Ҳақорат ҷуз аз Ҳақир сар намезанад

Мулоҳизае кӯтоҳ перомуни барномаи “Наша Раша”

Сайидюнуси Истаравшанӣ, коршиноси аршади фалсафа ва ҳикмати исломӣ

Муддатест достони “Наша Раша” ва коргардону бозигарону дастандаркорони пушти пардаи ин барномаи густох, зеҳни бисёре аз ҳамватанонамонро ба худ машғул карда аст, ба гунае ки ҳар гоҳ номи он далғакони беадаб матраҳ шавад, ҳар тоҷики бошарафе лаънат ба ҷониби эшон мефиристад, ҳатто кори он бетарбиятон то ҷое моро расонида, ки мутасиддиёни умури муҳоҷирони тоҷикӣ дар Русия аз болои ин барномаву дастандаркоронаш ба додгоҳ шикоят бурданд.

Дар ин навиштор, роқими сутур бар он аст, андаке перомуни ин барномаи густохона баҳс ба амал оварад, аммо на аз он зовия, ки то ба ҳол бисёре аз ҳамватанони шарифамон баҳс карда ва ҳаққи матлабро ба гӯши касоне ки бояд ба гӯши ношунавояшон бирасад некӯ расониданд.

Мухотаби нависанда дар ин навиштор, он бетарбиятон нестанд, балки худи моён ҳастем, ки мавриди “тамасхур”-и онон қарор мегирем, аммо на аз ин ҷиҳат, ки мухотабро мавриди сарзанишу маломат қарор бидиҳад, ки набояд “ин чунин”-у “он чунон” мебудӣ то аз болоят биханданд, чун соҳиби навиштор мӯътақид аст, ин “ин чунин”-у “он чунон” будан, ки сюжаи “тамасхур”-и он далғакони беадаб қарор гирифтааст, дар ҳақиқат чизе нест, ки боисти мавриди маломат қарор бигирад; ин падида, як амри комилан табиӣ буда ва барои ҳар инсоне, чи мутамаддину чи бефарҳанг, агар дар ҳамон шароите, ки азизони мо дар он қарор мегиранд воқеъ шавад, иттифоқ хоҳад афтод.

Роқими сутур мехоҳад моҳияти ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор бидиҳад, ки аслан чӣ чизе мояи маломат аст, ки агар гиребонгирамон аст, маломату ришханди маломаткунандаро тавҷеҳпазир бидонем ва барояш ҳақ бидиҳем, ки бихандад, ва он гоҳ худ дар дурсозии он сифат аз доманамон камар бибандем, ки дигар касе моро мавриди тамасхури хеш қарор надиҳад? Ва ҳам, чӣ чизе мояи маломату сарзаниш нест, аммо бо вуҷди он, маломату сарзаниш мешавем, ки дар ин сурат, айб дар маломатшаванда нахоҳад буд, балки дар маломаткунанда нуҳуфта аст, ки ҳикоят аз бефарҳангӣ, берешаӣ ва ҳақир будани ӯ мекунад.

Ҳоло бояд бубинем, чӣ чизе аз моёнро он далғакони бемаърифат мавриди ришханд қарор медиҳанд?

Яке, надонистани забонест, ки забони модарии он далғак ба шумор меравад, ва ё агар ҳам огоҳӣ ба забон вуҷуд дорад, дуруст талаффуз накардани он забон аст;

Дигарӣ, ба хотири надорӣ машғул шудан ба амалест, ки аз назари он далғак ин амал як амали “паст” ба ҳисоб меравад, мисли ин ки касе ба кори кӯчарӯбӣ машғул бошад;

Сеюмӣ, нисбат доштан ба як миллият бо фарҳанге хосс, ки ин фарҳанг, ба ҷиҳати номаънус будан барои он далғак, “бефарҳангӣ” менумояд.

Ҳеҷ як инсони бомаърифатеро, ки барои худ эҳтиром қоил аст намешиносем, ки ин се падидаро сюжаи тамасхур ва ё ришханд қаламдод кунад. Фарз кунед, як нафар русизабон ва ё арманитабор, ки забони мо тоҷикон намедонад ва ё агар донист, наметавонад онро мисли мо тоҷикон талаффуз намояд, меҳмони мо шуд ва дар ҷамъи моён ба гунае сӯҳбат кард, ки нохоста хандаи моро барангехт. Дар ин ҷо, агар мо инро барои ӯ айб бигирем ва танҳо ба ҳамин хотир аз болояш бихандем ба гунае ки тараф обрӯю иззати худро поймолшуда эҳсос кунад, дар ин ҷо, ин мо ҳастем, ки бефарҳангем, на ӯ, ки тақсире дар надонистани забон ва ё дуруст талаффуз накардани он надорад.

Ва ё фарз кунед, як нафар рус, ки дар диёраш ба мушкилоти иқтисодӣ рӯбарӯ гардида ва ночор пеши мо омадааст то коре барои худ пайдо карда ва қути лоямуте барои фарзандону аҳлу иёлаш фароҳам оварад, вале коре муносиб барои худ наёфта ва аз рӯи ночорӣ ба кӯчарӯбӣ машғул шавад, оё ин иқдом аз сӯйи вай, таҳсинбарангез аст ё мояи маломату сарзаниш? Қатъан, таҳсинбарангез аст, чун аз барои фароҳамоварии нони хонаводааш, ҳозир шудааст даст ба як чунин коре бизанад, на даст ба гадоӣ пеши ину он дароз кунад. Касе ки чунин фарди шариферо маломат кунад, ё хеле нокас аст, ё касест бетарбият ва ҳақир.

Ва ё фарз кунед, як фарди жопонӣ меҳмони мо шавад, ки қатъан фарҳанге дорад хосси худаш ва шояд барои мо он фарҳанг номаънус ва аҳёнан хандаомез намояд. Агар мо ӯро ба хотири ҳаракоту саканоташ, ки реша дар фарҳанги ӯ дорад, мавриди маломату сарзаниш қарор дода ва аз болояш бихандем, ва ё сару либосашро сюжаи тамасхури хеш қарор бидиҳем, ин иқдом аз сӯйи мо, ҳикоят аз бефарҳангӣ, беадабӣ ва бетарбиятии мо мекунад. Дар ин сурат, агар аҳёнан ӯ аз болои мо бихандад, ҳақ дорад, на ин ки мо аз ӯ бихандем.

Бо ин ҳисоб, амалкарди дастандаркорони барномаи “Наша Раша” ва далғаконеро, ки мардумеро ба хотири он се падидаи фитрӣ мавриди “тамасхур”-и хеш қарор медиҳанд, ҳамл бар чӣ чизе бикунем? Оё ҷуз ин аст, ки барояшон тараҳҳум намойем, ки чӣ бефарҳанг, бетарбият, нодида ва ҳақиранд?

Бечорагон ҳатто намедонанд, ки ҳеҷ мардуме ба хотири адами талаффузи саҳеҳи забони бегонае мавриди ришханд қарор намегирад.

Намедонанд, ки тамасхури мардуме ба ҷиҳати шуғл, ҷуз кори одами ҳақир ва нодида нест.

Намедонанд, ки пойбандӣ ба фарҳанги бумӣ, бо ин ки шояд назди дигарон хандаовар нумояд, мояи шараф ва иззати фард аст, на мояи бешарафӣ ва зиллат.

Залилу бешараф он касест, ки пойбандӣ ба фарҳанги обову аҷдодашро канор зада ва аз боби “Хоҳӣ нашавӣ расво, ҳамранги ҷамоат шав” (ки қатъан як инсони бешарафе ин зарбулмасалро ихтироъ намудааст) ҳар ҷо ки равад ранги он ҷоро гирад.

Пас, оё ҷуз ин аст, ки амалкарди он бетарбиятонро ҳамл ба ҳақир буданашон кунем?

Оре, ҳақорат ҷуз аз Ҳақир сар намезанад.

Комёб бошед.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: