Селоб дар Кулоб 26 нафарро куштааст

Ин шумораест, ки як корманди созмони байнулмиллалй ба ман гуфт, вале вай хам ин ракамро нопурра номид ва мегуяд, кариб 50 нафар беномунишон шудаанд ва маълум нест.

Шиноси кулобиям мегуяд, мурдахо аз 100 нафар кам нестанд, вале хуккматдорон намехоханд ин фактро кабул кунанд. Селоб дар замоне омадааст, ки халк дар хоби рохат будааст, дар соати 2 шаб.

Муносибати мардум ба мусибати асафбор дар Кулоб духела аст. Баъзехо инро кори Худованд медонанд, аммо баъзехо мегуянд, ба сабаби дуздии пул ва масолехи сохтмон, ки барои мустахкам кардани сои Тебалай истифода мешуданд, хеч касе ба фикри ин кор наафтодааст ва барои ин сел имсол бисёр дахшатнок омадааст. Дар акси хол дар ин чо хар аввали бахор сел меомадааст, вале ягон бор ин хел пурталафот нашудааст.

Мардуми Кулоб аз хукуматдорон шадидан норозй аст ва махусан президент Эмомалй Рахмонро шадидан танкид мекунанд, ки барои зарардидагони фочиа кори чиддие накардааст, бисёрихо сафари уро ба Кулоб як хокпошй ба чашми мардум мешуморанд, ки бисёр саросема омада, чанд фармон доду рафт. Вай дар хакикат шитоб дошт, ки ба Маскав равад ва дар паради харбии Русия  иштирок кунад.

Уро дар телевизор дидем, ки таъбаш хуш буд ва карсак мезад вакте ки мардуми Кулоб ду руз нони хурданй надошту хукумат ба имдодаш нарасид. Мегуянд, Эмомалиро мардуми Кулоб ба хокимият расонд ва хама фикр мекарданд, ки вай дар навбати аввал дар хизмати ин мардум аст. Аммо фочиаи Кулоб нишон дод, ки барои Рахмон мардуми Кулоб ягон ахамият надорад, хамчунон ки мардуми тамоми Точикистон.

Як чихати дигар боиси бахсхост, ки мардуми Кулоб дар лахзаи душвор аз куввахои Русия мадад пурсидааст. Баъзехо инро як нанг ба домони миллат мешуморанд, вале агар мардум сохиб надошта бошад, касе дар фикри ин мардум набошад ва ба у ёрй надихад, мачбур шудааст, ки ба сарбозони урус мурочиат кунад. Пас ин хукумату президенташ ба кй даркоранд, ин саволест, ки бояд хама ба он чавоб диханд.

Тавре ки мебинем, аз хама чихат ин мусибате ки сар зад бадбахтии мардуми моро нишон дод, ки шояд акнун ба ояндаи хукумату хукуматдоронашон, ки худашонро хизматгори халк меноманд, чукур андеша кунад?

9 Responses

  1. Худованд хамаи мардуми Точикистонро аз офат нигах дорад . ин азоби илохи бар сари Домуло Холмурод ва кавмаш (ЧГП) ва союзниконаш ки дар дигар району кишлокхо будаанд омаду рафт . Чаро ин Домуло барои чи???? зеро ин мард гунохе кард пас бузург. 3-терористро вориди зиндон кард. 1-терористаш дуо хон буду терораш джинхо буданд ки пас аз дуохонданаш джинхо нест мешуданду шифо аз чониби Худо дардмандон меёфтанд ки зиёда аз 100-нафаро бо ёрии Худованд шифо додааст. Дуввуми бо моле ки аз Дубай меовард мардуми Кулобро хусусан ин кавмро ва тамоми касоне ки мехостанд ТВ ё ДВД ё Холоделник .. ё чизе дигаре ба даст оранду пул надоштанд без наличный ёрдам мекарду охиста охиста ин кавму мардум сохиби мол мешуданд. Терористи саввуми ин буд ки овози хубе дошту агар тиловати Куръон мекард шунавандааш бекарор эхсос мекард ки ин каломест аз чониби Аллох… Азоби илохи махз иншоАллох ба хотири тухмати ин домулло ва нодуруст хукм кардани Судяхову кормандони Амният аст…. Агар ингуна мулохо ва ингуна иштибохоти хукумати рафтан гирад дар охир азоби бузурги илохи меояду меояд то тавба кардану ба худ омадани Хукуматдорон…. Оё вакти он нарасидааст ки коил шавем ки ислом дини Иновацияву Циливизация хаст????? Оё чое дидаед ки Ислом мардум ро ба кафо-рави даъват кунаду аз илми хозираву оянда истифода набарад???? Эй касоне ки Исломро бо тарзи дигар мефахмеду фахмидаед то Куръонро худатон нахонед харгиз нахохед Хакикатро дарк кард!!! Ислом ин Покист!! Ислом ин Инвация хаст!! Ислом ин заводу фабрика хаст!! Ислом яъне хамаи чизи дунё!!! Ислом яъне Таракиёт! Ислом яъне Мухаббат!!! Ислом яъне Саъодат!! Бале бародарон ман хам тарафдори он будам маблаге ки барои Тебалай чудо шударо сарфи ин кор мекарданд аммо ин як сабаб хаст вале сабаби асосе хамонест ки гуфтам! Худованд хама мардуми Точикистони Азизро аз тамоми офот нигах дораду тухматгарону моли мардумхуронро хидоят кунад…

  2. Рустам. Ташуккур ба шумо, ки ин маколаро барои мутолиа ба чоп гузоштед ва баъд он пурсиданиям, ки чаро микдори вафтшудагонро камшумори мекунанд? Охир агар ба дигар давлатхо( хусусан Амрико) нигарон онхо баракс талафоти камро зиед нишон медиханд дар мо бошад баракс. Чаро намояндагони хукумат соатхои аввали фочиа дар чои селборида набуд? Дар хакикат нафарони зиед халок шуда чанд нафари зиед беном хастанд. Чи хеле ки ман дар номахои дигари худ навишта будам, амалдор сари чой ки омад ба у халк чи даркор. Аз кулоби будани президент ба халки Кулоб гарчанде осон шуда бошад хам асли хамватан буданаш акнун маълум шуд. Ана президенти шумо мардуми Кулоб.

  3. Бародар Мухиддин, инчо гап сари президент намеравад. Ман пуштибони президент хам нестам. Факат гуфтаниям, ки аз саривакт хозир будани президент ва ё хукуматдорон дар сари фочеа аз дасташон хеч чиз намеомад.
    Бояд гуфт, ки системаи пешгирифтаи у то хануз корфармо нест. Идорахои зиёди боду хаво санчи дорем, тачхизоту системахои огохикуни аз офати табии дар шахру нохияхо таъмин шудааст, вале афсус, ки мутассадиён то хануз ухдадориро дарк намекунанд.
    Мардумро пеш аз фочеа мебоист хабардор кард. Чаро, ки баъди фочеа тавонистанд хабардор кунанд, ки боз кай сели навбати омаданаш мумкин…..

  4. Э хохар, хукумата агар ба бозичаи дасти як оила табдил дода бошанд, дар бораи кадом давлатдориву хукуматдори сухан кардан мумкин аст?! Ба худат суол кун, дар зарфи 18 сол ин президент ва ин хукуматаш барои тахкими давлатдори ва барои мардумаш чи кор кард? Ба гайр аз ба чайби худ задани гранту кредитхои байналхалки, талаву тороч кардани будчаи давлати чи кореро барои мардумаш анчом дод? Факат дуругу ваъдабозихои холи ба мардум! Мисли турист сафархои бемаъно анчом додан…

  5. Ozoda. Дар сохаи обу хаво санчии ватан мо мутахассисони пуртачриба дорем. Баъди саршавии сел бояд намояндагони хукумат омада рохи акалан сабук кардани мушкилоти мардумро ба кофтукоби мурдахо ба ташкилотхои дахлдор рахбари мекарданд. Ба мардум хуроки гарм ва чои зисти мувакатиро мухае мекарданд. Ба умеди ташкилотхои байналхалки нашуда аз захирахои давлатии худ бояд истифода мебурданд.

  6. Ба мардуми Кулоб хамдардии самимона изхор мекнам.
    Дар ин офати табии гунахкорон бисеранд вале кани хамон рохбаре ки хамонхоро дар байни халк чазо дихад? Не да дар точикистон чазо барои дигар одамон чой дорад. Баръакс боз хамон гунахкорхо чои серпултарро мегиранд.
    Халки точик факат токат мекунад !!! токате ки точик дорад ба фикрам ягон мардуми дигар надорад. Як гапи фач дорем “сари хамро шамшер намебурад” Бовар кунед ба сари хам факат туф мекунанд ё ки мери…

  7. Ман аз он Хайронам ки чаро мардум факат сабаби дунеиро мебинанду ухравиро не?? ! Агар заминчунби мешуд киро гунахкор мекардед???????? Эй мардум агар заминчумбии сахт шавад на Амрикову на Русиё на Чопону на Инглис мемонад хамаро яку якчо мебарад ба шумоён чи кор мекунед фахмо мегуед як тарафи заминро бояд интавр мекарданду фундаменти ончоро онтавр, Дурустаст ки Инсоният хонаву шахру Мамлакаташро беш аз беш таквият бахшад то аз гармову сармо ва аз дигар офати дуне начот ёбад аммо охиратро низ бояд донист наход шумо инкадар гумрох шуда бошед ки Созандаи ду чахонро фаромуш кунеду якборхам нагуед ки мардуми офатдида Чармгарониён чи гунох кардаанд ки ба сарашон ин бало омад чаро дигар куча не мах инчо барои чииииии!!!!!!!!!!!!

  8. Максимилян
    Хайр чи гунох карданд? Ку бигуед Шумо аз руи гапхоятон фикри хам ин дунеро кардаистодаед хам дигарро? Замин мечунбид мо дигар чиз мегуфтем чурачон гамашро нахуред… Лекин дар ин офат гунахкор пур аст ва онхоро ЧАЗО дар хамин дуне додан даркор аст!!!!!!!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: