АДВОКАТ ЭЪТИРОЗ МЕКУНАД

Посухи адвокат Солеҳҷон Ҷӯраев – «Озодагон» №10 10.03.2010

Судяи суди шаҳри Душанбе Додометов Ф.Т., судяхои Суди Олии ҶТ Махмадшоев У.З. ва Нуров Н.Э. ба суди нохияи Сино бо аризаи даъвогӣ нисбати ман, адвокат ҳамчунин идораи рӯзномахои «Фараж», «Озодагон» ва «Азия-Плюс» оид ба химояи шаъну шараф ва обрӯю эътибори шахсӣ муроҷиат намудаанд ва аз ҷавобгарон раддияи расмии хаттиро бобати Изҳороти кушодаи адвокат, ки 20 ва 21 январи соли 2010 дар рӯзномахои зикршуда чоп гардидаанд ва ба сифати чубронпулии зарари маънавии гӯё ба онҳо расонидашуда аз ҷавобгарон (муштаракан) рӯёнидани: ба фоидаи Додометов Ф.Т. – 500 хазор сомонӣ, Маҳмадшоев У.З. – 2 миллион сомонӣ ва Нуров Н.Э. – 3 миллион сомонӣ ва интиқоли ин маблағхоро ба сохтмони НБО-и Роғун талаб доранд.

Ман талаботи даъвогии даъвогаронро эътироф намекунам, чунки онҳо ғайриқонунӣ ва беасос ва моҳиятан хилофи моддаҳои 30 ва 31 Конститутсия, моддаи 53 Кодекси мурофиавӣ-ҷиноятии ҶТ ва Қонун «Дар бораи адвокатура»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин моддаҳои 1115- х\ 16 Кодекси шаҳрвандии ҶТ мебошанд. Ва факту далелҳои дар Изҳороти кушодаи дар рузномаҳо дарҷёфтаи адвокат ба воқеият мувофиқат мекунанд, онҳо боэътимод ва дақику саҳеҳанд. Кулли ин далелҳои адвокат иштирокчии мурофиа, яъне мавқеи ҳимоя ҳанӯз то замони интишор дар рӯзномаҳо, 14 январи соли 2010 ба Коллегияи Кассатсионии Суди Олии ҶТ оид ба парвандаи 33 нафар «исфарагиён» пешниҳод шуда, инчунин 18 январи соли 2010 дар нишасти матбуотӣ садо дода буданд, бинобар ин мо, ҷавобгарон қонунро ваӣрон накардаем ва набояд баҳри иҷрои ӯҳдадориҳои касбиамон ва ҳифзи мавқеамон ягон хел ҷавобгариро бар дӯш гирем. Хоса, ки мавқеи ҳимоя на фақат бар маҷмӯи далелҳои ҳуҷҷатӣ, объвктивона ва дақиқ, балки худиқрории шахсии судяҳои Суди Олӣ Маҳмадшоев У.З. ва Нуров Н.Э. асос гирифтаанд, ки ба лентаи магнитофон сабт шудаанду зимни он судяҳо ошкоро қонуншиканиро дар Суди Олй тасдик, намудаанд, ки зери фишор ҳукмномаҳои зидди конститутсионӣ ва беадолатона бароварда шудаанд.

Зиёда аз ин, изҳорот, мулоҳизаҳо ва далелҳои адвокат, характери тӯҳматзанй надоранд, дар онҳо маълумоти шаъну шараф, обрӯю эътибори инсониро поймолкунанда мавҷуд нестанд, балки ифодаи воқеии вазъи кор дар адолати судии мамалакат мебошад.

Мутобиқи моддаҳои 30 ва 31 Конститутсия, моддаи 53 КМҶ ва Қонун «Дар бораи адвокатура» адвокатҳимоятгар ба ин амал ҳуқуқи қонунй дорад. Ба ғайр аз ин, Мутобиқи «Эъломияи ҳуқуқи башар», «Пакти байналхалқӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ», инчунин «Дар бораи дастурҳои асосии нақши адвокат», ки Конгресси Олии СММ моҳи августи соли 1990 дар Ню-Йорк қабул кардаву ҳуқуқҳои зикрёфтаи ҳимоя, яъне адвокатро тасдиқ мекунад ва кафолат медиҳад, бар зиммаи давлатҳоаъзоёни СММ оид ба таъмини кафолатҳои ҳукуқи адвокатӣ ӯҳдадориҳои имтиёзнок гузоштаанд.

1. Оид ба даъвои судя Довометов Ф.Т.

1. ДАЪВОГАР менависад: «дар Изҳороти кушодаи С.Ҷӯраев дар рӯзномаҳо беасос ва ғайриқонуни аз хусуси он сухан меравад, ки нисбати оилаи Р.Турманов ваК.Хоҷахонова аз рӯи 7 (хафт) моддаи Кодекси Ҷиноятии ҶТ дар содир намудани 15 ҷиноят эълон карда шудааст, ки умуман ба маводҳои парвандаи ҷиноятй мувофиқат намекунад. Аз ҷониби макомоти тафтишоти пешакӣ танҳо аз рӯи 2 моддаи Кодекси Ҷиноятй айбнома пешниҳод шудааст, вале бароям маълум нест, ки адвокат Ҷӯраев С. ин маълумотҳои беасосро аз куҷо гирифтааст».

1. ҶАВОБГАР: Нусхаи хулосаи айбномаро оид ба парвандаи ҷиноятии №1107, ки онро муфаттиши Агентй имзо ва ҷонишини прокурори шаҳри Душанбе тасдиқ кардааст, пешниҳод менамоям, ки мутобиқи он онҳо дар содир намудани 26 воқеаи (лаҳзаҳо) ҷиноят айбдор дониста шудаанд ва ҳар як лаҳзаи айбнома мутобиқи моддаҳои дахлдори Кодекси Ҷиноятӣ алоҳида банду баст карда шудаанд ва дар маҷмӯъ ба онхо на аз рӯи 2 модда, балки бо 8 моддаи Кодекси Ҷиноятй айб пешниҳод карданд. Ва чй тавр, чаро Шумо, мӯҳтарам судя ҳангоми ҳисобу китоб: айбномаҳо «саҳв кардед», ба Шумо не, балки барои ман нофаҳмо аст!..

2. ДАЪВОГАР: «Зинаи кассатсионӣ гӯё зери фишори Агентӣ ва Суди Олӣ оид ба бекор намудани ҳукми сафедкунанда қарори ғайриқонуни баровардааст, ки ба ҳақиқат рост намеояд ва нисбати ман тӯҳмат аст… Адвокат Ҷӯраев С. худаш хуб медонад, ки суди зинаи кассатсионӣ тариқи муштарак дар ҳайати 3 нафар судяи касбӣ амал намуда, қарор қабул мекунад, пас чӣ тавр, ман судя Додометов Ф.Т. метавонистаам оид ба бекор кардани ҳукмнома ва таъиноти хусусии суд қарор қабул намоям, ин ба ягон доираи қонун мутобиқат намекунад. Ва ҳеҷ кас… ба суд фишор наовардааст ва манфиатдории худро нишон надодааст… Ва касе хуқуқи муҳокимаи қарори баҳӯкмй конун даромадаи судро надорад… ва гумон дорам, адвокат Ҷӯраев С. меъёрҳои мурофиавӣ-ҷиноятиро ба майли худ тафсир менамояд».

2. ҶАВОБГАР: Даъвогар моҳияти Изҳороти кушодаро таҳриф мекунад ва аслан аз сари проблема оид ба вайройкунии ҳуқуқи инсон ва мавҷуд набудани адолати судӣ ва он ки тақдири шаҳрвандон ва гунаҳкории судшавандагон на мутобиқи принсипҳои конститутсионии ба амаловарии адолати судӣ, яъне на дар Хонаи машваратй аз ҷониби худи судяҳои парвандаро баррасӣ намуда, балки новобаста аз натиҷаҳои маводи мурофиаи судӣ аксаран худсарона дар кабинетҳои раисони судҳо сурат мегиранд, дур меравад.

Бинобар ин аз ин хусус ва ғайриқонунӣ будани қарори суди шаҳри Душанбе оид ба парвандаи Турманов Р.С. далелхои дақиқ оварда, ман дар қавс насаби Шуморо ҳамчун маърузачи бобати кор зикр намудам. Ҳамагон медонанд, ки кулли далелҳо ва қарори Коллегияи кассатсионӣ ва зинаҳои назоратиро дар санадҳои суди маърӯзачӣ менависад ва таҳия менамояд.

Дар Таъиноти зинаи Кассатсионии суди шаҳри Душанбе аз 20.02.09 оид ба бекор кардани хукми сафедкунанда ва таъиноти хусусии суди зинаи аввал омадааст:

«Ҳамин тариқ… дар амали Турманов Р.С. 6 (шаш) лаҳзаи азхудкунии маблағҳои пулии давлатй… ва саркашӣ аз пардохти андоз ҳаҷмашон махсусан калон ба назар мерасад».

Суоле пеш меояд, ки агар судшаванда умуман маблағҳои давлатиро истифода набурда бошад ва дар ихтиёри Турманов Р.С. умуман ин гуна маблағҳо набошанд, пас ӯ чиро, кадом маблағи «давлатй»-ро дуздидааст?

Ва баҳри чӣ дар айбнома ва дар таъиноти Коллегияи кассатсионии суди Душанбе зарурати бофтани «дуздии» маблағҳои давлатии мавҷуд набуда зарур аст?

Аз ин рӯ ман дар изҳороти матбуотии худ навиштам:

«Ҷои тааҷҷуб аст, ки ин гуна худсарӣ ва таъқиби ғайриқонунии шахрвандони бегуноҳ ҳатто дар мавриде сурат гирифт, ки ду тафтиши такрорӣ-ревизия ва ду комиссияи ташхиси судиву бухгалтерии даҳҳо коршиносон ва мутахассисони Вазорати адлия ва Кумитаи андози ҶТ гузаронда, тибқи хулосаи худ ошкоро сохтакорӣ ва беасосии санади тафтиши (айбномаҳо)-и Агентӣ ва он омилеро, ки Турманов Р. ва Хоҷахонова К. маблағҳои давлатиро истифода набурдаанд ва аз пардохти андозҳо онҳо саркашӣ накардаанд, тасдиқ намудаанд…»

Баъдан: «Дар таъиноти суди марҳилаи кассатсионӣ хилофи Қонуни мурофиавӣ-ҷиноятт;, Қарсрҳои Пленуми Суди Олии ҶТ ва принсипи эхтимолияти бегунохи гунахгории шахсонро пешаки ҳал карда, дидаву дониста ҳолатҳои воқеии парвандаро, ба мисли мақомоти Агентӣ нодуруст ғалат нишон доданд, ҳолатҳои дуздидани маблағҳои пулии давлатии дар табиат вуҷуд надоштаро бофта бароварданд ва ба амали судшаванда ва далелҳо баҳои ҳуқуқии ғайриқонунӣ ва пешакй додаанд, ҳарчанд инро қонун манъ кардаасту ба салоҳияти зинаи кассатсионӣ, ки моҳиятан парвандаро баррасӣ накардааст, дохил намешавад».

Яъне, ин далелҳои муҳим оид ба мавқеи ҳимоя аз чӣ бошад ки бе ҷавоби мӯҳтарам судя-даъвогар мондааст.

Вобаста ба фишороварӣ ба суд далелҳоро пешниҳод мекунам.

Дар давраи тафтишоти пешакӣ ва суди зинаи аввал муфаттишон ва дигар мансабдорони баландмартабаи Агенти дар ш. Душанбе пайваста ба шоҳидон, айбдоршавандагон, хешу табори онҳо, коршинос, мутахассисон, адвокат, инчунин ба судя Раҳматов А., ки аз ин хусус ба номи раиси суди ноҳиявй гузориши хаттӣ навиштааст, фишор меоварданд.

Ва баъди аз ҷониби суд баровардани ҳукми сафедкунанда, ҳанӯз ба суди ш. Душанбе нарасидани эътирозномаи айбдоркунандаи давлатӣ оид ба бекор намудани ҳукм ва аз тарафи суд пешниҳод шудани протоколи маҷлиси судӣ ва парвандаи ҷиноӣ ба ҳимоятгар ва сафедкунандагон барои шинос шудан бидуни асосҳои қонунӣ парвандаи ҷиноӣ пеш аз мӯхлат аз суди зинаи аввал талаб карда шуд ва тавре муфаттиш ва айбдоркунандаи давлатӣ изҳор намуданд, ҳадаф таъҷилан бекор кардани ҳукми сафедкунанда ва таъиноти хусусӣ буд.

Вале тибқи шикояти хаттии адвокат, ки дар суд қайд гардидааст, парванда ба суди зинаи аввал баргардонда шуд.

Ҳамин гуна фишор ба судяи маърӯзачӣ (шоҳидон ба суд пешниҳод мешаванд) ва зоҳиран ба дигар судяҳои зинаҳои кассатсионӣ расонида шудааст, зеро бинобар ихтилофи назарҳо байни аъзоёни коллегия дар қабули қарорҳо мӯхлати баррасии парванда ба муддати зиёда аз се моҳ ваӣрон карда шудааст. Ва ба ҳамин сабаб ҷаласаи коллегияи кассатсиониро чанд дафъа бе асоси қонунӣ мавқуф гузоштаанд.

Шоистаи зикр аст, ки ҳамин гуна аризаи ман, далелҳои ҳимоя ва мақолаҳо оид ба парвандаи Турманов Р.С. якҷоя бо парвандаи Розиқов Ҳ. (судяаш Маҳмадшоев У.З.), қаблан борҳо дар рӯзномаҳои «Факты и комментарии» (27.05.09), «Тоҷикистон» (19.10.09) «Бизнес и Политика» (30.10.09), «Фараж», дарҷ ёфта буданд, аммо Шумо, мӯҳтарам даъвогар якҷоя бо судя Маҳмадшоев У.З., аз чӣ боис, ки бо гузашти бештар аз 6 моҳ на ба ман, на ба идораи рӯзномаҳо даъвое пеш наоварда оиди «зарар»-и маънавй бошад, имрӯз ба хотир овардед!

Ва таваҷҷӯҳ фармоед, мӯҳтарам судяи суди шаҳри Душанбе, даъвои Шумо ва мундариҷаи он аз рӯи маъно ва асоси гӯё зарари маънавии ба Шумо расонидашуда, инчунин рӯёнидани маблағ ба микдори 500 ҳазор сомонӣ ҳамчун ҷубронпулӣ ва ба хотири чӣ бошад, интиқоли он ба сохтмони НБО-и Роғун боз ҳам, ҳарф ба ҳарф ба даъво ва аризаҳои судяҳои Суди Олӣ Маҳмадшоев У.З. ва ҳам Нуров Н.Э. якранганд.

Ва ҷои ҳайрат аст, бастани фаъолияти рӯзномаи «Озодагон»-ро, ки лаҳзаи аризаи маро вобаста ба Шумо интишор надодааст, яъне парвандаи Турманов Р.С.-ро инъикос накардааст, талабу даъвои ҷуброн мекунед!

II.Нисбаши аризаи даъвогии Махмадшоев У.З.

Биёед фақат ба фикру хаёлҳои бофтаю сохтаи шахсии даъвогарсудя амал накарда ба ҳақиқати кор, далелҳои боэътимоди шайъӣ, яъне сабтҳои магнитофокӣ муроҷиат намоем ва хонандагон худашон хулоса бароранд, ки кадоме аз мо тӯҳматчй ва сохтакор ҳастем.

Дар аризаи даъвоги оварда шудааст:

1. «Дар рафтм мурофиаи судӣ гуноҳи судшавандагон Розиқов Ҳ.Р., Юсупов О.А., Алиев М.Э. ва Алматов Ҳ.А. дар 7 лаҳза ҷиноятҳои мутобиқ ба моддаи 245 қ 4, банди «б»-и КҶ ҶТ, яъне аз они худкунии маблағҳои пули давлатӣ ба микдори умумӣ – 436759 сомонию 95 дирам – бо нишондодҳои зиёда аз 150 нафар шоҳидон пурсида шуда буданд, пурра тасдиқи худро ёфтааст…

Тавре дар маҷлиси судӣ ба пуррагӣ муқаррар гардид, ба давлат аз ҷиноятҳои содиркардаи маҳкумшуда Розиқов Ҳ. ва ҳаммаслаконаш ба микдори махсусан калон ба андозаи 436759 сомонию 95 дирам зарар расонида шудааст. Адвокат Ҷураев С. дар баҳо додан ба кирдори шахси зерҳимояи худ буда, кӯшиш мекунад. Аммо аз ваҷҳҳои беасосаш, ки дар рафти мурофиаи судӣ тасдиқи худро наёфтанд, чашм мепӯшад».

1. ҶАВОБГАР: Аввал ба талаботи қонун, яъне ба моддаи 303-и Кодекси мурофиавӣ-ҷиноятии ҶТ ва Қарори Пленуми Суди Олӣ №1 «Дар бораи ҳукми судй» муроҷиат намоем, яъне:

«Ҳукми суд танҳо ба ҳамон далелҳо бояд асоснок карда шавад, ки чунин далелҳо дар мурофиаи суди бевосита санҷида шуда бошанд».

Дар мурофиаи судӣ бошад, муҳтарам даъвогарсудяи Судй Олй, 150 кас не, балки ҳамагӣ 84 нафар шоҳид ва мутахассисони сохтмон пурсида шуданд, ки ягонтои онҳо оид ба дуздӣ ва азонихудкунии маблағҳои пули давлатие, ки шумо, даъвогар, номбар кардед, нишондод надоданд. Нишондодҳои ҳамаи 84 нафар шоҳидон ба лентаи магнитофон сабт гардидааст.

Ҳамаи 84 нафари шоҳидони пурсидашуда ва судшавандагон; аз он ҷумла, бинокорон ва дигар мутахассисон, коргарони нозирот, бо пешниҳоди санадҳои санҷиш ва хулосаи худ дар мурофиаи судӣ гунаҳкорй не, балки бегуноҳии Розиқов Ҳ. ва ҳамкорони онҳоро нисбат ба дуздй тасдиқ карда, ба суд баён намуданд, ки судшавандагон маблағҳои зикршударо надуздидаанд, балки сарфи ғайримақсадноки маблағҳо барои таъмири бинои кӯҳна ва сохтмони бинои нави Нозироти андози н: Ҳисор ва хариди мебел ба он ҷой дошт. Яъне маблағ дар асл ба манфиати корхонаи давлатӣ сарф шудааст.

Аз ҷумла, мутахассисони Агентй таҳти роҳбарии ревизор Гулов, ки аз зиёда аз 190 номгӯй корҳои бинокорӣ дар санади худ танҳо 65-тоашро зикр намудааст. Яъне ӯ ба сохтакорй роҳ додааст. Ин ҳолат баъди ташхиси маҷмӯии комиссиони сохтмону иқтисодй, ки аз тарафи Маркази ҷумҳуриявии ташхиси судӣ ва криминалисткии вазорати адлияи ҶТ гузаронида шудааст, пурра ва объективона тасдиқи худро ёфтааст.

Ташхиси судй дақиқ муайян намудааст, ки масрафи таъмири бинои кӯҳна ва сохтмони бинои нави Нозироти андоз на 250 ҳазор сомонии аз тарафи давлат ҷудошуда, балки бештар аз 700 ҳазор сомониро ташкил медиҳаду амалан баҳри дохили бинои Нозирот ба зиёда аз 80 ҳазор сомонй мебел мавҷуданд. Аз ин мебарояд, ки дуздй вуҷуд надошт. Аммо Шумо бошед, мӯҳтарам судя, Розиқов Ҳ.-ро ба муддати 19 сол маҳкум кардед.

Ва ман бо гуфти шумо, гӯё «бо мақсади амалӣ гардондани мақсадҳой шахсии худ ҳуқуқи бо роҳи иръоб (шантаж) зери шубҳа гузоштани ҳукми эътибори қонунй пайдо намудаи судро надорам». Биёед, дар ин бора боз ба аризаи Шумо ва далелҳои боэътимод муроҷиат намоем.

Аз аризаи Шумо: «Вачҳи изҳороти кушода оиди он, ки «гӯё ҳукми суд зери фишори касе (мушаххасан раиси Суди Олӣ Абдуллоев Н. бароварда шудааст) асоси воқей надошта, адвокат Ҷӯраев С. хуб медонад, ки тибқи моддаи 87 Конститутсияи ҶТ судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд.

Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст. Аз ин рӯ, бори дигар ба ҳуқуқшиноси «собиқадор, варзида» хотиррасон мекунам, ки ҳукм дар хонаи машваратӣ дар таҳта ман ва машваратчиёни халқӣ бароварда шудааст ва он чизв, ки адвокат Ҷӯраев С. менависад, ба чуз аз тахайюли худи ӯ чизи дигаре нест».

ҶАВОБГАР: Ман ба Шумо ва суди н. Сино далелҳоро пешниҳод мекунам, ки мутобиқи гуфтаҳои худи шумо ба шоҳидон ин ҳукм дар зери фишори раиси Суди Олй бароварда шудааст. Аз яке ин сабтҳо чанд пора мисол мебиёрам. Ин сӯҳбат бо хешу табори наздики судшаванда якчанд рӯз пеш аз баровардани ҳукми судӣ нисбати Розифв Ҳ. сабт карда шудааст:

ШОҲИД:»… Корҳо нормальний-мӣ, Шумо пеши раис даромада баромадед-мй?»

СУДЯ МАҲМАДШОЕВ У.:»… Хайр, раис-кати мо нағз, гап зада согласияашро гирифтанам даркор… Короче… дина ман Наим Муллоевич (собиқмуовини якуми Суди Олй) катӣ якҷоя будам, гапзанон кардам, ариза (дархост)-ро обсуждать кардем…»

ШОҲИД: «Наим Муллоевич ягон гап зад ё не?»

СУДЯ: Не, ман ба Шумо гуфта будам-ку, Наим Муллоевич ҳеҷ чизро ҳал намекунад.., Рӯзи шанбе пеши Наим Муллоевич даромада гап задам, вай гуфт, ки пеши раис равед… Рӯзи ҷумъа пеши муовин Зафар Азизов даромадам… На Наим Муллоевич ва на Зафар Азизов ягон корро ҳал намекунад. Фақат раис!..

ШОҲИД: Ман инро медонам. Ин ҷо фақат Шумо ва раиси калон…

СУДЯ: Калон, фақат раиси калон ҳал мекунад, дигар ягон кас… Наздикӣ ба назди вай…, одам пеши ман омад, ман гуфтам, ки раис фақат гапи туро мегирад… Агар раис гӯяд (сухан нисбати раиси Суди Оли Абдуллоев Н. меравад) ки фаълон наказание. значить…

Агар раис не гӯяд… Лекин ин хел гапҳо, ин хел муносибатҳо ба раис, калон кати ин гапҳо боз ба берун набарояд, нағз намешавад!

ШОҲИД: Не, мо девона нестем, ки ин гап берун барояд, чизе ки ҳаст, мо хапу дам…

СУДЯ: Вай… Гуфт (номи як мансабдор гирифта мешавад), ки пеши раис медароӣ, аз ту мепурсад, ки чӣ гап, корҳо чӣ хел, чй хел наказание додан даркор. Ба вай мефаҳмонӣ, агар якумаш ба (ба судшаванда) ёрдам кардан даркор гӯяд, 10 сол, 8 сол ё ки 9 сол гӯяд, значит… Агар раис қонун катӣ суд кунед гӯяд, значит добро медиҳад…

…Ман як маротиба раис ба гуфтам, доклад кардам. Гуфтам, ки бисёр моддаҳо зиёд эълон кардагй. Се-чор моддаҳои зиётиша гирем, кам кунем гуфта ба раис бо таклиф баромадам… Ман карта кардагӣ, ҳар як айбашба. Раис даъват кардагӣ, пеши раис медароям, наказания ба маслиҳат мекунам… Сари вақт ягон наказание пурсидан даркор мегӯям, ки ёрдам кардан даркор…

ШОҲИД: Шумо калона бинед, як бор маслиҳат кунед… Шумо фаҳмонед кора. Ҳақиқат ба рӯи об барояд…, ягон чиз, ягон гуноҳ доказать нашудааст… Шумо ба Абдуллоев гӯед, ки ягон чиз нест, ягон айб доказать нашуд…

СУДЯ:… Ман ду бор ба раис докладкардагӣ… Ба раис гуфтам, ки чӣ хизмат раис, ман… биёед, бо Шумо маслиҳат кунем! Адвокатҳо баромадашона (музокираи судп дар назар дошта шудааст), мана сиёҳ кунанд, суда сиёҳ кунад… прокурора ҷаррасаша барорад… воҳима кунад… Ман аввалаш гуфта будам, ки ҳамон адвокатҳоро дафъ кунед, ду каси дигарро мемонем, ман отвечать мекунам, накардед… Хайр, короче… ман раис-кати гапзанон мекунам… маслиҳат мекунам, мепурсам, ки ҳамин (Розиқов Ҳ.) чй гуноҳ дорад.., назди Абдуллоев даромада мефаҳмонам…»

Бигузор мақомотҳои дахлдор ва хонандагони азиз ва ҳар як шахси адолатпарвар худашон баҳо диҳанд. ки кадоме аз мо тӯҳматчй ҳастем, ба Шумо – судя, ё ба ман -адвокат зарари маънавӣ расонида шудааст?

Пас сабаби аризаҳои ҳар се судя бо як матн ва талаб дар як вақт навишта шуданаш, ҳатто ба рӯзномаи «Озодагон», ки нисбати судяҳо Маҳмадшоев У.З. ва Додометов Ф.Т. ягон маводи таҳқирӣ нанавиштааст, даъво пешниҳод намуда, ҳатто фаъолияти ин рӯзномаро ҳам манъ карданро талаб кардан дар чист?

Дар асоси далел ва вачҳҳои дар боло зикрёфта ва бо назардошти он, ки аризаи даъвогар ва зарари маънавии гӯё ба вай расонидашуда асоснок карда нашудаанд, аризаи даъвогӣ ба даъвогар баргардонида, мавод ба мақомоти тафтишоти пешакӣ фиристода шавад.

II. Нисбати аризаи даъвогии судяи Суди Олй Нуров Н.Э.

Дар зинаи Коллегияи Кассатсионии Суди Олӣ 14.01.10 ва пас дар изҳороти кушодаихуд 18.01.10 ман нисбати судя ягон маълумотҳои дурӯғ ва тӯҳмату иғвоангезро нанавиштаам, балки ҳақиқати воқеии кор ва мавқеи касбии ҳимоячиро бо ваҷҳ ва далелҳои боэътимод аз нуқтаи назари ҳимоя, яъне иштирокчии мурофиаи судӣ асоснок кардам…

Баръакс, дар аризаи даъвогии худ, муҳтарам судя ба шахсияти адвокат-ҷавобгар расида ӯро беарос иғвогар, тӯҳматчӣ номида, ҳатто ҷинояткор бароварда, ба содир намудани якчанд ҷиноят беасос айбдор кардааст.

Тибқи моддаи 135-и Кодекси Ҷиноятии ҶТ ва Қонунҳои гражданӣ шахс барои дидаю дониста паҳн кардани маълумотҳои дурӯғ, ки шаъну шарафи дигар шахс ва эътибори кории ӯро паст мезанад, ҷавобгар аст. Вале барои паҳн кардани маълумоти дуруст не. Аксарияти далел ва ваҷҳҳои дар изҳороти кушодаи адвокат оварда бошад, ба худиқрории даъвогар-судя асоснок карда шудаанд. Ин суханҳои судя нисбат ба худаш ва дигарон агар нодуруст ва тӯҳмат бошад, пас сарчашмаи ин «тӯҳмат» худи даъвогар аст ва барои тӯҳмат бояд судя ҷавобгар бошад, на ин ки адвокат.

Далелҳои боэътимод ва мавқеи ҳимоя аз тарафи иштирокчии мурофиа-адвокат ба суди зинаи кассатсионӣ дар асоси моддаи 341 КМҶ ҶТ ҳамчун далели ҳукми ғайриконститутсионӣ пешниҳод карда шудааст ва тибқи моддаи 30 Конститутсия, моддаи 12 Қонуни ҶТ «Дар бораи адвокатура» ва Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуот ва дигар ВАО» изҳороти кушодаи адвокат дуруст чоп карда шудааст. Ва ин ба гуфти судя фишороварӣ ва дахолат кардан ба суд, таъсиррасонии манфӣ ба ҷомеа ва манфиати шахсии адвокат набуда, балки танқид, мубориза ва ошкор кардани қонуншиканӣ, худсарии судяҳо ва коррупсия дар Суди Олӣ буда, ин ҳуқуқ ва вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ҷумҳурй мебошад ва ҷавҳари сиёсати пешбурдаи Президенти мамлакат аст.

ДАЪВОГАР: «адвокат Ҷӯраев С. ҳамчун «ҳукуқшиноси шӯҳратманди касбӣ» аниқу равшан медонад, ки талаботи моддаи 345-и Кодекси Ҷиноятиро, ки ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро ба мӯхлати то 2 сол мукаррар кардааст, ӯ вайрон карда, бо ҳар роҳ дидаю дониста бо роҳи иръоб (шантаж) барои ба мақсадҳои худ ноил гардидан даст ба ин гуна амали ғайриқонунӣ задааст, ки ин мувофиқи мақсад намебошад. Аз ҷумла, аз ин кирдори иръобонаи адвокат Ҷӯраев С. муроҷиатномаи хаттии ба Суди Олӣ пешниҳоднамудааш оиди парвандаи 33 нафара (исфарагиҳо) шаҳодат медиҳад, ки дар он худи ӯ 24.07.2009 иброз намудааст:»… ман дар суди Коллегияи кассатсионии Суди Олӣ ва тавассути ахбори умум аз пешниҳод намудани ин далелҳои шайъй (кассетаҳо)-ро оид ба ғайриқонунии ҳукми Суди Олӣ даст мекашам. Зеро ҳеч гоҳ, ки алайҳи ин парвандаи сиёсӣ ва ҳаром то охир мубориза намебарам…».

ҶАВОБГАР: Дар ҳақикат ин мактуби махфии ман ба номи раиси Суди Олӣ оид ба мавҷуд будани коррупсия дар Суди Олӣ ва вуҷуд надоштани адолати судӣ буд, на ин ки иръоб (шантаж) ва «ҷинояти ман». Забонхатро бошад, ман бо илтимос ва талаби як чандкаратаи раиси Суди Олӣ, ки бо воситаи Шумо-судя ба ман расонидааст, навишта будам, ки оид ба қоррупсия дар Суди Олӣ ман маълумотро паҳн намекунам, зеро ҳамон вақт ман мақсади ба ин кори ҳаром ва сиёсӣ, ки тақдири ин парванда, яъне тақдири «исфарагиҳо» пешакӣ ҳал шуда буд, намехостам, ки иштирок намоям.

Оид ба он ки ин парвандаи сиёсӣ ва ҳаром аст, Шумо, мӯҳтарам судя бо худикрори худ, ки дар лентаи магнитофон навишта шудааст ва ин сабти овози Шумо дар дасти Раиси Суди Олӣ ҳаст, пурра тасдиқ кардед ва дарди дилатонро кушода ба ман гап задед. Яъне: «аз тарси фишори Раиси Суди Олӣ Абдуллоев Н. ва супориши вай, ки аз номи Президенти мамлакат амал мекард, шахсони бегуноҳ ва камгуноҳро ғайриқонунй ва бераҳмона нодуруст маҳкум кардам, ки дар ҳақиқат ба исфарагиҳо ҷавр шуд… ва боз гуфтед, ки: «аз ҳамин хел давлат, аз ҳамин хел «адолати судӣ» дилам мондагй»…

ДАЪВОГАР: «Ваҷҳи дигари адвокат Ҷӯраев С. оиди он, ки гӯё ман таи се ҳафта ҳукми қаблан навиштаву моҳиятан сафедкунандаро рӯнавис карда, ҳукми навро бо дастури Раиси Суди Олй мутобиқ гардонда бошам, дурӯғи маҳз, беасос ва хушку холӣ буда, нисбати ман ва раиси Суди Олӣ тӯҳмат мебошад… Зеро адвокат Ҷураев С. хуб медонист, ки ҳайати суд таҳти раисии ман тайи зиёда аз 26 рӯз дар хонаи машваратӣ қарор дошта, ҳукми судтибқи талаботи моддаҳои дахлдори боби 26-и КМҶ ҶТ дар хонаи машваратӣ таҳия ва ба имзо расонида шуда, рӯзи 9 июни соли 2009 он дар маҷлиси кушоди судӣ эълон ва ба табъи тамоми иштирокчиёни мурофиаи судӣ расонида шудааст… Ин ба ҳолатҳои воқеии кор рост наомада, фикру ақидаҳои бофтаю сохтаи беасоси худи Ҷӯраев С, нисбати ман тӯҳмати маҳз аст».

ҶАВОБГАР: Дар ин ҷой ҳам муҳтарам судя-даъвогар дурӯғ ва суханҳои маро нодуруст «хушку холӣ» гуфтааст, зеро оид ба ин сохтакории судӣ ва ҳукми беадолатона ман дар изҳороти кушодаи худ чунин навишта будам: «Маҷмӯи далелҳои боэътимод, аз он ҷумла иқрори судяи Суди Олй – раисикунанда бо парванда Нуров Н.Э., ки ба лентаи магнитофон сабт шудааст, амиқ аз он хусус шаҳодат медиҳанд, ки … суд аввал оид ба беасосии айбнома бобати иттиҳоди ҷиноятӣ, дуздиҳо ва дигар ҷиноятҳои махсусан вазнин хулоса баровардааст ва бо қарори дар лоиҳаи ҳукм зикрёфтаи худ ин айбномаҳоро аз судшавандагон бардоштааст.

Аммо баъд зери фишор ва супориши Раиси Суди Олӣ Абдуллоев Н.А., ки гӯё аз номи Президенти мамлакат амал мекард, аз тарс, маҷбуран хулоса ва қарори худро тағйир дод, бидуни асос,… судя кулли далелҳои бегуноҳии судшавандагонро, ки дар мурофиаи судии парванда тасдиқи худро ёфтанд, ба қуттии партов ҳаво медиҳад ва ноодилона 31 нафар судшавандагонро (ғайр аз қотилон) нодуруст маҳкум мекунад…, сипас аз ин хусус ва беадолатии қарор судя нафақат ба ҳимоятгар, балки ба хешу ақрабои маҳкумшудагон низ изҳор дошт».

.. .Ғайр аз ин… маълум шуд, ки ҳукми сӯдӣ аз 528 варақ матни чопи мошинӣ иборат будааст. Оё дар давоми 3-4 соат ду китоб ҳукми чопиро иборат аз 528 саҳифа бо ҳуҷҷатҳои мураккаби бухгалтерй хонда «тавонистани» Шумо имконпазир аст? Қайд кардан лозим аст, ки раисикунанда нисбати 5 нафар судщаванда ҳатто қисми хулосавии ҳукмро (ҷазоро) нахонда, онҳоро бе пешниҳоди ҳукм пушти панҷара шинондааст…

ДАЪВОГАР: «Тавре, ман қаблан иброз доштам, аз рӯзи аввали мурофиаи судӣ адвокат Ҷӯраев С. бо ҳар роҳу восита кӯшиши ба ман таъсир расонидан карда, маро ба баровардани ҳукми беасосу ғайрикрнунӣ моил менамуд. Пас аз он, ки ин кушиши ӯ ба ҳадаф нарасид, бо роҳи иръобу (шантаж) таҳқир амали дигареро пеш гирифт. Ҷӯраев С. пеш аз ҳама бар хилофи талаботи хама гуна меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи мурофиавӣ амал намуда, ҳангоми сӯҳбат бо ман ғайриқонунӣ бо роҳи пинҳонӣ, бар хилофи иродаи ман, бо зайрон кардани талаботи моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативй-ҷустуҷӯй», ки мувофиқи он гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ки ҳуқуқи Конститутсионии шаҳрвандонро ба манфиати гуфтугӯҳои телефонӣ маҳдуд мекунанд, дар асоси иҷозати прокурор ва ё қарори суд роҳ дода мешавад, гуфтушуниди маро худаш худсарона ба лентаи овоз сабт намуд.

Ҳамзамон адвокат ҳамчун «донандаи хуби» Кодекси ҷиноятӣ медонист, ки тибқи талаботи моддаи 334 КҶ худсарӣ,… ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст.

Аммо «мутахассиси қонундон» адвокат Ҷӯраев С. дидаву дониста, ки ӯ ҳуқуқи сабт намудани овози дигар шахсро надошта, сабти мазкурро ҳамчун далел истифода бурдан мумкин нест… худсарона гуфтугӯи маро ба лентаи аудиоӣ сабт намуд… ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ман зарари маънавӣ расонид, ки барои ин амал бо моддаҳои 144 ва 146-и Кодекси Ҷиноятӣ ҷавобгари ҷиноятӣ мукаррар гардида, бобати ин масъала ман ба суд муроҷиат кардам.

… Бо ин кирдораш ба ҳукуқ ва манфиатҳои ман ва ҳокимияти судӣ зарари ҷиддӣ расонид, ки барои ин кирдори ӯ дар моддаи 295 Кодекси Ҷиноятӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст».

ҶАВОБГАР: Муҳтарам судя-даъвогар дар ин ҷой ҳам суди ноҳиявӣ ва хонандагонро ба иштибоҳ андохта, ҳолатҳои воқеии кор ва қонунҳоро ғалат маънидод намуда, ҳаракатҳои дурусти маро бо ваҷхҳои бофтаю сохта мехоҳад, ки…

Акнун ба ваҷхҳои мушаххас эътибор диҳед, ки то чӣ андоза судя дурӯғ мегӯяд:

1. Дар давоми 10 моҳи мурофиаи судй оид ба рафтори нодуруст ё ки ғайриқонунии адвокат ва ё кӯшиши ба адолати судӣ таъсир расонидан ӯ аз тарафи Коллегияи Судӣ ва шахсан раисикунандадаъвогар ба адвокат ҳатто огоҳӣ дода нашудааст. Агар мешуд, бояд дар протоколи маҷлиси судӣ қайд, ё аз тарафи Коллегияи судй ба адвокат дигар чораҳои сахт дида, нисбати ман ба ҳайати адвокатураи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ё таъиноти хусусӣ бароварда ё парвандаи ҷиноятӣ огоз карда мешуд.

2. Даъвогарсудяи суди Олӣ қонунҳои мурофиавӣ ва вазифаи ҷавобгарро аз хотир баровардааст, ки ман коркуни оперативй-ҷустуҷӯӣ набуда, балки адвокат мебошам ва нисбати судя парвандаи ҷиноятй тафтиш накардам, ки аз прокурор ё суд оид ба сабти сӯҳбат иҷозат (санкция) гирам. Магар ин конуни ӯ номбар карда ба шаҳрванд ва адвокат дахлдорад?

Хандаовар аст ва дар амал ягон мисоли мушаххасро надидам, ки барои сабт намудани сӯҳбати байни ду шаҳрванди ба якдигар шинос, дар кӯча якеи он ба назди прокурор ё раиси Суди Олӣ рафта ба вай мегуфта бошам, ки судя Нуров Н.Э. ба муқобили Шумо, Раиси Суди Олй ва оид ба коррупсия дар Суди Олӣ нишондоди худиқрорӣ медихад, шумо бошад, ба ман рухсат (санкция) диҳед, ки ман овози ӯро ба лентаи магнитофон сабт мекунам!

Кадом талаботи «ҳама гуна» меъёрҳои санадҳои ҳукуқи мурофиавиро ман гӯё вайрон кардаам, судя номбар накардааст, барои он ки ягон қонун сабти сӯҳбати ду шахрванд, аз он ҷумла адвокат ва судяро дар кӯча ё чойхона манъ накардааст. Яъне, тибқи моддаи 53 КМҶ ҶТ ва моддаи 10-и Қонуни ҶТ «Дар бораи адвокатура» ҷамъоварии маълумот ва далел ба манфиати зерҳимояи худ, аз он ҷумла бо истифодаи воситаҳои сабткунии техникй вазифаи касбии адвокат аст.

3. Бояд қайд намуд, ки дар ин сӯҳбат даъвогар-судя бо хоҳиши худ оид ба аз тарафи судяҳо, раиси Суди Олӣ ва аз онҳо ҳам мансабдорони баланд мартабаи давлатӣ содир намудани як қатор ҷиноятҳои мансабии вазнин ва махсусан вазнин, яъне коррупсия дар Суди Олӣ ва Дастгоҳи Президент сухан ронда изҳори худиқрорӣ намудааст. Ва ин фактҳои ҷиноятие, ки судяи Суди Олӣ – ҳукуқшиноси олидараҷа, ки ақли расо дошту ва шахси мукаллаф буд, номбар намуд, аз тарафи адвокат сабт карда шуда, пас бо мактуби махфӣ ин далели шайъӣ шахсан ба Раио Суди Олй Абдуллоев Н. пешниҳодкарда шуда буд. Яъне ба мақомотҳои дахлдор хабар додан оид ба содир шудани ҷиноятҳои вазнин ин вазифаи танҳо адвокат набуда, балки вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст ва барои хабар надодани ҷиноятҳои содиршуда Кодекси Ҷиноятии ҶТ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинй кардааст.

Мӯҳтарам даъвогарсудя ва раиси Суди Олӣ барои аз тарафи ман иҷро намудани вазифаи касбӣ ва шаҳрвандии худ ва пешниҳоди далели шайъӣ оид ба коррупсия дар Суди Олӣ судя, порахӯру «қаймоқхӯрон»-ро ҷавобгар накарда, балки шаҳрванди оддй – адвокатро мехоҳандҷинояткор бароварда, ӯро ба маҳкама кашанд ва пушти панҷара андозанд, ки дигар овози вай ба берун набарояд..!

ДАЪВОГАР: «Аз ин рӯ, гуфтаҳои ба лентаи овоз сабт гардидаи ман дар хусуси он, ки шахсони дигари мансабдори давлатӣ ва Раиси Суди Олй Абдуллоев Н. гӯё пора гирифта бошанду ба ман Раиси Суди Олӣ Абдуллоев Н. фишор оварда, ҳукми айбдоркуниро нисбати Одилов Д. ва дигарон ҷамъ 33 нафар бо дастуру супориши ӯ таҳия дода бошам, дурӯғи маҳз буда, ба ягон ҳақикати ҳол рост намебошад. Ман ба хотири аз думболагирии Ҷӯраев С. халос шудан, зимни гуфтугӯ бо ӯ, бе мақсади тӯҳмат ба Раиси Суди Олӣ ва дигар шахсони олимартаба барои гирифтани пора ва фишороварӣ тӯҳмат намудам, ки барои ин амали ношоистаи худ аз онҳо расман бахшиш пурсида, омода ҳастам, ки дар баробари адвокати «варзида» Ҷӯраев С. дар назди вичдон, ҷомеа ва қонун ҷавоб гӯям».

5. ҶАВОБГАР: Аввалан хотиррасон мекунам, ки тӯҳмат ба шахси мушаххас бе мақсад не, балки боғараз ва мақсаднок мешавад ва тибқи Кодекси ҷиноятӣ, тӯҳмат ин ҷинояти қасдан содиркарда эътироф шудааст.

2) Беасос ва хандаовар аст, ки як адвокати оддй ба судяи Суди Олӣ, ки синну солаш нисбат ба адвокат калон ва бо ҳурмат аету мансабаш дахлнопазир, гӯё ба ин хел шахси баландмартаба фишор овардаасту иръоб (шантаж) намудааст ва аз хотири «халос шудан аз думболагирии адвокат» Шумо Раиси Суди Олӣ, раиси Дастгоҳи Президент ва Президенти мамлакатро, ки номи неки онҳо бо Конститутсияи давлат ҳифз карда шуда онҳо симои миллат ва давлати ҳуқуқбунёди Тоҷикистон ва дар зери ҳифзи доимии Прокурори Генералӣ ва дигар мақомотҳои давлатӣ ҳастанд, яъне ҳамин шахсони муқаддас ва дахлнопазирро барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин тӯҳмат мекардеду онҳо гӯё гуноҳи Шуморо мебахшиданд. Ва, Шумо, бо ин ду намуд худиқрориҳо, ҳеч набошад худро тӯҳматчӣ-ҷиноятчӣ (бо моддаҳои 135 қисми 3 ва 137 қ 2 К,Ҷ) эътироф кардед. Прокурори Генералӣ ва Раиси Суди Олӣ бошанд, нрми неки Президенти мамлакатро ҳифз карда, бояд судяро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ мекашиданд.

Азбаски даъвогар-судя Нуров Н.Э… худ ва шахсони баландмартабаи давлатиро ба порахӯрй, вайронкунандагони Конститутсия, фишороварӣ ба суд ва баровардани ҳукми ғайриконститутсионӣ, яъне ба коррупсия айбдор кардааст, яъне худро ҷинояткор, пасбошад, тӯҳматчӣ эътироф кардааст. Аз ин мебарояд ва ҳисоб мекунам, ки аз тарафи коррупсионер ё тӯҳматчӣ бо ҳамин як ҳолати кор барои тӯҳмат ба ҷавобгарӣ кашидани адвокат ва рӯзномаҳо бо фоидаи шахси худтӯҳматчӣ эътирофшуда (сарчашмаи ин туҳмат худаш аст) рӯёнидани зарари маънавӣ боз ба фоидаи туҳматчи, на он ки хилофи Қонунҳои амалкунанда, балки ба ақли солим зидаст.

Зеро ин хел шахс, тибқи моддаи 10-и КГ ҶТ, на он ки ҳуқуқи х,имояи шаъну шараф, номи неку номус ва эътибори корӣ, балки ҳуқуқи маънавӣ ҳам надорад, барои он ки даъвои ин хел шахс ба принсипҳои ахлоқи ҷомеа ба таври ҷиддӣ мухолифат мекунад.

Аз ҳамин сабаб ва дар асоси далелҳои овардашуда, тибқи моддаҳои 152 ва 155-и Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз суд хоҳиш мекунам:

1. Маводи парвандаи гражданӣ бо ин аризаҳои даъвогй ва худиқрориҳои судя ба мақомоти тафтишоти пешакӣ фиристода шуда, ин шахс аввал барои содир кардани якчанд ҷиноятҳои мансабии характери коррупсионй дошта ва дидаю дониста баровардани ҳукми ноодилона ё барои тӯҳмат ба роҳбарони давлатӣ ва Президенти мамлакат бо моддахои 135 қ 3 ва 137 қ 2 КҶ ҶТ, ки то 10 сол аз озодй маҳрум сохтанро пешбинӣ кардааст, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад.

2. Аризаи даъвогии муҳтарам судя Маҳмадшоев У.З. бошад, бо ҳамон асосҳои дар боло овардашуда ба мақомоти тафтишоти пешакӣ фиристода шавад.

3. Аризаи даъвогии мӯҳтарам судя Дадометов Ф.Т. бошад, аз сабаби беасосбуданаш… бадаъвогар баргардонидашавад.

Дар ҳолати аз тарафи суд рад намудани дархостҳои овардаи ҷавобгар, дар асоси моддаҳои 140 ва 155КМГҶТ, ба суд дигар дархостҳои зерин ва аризаи даъвогии муқобили даъво пешниҳод карда мешаванд.

Бо асосҳои овардашуда аз суди н. Сино хоҳиш мекунам:

1. Рӯзномаҳо, хабар ва ахборотҳои расмй ва давлатӣ аз он ҷумла ҷаласаҳои ҳукуматӣ, радио ва телевизиони ҷумҳуриявӣ ҳамчун далели дуруст будани изҳороти кушодаи ман талаб карда гирифта ба парвандаи гражданӣ ҳамроҳ карда шавад.

2. Оиди ғайриконститутсионй, беасос ва бераҳмона будани ҳукми айбдоркунанда нисбати 31 нафар исфарагиҳо ва дигар ҳолатҳои ба таври ҷиддӣ поймол шудани ҳуқуқи инсон бо ин парванда аз ҷониби Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва айбдоркунандаи давлатй Р.Олимов ба таври расми дар эътироз ва баромади худ дар суди зинаи аввал ва суди зинаи кассатсионӣ, аз он ҷумла бо воситаи ахбори умум изҳороти кушодаи адвокатро вобаста ба парвандаи ҷиноии исфарагиҳо моҳиятан дуруст ҳисобиданд. Бо ин асос ва дар асоси моддаи 153 КМГ ҶТ Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин парвандаи гражданӣ ҳамчун ҳамҷавобгар ҷалб карда шавад.

Тибқи талаботи КМГ ҶТ ба даъвогарон-судяҳои Суди Олии ҶТ боз таклиф пешниҳод мекунам, ки аз аризаҳои даъвогии беасоси худ даст кашанд. Дар акси ҳол ва дар ҳолати яктарафа бурдани кор ва беасос рад намудани дархостҳои ҷавобгарадвокат (санҷиши аризаи кушодаи ман аӣнан хамин хел сурат гирифтааст ва аз тарафи мақомотҳои давлатӣ ба изҳороти ман ҳатто вокуниш нашудааст) ман маҷбур мешавам, ки сабти овозҳои судяҳо Нуров Н.Э. ва Маҳмадшоев У.З.-ро бо матни пуррааш ва дигар сабтҳои овози онҳоро бо худиқрорӣ ва дигар сабтҳоро бо нишондодҳои шоҳидон оид ба коррупсия дар Суди Олӣ ба чоп расонда мешаванд.

Advertisements

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: