Ба кишвари мо конундонхо намерасад

Дар бобати номзадхои алохида хануз ба як хулоса наомадаам, аммо тасмими нихой гирифтам, ки аз хизбхо ба Хизби Сотсиал-Демократ овоз медихам.

Сабабхо зиёданд. Пеш аз хама барои он ки дар ин хизб асосан юристхо, яъне хукукшиносону конундонхо чамъ омадаанд ва аслашро гирем, парлумон чои конундонхост. Конунмандй хамон чиз аст, ки ба хукумати мо намерасад ва бо ин сабаб дар кишвари чоночони мо коррупсия ва беадолатихо ба авч расидааст.

Парлумон чои мансабдорони рондашуда ё раисону мудирон ва бизнесменхо нест. Онхо ба ин чо ё барои хамчун дар курорт истирохат кардаву пули бе дарди миён гирифтан ва мошини давлатиро савор шудан мераванд ва ё барои ба даст овардани имунитети вакилй, то ки суду прокурор онхоро даст нарасонад.

Хамин кадар сол хамин хел одамон дар курсихои парлумон нишастанд, чй кор карданд, чй фоида ба халк оварданд? Факат проблемахои шахсии худашон ё хешу табори худашонро хал карданд. Ба хамин сабаб конунхое кабул карданд, ки голибан бар зидди манфиати халк нигаронида шудаанд.

Парлумон чои конундонхо ва хукушиносон аст, ки ба манфиати халк набудани кадом конунро нагз медонанд ва бо сабаби он ки шабуруз бо суду конун сару кор доранд, решаи беадолатихоро хам хуб фахмидаанд. Барои хамин бояд ба онхо овоз дод, то ки конунхои галатро ислох кунанд ва ба конунмандии кори мансабдорону хукумат назорат кунанд.

Магар дидаед, ки парлумон ягон вазирро даъват карда, пурсид, ки барои чй милёнхо сомонии халк нодуруст истифода шуда ва ё дуздида шудааст? Ягон бор дидед, ки парлумон ягон конунро барои зиддияташ ба манфиати халк рад карда бошад? Чизе ки ба он гуянд, хамонро кабул мекунад, чунки худашон конунро намедонанд.

Сабаби дигар ин аст, ки мебинам, рузномахои давлатй танхо ба раиси ин хизб мухтарам Рахматулло Зойиров «хучуми бомаслихат» сар кардаанд. Пай дар пай бар зидди у макола чоп мекунанд ва дар ин маколахо уро берахмона тахкир мекунанд. Ин нишо медихад, ки хукумат танхо аз хамин шахс метарсад ва тамоми кувваашро барои мубориза бо ин одам равона кардааст. Он хам хукумате, ки худаш дар 17 сол натавонист вазъи халкро бех кунад.

Наход халки азизи ман боз рафта, ба хамин шармандахо овоз дихад? Аз руи назарсанчие ки дар ин чо гузоштам, даргумон аст, халк боз хам хато кунад. Халк бузург аст ва хама чиро мебинаду медонад. Барои хамин аст, ки Хизби Халкй-Демократй дар ин чо хамагй 39 овоз гирифт, аммо Хизби Сотсиал-Демократ 136!

Ман хам барои ин хизб овоз медихам, аммо метарсам, ки хукумат бо ин корхое ки карда истодааст, боз даст ба харомбозй мезанад ва 136-ро ба номи худаш гардонда, 39-и худро ба ин хизб мебахшад. Барои он ки ин хел нашавад, бояд ба фаркияти хеле ва хеле бузург расид. Агар фарк байни хукуматихо ва тарафдорони Зойиров бенихоят бузург бошад, бо дарназардошти конундонии сотсиал-демократхо хукуматихо аз харомбозй метарсанд ва хакикат галаба мекунад.

10 Responses

  1. Рустам хафа нашаву ман зидди ин хизб ва рохбарияти он хастам. Медони як чанд муаммохое хастанд, ки аъзоёни ин хизб бартараф накарданд ин амалашон вобаста ба кадру киммати миллати овозадори точик аст. Рахматулло ин корашро нагз медонад. Афсус ки на хамаи халк дарк мекунад ва медонад ин таърихро.!!!!

  2. Ба кишварат бисёр чизхо намерасанд.
    Хоса, часорату чавонмарди ба мардумаш!

  3. Afshin Як номи хушру дорию лекин поняткахот вайрон. Барои кор мекадаги хама шароит 100 фоиз тайёр дар Точикистон. Предателоя ягон чо кабул када наметавонад ту худат аз кадом тараф овоз дигахел тофтос.

  4. Бо Афшин мувофикам.

    Роша, ай коша? Ту аввал ба форсй гап заданро ёд гир, бародар, баъд дар бахсхо ширкат кун.

  5. Гуломбача, Роша аввал забонро ёд гир! Ин забони хайвониатро нафахмидам!

  6. dvd:Илтимос,хамон муаммохоро равшан соз!!!

  7. Магар сохиби ин торнома мубаллиг ва маддохи яке аз чанд тан ахзоби камшумор ва заъифи Точикистон аст?

    Кучост инсоф эй бандаи оси?

  8. Дар ин бист сол режими сангаки-рахмони Роша барин хайвонсифатонро ба воя расонд, агар ин пода миллат намешавад ояндаи Точикистон мисли хамин рошахо аст!
    Бояд фарзандони вокеии миллат давлатдории Точикистонро начот диханд. Рох ягона: муттахиди ва мубориза барои адолат бар зидди режими сангаки-рахмонии рошахо!

    Худо лаънат кунад хонаи касе мамлакатеро барои маслихати хеш хонаягмо кард!

  9. Шояд ба кишвари мо «кумандон»-хо намерасад?
    дар даврони онхо президент ва раисхо
    хаппак буданд ва ин кадар «беинсофй» ба мардум намекарданд.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: