толор нишастааст, сухан медихад ва ё бигирем хамон чумлаи маъруферо, ки журналист гуфта буд «холо аппаи фалонй як сурудашро барои мо вас-васа мекунад»…

Бархе чавонони ин шабака метавонанд вобаста ба мавзуи мавриди матрахи барномаашон кахрамон ва мутахасисони хуберо даъват кунанд, аммо масъалагузорй чандон нишонрас нест (барномахое ба монанди «Зиндагй» ва «Шомиёна»). Дар як шоу-барномаи нимсоатии дигар мутахассисону иштирокчиёни зиёде бахс мекарданд, ки нони сафед хуб аст ё сиёх.

Барномахои «Шакл», «Биёед, бигуем», «Чорсу» ва сил-силабарномахои таърихии Орзу Исоевро мешавад дар катори барномахои муваффаки ТВС навишт. «Нози хайёл» аз барномахои фархангиест, ки бо услуби хосе пешниход мешавад. Нигинаи Муъмин гуйё барои тахияи хамин барнома таваллуд шудааст. Сухану гуфтору рафтораш мувофик ба барномааш аст, аммо мутаасифона Нигина дар дигар барномахо низ бо услуби «Нози хаёл» сухбат мекунад, ки «минус»-и уст. Барои мисол дар барномахои мустакм бо печутоби адабиву лирикиву суханбозии ба худаш хос то хамсухбаташро барои бйнанда муар¬рифй мекунад, ки хам мусохиб ва хам тамошочй хаста мешаванд. Баъзан Нигина савияи ибрози андешаи хамсухбаташро ба назар намегирад. Дар натича посухи суолхои суханпардозонаи у бо лахчаи шикаставу номувозй бармеояд.

Кори муваффаки дигари ТВС пешниходи филмхои истехсоли «Точикфилм» аст, ки кариб дар гушаи фаромушй рафтаанд. Маса¬лан, кахрамонии ду точик дар ЦБВ, ки тамоми немисхоро «коил» кардаанд, бехтарин филме буд, ки дар як соли охир ман аз ТВ дидам.

Хамчунин, ба кори идораи дубляжи ин шабака (агар норасоихои тарчумаашро ба назар нагирем) мешавад офарин гуфт, ки дар самти ба точйкй баргардонидани филмхо кори назаррасеро анчом медиханд.

Чахоннамо кай Точикистоннамо мешавад?

Аввалин шабакаи иттилоотии Точикистон бештар ба вокеоти хорич, таваччух мекунад. Шояд масъулин маънии»Чахоннамо»-ро хам дар хамин дидаанд, ки зиёдтар бояд ходисахои чахонро манзури бйнанда кунад. Барномахои ин шабакаро тамошо карда фикр мекунед, дар Точикистон «ходисаи хабарбоб»-е нест. Аммо вакте сомонахои интернетиро боз мекунед, даххо иттилое хастанд, ки барои тамошогари точик заруртар аз захмй шудани чанд нафар бар асари як садама дар Филлипину Непаланд.

Аммо баъзе барномахои идораи тахлилй то андозае кобили таваччуханд. Хамчунин бархе аз гузоришхои тахияшудаи Чахоннамо дар киёс ба дигар шабакахо фарккунандатар ба назар мерасанд.

Муассисаи давлатии Телевизиони Чахоннамо», ки аз миёни ТВ-хои дигар «кам рекламатарин» махсуб мешавад, вактхои охир ба намоиши васеи лавхаи куху дарс гузаштааст. Ин шабакаи иттилоотй хам шояд мехохад бо намоиш додани манзарахо маърифат ва завки зебоипарастии бинандахоро, ки аз лавхахои шабакахои дигар «то таги гулу»’ серанд, боло бубарад…

Ба хар сурат фикр мекунам, дар се чор соли дигар нуфузи ин шаба¬ка дар миёни тамошогарони точик хело болотар меравад, чун имруз мардум ташнагии иттилоотиро эхсос мекунад…

ТВ Бахористон

Баъди ба парлумон рафтани Низом Косим дар телевизиони кудаконаи Точикистон дигаргунихое ба вукуъ пайваст. Зевар Давлатова, рахбари нави ин шабакаи телеви¬зиони шахси нисбатан дар фаъолият чиддй будани худро нишон дод. Сатхи баъзе барномахо то андозае баландтар баромад. Барномаи иттилоотй аз нав «зинда» шуд.

Баъди омадани рахбари нав дар экрани ин шабака сурудхои хинди низ макоми хоса пайдо кард. Акнун наворхоеро аз силсилаи ДВД-дискхое аз чараёни як озмуни овозхонони наврас дар Хиндустон, ки дар нуктахои фиттафурушй реклама мешуд, дар «Бахористон» низ дидан имкон дошт. Бовар дорам, идеяи «Овози тиллой» хам махз баъди тамошои ин сурудхо ба сари Зевар Давлатова омада бошад. Аммо ба фарк аз озмуни хиндухо дар «Бахористон» раванди баргузории он дар сатхи хело паст чараён дорад. Дар «Овози тиллой»-ии Зевар Давлатова кудакони хурдсол сурудхое мехонанд, ки… Масалан, як духтарак мехонад, ки «майда-майда рафтанахои ин бача обум кардай…», писарбачаи дигаре гуйё дар посух зам-зама мекунад: «бимон ман мираму ту дар амон бошй», кудаки дигаре «шаб, ки хондам номахоят то сахар хобам наомад» мехонаду аз забони наврасе «умрам ба охир омад бе лаъли чонфизоят» мешунавем. Вакте Манучехр ном кудак суруди «Модар» огоз кард, Худоро шукр гуфтам. Аммо мазмуни суруд боз хам мушавашам кард, ки мегуфт: «на янгаву на моиндар вафо надорад, маара дар пеши пои модар бкша». Ачаб тазоде. Шабакахои дигарро тамошо мекунед, сарояндагони бузурги мо таронахои кудакона мехонанд, дар «Бахористон» кудакон аз чудоиву таъми хуши бусаву лахзахои висол месароянд…

Дар баробари «Овози тиллой» озмуни «Симо» низ дар Бахористон чараён дорад. Ин кастинг хам дар шакли бисер номуваффак рохандозй шудааст.

«Бахористон» филмхои тасвирии хубе намоиш медихад, ки мутаасифона хамагй ба забони русиянд. Агар «Бахористон» зимни карордоде бо «Кинои точик» ё идораи дуб¬ляжи ТВС баъзе аз ин филмхои тасвириро ба забони точикй мегардонд, доираи тамошочиёнашро хело зиед мекард. Фикр мекунам, ин корро баъзе шахсони алохида хам анчом медиханд. Чанд филми тасвирй, ки дар студияхои шахсй точикй шуда¬анд, сифати хубе доранд…

Хамчунин, агар барномахои омузишие, аз кабили дарси забони англисй, нозукихои футбол ва омузиши фанхо, ки «Бахористон» намо¬иш медихад бо точикй хам пешниходи бинандаи хурдсол мегашт «нуран ало нур мешуд».

Коргардонхои «Бахористон» шояд филмхои хунариро кабл аз намоиш додан, як бор аз назар намегузаронанд, зеро хамин ки духтар ба писар ё пирамард ба пиразан наздик шуд, реклама пахш мекунанд, то лахзахои фахшро куда¬кон набинанд. Баъзан он чоеро, ки коргардон «лахзаи фахш» фикр ме¬кунад, умуман чизе ба ин монанд надорад, аммо аз он ки шояд филмхо хамон лахзаи пахш «тавакалан» интихоб мешаванд, коргардон «дасту по» мехорад…

ТВ Пойтахт ё ТВ-Тукузбинон

Дар бозори Саховат як аробаи дискфурушй буд, ки баъзан бо нархи арзонтар диски кино харида дар хона тамошо мекардем. Дуруст аст, ки сифати ин дискхо паст буда, хар замон филм «шах» шудаву тамошочиро асабй мекард, аммо барои ба кисаи бечора чабр нашудан аз онхо харидорй мекардем. Аммо чанд вакти охир на аробакаш менамояду на дискхояш. Як дустам гуфт, ки шояд хамаи ин ДВД-дискхоро теле¬визиони «Пойтахт» «оптом» харида бошад…

ТВ «Пойтахт»-ро баъзехо ба хотири филмхояш мебинанд, зеро аз хар руз пул дода фиттаи филм харидан охирин филмхои тавлидшударо ройгон аз ТВ тамошо кардан бехтар аст. Аммо кариб хар филме, ки инчо намоиш медиханд нукс дорад. Масалан, хар замон «шах» мешавад ё аз як лахза якбора ба лахзаи дигар мегузарад. Ба коргардонхои «Пойтахт» «ягон майда гап нест». Баъзан филмеро, ки то нисфаш омада «шах» мешавад, гирифта филми дигарро аз аввал намоиш медиханд. Холо дар бораи ба ягон стандарт чавобгу набудани ДВД-хое, ки ин шабака филмхояшро на¬моиш медихад, чизе наменависем. Танхо бо хамин кадар иктифо мекунем, ки дискхои мазкур ба оддитарин стандарт чавобгу нестанд. Онхо аз дискхои асл нусхабардорй ва ё аз кинотеатрхо гирифта шуда¬анд (баъзан дар филмхое, ки «Пойтахт» нишон медихад садои хандаи одамони зал шунида мешавад). Хатто хамон ДВД-дискхои ба кавле оригинал хам танхо барои намоиши хонагй пешбинй шудаанд.

ТВ «Пойтахт» боз минбари «лю¬бой» намуди сароянда хаст. Баъзан сарояндахое «хунарнамой» мекунанд, ки дар нуктахои фитафурушй дискашонро «бо сузан ёфта намешавад». Ин ТВ боз одати ачибе дорад. Баъзан гумон мекунед, ки эфири ин телевизионро бо кадом як клип «гармй» ё ба кавли дигар «никох,» кардаанд. «Клипи махбуб» (намедонам он ба кй писанд меояд) он чунон зиед намоиш дода мешавад, ки… Масалан, хамин шабу руз баъди хар барномаву бахши реклама клипитуёнаи Богигул ном сарояндаро мешунавем, ки абру парондаву «тукузбинон дора мегум очаме» мехонад. Шояд аз ин суруд, ки «моли мардум дхтар бдай очае» мегуяд, бемаънитаринашро ёфтан душвор бошад, аммо чй мегуед, ки замин сахту осмон баланд аст.

ТВ «Пойтахт» аз он ки ТВ-и шахрдорй аст, бештари барномахояш ба шахри Душанбе бахшида шуда¬аст. Сифату тарзи барномахои ин шабакаро намешавад ба кадом ТВ-и дигар киёс кард. Тарзи пешниходи барнома колаби барномасозй инчо то хадди хело нихой паст аст.

СМТ е ТВ-дугоник

Харчанд дар боло гуфтем, ки танхо ТВ-хои давлатиро аз нигохи як бинандаи оддй баррасй мекунем, аммо намешавад ягона шабакаи мустакили Душанберо сарфи назар кунем. Симой мустакили Точикистон кариб аз ёдхо фаромуш шуда¬аст. Ин шабакаро танхо онхое ба хотир меоранд, ки хангоми иваз кардани шабакахо нохост ба мавчи ду ТВ-и дар як басомад меафтанд. Холо хам СМТ-ву шабакаи аввали Русия дар як мавч, пахш мегардад. Эхсос мешавад, масъулини СМТ аз таку давхои зиед хаста шудаанд, ки хомушй ихтиёр кардаанд. ВАО хам, ки як замон ин казияро дар сархати хабархо карор медод, дигар нисбат ба ин мавзуъ гуйё бетавофут аст. Ба кавло хама ба такдир тан додаанд, ё чизеро интизоранд.

Назаре ба сомонахои ТВ-хои Точикистон

Ба асри 21 бо…

Сахифахои интернетии телевизионхои Точикистон хатто бо сомона ё блоги як шахрванди оддие, ки ба тозагй бо интернет ошной пайдо кардааст, киёснопазир аст.

http://www.Itv.tj

Баъди ворид шудан ба оомонае, ки бо харфхои калон-калон зери мизи нишасти натокони ахборхони шабакаи якуми телевизиони Точи¬кистон навишта шудаасту хар мавриди огозу анчоми барномаи иттилоотй коргардон онро манзур мекунад, фикр кардам, шояд ба пойгохи кухнаи шабакаи аввали теле¬визиони Точикистон ворид шудаам, зеро аз нави асаре наметавши инчо пайдо бикунй.

Сахифаи аввали телевизиони раками яки Точикистон ба духтароне шабохат дорад, ки хангоми гап задан точикиву русиро омехта мекунанд. Навиштачоти рохнамои интихоби забонхо дар кисмати рости болои сахифа гуйё барои зебаш чой дода шудааст, зеро кушишхои зиед барои ангушт задан бо¬лои ишораи ки натичае надод…

Шумо тасаввур намекунед, охирин хабархои сомонаи шабакаи ав¬вали телевизиони Точикистон санаи 11-феврал чойгузин шудаанд (охирин дидори мо 24.05.10, соати 18:53). Яъне, холо масъулини кори ин сомона 84 руз пештар аз офатхои фочиабори Кулоб карор доранд. Бахши «Лента новостей»-и сомона хамагй панч, хабари точикиро дар худ дорад. Бо забонхои дигар хам хабаре нест.

Аз хама ачобаташ ин аст, ки «Реклама дар шабакаи якум» садрнишини бахшхои сомона аст. Аз ин чо метавон хулоса кард, ки барои ин телевизион на иттилоъ, хабар ва гузориш дар мадди назар аст, бал¬ки пул кор кардан мавкеи хоса до¬рад. Бахши дуюм «Худуди пахши барномахо» унвон гирифтааст, ки маълумоти кутохеро бар бораи сурогаи дарёфти мавчдои шабака аз тарной мох,вораро дар худ дорад.

Шояд шумо донистан мехохед, ки имруз ё пагох, ё хафтаи дигар шабакаи якум чй барномахое пахш мекунад? Ман низ бо хамин максад ба бахши «Барномахои хафта» даромадам. Шумо ин хатой маро такрор накунед, то «дуд аз димогатон набарояд». Масъулини сомона барномахои якхафтаинаро барои хонандагону бинандагонашон пешниход кардаанд, аз рози Душанбе 28-уми декабри соли 2009 то рузи якшанбеи 3-юми январи соли 2010.

Аз ин хам бемасъулиятиро дидаед? Ё шояд ин маънии онро до¬рад, ки барномахои шабакаи якум хамеша дар як колаб пахш меша¬ванд, яъне такрор модари биниш.

Бахши чорум «Гуруххои эчодй» ном дорад ва дохилаш ду акс гузошта шудааст. Яке аз «Гурухи Симо» (дар акс нафаронеро вомехурем, ки холо дар шабакахои дигари телевизиони фаъолият доранд. Акси дуюм аз гурухи «Фаросу». Тасаввур кунед, дар асри 21 шаба¬каи якуми телевизиони Точикистон, ки иддао мекунад, навтарин тачхизоти ракамиро дар ихтиёр дораду барномахояшро аз тарики, мохвора метавон тамошо кард, як дастгохи аккосии оддй пайдо накарда, ки чанд акси дигар бардорад. Ва боз хамин телевизион, ки масъулинаш хамеша аз пешрафтхо мегуянд, як мутахассиси арзандае пайдо накарда, ки масъулияти бар руз кардани сомонаро бар ухдааш гузорад. Агар сомона ва ба хусус телевизиони сароса рй кудрате надорад, ки хамаруза иттилои тозае чойгузин намояд, пас чй хочате барои боз кардани он аст ва он хам сари чанд лахза нишонии онро дар тамоми дунё реклама кардан?

Дар бахши «Маъмурият» ду тарчумаи холро бо забони модарии Пушкин мехонем. Бахши «О нас» хам маълумоти русиеро дар бораи таърихи таъсиси телевизион точик дорад

Шояд, масъулин ба даъво мехезанд, ки сомона дар холи хозир руйи таъмир аст, аммо тибки маъмул вакте сомонахо коркард мешаванд, хангоми боз кардан навиштачоти узрноке ба монанди «сахфа дар холи коркард аст» мебарояд. Аммо дар сайти шабакаи аввал хеч гуна чунин хабар чой наёфтааст.

http://safina.tj

Сомонаи муассисаи давлатии Те¬левизиони Сафина» дар колаби чадид таъсис шудааст. Гушаи рахнамой он бар иловаи забонхои точикй, русй хамчунин бо забони англисй хам фаъол аст. Аз нух. бах¬ши он хафтояш бо зерунвонхое чудо шуда, хар кадом маълумоти вижаеро дар худ нигох. медорад. Дар кисмати рост бо унвони «имруз тамошо кунед» гушае хаст, ки бар¬номахои пешниходшавандаро манзур мекунад. Аммо мутаасифона, ин чо низ пешниходи хабархо бо хар ду по мелангад. Охирин хабар дар сомонаи «Сафина» 19-майи соли 2010 гузошта шудааст (охи¬рин дидори мо 24.05.10, соати 20:00) ва хамин се хабар хам аз мулокотхои президент аст.

Дар бахши «Бахши барномахо» бошад, аз якум то сиюми май аллакай барномахо тархрезй шуда¬анд. Бо ангушт задан ба дилхох руз метавонед бубинед, ки чй барнома дар кадом соат намоиш дода мешавад. Бахши фотогалерея низ инчо аксхои зиёде дорад. http://jahonnamo.tj

Рейтинги сомонаи аввалин ша¬бакаи иттилоотии Точикистон дар катори охир меистад. Он дар як колаби на чандон муваффак, пешниход шудааст.

Чунин шабака иттилоотист, бештар ба хабархояш таваччух кардем. Охирин хабар бо забони русй санаи 20-май (охирин дидори мо 24.05.10, соати 17:00) гузошта шудааст. Бо забони точикй бошад, 21 май. Охирин хабари инглисй низ рузи 18-уми май дар сомона гузош¬та шудааст.

Инчо ба ин монанд хабархоро хондан имконпазир аст: «Дар анбори Бадаевскии шахри Санкт Пе¬тербург сухтор ба амал омад» ва «Дар осорхонаи санъати муосири шахри Парижи Франсия амали горатгарй ба кайд гирифта шуд».

Дар рузхои офати табий дар Кулоб, ки чони даххо нафарро гирифт, ин шабака аз хуручи вулкони Эйфледекула дар Испания ва тасмими Ирок, дар мавриди эълони тендер барои коркарди 3 нуктаи истихрочи нафт иттилоъ додаст. Дар мачмуъ дар бахши «Хабархо» бо микроскоп низ хабареро аз Точики¬стон пайдо намекунед.

Дар бахши «Передачи» чанд ха¬бари иктисодии чахонро метавон хонд Хабархои марбут ба Точикистони ин кисмат дар гушаи «Фарханг» ва «Наклиёт» чо дода шудаанд.

Бахши «Видеоролик» ба кавле холо «дам мегирад».

Дар «Гостевая книга» шохиди баъзе чизхои ачиб шуданатон мумкин. Масалан мефахмед, ки масъули ин сайги булачаб он гуна, ки худаш навиштаасг Усмонов Джумабой будааст. Хамчунин изхори назари чанд бинанда ё команда перомуни як гузориши «таърихй»-и ин шабака дар бораи «гамхории Ислом – Каримов» мехонем. Ёдовар мешавем, баъди офати Кулоб 34 вагони «хабсгашта» аз каламрави Узбакистон ичозаи харакат дарёфт карданд, ки боиси як гузориши пурдаб-даба шуд, ки чандхо маротиба такроран пахш гардид. Хонандаеро ин хабар хуш наомадааст ва менависад, ки аз Чахоннамо чунин интизор надошт.

ТВ «Бахористон» ва ТВ «Пойтахт» алъон сомонаи интернетияшонро боз накардаанд. Ва хело кори хуб хам кардаанд, зеро мег¬уянд, «очаро бину духтарро хуш кун». Телевизионхои дигар бо куд¬рате, ки доранд, сомонахояшон бо ин хол аст, пас пешгуй кардан душвор нест, ки дар холи боз кардани сомона аз ин ду шабака чй гуна мешавад. Шояд ман хато мекунам? Кошки.

ЧАНД АНДЕША

►ТВ-1 метавон ракиби ТВС гуфт. Аскари барномахои ин шабакахо бо хам сахт шабохат доранд, хадди акал аз руйи мазмун. Барои мисол «Пайванд» бо «Эчод», «Шомиёна» бо «Тамос». Боз бисёр маврид шояд боа мри тасодуф дар соатхое, ки яке аз ин шабакахо консерти сарояндахои эстрада ё мардуми намоиш медиханд, шабакаи дигар низ чунин жанри таронахоро манзур мекунад. Хамаи ТВ-хои Точикистон ба филмхои хинди тавваччухи хосса доранд ва хар руз, хадди акал як филми хинди нишон медиханд. Ангор «пиарщики» бемузди фарханги хинди бошанд.

►Агар ТВ-1 овозхонеро «антипартийный» кунад бечораи овозхон дар хамаи шабакахо руй эфирро намебинад. Аммо як овозхон агар « любимчики» ТВ1 бошад рузе се маротиба дар хамаи ТВ-хо нагмасарои мекунад. Ин «шараф» вактхои охир насиби Шухрат Сайнаков шудааст.

►Телевизионхои Точикистон бори дигар нишон доданд, ки на танхо дар чангои иттилооти маглуб шудаанд. Балки дар фаврияти хабархо хамоно дар катори 10000 карор доранд. Замоне, ки минтакаи Кулоб аз офати табии азоби алим дошт, ТВ-хои мо яке «ТВ 1» дар бораи караму пиёзу картошка гузориш медоду дигари (ТВС) аз хунари зардузии бонувони Точик бо сарохат киса мекард. ТВ « Бахористон»-ро кор намегирем. Онхо шояд нахостанд, ки кудаконро бо ин хабари шумо тарсонанд, ки ба рекламаи озмуни «Садои тиллои» ва пешниходи филмхои тасвири пардохтанд ТВ-хои мо хело дер аз ин офат хабар доданд, хнло дер…

►Дар ТВ-хои мо баъзан барнома ё гузоришхое аз фехрасти «хизмати хирсона» хам манзур мешаванд, ки ба имичи ТВ ва хатто кишвар «минус» зам мекунад. Дар ин катор гузоришхо перомуни «кумак»-и ИСлом Каримов ба Точикистон ва гузориши номуваффаке дар мавриди зарарнок набудани фаъолияти ТАЛКО метавон зикр кард. Гузориши ахири чавоб ба даъвахои зиёде экологу гуйё мардуми Узбакистон буд, ки гуйё фаъолияти корхонаи алюминии Точикистон ба саломатиашон зарар расонидааст. Журналисти точик натавонист дар мукобил ба он хама даъвохо як гузориши нисбатан боварибахшеро тахия созад. Далелхои пешниходшуда хело соддаву ба журналистика «ночаспон» буданд. Дар холе, ки бештари ВАО-и кишвар аз пулаки шудани ягона рохи заминии пайвандгари пойтахти Точикистон бо шимоли кишвар сухан мегуфтанду мегуянд, ТВ-1 онро «Рохи умед» меномад.

Advertisements

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: