Ҳимматзода аз пояҳои суботи ҷомеаи мо буд

Абдуллоҳи РАҲНАМО, «Миллат» №11 18.03.2010

Даргузашти устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода барои ҳар касе, ки аҳли илму имон ва аҳли фикру инсоф аст, таконе бузург мебошад, зеро ӯ намоде аз илму имон ва фикру инсоф буд. Барои шинохти тамоми шахсияти М.Ҳимматзода шояд ба замони бештар ниёз аст.  Вале агар кӯтаҳ гӯем, муҳимтарин ҷанбаҳои шахсиятм эшон чунин буд:

Ҳимматзодаи олиму домулло: Аввалин зуҳури ҷамъиятии Ҳимматзода аз саҳнаи илм оғоз шуд, аз саҳнаи илмҳои динӣ ва фикрӣ. Дар солҳои 80-ум ӯ ба унвони яке аз мударрисон ва домуллоҳои бисёр фаъол дар муҳитҳои динӣ шинохта шуд ва баҳси истидлолии ӯ ва ҳалқаи дарсии ӯ аз ҷиддитарин маҳфилҳои илмӣ ва ақидатии он замон ба ҳисоб мерафт. Он вақт ҳатто рӯҳониёни анъанавие, кӣ бо баъзе мавқеъгириҳои ӯ розӣ набуданд, баъди интиқоду мухолифат ночор ин ҷумларо илова мекарданд: вале дар ҳақиқат олим аст.

Ҳимматзодаи сиёсатмадор: Дар сиёсат низ М.Ҳимматзода мактабу равиши хосаи худро дошт, Сиёсати «ӯ эҳсосӣ набуд, ақлонй буд. Ӯ орому пайваста ва нарму ҷиддӣ ҳаракат мекард. Вазъиятро таҳлил менамуду мавқеи худро баён мекард. Гарчӣ гоҳе ҳамсафон бо мавқеи ӯ розӣ намешуданд, вале пас аз чанде рӯшан мегашт, ки мавқеи ӯ бисёр санҷида будааст. Намунаи он мухолифати ҷиддии М.Ҳимматзода бо пайвастани ҲНИТ ба гирдиҳамоиҳои соли 1992 буд. Ӯ то охир ин иқдомро «иштибоҳи бузург» меномид…

Ҳимматзодаи мутафаккир: Вале ҷиддитарин ҷанбаи шахсияти М.Ҳимматзода фаъолият ва осори фикрии ӯ буд. Аслан, шояд аз муосирони мо эшон танҳо касе бошад, ки худи мафҳуми, «осори фикрй»-ро битавон ба ӯ нисбат дод. Силсилаи китобу мақолаву мусоҳибаҳое, ки ӯ ба ҷой гузошт, аз ҷиддитарин маводи илмиву фикриест, ки бояд мавзуи омузиши амиқ ва муаррифии васеъ қарор гирад. Ӯ танҳо касе буд, ки ба ҳассостарин ва усулитарин масъалаҳои сиёсию иҷтимоии ҷомеаи муосири мо посухҳои шаръиву каломӣ ироа кард. Хусусан, андешаҳои ӯ дар боби нисбати ислом ва сиесат, ислом ва дунявият, ислом ва демократия, ислом ва интихобот ва ғайра ҳамчун роҳҳалҳои бисёр ҷиддӣ ва босалоҳият дар ин масъалаҳо берун аз Тоҷикистон эътироф гаштаанд ва умед аст, ки дар худи Тоҷикистон ҳам шинохта ва эътироф гардад…

Ҳимматзодаи инсон: Вале Муҳаммадшариф Ҳимматзода пеш аз ҳама инсони бузургвор буд. Шояд аз роҳбарони мухолифин ӯ танҳо касе буд, ки аслан мухолифин надошт. Бо ӯ мухолиф будан имкон надошт, зеро ахлоқи ҳалим, гуфтори нарм ва таҳаммулу хушмуомилатӣ ӯро писанди ҳамагон намуда буд. Ва шояд муҳимтарин хислати инсонии Ҳимматзода сабр буд. Хусусан, дар давраи поёнии зиндагӣ ӯ мисли як шаҳиди зинда солҳои тӯлониро рӯи бистари бемории бедармон гузаронид, вале тамоми ин давра ба мутолиа ва тафаккуру эҷод машғул монд. Ва аз ҳамон бистари марг ҷиддитарин осори худро навишт: ва ба ҷой гузошт…

Ва вақте ки соли 2006 бунёдгузори. ҲНИТ марҳум С.А.Нурй охири суханронии худро ироа кард, муҳимтарин далел ва муҳимтарин васӣяти ӯ дарку шинохти Ҳммматзода буд. Ӯ барои пайраёфни худ дар ин бора ду васият кард:

1 .Ҳамагон аз шахсияти устод Ҳимматзода намуна гиред ва ҳамагон аз роҳу равишу сабру талоши ӯ пайравй намоед.

2.То замоне, ки дар ҳаркати исломӣ «сад Ҳимматзода» ташаккул наёбад, барои қудрат талош накунед, зеро салоҳияти ин корро нахоҳед дошт.

Яъне, агар С.А.Нурй, ки худ муассис ва роҳбари ҳаракат буд, мехост дар бораи як инсони комил, як намуна ва як улгу ба пайравонаш сухан гӯяд, ин намунаро дар Ҳимматзода меёфт. Ин ҳам васияти бисёр ҷиддӣ ва ҳам арзёбии бисёр ҷиддӣ буд,

Ва умуман, агар бихоҳем, ки ҷойгоҳи Ҳимматзодаро барои наҳзати исломии Тоҷикистон арзёбӣ намоем, метавон гуфт, ки марҳум С.А.Нурӣ зарф ва ҳастии ин ҳаракатро офарид ва М.Ҳимматзода мазмуни онро. Аз ин рӯ, Ҳимматзода дар марҳилаи пас аз С.А.Нурӣ барои ҳифзи рӯҳия ва вахдати дарунии ҲНИТ ва барои дар масири мӯътадилу созанда ҳаракат кардани ин ҳизби пурнуфуз ҷойгоҳи калидӣ дошт. Яъне агар амиқтар нигарем, бо ин нақши худ Ҳимматзода яке аз пояҳои суботи ҷомеаи мо буд.

Аз ин рӯ, рафтани ҳар яке аз чунин фарзандони калидии миллат як талафоти миллист ва бо рафтани ӯ ҷойгоҳи ӯ дар фазои сиёсии кишвар барои ҳамеша холӣ хоҳад монд. Ва низ, бе ҳидоят ва сояи маънавии ӯ кори ин наҳзат ва хусусан, кору масъулияти ҳизбӣ ва миллии раиси он Муҳиддини Кабирй бисёр ва бисёр ҷиддитару душвортар хоҳад буд.

Advertisements

One Response

  1. дар хакикат устод Химматзода яке аз бузургтарин олими дин ва сиёсатмадори карни 20-21-и Осиёи Вусто буд.Ин овардахои дуктур Рохнамо сазовори хидматхои уянд дар эхёи ва рушди исломи азиз ва оромии кишвари Точик.Дар хакиккат у факехе буд барчаста ва тавонист дин ва дунявиятро ба хам созиш дихад.Ахсант барои чунин як маводи пурарзиш!!!!!

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: