Киргизистон дар Точикистон такрор мешавад?

Як нафар дар сомонаи Центразия вокеахои Киргизистонро ба шакле навиштааст, ки гуё дар Точикистон руй дода, хукумат дар кишвар ба дасти мухолифон гузаштааст. Мухидин Кабирй раиси хукумати муваккатй эълон шуда, чор чонишин доштааст, ки Екуб Салимов, Мамадрузй Искандаров, Рахматулло Зоиров ва дигарон буда, Эмомалй Рахмон ба Дангара гурехтааст, то бар зидди хукумати нав мубориза кунад.

Вале оё аслан дар Точикистон чунин хаёлот хатто имконпазир аст дар холе ки киргизхо хамагй 5 сол токат карданд ба хаёте, ки точикхо 18 сол боз токат мекунанд? Ин саволро ба хонандагони мухтарам медихам ва мехохам, чавобхои худро бо далелхо ва андешахои аник ин чо бинависанд.

32 Responses

  1. Ин кор дар точикистон баргузор нахохад гашт, зеро ки маданияти халки точик дар ин сатх нест. Кадоме, ки нияти ин амалро дар точикистон татбик кардан бошад халк аввал сари уро мехурад. У нас все нормально. Я сам зарезалбы таких мутилщиков жаль что это все анонивно.

  2. max—–
    навреное тебе хорошо живется или ты чиновник (сын чиновника) или взяточник и тд.

  3. Если будет поддержка “в дальнейшем развитии событий как там” еще как встанет народ и появятся таки как Роза Отумбаева. А ты Макс и на самом деле ублюдок какого-нибудь чиновника и боишься, что твой дом вместе с тобой сожгут? Если да сучара то скажи своему папаше чтобы не воровал народное достояние и без этого на том свете котел его ждет! Сабак гирен очагаро!!! САБАК!!! Баъд угам хама сад мешава ки НЕ интизор бошед!!!

  4. Max-хо 15-30 нафаранд, зиндагии хубе доранд. Чи парвои 7 миллион мардум? Тавре ки худашон икрор мешаванд факат куштанро медонанд. Точикистон дар дасти кассобон мондааст….

  5. Дар Точикистон ягона куввае, ки метавонад (худо накунад) ин корро ташкил кунад, исломихост. Агар ин кувва хокимиятро ба даст орад, вой бар холи мо!

  6. Комментарияи мана кур када бо ин хел гапо мезанетон. ман бой не манам шароитам он кадар нагз не ки ягонта боя тарафдори кунам. но я за справедливость. я кое как разбираюсь в политике и не хочу чтобы наши граждани дважды попали в одно и тотже капкан. Ман бо мегум чои инхел корои игвогарива кор кунетон агар наёветон битон хамроовотба ман кор ёфта тиёям замин бисёр.

  7. Салом алейкум.
    1. Хаммаи он инкилобхое мешаванд ин инкилобхои сунъи мебошанд, чун ки ин кор чосусони ИМА ё Руссия мебошад ва танхо ба манфиати ин кишвархо равона карда шудааст. Манфиати халки ин кишвархо тамоман мадди назаранд.
    2. Кишваре, ки истехсолот надорад ва ягон инфраструктураи аз чихати иктисоди фоидаовар ба монанди рох, заводу фабрика надорад, бо иваз шудани Хукуматдорони он вазъи халки бечора дигар намешавад.
    Ба хамаи хамватанони худ акли расо ва зиракии сиёсиро орзумандам. Хечвакт ба маълумотхои игвоангезу чангхохи чосусони душмани миллати худ набошед. Албата ман онро гуфта нестам, ки мо мушкили надорем, мо мушкили дорем ва рохи халли ин на ба воситаи инкилоби руяки балки бо рохи осоишта мебошад.
    Дар амони худованди карим бошед.

  8. Ман хам мисли дигар хамватанон мухочири мехнатиям, мисли ma[ маро хакорат накунен.

  9. Манучехр гап сари хамон аст ки точикхо кариб нисфи зиёдаш ту барин хастан. Яъне то мурданашона мухочири камбагали сари хам мегардан. Дар тори саршон меринан неки сар хичи не ки бардоран. О ин Ватани ту нест? Ин ватани хамин ду се нафар аст? Лекин рости гап то боз хамон Урус Точика ердам накунад ба монанди Кыргыз, Точик хамон 18 соли гуломзиндагиаш кати давом додан мегирад. Баъд рости гап Исломихо хезан хама бар зиди вайхо мехезанд яъне на ба Россия на ба Казоку узбак Исломихо даркор нестан. Аз ин ру бояд мардум ба демократхои хакики такя кунад баъд хам Русхо США ва Казокхо ёр мешаванд. Лекин аз хама хубуш хамин касе ки хозир сари кудрат аст Худо як хиси ватандустиро ба дилашон дарораду ба мардуми худ як ёр шавад на раис. Ба фикрум хамаи онхо дар 18 сол аз пулу мол сер шудаанд шарт аст хамаи инро гум кардан? Баъд рости гап худашонро агар мусалмон хисоб кунанд бояд бас кунан хамин фасоду ришвахурию мардумозоркуни. Ба ин хама чавоб додан даркор мешавад. Лек ба фикрам каманд мусалмон дар миёни онхо. Онхо на дин доран на як маърифат.

  10. Ба хама салом, хамватанон. Он шароите, ки мо дар Точикистон дорем, дили маро месузонад.Ман худ тахрири бисьер иктисодиети давлатхоро омухта ба он хулоса хастам, ки мо точикон аввал тафакури худро ба як равонаи муайян оварда, холати хозираи иктисодиету давлатамонро хуб донем.Он сохтори давлатие, ки хозир хаст Точикистонро хеч гох ба пеш намебарад.Мо ба кор ба дигар давлатхо меравем, хукумати давлати мо аз дигар давлатхову ташкилотхо карзхои калон гирифта ба манфиати худ хар мекунанд. Пулхои ба Точикистон равон кардаи мо бошад тарики гардонидани карз боз ба берун бароварда мешавад. Ин чархи гардун аз ба кор шуруъ мешавад.Аз ин лихоз мо точикон, то хастем бояд харакат кунем то сохти давлатие ки дорем онро бояд тарики маслихату гуфтугухои оромона дигар кунем. Гардонидани сиесат ва иктисодиети давлат ба тарафи пешрави дар як рузу як шаб ва хатто як сол намешавад. Бояд одамони баруманд, олимон, амалдорон, сиесатмадорон ба ин кор сахми худро гузоранд. Ва агар хар каси мо сари худро ба яктои зери боми осуда монем ин пешрави дар Точикистон гумон аст. Галчабек рост мегуи, ки мо боят бо рохи демократия равем, лекин хангоми харакат ба ин рох мо зери фишор бояд набошем. Давлатхое, дар таърих буданд ки бо рохи худ рафта окибат ба максади худ расиданд.Давлати мо мумкин аз як чихат ба Куба монанд мебошад. Барои он ки Куба давлати мустакил буда кушиш карда истодааст, ки иктисодиети худро бардорад.Харчанд ба у ин мушкил аст. Точикистон ба хеч кас сар хам накунад, чунки мо кудрат дорем давлати худро бардорем. Бояд Рогунро худамон созем. Аз Россия бояд барои чоигиршавии кувахои муссалахи у дар Точикистон ичорапули чун дигар давлатхо гирем.Бо Аврупо ва Амрико нисбати чоигиршавии базахои харбии онхо гуфтугухо сар кунем. Ана аз кучо боз ба бучаи давлат пул меояд. Чунин намунахоро боз ефтан мумкин. Шумо метавонед бо андешахои ман рози набошед вале фикри худро баен кунед.Бисьер мехостам фикри шумо хамватанонро фахмам. Ташаккур. Ха факат бе букаги.

  11. Salom aleykum ba hamma
    Галчабек, barodar in fikri shakhsii shumo bud. Man in fikri khudta hurmat meknum, lekin 100% rozi nestum, baroi chi? baroi on, ki
    1 On demokratiye, ki tu dar nazar dori dar davlathoi sharki ba kor nameoyand, inro taqrikh alhol isbot kardaast.
    2. Inro bidon, ki chi Islomiho va chi Demokratho girdihamoi kunand, bidon, ki dar Tojikiston jang meshavd, baroi chi, baroi on, ki dushmanoni millati mo (RUSSIA, UBAQISTON va dig) az in manfiatdorand.
    3. Oidi Korrupsia gapzaden, korrupsiya in padidai ijtimoiast barodar, in jinoyat na tanho dat Tojikstoni mo, balki dar tamomi dune dogi ruz gashtaast. Sababi asosii kashokii khudamonro tanho dar korrupsiya didan in nodurust ast.

    USA, RUS va digar davlatho hejvakt eri mo nabudand va nametavonand shavand, dar hamma holathoi hamkorii mo bo in davlatho onho suistifoda az bovarii mo kardaand, hamma vakt 99% manfiati khudashonro va 1% manfiati moro dar nazar giriftaand.

    Inshoolloh hammash khub meshavad, fakat ruhaftoda nashuda, umed ba oyandai ruzi neki vatani aziz TOJIKISTONJON shudan darkor.
    Dar amoni khudovandi karim boshed hamvatanoni aziz.

  12. Манучехр демократия шарки е гарби намешавад !!! Ин хама дуруг аст ки мо Шаркием шоху дум дорем ва демократияи мо дигар бояд бошад ин аст пастии сатхи фахмиши мо. Бад рости гап Мухиддин мегуяд ки мо то хастем бояд харакат кунем то сохти давлатие ки дорем онро бояд тарики маслихату гуфтугухои оромона дигар кунем. Ки мекунад? Ба ман нишон дех ки аст ки маслихати хуб дар магзхои ин рохбарони мо инро чо мекунад? Саре ки магзаш пусидааст чи тур сихат мешавад? Касе ки инро метавонад ман ЁРИ у хастам вале? Бо Аврупо ва Амрико пул гуфта маслихат куни ку чурачон Мухиддин пагохуш давлата чапа мекунан. Ту як Кыргызхоро нигох кун. Барои Русхо ер будани мо ягон маъни надорад. Вале барои мо ин хозирашба амният,сулх, ва зиндагие ки мо карда истодаем бо ер будани хамин давлат аст. Худо накунад ки дарашона ба мо бандану мухочирони моро кафо ба ватани пур аз кор ва дар мудати 18 сол таракикарда гардонанд. Баъд Мухидин мебини ки чи хел ягдигар шапи сар мешавад. Як чиро бифахмед Русхо Осиёи Марказиро хеч вакт намемонан ки худ ба худ чи коре хохад кунад. Аз ин лихоз шарт нест ки онхо кати мо ягон хунукие дошта бошем. Узбакхо ин дигар мавзуъ аст.

  13. Галчабек барои ба сари пусидаи хукуматдорон аввал рузномахо мачалахоро нависанд, ана баъд дар атрофи ин маколахо бахзу мунозирахо сар мешавад. Шумо маколахои охиронаи рузномахое ки бо намояндагони суди шахри Душанбе хонед. Дар он чо худи журналистон масаларо ба миен гузошта хиссаи худро нисбати тагьир додани кори худи намояндагони суди маълумот додаанд. Аз чунин самтхо кор шуру мешавад. Лекин нисбати ба тасаруфи Амрикою Европа гузоштани мо, ман рози нестам. То худи мо агар гусфанд барин ба хама шароитхои онхо рози шуда амниятро аз даст надихем хеч ягон давлат сиесати худро ба мо зуран тадбик намекунад. Як дигар шапи дар Точикистон шуданаш ин гумони калон аст. Чунки мо аллакай медонем ин чист. Дар Узбекистон харчанд бо сиесати на он кадар дустонааш бо Россия дар дохили давлаташ як дигар шапи нест. Хол он ки дар он чо хам сафи бекорон кам нестанд.

  14. Рустами Точвар чаро вактхои охир шумо дар бахсу мунозирахои хонандагонатон иштирок намекунед. Аз хар хел хамсухбатони кам акл наранчед. Онхоро худованд худ чазо хохад дод. У одилу хак аст. Аз ин сайти ташкил кардаи шумо як тахон ташаккур мегуям ва ба шумо саломати ва мувафакиятхоро таманно мекунам.

  15. Мухиддин Шумо ё аз сиёсат дур ё ин ки дарк накардаистодаед. О чихел дар Андичон чи гап буд? Аз чи сар шуд? Бад чи хел тамом шуд? Ё он вакт дар Осиё набудед? Узбакам холи дар саруш мехура як чанд шапалок Шумо гамашро нахуред.

  16. Галчабек.Хар чанд дар Андичон ошуб буд он ба монанди чанги бародаркуши тулони набуд. Он вактхо ман дар ватанам будам ва хуб он ходисахои Андичонро медонам. Агар шумо таърихро ба ед оред, Андичон дар солхои шурави низ макони ноором буд. Мо суханро аз он сар кардем ки холати Киргиз дар мо мешавад е не. Ба фикри ман дар давлати мо дар солхои наздик чунин табаддулот намешавад. Мо оппозицияи солим ва пуркудрат надорем. Чи хеле ман дар боло гуфта будам, то холе ки хар хизбхо дар гами худ бошанд, хукумати хозира конунхову коидахои худро бароварда давлат боз ба ботлоки чукур мебарад. Махз фикрхои наву тоза ва пур аз маънихои фоидаовар метавонад намояндагони навро пайдо кунад. Холати хозираи Точикистон дар сомнаи сафорати Амрико дар Точикистон, ки ба забони точики баромада аст, хуб инъикос шудааст. То вакте, ки дар гирди сардори давлат одамони кам аклу каандеш хастан таракиет давлати мо ба пеш намеравад.

  17. О шумо бо ин гуфтаниед ки дар Кыргызистон чанги бародаркуши сар шуд? Агар гап сари Кыргызистон равад? Агар ошубгарони Андичон аз паси худ рафикии Русро медоштан ана баъд медиден ки чи мешуд. Ё ин ки агар Каримов саракашро хам намекард дар назди Путин. Э дур намерем хамин чанги мо низ охираш хамон гурухе ки бо Рус ер буд хамон бурид ва то хозир дар сари кудрат истодааст!!! Барои хамин Русхо чи коре хоханд мекунанд. То он даме ки Парламент мардуми ва Хукумат дакик мардуми нашавад Пуркудратхо хар балоро кардан метавонанд. ШУмо худатон чанд сола хастед? Вакти интизори доред? ки кай дар гирди сардори давлат одамони боаклу боандеш пайдо мешавад ки таракиет давлати мо ба пеш равад? Албат мо намебинем ин чизхоро.

  18. Точикистон як минтакаи стратеги барои Танхо Россия мебошад.Агар Точикистон ба ягон дигар давлатхои пуркудрат мафиатнок мешуд мумкин, ки шароити давлати мо низ дигар мешуд.Ман умед дорам, ки тагиротхои сиесии давлатамонро бо чашми худ бинам. Агар Каримов ба Русия сарашро хам карда бошад, баъд чаро муносибати Узбекистон бо Точикистон он кадар бад аст? Охир хукумати мо лагандбардори Русия хаст ку. Ман 35-сола хастам, донишгохро дар Русия хонда истодаам ва хам кор мекунам. Худи Шумо чанд сола хастед ва бо чи кор машгулед? Ба Шумо як чахон ташаккур, ки фикру акидахои тозаи худро иброз мекунед. Харчанд ман Шуморо намедонам.

  19. Ман 33 сола хастам. Ба Ватани худ хизмат карда истодаам. Ва хайронам ки наход мо Точикони бо таъриху фарханги бузург ба хамин ахвол расидаем. Оид ба Каримов вай рости гап гурбаи хушер худашро мегирад. Саракашро хам кард баъдан вакте ки Аврупо чашмашро ба Андичон пушид боз коматашро бардошт. Бад рости гап агар Шумо Рус мешудед дар хамин вакт Шумо пуштии киро мегирифтед? Вакте ки Шумо на 201 дар Узбакистон доред на ягон чизи дигар? Ба гайр аз ин Узбакистон Точикистон нест Ахолиии бисертар, иктисодиети бакувватар, чойгиршавиаш хамчун развилкаи Осиёи Маркази, ин чизхо хамааш сабаби дипломатияи хозираи Рус бо онхо мебошад. Баъд фикр кунед ки агар дар ончо хозир яку якбора бедодгари шавад ин на факат барои Узбакистон хатар дорад балки баро хамаи ОМ. Ин барои Русхо даркор нест.Точикистон бошад рости гап дар дасташон бе ягон гап. Хозир майда майда Кыргызистон баъдан мебинем ки чи мешавад. Хизмати Русхо барои точикхо низ калон аст. Хамон Урус намешуд нисфи заминхои хозираи моро узбакхо мегирифтан дар ин бесарусомонихои мо. Ки онхоро як тараф кард? Армияи Точикистон? Бале!!! вале аз пушташ ки буд? Боз хам 201!!! ки Узбак аз у дар хатар аст.

  20. Дар масалаи аз даст додани кисме аз заминхо мо нисбати Узбекистон бо шумо рози нестам. Чунки замона он замонахои даври мугул нест. Аз гирифтани замини точикон узбекхо факат дарди сар мегифтанду окибат боз бар мегардониданд. Узбекхо хеч вакт ба Точикистон хучум намекунанд. Ман инро солхои 95-97 дар тарафхои Шаартуз ва Регар дида будам. Хамон вакт яке аз намояндагони харбии он вакта худаш гуфта буд, ки низомиени узбек хеч гох дар шароитхои Точикистон чанг накардааст ва ба Точикистон хаели хучум хам надорад. Чунки Точикистон метавонад, бо ин бахона чангро ба Узбектстон кучонда нияти бар гардонидани Самарканду Бухоро мекунад. Аз ин лихоз Узбекистон ба Точикистон ба хар шароит хамла намекунад. Бале ба иктисодиет, сиесат ва ичтимоияти мо зарар расонида метавонад, аммо чанг бо мо не.
    Азбаски мо хукумати пуркудрат ва якрав надорем Русия бо мо чунин муносибат мекунад. Охир Швецария низ далати калон нест, лекин бо шартхои у давлатхои дигар кор мекунанд. Онхо низ мисли мо на он кадар боигарихои табии доранд, мисли нафту газ.

  21. Нисбати чанг дар Узбекистон, чаро дар Точикистон чанг сар шуд дар Узбекистон он давом надод? Чаро дар Афгонистон чанг чанд сол боз давом дорад лек он на дар Точикистон ва на дар дигар давлатхои хамсоя давом дорад? Чанг дар хамон чо мешавад, ки мухолифин кудрати доро дорад ва паси хар кудрат бозухои бештар ери мерасонад. Ба мухолифини узбек ерии ягон давлат намерасад, ба гайр аз давлатхои динни. Гарбу Амрико аз Узбекистон даст кашидааст. Лекин дар Узбекистон агар чанги шахрванди нашавад он вакт албатта табаддулот мешавад, чунки узбекон назар ба мо нигариста, нисбати муковимат бар хукумат бештар доранд.

  22. Короче понятно….

  23. Асссалому алайкум чаро тема Кулоби офатзада нест чи шумо магар точик нестед?????? 100 нафар халок шудаву 1500 хона вайрон Худованд рах кунад

  24. МДАААААААААА,,,,,,,,

  25. Якумин шуда дар Осиёи Марказй киргизхо барои сохтани хукумати аслан мардумй шуруъ карданд. Бубинем, ки чй мешавад. Агар сарварони хамсоя, ки аз ин манфиатдор нестанд халал нарасонанд, бояд, ки як намуна бишаванд. Ана он вакт мебинем, ки демократия дар Шарк чй хелй мешавад. Гарчанд хувияти онхо аз мо фарккунанда бошад хам мардуми осиёиянд. Ба Роза Отунбаева ва командааш муваффакият хохонем.
    P.S. Ва як чизи дигар: агар пешвоёни давлат хирадманд бошанд, хеч як давлати абаркудрат сиёсати худро бо зурй гузаронида наметавонад…

  26. Аюб бо P.S.-и ту розиам. Лекин шуриш мардуми набуд. Онро дар ояндаи наздик мебинем. Харчанд ба мардуми далери киргиз бурдборихо мехохам. Кош ватани мо низ чунин мардуми мешуд.

  27. Мухиддин барои чи шуриш мардуми набуд мегуед? Он кадар одам мардум набудаанд ми? кариб 80 кас шахид шуд онхо ки буданд? сагхо? ё хархо? Онхо одам буданд ва мемонанд. Одаме ки худро гулом намехисобанд ва ба хама нишон додаанд ки мардуми КЫРГЫЗ барои ду се раис гулом нестанд. Худо рахматшон кунад….

  28. Галчабек. Шуриш дар киргизистон мардуми набуд.Агар шумо онро нагз тахлил карда бошед, он вакт медидед, ки мардум ба он чойхое хучум карданд, ки 5 сол пеш он чо буданд. Шуриш мардуми бошад пас чаро онхо магозаву корхонахои хаммилати худро талаву тороч карда ба он чойхое даст нарасониданд, ки карор набуд. Ва он нафароне, ки халок шуданд онхо на ярок доштанду на медонистанд, ки аз кучо тир мепаронанд. Харчанд дар байни мардуми шуришгар одамони силохдор кам набуданд. Баъди чанд рузи шуриш мардуми киргиз ба дехаи руснишинон хамла оварданд. Хол он ки он деха ба сиесати Бокиев ягон алокамандие надошт.

  29. Э бародар ту хам сода будай. О ин дар хама шуришхо хастанд одамхое ки барои хамин дуздиву горатгари ба он чо мераванд. Як хел одам барои акида меравад дигаре ки дузд е горатгар аст аз ин истифода мебарад ин кариб дар хамачо хмин хел мешавад. Вай фарк надорад хатто дар аврупо. Ин гапатонро дигар дар хеч кучо нагуед. Шуришро мардум мекунад наинки горатгархо. Горатгархо аз шуришхо истифода мебаранд. Шумо гуед ки дар кучо шуриш шудасту касеро горат накарданд?

  30. Пас аз ин мебарояд, ки дузду горатгар шуриш бардошта хама чохоро горату валангор кардаанд. Натичахои шуришро иншоллох ба наздики мебинем ва боз мутолеа хохем кард.

  31. Шумо агар канали К+ ро тамошо кунед хамаашро мефахмед ки не аз каналхои Россия камашро фахмидан мумкин. Бинед баъд гуед ки онхо горатгар е на. Шумо соли 90 дар кучо будед? Хамон митингбозихои мо чи хел буд? магар горат накарданд магозахои шахрро? Магозаи тиллоро дар маркази шахр топтоза карданд! Як гапхое мезанед бовар кунед. Дар Россия вакте ки СССР ро сарнагун карданд дар ончо низ горатгари буд мумкин камтар вале буд. Ин дар хама чо мешавад. Дузду горатгар аз бехукмати ва бехукуки хамавакт истифода мебарад. Инро беспредел мегуянд.

  32. 17.05.10 сол аз шабакаи телевизиони ТВЦ-и Русия барнома бо номи “Право имею”-ро нишон доданд, ки он дар бораи мухочирони корй бахшида шуда буд. Дар он барнома хамчунин конуни охирине, ки барои воридоти мухочирони кори ба корхонаву ташкилотхои технология баланд ва коркунони хонаги (домработники) мутолиа шуда буд. Агар ин конунро кабул кунанд, он гох мухочири кори бояд, баъди худро ба кайд гузоштанаш (регистрация) бояд кор ебад. Вакте, ки у кор меебад бояд бо кордиханда шартномаи кори бастанаш лозим. Он гох бо ин шартнома ба кумитаи миграционии он нохия рафта бояд хар мох 1000 рубл бидихад, пас аз он метавонад натарсида кор кунад. Аз хотир набароред, имсол назоратхо нисбати бе хуччати духтури ба ягон
    корхона коргарони мухочирро ба кор намегиранд. Ин хуччатро харакат кунед гиред, ки мухлати онро хангоми гирифтан аз духтурхона албатта муайян кунед.
    Дар барнома ду тараф буданд, ки якешон хукукхои коргарони мухочирро хифз мекарданд, дигаре зид. Хангоми тамошои ин барнома баро чунон хашм гирифт, худро дошта ин барномаро то охир тамошо кардам. Дар барнома як тахлилгари иктисоди гуфт:
    -Харчанд мо конуну коидахо кабул кунем е накунем бе коргарони мухочир мо тараккиети давлатро ба сатхи даркори бароварда наметавонем, аз ин лихоз онхо ба Русия лозиманд. Аммо киро ва чанд нафарро даъват кардан кори ташкилотхои салохиятдор мебошад.
    Собик депутати хизби ЛДПР Алексей Митрофанов, ки тарафдори содда гардонидани сару хисоби мухочирон ва таъмин кардани хукуки онхо буд, гуфт:
    -Ое ягон шахрванди рус ба он корхое, ки имруз мухочирони точик мекунанд, рози хасатнд? Ба он хакки музде, ки ин мухочирон мегиранд, русхо рози хастанд? Хеч вакт русхо хусусан дар Маскав ин корро намегунанд ва агар ман нохак бощам ба ман он нафарро пайдо кунед.
    Дар ин барнома сухан факат дар бораи мардуми точик мерафт. Намояндагони зид мехостанд, ки бо Точикистон рафтуои визавиро ташкил кунанд. Ба собик хамватанони худ, яъне русхои хоричи кишвари Русия буда шароити ба ватан баргаштанашонро осон кунанд.
    Баъди ин барнома фикрхои бисьер кардам ва ба он хулоса омадам, ки чаро худованд ба мардуми точики ман чунин кисматро раво дид.Магар мо точикон ба ин пастзаданихои миллатхои аз мо маданият пастдошта хубанд? Магар мо точикон сохиби кисмати худ нестем? Чаро мо точикон дар мусофири он кадар ахл нестем монанди дигар миллатхо? Мо ки адабиети хазорсолахо дорем чаро аз маданияти худ дар мулки мусофир дур мешавем? Ин саволхо дар дилу чони ман мисли хун гардиш меебанд. Ое ман ин ходисаро то охири умрам мебинам магар? Ман ки худ мухочир хастам, албатта маро ин беадолатихо осуда намегузоранд.
    Мардуми точикро то он дарача чашми дидан надоранд, ки моро ба хар нохушии кишвари худ сабаб мегузоранд.Гуе мо точикон ин нохушихоро ба миен оварда бошем. Ое да Русия як халки точик мухочир аст? Ое дигар халкхо дар он чойхое, ки мо кор мекунем, кор намекунанд магар? Ба мардумам дилам месузаду дили шишабори ишку хаваси ватан тапиши тезутундеро мегирад. Боз ба худо марочиат мекунаму худро тасалли медихам. Бо умед ба осмон нигох карда дасти дуо мекушоям ва мугуям:
    -Эй Худои мехрубон халки маро мардуми ба номуси точикро дар хар чое, ки набошад, дар холати сериву пури, дар гамиву хурсанди, дар саломативу бемори, дар ватану беватан, дар назди оилаву гариби, бо дуст е душман.Дар хоб е бедори, бо ишк е танхо хамаашонро бар панохат нигах дор. Бигзор ин рузхои дахшатноктарини мардуми точик паси сар шавад. Дигар иллохо ягон фарди точики мо ин рузхои мусофирии вазнинро набинад. Ба хукумати мо куввату акли солим дех, ки хукуки шахрвандони моро дар хорич мухофизат кунад ва ба поймол кардани нангу номуси миллати точик рох надиханд.Намояндагони давлати точикон фарк надорад дар кадом сатхи ухдадори набошад, номи точиконро, хукуки мардумро химоя кунанд дар хама макони руи замине, ки шахрванди у хаст.
    Агар хукуматдорони боломакоми Точикистон ба шакли чидди зидди барномахои “Наша Раша”, ки хукуки мардуми точикро поймол карда мардуми точиконро чун як ифроди пас нишон медиханд, ба давлатдорони боломакоми Русия арз карда аз онхо талаби манъ намудани ин барнома мекарданд, ин барнома то хол давом намедод. Дар нашрияву телевизиони Руссия нисбати ин намоиш танхо диаспораи точикони Маскав баромад карданду халос. Чаро намояндагони сафоратхонаи Точикистон бо нота баромад накард? Магр онхо точик нестанд е онхо аз вучуд доштани чунин барнома огох нестанд?
    Рости гап аз тарафи дигар мо точикон худ хам айб дорем. Чунки мо бо кору рафтори ношоями худ, ки дар хар кучо мекунем ба дигарон бахона ба миен овардем, то онхо нисбати мо чунин муносибат кунанд. Чаро мо худро хангоми ба куча баромадан ба низом намеорем? Чаро мо бо либосхои ифлосу кухна ва е либоси кори ба шахр мебароему байни мардум бо овози баланд гап мезанем? Чаро мо хангоми муомила дар байни дигарзабонхо бо точики баланд сухан меронем? Чаро мо ба хама кори пасту каммузд ба тези рози мешавем? Ое моро падару модар ба чунин кору рафтор тарбия карда буданд? Чаро мо ба якдигар бо чашми хасуд ва гаюри менигарем?
    То он даме, ки мо тарбияамонро дар назди дигарон ба дарачаи хуб наорем, нисбати мо дигар мардумон чунин муносибати беинсониро давом медиханд. Мо иззати якдигарро аз худ бояд сар кунем. Агар шумо хохед, ки бо шумо хуб муомила кунанд, бояд худи шумо муомилаи хубро нисбати дигарон кунед.
    Харчанд хозир ба мардуми точик ин рузхо рузхои вазнин дар мусофири хаст, ман фикр мекунам ин рузхо хам мегузаранд. Ба сари мардуми точдори ман офтоб нурпоши мекунаду точикони мо рузхои хубу фарахманд мерасанд. Дар давлатамон хам сериву пури ходованд ато менамояд ва мардуми точиконро аз хар балохо эмин медорад. Шоду пируз бош халки точики дунье.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: