Бо Эрон низоми визаро бархам надихед!

Тоҷикистон ва Эрон мехоҳанд ки низоми визаро барои шаҳрвандони ду кишвар барҳам зананд. Ба фикри банда ин тасмими хубе нест, ба сабаби он ки Тоҷикистон ба чунин кор тайёр намебошад. Аз тарафи дигар Ҷумҳурии Исломии Эрон то ҳоло исбот накардааст, ки дӯсти ҳақиқӣ ва беғарази миллати тоҷик аст.

Нотайёрии Тоҷикистон дар он зоҳир шуда меистад, ки ҳукумат ва мардумаш бегонапарастанд ва дар ҳолати аз байн рафтани низоми виза дар байни ду кишвар аз Эрон мардуми зиёде ба Тоҷикистон меоянд ва бозори кори бе ин ҳам қашшоқи ин кишвари хурдакакро ишғол мекунанд. Аз рӯи намунаи юархе аз онҳо, ки дар Тоҷикистон кор мекунанд, дида мешавад, ки аҳдофашон на ҳамеша пок аст.

Аксарашон ба миллати тоҷик ҳамчун як мардуми дараҷаи дувум ва аз ҷиҳати мазҳаб душман муносибат мекунанд. Сабаб дар он аст, ки тарғиботи мазҳабӣ, яъне маҳз шиъагарӣ дар Эрон хеле шадид мебошад. Дар ҳолате ки аҳолии Эрон аз аҳолии Тоҷикистон 10 баробар зиёдтар аст, яъне 7 миллион тоҷик ва 70 миллион эронӣ, аз барҳам хӯрдани низоми виза манфиати азиме барои эрониҳо хоҳад буд ва зиёнаш ба тоҷикон.

Вазъи сиёсӣ дар Эрон махсусан солҳои охир бад шудааст ва бисёре аз эрониҳо монанди он ки тоҷикон Тоҷикистонро тарк карда, ба хориҷа мераванд, тайёранд Эронро тарк карда, ба ҳар кишвари дигари мумкин раванд. Вале гумон аст ки қисми асосии чунин гурезаҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон биистанд, балки онҳо кишвари моро ҳамчун як гузаргоҳ ё “проходной двор” барои рафтан ба Ғарб истифода мекунанд.

Дар натиҷа онҳое ки нақша надоранд, дар он ин ҷо бимонанд, наметавонанд, муносибати ҷиддӣ ва дурандешона дошта бошанд.

Аслан Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯчак набояд низоми визаро бо ҳеҷ як кишвари сераҳолӣ аз байн барад, балки аз он монанди элак ё филтр истифода кунад. Дар акси ҳол як қадами нодуруст охирин имкониятҳои тавозуни ҷамъиятӣ дар Тоҷикистонро аз байн мебарад ва мо шоҳиди рақобату кашокашҳоио нав аз ҷумла байни сунниву шиъа мешавем.

Дар навбати худ Эрон ба хориҷиён роҳ намедиҳад, ки да кишварашон барои доимӣ бимонанд ва ё хонумҳои эрониро ба занӣ гиранд. Дар ватани имрӯза бесоҳиби мо барҳам додани виза бо ҳар кишвари дигар фақат ва фақат оқибатҳои бад хоҳад дошт. Ман огоҳ кардам, агар қабул набошад, вақташ биёяд, мебинед, ки ман ҳақиқатро гуфтаам.

Advertisements

6 Responses

  1. Бо фикри шумо аз як тараф розиям, аз тарафи дигар не. Агар шумо гуед, ки эронихо ба Точикистон бе виза омаду рафт кунанд, баъд чаро ки точикон ба Эрон рафта наметавонанд. Мо точиконро дигар ягон давлат, гайр аз давлатхои собик Шурави, бе виза кабул намекунад, бигузор ки мо точикон ба Эрон низ равем. Аз тарафи дигар он ракобати мазхабие ки байни мову эрониен мешавад, ман фикр мекунам ин на он кадар авлотар(преувеличение) аст. Мо байни Руссия низ виза надорем, лекин ин ба мо чи дода истодааст, шумо ое медонед?

  2. Бо дуруд. Комилан бо муаллиф мувофикам. Ирон хеч кадамеро суи давлатхои мусулмоннишин бе хадафи даъват ба мазхаби шиъа намегузорад. Бе ин хам эмиссархои Ирон аз хисоби точикони мазхабгумкардаву ватанфуруш чанд сол аст ба таргиби шиъа (нашри кутуб, даъватхои пинхони) машгуланд. Паёмадхои гаравидани баъзехо ба шиъа аллакай дар шакли хархашаву душмани зохир шудааст. Дар сурати зиёд шудани шиъаён дар Точикистон баъид нест, ки хунрезихо хам сурат гиранд. Гайри ин мардуми Ирон бо маккориву дуруягиву худписандиашон аз Точикон куллан фарк мекунанд ва таъсири манфие ба мардуми соддаву фурутани Точик хоханд расонд. Дусти бо Ирон аз дуртар бехтар аст. Ва он хам фархангиву иктисоди. Бигзор Ирон аз даъвати дигарон ба шиъа даст кашад, сипас хохем дид.

  3. Албата хуб гуфтан Рустам ва Фарид дигар хочад ба гуфтан нест локин як чизро гуфтани астам ки дар хаки шиъа-ро чикадареки гуй амонкадар кам аст чунки дар хакикат вайхо имон надоран на ахлоки хамида доранду на одобу рафтор ба амин хотир визаро аз байн нагиред ба виза инкадар бисёр шудан дар Душанбеву нохияхо агар бе виза шава чанги Ирок дармо рух медия Худох панох тия аз шиъа

  4. Аз иронихо тарс аст ки моро шиа мекунанд.. ин холо хамон фикрихою акидахои асри миёнаги дар мо боки мондааст. Бо хамин гуна фикрихо мо хеч гох пеш намеравем. Бигзор хар як оила, сохаи маориф, ва дигар касони ки ба таълиму тарбия вобастаанд, наврасону чавононро нагз тарбия кунанд ки онхо аз фархангу мазхаб сахт хабардор бошанд ва тайёр мешаванд баъд ватанфуруш хам намешаванд. То ба кай мо мешинему мегуем мо тайёр нестем.Точикистон бояд дархоро барои дунё бикушояд. Барои хамин хамватанони гироми бисёр дахшат наандозед..

  5. МАН ГУФТАНИАМ КИ БАРОДАРОН ШИАЁН ФАКАТ ОИША. Р. МОДАРАМОНРО ВА. САХОБАИ ПАЙГАМБАРАМОНРО НОХАКИ МЕГУЯНД АМО ИН ХРИСТАНИЁИ КОФИРО ПАЙГАМБАРО С.А.С МЕГУЯНД ВА НАКША МЕКАШАНД ЧАРО АЗ ИНХО ХАЙФ ХЕЖКАС НАДОРАД ДУШМАН ДУШМАНАЙ

  6. Хар касеро Худованд хидоят кунад уро хеч кас гумрох намесозад Ва хар касеро Аллох гумрох созад уро хеч кас хидоят наметавонад кард (ояи Куръони) Пас бояд Иронихо оянд визахоро кушоянд ЧТ хам розиги дихад на мо онхоро гумрох метавонем сохт на онхо моро! Ирони Исломи дар тамоми соха дар Таракиёт хаст мо чи аккалан аз онхо ёд мегирем охир!

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: