Исломистхои Точикистон галаба мекунанд

Назархохихое, ки мо дар мавриди интихобот гузаронидем, нишон доданд, ки бештари хонандагони торнамои мо ба Хизби сотсиал-демократ овоз доданиянд. Ин натича дар хамаи назарсанчихои гузашта хам хамин хел буд. Як нафар аз мухлисони “Андеша” навиштааст, ки ин хизби равшанфикрон ва конундонхо аст ва дар чомеа обруи бузург дорад.

Валекин дар худи кишвар мо шохиди таблиготи хеле окилона ва пуркуввати Хизби исломии Точикистон хастем. Маълум, ки ин хизб сармояи кофй дорад ва токтикхои хуби интихоботиро пеша кардааст. Барнома ва даъватхои рушану фасехи нахзатиён нишон медихад, ки онхо потенсиали кавие доранд. Халк хам ки аз ваъдахои хушку холии Хизби халки демократй ва мансабпарастии ин хизбихо хаста шудаанд, дар чустучуи олтернатиф хастанд ва онро хамин хизби исломихо пешниход мекунад.

Номзадхои ин хизб ба таври ошкоро сиёсатхои хизби Рахмонро фош мекунанд ва онро ба бебарномагй ва бебандуборй муттахам месозанд. Дар хакикатан хам ин хизбе ки дар 18 соли сари хокимият буданаш кори чиддие барои халк накардааст ва танхо дар арафаи интихоботхо кушиш кардааст, корхои аз хисоби будичаи давлат ё ки ёрдами кишвархои хоричй шударо ба худаш нисбат дода, бо воситаи органхои хукуматй ва бо фишори рухй тарафдории халкро ба даст оварад, охирин нафасхояшро мекашад.

Магар ин факт, ки ин хизб рохбарони нохияхо ва шахрхо, баъзе вазирон ва чонишинхои ноухдабарояшро ба вакилии парламент пешниход кардааст, худ як беэхтиромй нисбат ба халк нест? Охир ин касоне, ки натавонистанд, дар як нохия вазъро каме хам бошад бехтар кунанд, чй хел метавонанд бо воситаи парламент хамаи кишварро пешрафт кунанд?

Номзадхои Хизби исломии Точикистон аз ин хатогихои хизби Чаноби олй хеле хуб истифода мебаранд ва дар мулокотхо бо интихобкунандагон ин фактхоро гузошта, хакикатро рушан мекунанд ва боварию таваччухи халкро ба дасти худ мегиранд.

Бинобар хамин мешавад хулоса кард, ки агар интихобот хакикй ва аз руи ростй шавад, исломихо ин дафъа галабаи калон ба даст меоранд ва дар парламенти кишвар чойхои зиёдтар мегиранд. Лекин боварй нест, ки мансабдорони хизби рахмонй аз руи хакикат кор мекунанд. Тамоми комиссияхои интихоботй дар зери назорати онхост ва онхо одат кардаанд, ки дар вакти шумурдани овозхо ракамхоро ба фоидаи худ дигар кунанд.

Аз холо маълум ки дар баъзе чойхо онхо кушиш карда истодаанд, аз хизбхои тарафдори худашон ба монанди Аграрй ё Хизби ислохоти иктисодй галаба кунанд, лекин аз хизби исломй ва сотсиал-демократхо на. Дунё ба умед, худо мадад кунад ба одамони боимон ки дар ин интихобот галаба кунанд.

One Response

  1. Islomisthora bo hamrohii Sotsial demukrotho zulmi saxt kardand. Vale yak chiz ma’lumai, ki hizbi hokim maghlub shud.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: