Аз рох ба Туркистон харосе надорам

Чавоби Алим Шерзамонов ба маколае, ки дар сомонаи НИАТ ХОВАР нашр шудааст. Маколаи Ақдоди Абумуслим бо номи «Рохе, ки ту меравй ба Туркистон аст» хафтаи гузашта дар сомонаи ХОВАР нашр шуда буд, байни сосиал-демократхои точик пурра махкум шуда, хамчун «найрангхои навбатии пешазинтихоботй» эътироф гардид.

Аз рох ба Туркистон харосе надорам

Мухтарам Акдоди Абумуслим! Миннатдорам, ки маро водор намудед, то фикру андешахои худро бори дигар сахехтар ва равшантар алайхи айбномаи Шумо сари когаз оварам. Ман намехохам бовар кунам, дар ин тахияи макола харифи асосии ман дар интихоботи парлумони даст дошта бошад. Макола нажодпарастии точики (ки дар ягон давраи таърих хоси ин миллат набудааст), бадбини нисбати аккалиятхои милли (асосан узбекон), таъну лаън ба ачнабиён (бихон гайри точикони асли), тарафдори аз «монолити» милли ва фархангии аз «ихтилофот» покиза, мукобили асосхои демократия ва тарафдори курбон намудани асосхои хукуки башар ва волояити конун ба хотири идеологияи фашистиро таргибу ташвик мекунад. Илова ба ин «муаллиф» яке аз рузноманигорони варзидаи точик Сайёфи Мизробро ба миллатгарои муттахам намудаст. Чи хел метавонад нафаре дар як вакт вахдатофару миллатгаро бошад ё вахдати шумо бо як миллат, кавм, нохия ё деха хотима меёбад? Ман кушиш мекунам, ки дар чавоб ба «гуноххо»-е, ки муаллиф маро дар катори дигарон ба онхо махкум намудааст, икрор ва инкор кунам.

Ман икрорам, ки дар дохили ин кишвар ва ё берун аз он, мо на мукобили турку на мукобили узбек ва на мукобили дигар халкияту миллатхоем. Ман икрорам, ки тарафдори чунин «идеяи милли» нестем ва нахохем буд, ки он дигар гуруххои одамонро паст занад ва нисбати дигарон бадбин бошад. Ман ба «чурми узбекдусти» икрорам, гарчанде ки дахолат ва дастгирии хукумати феълии Узбекистон як чониби чанги шахрвандии Точикистонро, ки омили асосии галабаи он чониб гардид, махкум намудаам ва менамоям. Вале мо боз икрорем, ки точикон дар он кушторхо на камтар аз «ачнабиён» даст доштанд. Ва ман тарафдори он нестам, ки имруз иттифокчиёни дируза Точикистонро боз майдони набард ва бадбахти гардонанд.

Дар хакикат хам ин иштибохи бузурги рохбарияти Узбекистон ва хиёнати он кисмати точикон буд, ки чунин дахолатро тарафдори намуданд ва онро ба манфиати хеш истифода карданд, на айби миллати узбек, на айби мардуми точик. Вале агар мо имруз дар гирди ин мавзуъ бахс кунем, боз махз ба хамон чой бармегардем. Ман то дами охирини умрам он кушторхо, хиёнатхо, беномусихо, иштибоххо, беинсофихо ва беадолатихоро фаромуш нахохам кард.

Бисёрихо аз он «хунбахо»-и бадахшониён хеш, пайванд, дуст ва шиносхои ман буданд. Имруз фарзандони ятиммондаи онхо, занхои бевамондаи онхо, модарони чигарсухтаи онхо хатто калбхои сангину мармариву пулодиро хам намемонанд, ки аз онхо фаромуш кунанд. Вале ман илтичо мекунам, хам аз дуст ва хам аз душман, ки арвохи поки онхоро боз як бори дигар курбони бозихои сиёсии худ нагардонем. Ва «кач шинему рост гуем», ки на хамаи онхо аз тарафи «вохидхои низомии Узбекистон» кушта шуда буданд. Вале фахмидан зарур аст, ки бе бахшиш мо ба вахдат намерасем, гарчанд ба хамагон маълум аст, ки хукумати хозираи точикон ба хотири галабаи Фронти халки ва «кумаки» «вохидхои низомии Узбекистон» ва дигар ачнабиён сари кудрат омада буд ва бисёре аз рохбарони хозираи хукумати мо, одамони баруманди чомеа ва хизби хукмрон шомилу рохбари Фронти халки буданд.

Шумо сухан аз Самарканду Бухоро мекунед. Шумо бояд икрор шавед, ки кариб буд хатто Душанбеву дигар манотикро ба ду дасти адаб ба «ачнабиён» месупурдед. Ин матонат, истодагарихо ва чонбозихои Мамадбокировхову Зиёевхо буд, ки чунин накша амали нагашт. Имруз бошад, он хушомадгуёни «ачнабиён», ки ба чунин икдом даст зада буданд, никобхои худро иваз намуда, онхоеро, ки аз ин миллат, аз ин мардум, аз ин фарханг дифоъ намуда буданд, чинояткор эълон мекунанд. Мо ба фаркиятхои дохили мардуми точик икрор хастем ва чурме дар он намебинем. Мо муштаракоти фархангии на танхо точикон, балки точикистониён, мардуми минтака ва аз ин хам фарохтарро мебинем ва эътироф мекунем.

Шумо маро хамзабон хондед. Мо харгиз бо шумо баринхо хамзабон нахохем шуд. Мо бо озодихохони узбек, ки имруз дар зиндонхои Каримов ба сар мебаранд хамзабонем. Хамзабонхои Шумо Каримовхову Отатуркхоянд. Икрорам, ки ман шахсан ва хизби ман тарафдори хифзи забони модарии хар як шахрванди Точикистон ва хар як инсон мебошем ва дигар хусусиятхои таърихии ин мардум ва хамаи дигар мардумонро эътирофу эхтиром менамоем. Мо бар он акидаем, ки инхо фаркиятхоянд на ихтилофот ва ин фаркиятхо на танхо мансуби бадахшониён, балки умуман мансуби дигар мардуми точик ва тамоми мардуми чахон мебошанд. Мо бар онем, ки ин на танхо хукуки мо аст, ки ин фаркиятхоро эхтирофу онхоро дифоъ кунем, он асоси ору номуси мо ва вазифаи мукаддаси мо мебошад. Фаркият ихтилоф нест, онро тангназари, шовинизм ва бадбини нисбати дигарон ихтилоф мегардонад.

Шириншо Шотемур махз курбони чунин фахмиш аз фаркиятхо гардида буд. Ман хатто тасаввур карда наметавонам, ки ба ягон рох забони модарии Шириншо Шотемур рахна ба ягонагии миллате занад, ки у барои он ба киммати чони хеш давлат бунёд намуд. Ин хатар махсули тафаккури ашхосе мебошад, ки тарафдори якказабони, яккамиллати, яккахизби, нажодпарасти, аслзодаги, яккамазхаби мебошанд. Яккаву ягона танхо Худованд аст, ки оламро офаридаст ва бо гуногуни, рангоранги ва бо фаркиятхояш онро оро додааст.

Мо тарафдори ягонагии точикон, точикистониён ва чахониён мебошем. Мо фаркиятхои байни афрод, фаркиятхои дохилиоилави, дохилинохияви, дохилимилли, дохилиминтакави, умумичахони ва умумибашариро медонем ва эътироф менамоем ва зараре дар он намебинем ва ба хеч вачх мо ин фаркиятхоро курбони ягон идеология нахохем кард. Забони модарии ман, расму одатхои мардуми ман, асосхои фархангии мардуми ман чун шири модарам ба ман азизу ширину мукаддасанд ва ман онхоро ба ягон забони дигар, ба ягон расму одоти дигар, ба ягон фарханги дигар иваз нахохам кард, хамзамон хамаи забонхо, русумот ва фархангхоро эътирофу эхтиром менамоям.

Ман чунин хакро барои хамаи дигар шахсон ташвиr мекунам, ки забон, расму одот ва фарханги худро хифз кунанд. Мо харгиз инхоро «арзишхои хурд ва ночиз» намешуморем. Шумо таргибгари яккахизбиед ва мансубият ба дигар ахзоби гайри хизби хукмронро хиёнат мехонед. Мо дар фаркият аз шумо тарафдори волоияти конун хастем ва ин ахзоб бар асоси конуният ва Конститусияи Точикистон ва бахусус меъёрхои фалсафаи сиёсие, ки давлати хозираи хукукбунёди точикон бар он асос ёфтааст, созмон дода шудаанд ва фаъолият мекунанд.

Шумо ин конститусияро тамоман эътироф намекунед. Шумо дар таъну лаъни «ачнабиён» ба монанди зиёда аз ду миллион шахрвандони узбектабори Точикистон нихоят беэхтиётед, ки тибки кавонини кишвар чурми сангин аст ва сучозот дар пай дорад. Шумо Точикистонро танхо ватани точикони асли мебинад, ки маънои даъват ба фишор бар шахрвандони дигари Точикистонро дорад, ба дунё омадани онхо чун миллати узбек ё тотор ё русро «чурм» мешуморед ва махкум мекунед. Шумо аз фарзандони ба ору номуси Бадахшон дар Русия сухан мекунад, ки часади садхои онхоро аз Русия бо сабаби густариши чунин идеологияи нажодпарастона ва миллатгароена, ки шумо таргиб мекунед, дар давоми сол ва солхои сол дар тобут ба ватан бармегардонанд.

Шотемур хам аз тарафи мукобилони ташкили давлати точикон ба дуст будан ба кофирону ачнабиён ва аз мансубият ба хизби «берешаи ачнаби» хама вакт мучрим дониста мешуд. Охири охирон мо икрорем, ки пайрави хукуки башар, аз чумла фидоиёни озодии сухан ва матбуот мебошем. Он тарафдорихои бадахшониён ва дигар точикон дар бунёди Рогун, ки шумо аз он сухан мекунед, на хама вокеият аст, балки натичаи адами озодии сухан ва матбуот ва натичаи фаъолияти машинаи пропогандисти мебошад. Он натичаи адами волоияти конун, принсипи озодии сухан ва матбуот аст. Волоияти конун ва кафолати хукукхои инсон афкореро, ки шумо дар макола таргиб мекунед, таъну лаъне, ки бе ягон асоси вокеъи ва мамоният бар як кисмати умдаи шахрвандони кишвар руи когаз меоваред, идеологияи фашистиро тарафдори мекунед, махкум мекунад ва ба ин икдоми шумо бахои конуни ва ахлоки медихад.

Ман икрорам, ки сохтмонхои азим аз хисоби ситондани ичбории пули мардуме, ки 80 фисади он гирифтори факру нодори аст, хилофи асосхои хукуки башар мешуморам.

Аз хама мухимаш, ман ва хизби ман котеъона мукобили чомеъае мебошем, ки шумо дар маколаи худ онро тасвиру таргиб мекунед, яъне чомеъае, ки бихишт барои миллати «точикони асли» (хонда шавад: махале) ва дузах барои дигарон бошад. Хизби мо бар принсипи фалсафи ва ахлокие бунёд ёфтааст, ки яке аз вазифахои асосии чомеаи имрузаи инсониро махз дар дифоъи хукуки аккалиятхо мебинад, ки дар Точикистон онро узбекхо ташкил медиханд. Хизби мо эълом медорад, ки ба хеч хотир мо мукобили ин принсип нестем, агарчи он дар интихобот сабаби маглубияти мо гардад хам. Ин принсипи бунёдии мо аст ва мо аз он ба хотири иваз шудани шахсият, чинсият ва миллияти рохбарон, синну соли онхо ва манфиатхои рузгузари хизбу аъзои алохидаи он даст нахохем кашид.

Мо тарафдори чомеае нестем ва мо эътимоди комил дорем, ки дар замони муосир хеч миллат ё давлат бе такя бар чунин принсип рушду нумуъ карда наметавонад ва хаёти арзандаро барои шахрвандони худ хам сохта наметавонад. Сахех аст, ки идеология шумо идеологияи фашисти мебошад ва ман умед дорам, ки ин идеологияи давлати куханбунёди точикон ва хизбе, ки Шумо моро ба он гаравидан талкин мекунед, нест ва нахохад буд. Аз чумла умед дорам, ки он идеологияи харифи ман дар интихоботи парлумони хамчун намояндаи ин хизб муаллим Шахбозов Мирганд нест. Бинобар ин аз муаллим хохиш мекунам, ки мавкеъи худро нисбати ин макола барои чомеъа рушан намоянд. Хамчунин фикр мекунам, ки Сайёфи Мизроб низ мухр бар лаб наменихад. Ман медонам, ки чунин тарафдори аз харифам ба манфиати ман хохад буд, вале ман хохони чунин пирузи нестам. Ба забони мардуми мо, на-куллуг, на-хайр!

Идеологияи миллии хизби мо – ин хурмату эхтироми инсон, хукукхои бунёдии инсон, озодии инсон, хушбахтии инсон сарфи назар аз мансубияти милли, дини, мазхаби, нажоди ва гайра мебошад. Имони мо он аст, ки дар чахони имруза бе чунин идеология ягон миллат наметавонад ба комёби ноил гардад. Ягон комёби бар асоси тангназари, миллатпарасти, ва аз хисоби инсонхои дигар ба кавли Хофизи Шерози «дар мазхаби мо кофири» дониста мешавад.

Дар охир ман муаллифи мухтарам, кули сиёсатмадорон, созмонхои давлати ва гайри давлати, инсонхои шарафманд ва дар мачмуъ шахрвандони Чумхурии Точикистонро даъват мекунам, ки ба хотири манфиатхои шахси, хизби, махалли ва гурухи ба густариши чунин идеологияи зидди инсони рох надихем. Яке аз омилхои асосии чанги шахрванди ин шуру гавго ба хотири манфиатхои шахси дар гирди мафхуми пантуркизм буд, вале касе нишона, намуна ва таъсири онро на ба чашм дид ва на ба пуст хис намуд. Имруз моро ба кисмате аз хамватанонамон метарсонанд. Вале ба машаккати зиёд хам бошад, мо аз гахвора баромадем. Точикистон Ватани хамаи точикистониён аст!

Бо эхтироми том, Алим Шерзамонови точикистоний.

20 Responses

  1. Ахсан барои суханхои дар хакикат башардустона..
    Социал-демократи хакконй будед

  2. Сотсиал Демократхо хамавакт хаккони буданду ва хастанд. Он макола кори косалесони хукумат аст, ки худро файласуфи чахон мешуморанду дарак надоранд ки тахпушашон ношуста.

  3. Браво!!! Ман ифтихор мекунам ки хамин хел хамватан дорам ва дар интихоб голиб шудани Шуморо орзумандам!!!
    Нест бод ин хел афроди беаклу бефаросату бемиллат чун Сайёфи Мизроб!!! Э шумо руи уро нигох кунед у худаш як туркбашара аст. Ва рости гап кунлеси бузурги ЭШР хам хаст.

  4. Рахмат ба падаратон акаи Алим Шерзамонов.
    Ман шахсан узви ХНИТ хастам ва ин маколаи пур мухтаворо хондам ва бо акаи Алим Шерзамонов мувофик хастам. Мо хам ба ин акида хастем, ки бояд миллати худро дуст бидорем ва барои дигар миллатхо эхтиром коил бошем. Худованди мутаъол мегуяд: «Ё аюхан нос инно халакнокум мин закарин ва унсо ва чаъалнокум шуъубан ва кабоила ли таъорафу. Инна акрамакум индаллохи аткокум» (Эй мардум мо шуморо аз мард ва зане халк кардем ва шуморо ба миллатхову кабилахо сохтем барои таъоруф ва бехтарини шумо муттакитарини шумост).
    Чи хеле, ки муаллиф гуфтанд сад дар сад ба маънои ин оят дуруст меояд.
    Вале он «точикхои асил»ро мехохам пурсам, ки чаро хукумататон факат аз як махал ё хубтараш аз Дангара мебошад? Чаро имруз аз Узбакистон менолед вале бо тирхои он мардуми точикро аз гарму бадахшон ва дигар минтакахо куштед? Ин зулме, ки бар миллати худ кардед шояд узбекхо агар мегирифтанд ин корро намекарданд.
    Вале ба хар хол сулх кардему ахд кардем. Биоед ватанро ба хама Точикистонихо дихед то ободаш кунем.
    Зинда бод ХНИТ ва ХСДТ. Мо бародар хастем, гарчи ихтилофи назар дорем.

  5. Хамватани арчманд!
    Инак, боз интихоботи парламент фаро расид ва Моро лозим меояд такдирамонро ба дасти вакилон ва парлумони нав вогузор кунем. Лозим ба зикр аст, ки дар интихоботхои гузашта мо аз руи мансубияти махал, ё бо нишондоду хости хукуматдорон овоз медодем, инчунин натавонистем, раъйамонро хифз кунем.
    Мо бояд маърифати баланди сиёсй нишон дихем ва дарк кунем, ки аз овози мо такдири кишвару миллат ва ояндаи фарзандонамон вобаста аст. Акидаи маъмул, ки гуё овози мо “хеx чизро хал намекунад”, нодуруст аст. Баръакс, факат овози мардум халкунанда аст.
    Мардуми кишвар хакки зиндагии сазоворро дорад ва таъмин намудани он дар дасти худи раъйдиханда аст, аммо барои ин раъйдихии мо бояд асоснок ва бо дарки масъулият сурат бигирад. Барои ин мухим аст, ба хизб аз руи мавкеи сиёсй, самимият ва устувории акидааш овоз дихем ва шахси озодро интихоб кунем, ки маромаш химояи манфиати мардуми шарифи Точикистон, диёри азиз ва ояндаи фарзандонамон бошад.
    Интихобкунандаи мухтарам! Аз иштироки хатмй, фаъолона ва бошууронаи шумо бехбудии тамоми чомеа ва ояндаи кишвар вобаста аст.
    Нисбати такдиратон бепарво набошед, имруз Шумо интихоб доред!

  6. Чавоби хуб аст, бо 90 дар сади он рози метавон шуд, ба чуз «беш аз 2 миллион узбектабор» . Ва бо чумлаи зайл;
    «Яке аз омилхои асосии чанги шахрванди ин шуру гавго ба хотири манфиатхои шахси дар гирди мафхуми пантуркизм буд, вале касе нишона, намуна ва таъсири онро на ба чашм дид ва на ба пуст хис намуд».
    Агар шумо нишона ва таъсири пантуркизмро надида бошед, пас на таърихи минтакаро медонед ва на имрузи онро!

  7. Кодири Рустам!
    Мувофики ахбори расми кариб 30%-и ахолии Точикистон узбектабор…. Гайр аз ин ба хамагон маълум аст, ки кисме аз узбекзабонон дар солхои охир худро точик гардонидаанд… Пас чаро хайронед? Сониян, хангоми чанги шахрванди чи мисоли пантуркизм буд??? Чанг байни мо -точикон бо силохи узбекон… дар кучо пантуркизм??? Дар Кабодиёну Шахритус, Панч узбектаборони фронти халки хонаи точик сухтанд, аммо инчо магар пантуркизм буд???

  8. Фаридуни чун!!! ин Кодири Рустам як псевдопатреот аст. Харчи гуфтан мегирад. Точик бо узбак точикро куштан ва хамон точикхое ки точики худро куштан кахрамон шудан ва то холо дар сари давлат хастан. Дигар дар кучо аст пантуркизм? Мумкин ПАНЧУРБАНИЗМ бошад. )))

  9. Дуруд ба бародарани «башардусту» точикбадбинам!
    Максади чанги шахрвандии Точикистон, ки Узбакистон тархрези карда буд, пайваст кардани Точикистон ба Узбакистон (чуноне, ки то соли 29-и асри 20) буд.
    Чаро ман ин гуна фикр мекунам? Зеро аввалин шахсоне, ки ба Душанбе ворид гаштанд узбакон буданд, онхо точик мекуштанд, точикро лукмаи шеру палангу хирсу дигар вахшоният дар зоопарки Душанбе карданд, танхо точик гуреза шуд ба Афгонистон. Узбаке ба он чо гурехт?
    Максади Узбакистон кам кардани ахолии точикзабони Точикистон, ба парлумон гузаронидани узбактаборон ва пантуркистон буд. Тарики онхо кабул кардани забони узбаки хамчун забони дуввуми давлати.
    Чанг шуд дар мо, дар чанг иштирок доштанд афсарони узбак, на танхо яроки узбак.
    Чун Узбакистон дид, ки ба максадхояш намерасад талаб кард, то вилояти Кургонтеппаро ва ш.Турсунзодаро ба у диханд. Имруз талаб дорад то обанборе, ки дар Зафаробод хаст ба у диханд.
    Шумо тарафдор хастед, ки мо ба хати форси гузарем?

  10. Тамоман мантик нест, причем тут хати форсй бародар? Чангро Узбекистон тархрезй кард ё Русия, мо худамон беаклй кардем. Чанг буд чанги махалхо (аслан) ва чанги мансабталошон, ки тархрезикардагон худ бевосита дар чанг иштирок накарданд, факат халки беаклро ба якдигар заданд.

  11. Дар хатти форси – навиштани калимаи узбАк хаст узбЕк нест!
    Мо армия надоштем. Аввалин вазири дифоъи Точикистон ки буд? Як узбакистони буд.
    Агар чанги чанги мо буд, чаро афсарони узбакистони дар он ширкат варзиданд? Чаро афсарони узбакистониро дар Дарвоз боздошт мекарданд?
    Чаро «боевикхои» ш.Турсунзода гуфтанд, ки онхо ярокро намесупоранд, зеро аз Узбакистон гирифтаанд ва зери итоати Узбакистон мебошанд?

  12. Shoh, ба ин саволхои ту факат чаноби Рахмон метавонад чавоб дихад. Ишон онхоро хуб мешиносад.

  13. Бародарони азиз! Ман ба ин нвиштахо рози нестам:
    “Яке аз омилхои асосии чанги шахрванди ин шуру гавго ба хотири манфиатхои шахси дар гирди мафхуми пантуркизм буд, вале касе нишона, намуна ва таъсири онро на ба чашм дид ва на ба пуст хис намуд”. Муалиф бо ин навиштахояш мардуми Точикро тахкир кардааст. Ман аз Точикии ин кас шубха дорам ва агар Точик хам бошад, аз ин гуна Точикхо нафрат дорам! Наход ки, узбакхои дохили ва беруни даххо хазор Точиконро ба катл расондаанду хазорхо хохарону модарони Точикро тачовуз карданд, шумо бигуед ки, касе нишонахои пантуркизмро бо чашм надидаву ба пуст хис накардааст! Шумо як игвогаред мехохед, ки вахдати Точиконро пора-пора намоед! Аз суханони шумо буи бади меояд ва мехохед ки, дар ин «катли омаи солхои 1992-1995-97» Точиконро сиёх кунеду узбакову пантуркистора сафед! Шумо ба хотири «поддержка» —«хам дар сумб мезанеду ва хам дар дум»!!! Ин гуна найрангихои узбакову пантуркистора Точикон соли 1992 дидаанд ва Иншоаллох хеч вакт фаромуш намекунанд!
    Дар нохияхои Шахритус ва Кубодиён ягон Точик аз дасти бародарони Кулоб ба катл нарасидааст . Чанд хазор Точике ки, дар ин ду нохия ба катл расидаанд, котилонашон узбакхову пантуркисто будаанд. Духтари 13 соларо дар назди падару модараш тачовуз кардаанд, магар ин хис кардан нест? Духтари наварусро хостанд ки, тачовуз кунанд, шавхару бародари шавхараш ба хотири мухофизати номусашон шахид шудан магар ин хис кардан нест? Ин гуна мисолхо зиёданд ва метавонам садхо «факт» биёрам. Касе ки, бовар надорад ба нохияхои Шахритусу Кубодиён биоед ва пажухиш кунед! Охир, офтобро намешавад бо доман пушид!
    Ба Худо касам дар чое ки, ман зиндаги мекардам, дар солхои 1993-1994 вактоки, мухочирони Точик аз афгонистон кам-кам бар мегаштанд, узбакхо моро намемондан ки ба забони Точики гап бизанем, бо лафзи узбаки Модар дашном медоданду мегуфтанд: «…Точикча гапрма, узбакча гапринг»!!! Ман забони узбакиро балад нестам, лекин ин калимахоро хеч вакт форомуш карда наметавонам, чунки…
    Агар у азобхову ходисахое ки, аз дасти узбакхо ва пантуркисто, ба сари миллати Точики Шахритусу Кубодиён омадаро чамъ кунем даххо китоб пур хохад шуд. Факат ман ду нохияро дар назар дорам. Дар нохияхои Чиникулу Кумсангину Панчу Колхозободу Вашху Регару дигару-дигар онхо чи тачовузхову хунрезихое карданд, бехисобанд!

  14. Бародар Точик
    Ин узбакхоро ба сари Точик ки овард? ин фикр накарди? то соли 92 забони ин узбакхою арабхо дар як чои бадананашон буд, аммо Кенчаеву Набиеву Сангаку Зустами А ,Ч Мансурову Зардаку ва бисёре дигархое дигар когламератхои ба ном точик хозир «рохбару гамхори ин миллат шудаанд» барои манфиатхои гаразонаи худ миллаташонро, ватанашонро (мумкин 20-30 % хуни ин миллатро доштанд) ва манфиатхои ин миллатро фурухта хоору зораш кардан,Китобхои Кенчавро хонед ваи дар онхо бо фахр аз ин миллату ватанфурушиашон менависад ва номхои «карамонхоро» меорад
    Ба номи Каримов кадом совхозе мондан, ба Грачёв музей сохтан номи ки чиро хам монда буданд, хатто занаш хам додан,
    Чи шумо инро пантуризм меномед?? Ваихо хочахои ин хоинон буданд на пантуркизм.
    Гармро 18.02 .93 бомбаборон сар карданд, аз сесияи ватанфурушашон чи кадар вакт гузашта буд?????????!!!! ва г, ва х …………………..?!,,?! ,,?!

  15. Бародари гироми Горони!
    Ин узбакхоро хоинони Миллат оварданд, баъзехо ба хотири нафси палидашон ва баъзеи дигар дар хакикат мехостанд, Точикистони азизи моро ба узбакистон табдил диханд. узбакхо аз «содаги» ва «баднафси»-и Онхо истифода бурда «бо як тир ду сайд не, балки садхо сайдро шикор карданд» ки, то имруз давом дорад .
    Як панди Шайх Саъди (р.) ба ёдам омад, ки мегуяд: «МОРРО БО ДАСТИ ДУШМАН БИКУШ, АГАР МОР ГОЛИБ ОЯД АЗ ДУШМАН ХАЛОС ШАВИ ВА АГАР ДУШМАН ГОЛИБ ОЯД АЗ МОР»!!! Мо Точикон чи аз Гарм бошему чи аз Кулобу чи аз Хучанду Бадахшон барои узбакхо гунахгорем, ки Точик таввалуд шудаем! Хазор сол пеш дар давраи Сомониё аз туркон хайф доштанд, ки агар дар вакти чанг ба онхо шамшери охани диханд, онхо «мятеж» мебардоранд. Бисёр сабабхои аз байн рафтани Давлатхову Аморатхои гузаштаи Мо, хамкори бо туркон ва душманони гайра буд. Душманон аввал аз «баднафси» баъд аз «содаги» мардуми Мо истифода мебурданд. Дар карнхои гузашта чи чангхое ки, аз сари мардуми Мо гузашта буд, хамеша аз байни мардум хоинхо пайдо мешуданду бо душман хамкори мекарданд. Дар вакти хамлаи Чингизи хунхор низ ин чунин хоинхо буданд, ки бо онхо хамкори карданд. Читавре ки, шумо бародари азиз, дар боло чанд номро овардед, ки онхо низ ба монанди хоинони гузашта бо душманон хамкори карданд, ки кариб буд Точикистони азиз аз байн биравад, ё ин ки бо ном Точикистон мемонду дар асл ба узбакистон ё туркистон табдил меёфт. Худоро шукр,ки дар байни Точикон равшанфикроне пайдо шуданд, ки сари вакт ин иштибохро дарк намуда дар чустучуи сулху вахдати миллат шуданд. Албата бо кумакхои «Шери Панчшер» Ахмадшхи Масъуд (р.) Бурхониддини Раббони ва рахбарони онвактаи чумхурии исломии Ирон. Аз он нафароне, ки дар боло номбар кардед нафрат дорам. Ман аз он нафароне, ки бо хуни 150 000 нафар ба сари кудрат омадаанду як Миллати Бузургро хор-зор намудаанд, хеч вакт пуштибони намекунам, лекин Миллати азизамро сахт дуст медорам, агар фарзанди Падарам дар хаки миллати Точик хиёнат карда бошад уро душман мехисобам!!!
    Китобхои Кенчаев ва дигар кумандонхои фронти халкиро хондаам, ки бо Точикушии худ фахр кардаанду якдигарро кахрамон эълон намудаанд. Сад нафрат….! Аз хамаи навиштахои шумо ман хабардор хастам. Дар мавриди номгузори низ хабар дорам, дар нохияе ки, ман зиндаги мекардам хамаи совхозу колхозхову дехахоро бо номхо узбаки табдил дода буданд. Хатто занхои никохдорро мачбуран ба зани мегирифтанд. Муйсафедони пир чавондухтарони Точикро мачбури ба зани мегирифтанд. Хамаи ин, гуноххое хастанд, ки нобахшидани!!! Дар баъзе дехахое, ки Точикон бо узбакон якчоя зиндаги мекарданд, дар вакти чанг аз дехахояшон ба дигар чойхо хичрат накардан, фикр карданд ки, мо бо узбакхо дар хама туйю маъракаву хайру худои якчо калон шудем, хеч кас ба мо кордор намешавад, лекин дар он дехахо ягон мард зинда намонд, хозир дар он дехахо ягон Точик зиндаги намекунад. Як чавони хамшахрииам накл мекунад, ки соли 1992 дар синфи 5 мехондам, вактоки чанг сар шуд аз хона набаромадем ба ягон чой хичрат накардем, хамсояхои узбакхоямон дар хонаамон даромада Падару Бобову 6 амакамро дар пеши чашми Модаркалонаму дигар ахли оилаамон паронданд. Мегуяд ки, котилон мегуфтанд: Точикоа решаашона кок кардан даркор. Баъд мегуяд, касоне ки, зинда буданд гурехтем ба суи пахтазор ва аз кафоямон тир паронданду моро мекофтанд. Шаш тир Калашников дар баданам расид, ки то хол ду тираш дар баданаш истодаанд. Бадбахти дар он аст, ки имруз бисёри он котилони узбаку пантуркист оромона дар Точикистн зиндаги доранд, чои истикоматашонро дигар кардаанду халос! Бо онхо касе коре надорад, баръакс Точиконе ки, барои мухофизат хеста буданд, то имруз зиндони шуда истодаанд!!!
    Бародари азиз, агар Мо таърих ва хатогихои гузаштаамонро фаромуш карда бошем, набояд рузхое ки, дар солхои 1992-1995-97 аз дасти узбакхои золиму хунхор дидаем, фаромуш кунем!!! Мо бояд аз хакикат ва хатогихои чанги солхои 1992-1997 насли имруза ва ояндаро огох кунем, ки онхо ин хатогихоро такрор накунанд! Бо таърихи дуруг ба воя расидани насли имрузаву оянда, ин як бадбахтист барои Онхо. Бояд хама аз хакикат огох бошанд, харчанде ки, хакикат талх хам бошад!!!
    Чаро ки, дар гузашта то имруз факат узбакхову пантуркистхо Мо Точиконро истифода мебаранду Мо на????????????????

  16. Эй Точик ту як понти короче…. Гапа бисер мезани неки боз хам хамон гапхои кучаги. Мо медонем киян узбакхо ва чи кор кадан. лекин душмани хакики медони ки аст? Хамонхое ки узбака ПАДАР гуфтан!!! Ва аз пушти узбак точики худро тика тика кадан. Ва хозир бошад пусти харро кашида узбакро сиёх кадестан. Ин миллатдустиро чаро дар соли 1992 надоштан? Ту медони ки бе дасти узбак точик бе ватан шуд вакти чанг не хозир точик беватан шудаистодааст барои ки дар ватан кор надорад, як кас парвои зиндагии точикро намекунад ба ягон кас бовари нест на адолат асту на номус. Хамин хам узбако кардестан? 20 сол шуд эй бародар 20 сол ту медони ки СССР 70 сол умр дошт ва фарк кун ки 20 сол давлат дар дасти Точикон аст баъд чи?Бо кошки бисер бошем 7 млн.??? Фикр кун киро танкид кардан даркор аст!!! Бе ту хам хама медонанд ки узбак рахми точик надорад. Неки гап дар сари он аст ки Точик рахми Точик надорад БЕАКЛ!!!

  17. Эй УРУС, агар хамин навиштахои ман, ки «факт»-анд, барои ту понт ё гапхои кучаги бошанду ту Точик боши—-бидон ки, беаклтарини беаклхои! Агар узбак ё УРУСИ хакики боши, гап надорум…
    Соли 1992 Точикон бозичаи даст душманон буданд. Имрузхо як зара хушёр шудаанд. Агар хамин як зара хушёри дар соли 1992 дар Мо Точикон мебуд, он чанг «Точиккуш» харгиз сар намезад.
    Агар Мо Точикон миллатдуст набошем ва сафи «МАХАЛАГАРОИ»-ён дар байнамон афзудан гиранд, на танхо ки, бе ватан мешавем, балки миллатамонро аз байн мебарему Точикистон мисли Давлати Сомониён факат дар руи когаз мемонад!!!
    Ахли хакро зиндаги аз кувват аст,
    Куввати хар миллат аз чамъият аст!
    Шайх Икбол (р.)
    СССР дар 70 соли умраш, Точикистонро сохту обод кард! «Точикои Грозный» дар 4-5 соли чанг, Точикистони азизро титу-пит карданд! Туро мефора ки, зуд адолат барпо шаваду хама ободу зебо шаванд??? НЕ!!! НЕ!!! Ин хама ноадолатихо, самараи чанганд, ки имрузхо Мову Шумо чашида истодаем. «ОН НИХОЛЕ КИ, ЧАНГ НОМ ДОРАД, ВАКТОКИ СОЛХОИ 90-ум ДАР ТОЧИКИСТОН ШИНОНДЕМУШ, ИМРУЗ СОХИБИ ХОСИЛ ШУДААСТ. МЕВАХОЯШ БЕАДОЛАТИ, БЕНОМУСИ, БЕСАВОДИ БЕКОРИ БЕСАРУСОМОНИВУ БЕ… МЕБОШАНД, КИ ИМРУЗ ХАМА ТОЧИКИСТОНИЁН ЧАШИДА ИСТОДААНД.» Чав шинонди, гандум намегири!!!!!!!!!
    Хохем-нахохем, асархои чанг 20-30 сол, баъзан то ним аср боки мемонанд! Хадиси Паёмбар (с.) аст, ки мегуяд: «чанг кахти меорад.» Кахти ба сари мардум хама бадбахтиро меорад!
    Ё ту гуфтаниасти ки, Точик рахми Точика надорад, оружия дар даст бигирему бо Точиккуширо шуруъ кунем???

  18. Ту на самом деле кам акл будасти. Бад рости гап худатро Точик нанавис аз ин хубтар «КИШ» навис ки зеби точик хам нести бо ин фахмишхоят. Ман гуфтаниам ки Точик куширо карде ва кардаистодаед. Ту аввал гапи маро фахм камтар гуфти урусхо «НАПРЯГИ МОЗГИ» если они есть. Ман точик хастам мумкин аз ту хам точиктарам. Ман эй одам ман наин ки ба гапу фикрам точик хастам ман хуни дигаре надорам? 7 не 100 пушти ман ТОЧИКИ асли аст!!! Дар чое ки падару модари ман ва худи ман ба воя расидам узбак тамоман нест!!! назар ба чое ки ту гуфти зиндагони дори ё мекарди. Хешу табори моро низ куштан!!! лекин барои ман узбак хеч чиз аст барои ман хоин яъне узбакро ба сари ман овардаги душмани ашади аст!!! Узбак точика намекушт агар точик хамон узбака фаред намекард !!! Точик рахми точик надорад ба маъние ки як хел точикхо хама чиз доранд ва аз пушти онон як кас мехезад ва дигаре аз гушнаги е аз ноилочи мурад як кас ердам намекунад. Ва аз ноилочи суи Русия кори захмат, гулом барин хам бошад сафар мекунад. Пас у точике ки хамаи шароитро дорад рахм надорад бар дигаре. ФАХМИДИ ??? Тупоголовый??? Бля когда у Вас мозги будут работать. Уже 20 лет как бараны на одном месте топчетесь и все из -за таких «»с мозгами»»»

  19. Гуш кун, эй умник! Аввалан ту хак надори, ки маро бигуии, «зеби точик хам нести» фахмиди! Ман бо Точикии худ хамеша ифтихор дорам, хеч вакт узбакпарасту туркпараст набудум ва узбакпарастову туркпарастора хам дуст намедорам! Ё ин ки, хамон узбакхое ки, имруз дар Точикистон ба хотири хар максадхои нопокашон миллаташонро таъгир дода, дар паспортхояшон Точик менависанд, хамонхо зеби Точики доранд?
    Эй бародар, он касоне ки, узбакро ба сари Точик оварданд, барои ман низ душман ба хисоб мераванд, лекин онхо ангуштшуморанд. Ба хотири чанд хоини бадбахт, Мо набояд хамаи бародарони Кулобро душман бихисобем! Ё ин ки, ба хотири С. Кенчаев бародарони Хучандро…
    узбако бисёр-бисёр зираканд. Агар заметка карда бошед узбакора, вактоки, онхо бо бародарони Кулоб бошанд, бародарони Гарму Хучандро сиёх мекунанд ва агар бо бародарони Гарму Хучанд бошад, баръакс… Солхои 2003 буд, ки чанд узбака медонум аз хисоби бючети давлат дар Туркия ва чанд кишвари хорича мехонданд, бо онхо хамсухбат шудум мегуфтанд, солхои пешин спокойно аз хисоби давлат ба хорича ба тахсил мерафтем, холо бошад душвор шудааст дар паспортхо миллатмона Точик менависем, баъдан ба кадом кишваре, ки хохем меравем ба тахсил! узбако ду пагонаанд, бо онхо хамкори кардан, «игра с огнем» мебошад. Яке аз иштибохои бузурги Точикон дар гузашта ва имруз ин аст, ки узбакора бовар кардем ва мекунем!!!
    Агар гунахгорам шавам мегум, ки узбак дар Маккатуллохи Шариф савганд ёд кунаду ахд бандад, бовараш намекунам, чунки онхо ахдшикан буданд, хастанд ва мемонанд! То вакте ки, Самарканду Бухоро дар хайати узбакистон аст, узбако Моро ором намегузоранд, бо чангу, бо зуриву, бо фитнаангезиву бузиву дигару-дигар ба сари Мо фишор меоранд, гар чанде ки, Самарканду Бухоро ба Точикистона лозим хам набошанд!!!
    Он чизе ки, ман дар охир бо таври савол навишта будам: «Ё ту гуфтаниасти ки, Точик рахми Точика надорад, оружия дар даст бигирему бо Точиккуширо шуруъ кунем???» шумо вархато шудед, ин ба маънои «ТАЛХ» буд. Хостам реакцияи шуморо бисанчам! Бародар ман то у дарачае ки, шумо фикр мекунед содда нестам!
    Худо хамаи Мову Шуморо нигахдор бошад ва душманони Точикону Точикистонро хору залил бигардонад! ОМИН!!!

  20. Гапота гуфти? Ман на пушти узбака гирифтам на кулобихора душман гуфтам ин худут аз худут бофтести. Ман хозира замонара гуфтестам хозир раисомон точикан ё узбак ту ба ман гу? Ба мисол Алимардонов? Дигарохро худат медони.
    Аз дасти хамин хел раисхои «точик» шахсан ман фикри тарки ВАТАНАМРО карда истодаам. Ту фахмидести гапои маро? Ман не, хазорхо точикон!!!
    Бо камтари дигар фикр куни бад мумкин ба максади гапи ман мераси ….
    Боши саломат, точик…

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: