Лидери миллй

Рачаби МИРЗО «Озодагон» №18 12.05.2010

Чаро дар Осиёи Миёна ин маъноро танхо бо «президентии якумра» якчоя дидан мехоханд?

Пайоварди нахустини ташаббус барои кабули доктринам вахдати миллй дар Казокистон тахияи конун дар бораи макоми лидери миллй барои Нурсултон Назарбоев гардид. Ноябри соли гузашта хини як суханронии телевизиониаш президенти шок изхор намуд: «Доктринаи вахдати миллй бояд хеле мушаххасу муътамад ба се савол посух дарёбад: мо зери мафхуми вахдати миллй чиро мефахмем? Асоси вахдати миллй чист? Ва дар оянда онро чй гуна тахким мебахшем»?

Аммо 29 апрели имсол, вакте Назарбоев зери ин доктрина имзо гузошт, хич кас ба ин суолхо посух дарнаёфт. Барои дарки ин холат, ки чаро чунин шуд, мебояд ба хотир овард, ки хизби хукмрони «Нур отан» бо пешниходе баромад намуд, ки ба На¬зарбоев макоми лидери миллй дода шавад ва мардум дар атрофи у чамъ шаванд. Замоне, ки чунин ташаббусхо сурат гирифтанд тахлилгароне пайдо шуданд, ки суол мегузоштанд: вакте миллатро барои дар атрофи лидерашон чамъ омадан даъват мекунанд ва баъди ин пешниход мекунанд, ки ба у макоми лидери миллй дода шавад, саволи матрах, хохад буд: оё ин миллат вучуд дорад?

Ин ки Казокистон холо яке аз кишвархои пешбари минтакаи Осиёи Миёна, хатто мамолики пасошуравй ба хисоб меравад, чои бахс надорад. Назарбоев хамчунин муваффак, ба он гар¬дид, ки аз миёни кишвархои собик, шуравй Казокистонро аввалин рахбари Созмони амният ва хамкории Аврупо (ОБСЕ) гардонад. Аммо ин хам факт аст, ки Назарбоев тупи 19 соли истиклолияташ ин кишварро дар кабзаи рахбарии худ нигах, медорад. Пас чаро хич як казоки дигаре натавонист таи ин муддат ба сифати пешвои сиёсй ва миллй бисабзад? Оё ин ки дар ин муддат ягон лидери сиёсй пайдо нашуд, бурди Назарбоев ва Казокистон аст, ё бохташон?

Суолхое, ки мо гузоштем, та¬нхо ба ин кишвар марбут нестанд. Дар хич кадоме аз мамлакатхои Осиёи Миёна холати мусбат аз ин дидгохро намебинем. Собирай камтарини рахбарй дар Осиёи Миёна (ба гайр аз марги Туркманбошй ва 2 инкилоби киргизи) аз 18 сол кам нест. Хамаи рахбарон ба бахонаи он ки менталитети мардум тавони бардошти рукнхои демократиро надорад, аз истифодаи онхо канорачуй мекунанд. Агар чунин аст, пас чаро аз онхо намепурсанд, ки модеме ин рукнхо барои чомеаи шумо мувофик, нест, барои чй конунхоятон саросар аз вожахое чун «демок¬ратия», «хукуки инсон»…лабрез аст? Оё демократия танхо барои сарозер кардани маблагхо аз олами Гарб заруранду халос?

Вокеан, сарвату маблаг дар рахбарии Осиёи Миёна гуё рукни асоситарин аст. Дидем, ки як зиёи хам дар минтака ба кудрат расиду чй гуна фасодзада шуд? Инро дар мисоли як раиси кол¬хоз низ шохид шудему дар обхурдахои номенклатураи шуравй хам. Хамаи онхо ва хешу таборашон пас аз чанд сол он кадар сарватманду пулдор шуданд, ки чахониёнро аз як су ба хайрат гузоштанд аз чониби дигар рахбариро ба намоиши масхара бадал карданд. Яъне чунин ба назар мерасад, ки дар Осиёи Миёна ба маънои рисолати як мансабдори сатхи ба¬ланд, хоса мансабдоре, ки накши пешвои миллиро бозидан мехохад, сарфахм намераванд. Оё Назарбоев, Каримов… онхое, ки аз 18 сол собирай рахбарй камтар надоранд, пешвои миллианд, ё Путин, ки дар 8 соли рахбарии худ на танхо Русияро, балки чахонро дигаргун сохт? Оё Путин набуд, ки дар ин муддат макоми кишвари худро комилан тагйир дод ва бандхои Конуни асосиашро вайрон накард?

Оё Акаев ва баъдан Бокиев низ чунин набуданд, ки мегуфтанд мо пешвои миллием?! Хол он ки як эътмрози чандхазорнафарй маълум намуд, ки онхо на танхо лидер нестанд, балки дар мамлакати худ рукнхои давлатдориро тахким надодаанд ва бо якбоди сахрой имкони табдили кудрат ва аз байн рафтани давлат вучуд дорад? Пас онхо пешвоанд?

Оё Туркманбошй набуд, ки худро камтар аз пайгамбар (наузубиллох,) намедонист? Кучо шуд?

Холо хам вакте мехоханд Назарбоевро пешвои миллй кунанд, медонед маъниаш чй будаст? Яъне дар замени президентй ва баъди он хам набояд хич кас ба шахсият ва молу мулки у кордор шавад! Хамчунин президенти минбаъда бояд аз президенти аввалин маслихат пурсад. Ба маънои дигар, принсипи дахлнопазирии у бояд то охир хифз шавад. Мисле, ки дар замони кори Комиссияи оштии миллии Точикистон ва тагйиру иловахо ба Конуни асосй макоми Мачлиси Миллиро ба он хотир ба амал оварданй будаанд, ки пас аз сари кудрат рафтани президент у мутмаин бошад: аз ин ба баъд у узви ММ асту хукуки дахлнопазирй дорад.

Бо хамин, гуфтан мехохам, ки хар пешниходе, ки барои «президентхои якумраи» (мафхумро бинед!!!) Осиёи Миёна хатто аз чониби хамтоёну хамкадамонашон ироа мегардад, аз чониби худи онхо набояд чиддиву самимона пазируфта шавад. Аксари вакт ин пешниходхо хусусияти масхараомез доранд. Тавре чанд сол пеш домоди Назарбо¬ев ба у пешниход намуд, ки бояд дар Казокистон низоми шоханшохиро чорй кард. Дертар, пас аз гуреза шуданаш гуфт хадафи у ба масхараи мардум гузоштани вокеиятест, ки замони рахбарии собик, хусураш ба вучуд омадааст. Ин маънои онро дорад, ки аз замони касби истиклол кишвархои минтакаи ОМ то чое зарар дидаанд. Яъне, агар дар замони побарчоии шуравй онхо, эхсоси хатарро аз Кремл хамеша мунтазир буданд, пас аз мустакилият худро «подшохи комил» диданд, ки худашон шоху табъашон вазир аст. Ин хрлат ба фикрам то замони инкилобхои паёпай дар Киргизистон ва табдили хукумат дар Украина буд. Холо гумон надорам, ки дар Осиёи Миёна низ дарк накунанд…на хама чиз аз хостаи танхо рахбарони феълй вобаста бо¬шад….Кремл хануз побарчост, харчанд бояд накши дигаре дошта бошад…

Мегуянд дар рузхои ахири зиндагии Леонид Брежнев низ у аслан намедонист чй мегуяду чй мехонад. Аммо у барои атрофиёнаш зарур буд, зеро бе рахбарии Брежнев онхо «корхои мухими давлатии худро» анчом дода наметавонанд. Брежнев то мурданаш рах,бар монд, вале то имруз шунидаед, ки у махбубияти хоса дар умури давлатдории Русия пайдо карда бошад? Хамчуноне аз Сталин ва имруз аз Путин мекунанд…

Зеро Брежнев лидери миллй не, лидери гуруххое махсуб меёфт, ки зери рахбарии у ба ву¬чуд омада, сарвату моликияти фаровон пайдо карда буданд. Пас дар минтакаи осиёи Миёна оё дар миён гузоштани мавзуи мавчудияти лидери миллй каме барвакттар нест?

2 Responses

  1. Лидери милли – як беакли….
    Боши саломат Раджаби милли.

  2. Мо ба лидери милли имтиез надорем. Холати хуби зиндагии мардум ин аст, лидери милли. Агар мардум дар фикри сер кардани шиками худу фарзандонаш бошад ба у ягон хел лидер лозим нест.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: