Ман ба раиси Суди Олй тухмат намудам…

Посух ба изҳороти кушодаи адвокат Ҷӯраев С.

«Фараж» №05 03.02.2010 Нуров Н.Э

Ман ба хотири аз думболагирии Ҷураев С. халос шудан, зимни гуфтугӯ бо ӯ бе мақсади тӯҳмат, Раиси Суди Оли ва дигар шахсони олимартабаро барои гирифтани пора ва фишоровари тӯҳмат намудам, ки барои ин амали ношоистаи худ аз онҳо расман бахшиш пурсида, омода ҳастам, ки дар баробари адвокати “варзида” Ҷӯраев С. дар назди виҷдон, ҷомеа ва қонун ҷавоб гӯям.

Вобаста ба мақолаҳое, ки дар ҳафтаномаҳои “Фараж”, таҳти унвони “Изҳороти кушодаи адвокат Ҷӯраев С”, “Азия – Плюс” бо сарлавҳаи “Адвокат уполномочен заявить” ва “Озодагон” бо номи “Исфарагиҳоро говсуд карданд?” 20 январи соли 2010, роҷеъ бо парвандаи ҷиноятӣ нисбати Одилов Д. ва дигарон ҷамъ 33 нафар ба нашр расидаанд, манзур намудани иттиллои мазкурро мувофиқи мақсад меҳисобам:

Сараввал қайд кардан бамаврид аст, ки тибқи талаботи банди 3, моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма”, идораи воситаҳои ахбори омма ва рӯзноманигор ҳукуқ надоранд дар ахборашон натиҷаи мурофиаи судии кори мушаххасро пешакӣ баён кунанд ё пеш аз эътибор пайдо кардани ҳалнома ё ҳукм ба суд ба тарзи дигар таъсир расонанд.

Аммо, мутаассифона бархилофи меъёри Қонуни дар боло зикргардида, идораҳои воситаҳои ахбори оммаи номбурда, бо мақсади фишороварӣ ва расонидани таъсири манфӣ, барои ҳимояи манфиатҳои шахсии адвокат Ҷӯраев С. ба фаъолияти кории коллегияи судӣ оидба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки парванда дар мавриди баррасии кассатсионй дорад, изҳороти ӯро бе таҳлилу санҷиш ва ба назари эътибори нагирифтани талаботи меъёрҳои Қонун ба нашр расонданд.

Мувофики талаботи моддаҳои 6 ва 14-и Қонуни мазкур бошад, ин амали воситаҳои ахбори оммабарои катъи фаъолияти воситаҳои ахбори омма асос мегардад, зеро тибқи мукаррароти моддаҳои номбурда, истифодаи воситаҳои ахбори омма барои дахолат кардан ба хаёти шахсии шаҳрвандон, дидаву дониста чоп кардани хабару мақолаҳои дурӯғин, маълумотҳои тӯҳмату иғвоангез, шаъну шарафи шаҳрвандон, макомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои” ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳоро паст мезананд, манъ аст.

Ҳол он ки адвокат Ҷӯраев С. тавре ӯ худро ҳамчун ҳуқуқшиноси “варзидаву шинохта” муаррифӣ менамояд, хуб медонад, ки дар ҳолати норозӣ буданаш бо санадҳои қабулкардаи марҳилаҳои гуногуни судӣ, тавассути таъсиррасонии ғайриқонунӣ тариқи воситаҳои ахбори омма неву балки тибқи муқаррароти Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ метавонад вачҳҳои худро оиди бегуноҳии зерҳимоягонаш ба судҳои зинаҳои кассатсионӣ ва назоратӣ пешниҳод намояд.

Чунки мутобиқи моддаи 7-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судхри Ҷумҳурии Тоҷикистон” хар гуна дахолат ба фаъолияти судя ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ манъ аст ва тибқи қонун ҷавобгарӣ дорад.

Таъсири ғайриқонуни расони-дан ба судя ва машваратчии халк ки дар ба амал баровардани адолат судй ширкат меварзад ба мақсади халал расонидан ба баррасии, ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи парвандаи мушаххас ё ноил шудан ба баровардани санади ғайриқонунии судӣ тибқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарӣ мебошад.

Воситаҳои ахбори омма ҳуқуқ надоранд, ки дар иттилооти худ натиҷаи баррасии парвандаи мушаххасро пешакӣ ҳал намоянд.

Бар замми он, адвокат Ҷӯраев С. ҳамчун “ҳуқуқшиноси шӯҳратманди касбӣ” анику равшан медонад, ки мутобиқи талаботи моддаи 345-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар шакл дахолат кардан ба фаъолияти суд бо мақсади монеъ шудан ба татбики адолати судӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда шудааст.

Новобаста ба талаботи аз меъёри моддаи 345 КҶ Ҷумҳури Тоҷикистон бармеомада, яъне барои дар ҳар шакл дахолат кардан ба фаъолияти суд бо мақсади монеъ шудан ба татбиқи адолати судӣ, ки ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро ба мӯҳлати то ду сол мукаррар кардааст, адвокат Ҷӯраев С. бо ҳар роҳ дидаю дониста, бо роҳи иръоб (шантаж) барои ба мақсадҳои худ ноил гардидан, даст ба ин гуна амали ғайриконунй зада, бо ҳамин васила кӯшиши пайдо намудани афкори манфии ҷомеаро нисбати ҳокимияти судии кишвар кардааст, ки ин мувофиқи мақсад намебошад. Аз ҷумла, аз ин кирдори иръобонаи адвокат Ҷӯраев С., муроҷиатномаи хаттии ба Суди Олӣ пешниҳоднамудааш оиди парвандаи ҷиноятӣ нисбати Одилов Д. ва дигарон ҷамъ 33 нафар шаҳодат медиҳад, ки дар он худи ӯ 24.07.2009 сол иброз намудааст: “… ман дар суди Коллегияи кассатсионии Суди Олӣ ва тавассути ахбори умум аз пешниҳод намудани ин далелҳои шайъӣ (кассетаҳо)-ро оид ба ғайриқонунии ҳукми Суди Олӣ даст мекашам. Зеро ҳеҷ гоҳ, ки алайҳи ин парвандаи сиёсй ва ҳаром то охир мубориза намебарам.

Фақат аз Раиси Суди Олии ҶТ эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки кори ҷиноятии Розиқов Ҳикматуллоро… хал намуда, ба ҳукми ғайриқонунӣ ва беадолатона ба Президиуми Суди Олӣ эътирози назоратӣ оварда, онро бекор ва мутобики кирдораш ба ӯ ҷазои сазовор таъин намоед”.

Ваҷхи адвокат Ҷӯраев С. дар хусуси он-қи як қатор ҷиноятҳои камахамиятро, ки дар алоҳидагӣ ба вуқӯъ пайвастаанд, ғайриқонунӣ муттаҳид, намуда ба суд пешниҳод кардаанд. Вале пешниҳоди химоя оид ба аз ҳам ҷудо намудани парвандаи куштор, корҳои алоҳида ва айбномаҳо ва баргардонидани парванда барои тафтишоти иловагӣ баҳри рафъи нуқсонҳои моҳиятан муҳим аз ҷониби Суди Олӣ нодуруст рад карда шудаанд, асоси ҳуқуқӣ надошта, ин ваҷҳи ӯ бар хилофи талаботи моддаи 140 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор гардидааст.

Ваҷҳи дигари адвокат Ҷӯраев С. оиди он ки гӯё ман таи се ҳафта ҳукми қаблан навиштаву моҳиятан сафедкунандаро рӯинавис карда, ҳукми навро бо дастури Раиси Суди Олӣ мутобиқгардонда бошам, дурӯғи маҳз, беасос хушку холӣ буда, нисбати ман ва Суди Олй тӯҳмат мебошад. Зеро адвокат Ҷӯраев С. хуб медонад, ки ҳайати суд таҳти раисии ман тайи зиёда аз 26-рӯз дар хонаи машваратӣ қарор дошта, ҳукми суд тибқи талаботи моддаҳои дахлдори боби 26-и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хонаи машваратӣ таҳия ва ба имзо расонида шуда, рӯзи 9 июни соли 2009 он дар маҷлиси кушоди судӣ эълон ва ба табъи тамоми иштирокчиёни мурофиаи судӣ расонида шудааст.

Ҳамзамон худи адвокат Ҷӯраев С. низ дар мақолааш тасдиқ менамояд, ки суд рӯзи 9 июни соли 2009 аз хонаи машваратӣ баргашта, қисми мукаддимавӣ ва хулосавии ҳукмро қироат кардааст. Аз мазмуну мӯҳтавои ҳукми қироатгардида маълум буд, ки он ҳукми сафедкунанда набуда, балки айбдоркунӣ мебошад, ки ин ваҷхҳои навбатии Ҷӯраев С.-ро дар хусуси гӯё иваз кардани ҳукми суд пурра инкор менамояд.

Дар чунин будани холат, ба ақидаи адвокат Ҷӯраев С., ки гӯё суд ҳукми сафедкунандаро партофта ба ҷои он тайи се ҳафта ҳукми айбдоркуниро таҳия дода бошад, ба ҳолатҳои воқеии кор рост наомада, фикру ақидаҳои бофтаю сохтаи беасоси ҳуди Ҷӯраев С. мебошанд, -ки нисбати ман тӯҳмати маҳз аст.

Бояд қайд намуд, ки барои ин кирдори адвокат Ҷураев С. дар моддаи 135-и Кодекси ҷиноятӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар гардидааст, ки мувофиқи он барои дидаву дониста паҳн кардани маълумоти бардурӯғ, дар воситаҳои ахбори омма, бо гунаҳгор донистани шахс дар содир намудани ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин, ки обрӯю эътибори шахси дигарро паст мезанадё ба номи некаш нанг меорад, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯхлати аз се то 5 сол ҷазо дода мешавад.

Иддаои дигари адвокат Ҷӯраев С. оиди сари вақт насупоридани нусхаи ҳукм ба Прокуратураи генералӣ ва маҳкумшудагон низ асоси ҳуқуқӣ надошта, мутобиқи талаботи моддаи 324 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон нусхаи ҳукм фақат ба шахси гунаҳгор эътирофшуда ва сафедкардашуда супорида мешавад, на ин ки ба прокурор. Дар хусуси ин муқаррарорти қонун худи адвокати “варзида” Ҷӯраев С. хуб огаҳ мебошад.

Ба ҷуз аз он, ҳаҷми ҳукми суд 528 саҳифаи чопиро ташкил дода, танҳо барои ба маҳкумшудагон ду нусхагӣ супоридан зарурияти зиёда аз 33.000 саҳифа чоп кардан ба ман лозим омад ва танҳо бо сабабҳои техникӣ нусхабардории ҳукм вақти зиёдро гирифта, он ба маҳкумшудагон дар вакти муқарранамудаи қонунгузории мурофиавӣ супорида нашудааст.

Тазаккур бояд дод, ки барои таъмин накардани иҷроиши талаботи қонун оиди саривақт ва дар мӯхлати муқаррарнамуда насупоридани нусхаи ҳукм ба маҳкумон, дар асрси Қарори Раиси Суди Олӣ, ман аз ҷониби коллегияи тахассусӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудам.

Ҳамчунон навиштаҳои Ҷӯраев С. бобати он ки Раёсати Суди Олӣ гӯё дар ҷаласаи пӯшида баргузор гардида, шахсён Раиси Суди Олӣ адвокатро аз ҷаласа беканор намуда бошанд, ба ягон ҳолати воқей рост намеояд. Зеро аввалан Раёсати Суди Олӣ умуман дар ҷаласаи пӯшида гузаронида нашуда, баъдан парвандаи ҷиноятии аз ҷониби Ҷӯраев С. номбаршуда нисбати Ашӯров 0. ҳанӯз то соли 2006 дар марҳилаҳои гуногуни судӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, Абдуллоев Н. бошад, фаъолияти худро ҳамчун Раиси Суди Олӣ аз охири соли 2006 оғоз намуда, ба ин парвандаи ҷиноятӣ ягон иртиботе надорад.

Ваҷҳҳои навбатии Ҷӯраев С. ҷиҳати он ки гӯё ҳаракатҳои маҳкум Қодиров А.Р. ғайриқонунӣ барои як амал бо якчанд моддаи Кодекси ҷиноятӣ банду баст ва ӯ маҳкум гардида бошад, қобили қабул намебошад. Зеро мувофиқи талаботи моддаи 20- и Кодекси ҷиноят як кирдоре, ки аломатҳои ҷиноятӣ дар ду ё бештар моддаи ҳамин Кодекс пешбинигардидаро дорад, ҳамчун маҷмӯи ҷиноятҳо эътироф карда шуда, ҳангоми содир намудани маҷмӯи ҷиноятҳо, барои ҳар ҷинояти содирнамуда, тибқи муқаррароти Кодекси ҷиноятӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Хонандаи азиз! Ман диққати шуморо ба як ҳолат ҷалб намуданиам. Адвокат Ҷӯраев С. дар изҳороташ худро ҳамчун ҳамоягари яке аз маҳкумон бо парвандаи ҷиноятии зикргардида – Ҷӯраев Толиб муаррифӣ намудааст. Тааҷҷубовар аст, ки ӯ чӣ тавр ва бо кадом ҳуқуқи маънавӣ худро ҳимоячии Ҷӯраев Т. меҳисобад, зеро дар рафти мурофиаи судӣ дар натиҷаи муносибати дағалу дурушти ӯ ва расидан ба иззати нафси Ҷӯраев Толиб охирин қотеона аз хизмати ин адвокати “шинохтаву варзида” расман даст кашида, минбаъдҳукуку манфиатҳои ӯро адвокат Расулов Б. ҳимоя намудааст.

Ваҷҳҳои адвокат Ҷӯраевро дар хусуси бёгуноҳии зерҳимоягони ӯ, банду басти ҳаракатҳои маҳкумон ва ҷазои гӯё ба онҳо ноадолатона таъин гардиданаш, ман мавриди баҳс қарор намедиҳам, чунки парвандаи ҷиноятӣ айни ҳол дар марҳилаи кассатсионӣ баррасӣ карда шуда, ҳаллу фасли он ва санҷидани ваҷхдои пешниҳодгардида ба салоҳияти коллегияи судй оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ тааллуқ дорад.

Хонандагони гиромӣ! Тавре ман қаблай иброз доштам, аз рӯзи аввали мурофиаи судӣ адвокат Ҷӯраев С. ба ҳар роҳу восита кӯшиши ба ман таъсир расонидан карда, маро ба баровардани ҳукми беасосу ғайриқонунӣ моил менамуд. Пас аз он ки ин кӯшиши ӯ ба ҳадаф нарасид, бо роҳи иръобу таҳқир амали дигареро пеш гирифт. Ҷӯраев С. пеш аз ҳама бар хилофи талаботи ҳамагуна меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи мурофиавӣ амал намуда, ҳангоми сӯҳбат бо ман, ғайриконунӣ, бо роҳи пинҳонӣ бар хилофи иродаи манн, бо вайрон кардани талаботи моддаи 8-и Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи фаъолияти оперативи-чустучуи, хукукхои конститутсионии шахрвандонро ба махфияти гуфтугухои телефонии махдуд мекунанд дар асоси иҷозати прокуррр ва ё карори суд роҳ дода мешавад, гуфтушуниди маро бо худаш худсарона ба лентаи овоз сабт намуд.

Ҳамзамон адвокат Ҷӯраев С. ҳамчӯн “донандаи хуби” Кодекс ҷинояти медонист, ки тибқи талаботи моддай 334 барои худсарӣ, яъне худсарона бар хилофи Тартиби муқаррарнамудаи қонун ё санади дигари меъёрии ҳуқуқӣ ба амал баровардани ҳуқуки воқеӣ ё эҳтимолӣ, ки ба хуқуку манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи шаҳрвандон ё манфиатҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ зарари ҷиддй: расонидааст, ҷавобгарии чиноятй пешбинй гардидааст.

Аммо «мутахассиси конундон” адвокат Ҷӯраев С. дидаву дониста, ки ӯ хуқуқи сабт намудани овози дигар шахсро надошта сабти мазкурро ҳамчун далел истифода бурдан мумкин нест, зеро мутобиқи талаботи моддаи 63-и Кодексй; мурофиавии чиноятӣ далеле, ки бо вайрон кардани меъёрҳои конунгузории мурофиавӣ ба даст оварда шудааст, далел эътироф карда намешавад, худсарона гуфтугуи маро ба лентаи аудиои сабт намуд. Бо ин амалаш дар хусуси хаёти манн гайриконуни маълумотхоро чвмъ карда, хамчунон махрамияти сухбахои маро б5 истифоди мақоми хизматиаш ва воситахои махсуси техникӣ вайрон карда, ба ҳуқуқ, ва манфйатхои конуний ман зарари маънавӣ расонид, ки барои ин амал бо моддаҳои 144 ва 146-и Кодкеси ҷмноятӣ чавобгарии ҷиноятӣ мукаррар гардида, бобати ин масъала ми хизматиаш ва воситаҳои махсуси техникй вайрон карда, ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ман зарари маънавӣ расонид, ки барои ин амал бо моддаҳои 144 ва 146-и Кодкеси ҷиноятӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар гардида, бобати ин масъала ман ба суд муроҷиат кардаам.

Инчунин, Ҷӯраев С. аз ваколатҳои адвокатии худ бар хилофи манфиатҳои идоравии ташкилоти ҷамъиятй, яъне маслиҳатхонаи ҳуқуқй, бо мақсади ба даст овардани фоида ва бартарй барои худ ва барои дигарон истифода бурда, бо ин кирдораш ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ман ва ҳокимияти судӣ зарари ҷиддӣ расонидааст, ки барои ин кирдори ӯ дар моддаи 295 Кодекси ҷиноятй ҷавобгарӣ пешбинӣ гардидааст.

Аз ин рӯ, хонандагони азиз, гуфтаҳои бо лентаи овоз сабт гардидаи ман дар хусуси он ки шахсони дигари мансабдори давлатй ва Раиси Суди Олӣ Абдуллоев Н. гӯё пора гирифта бошанду ба ман Раиси Суди Олӣ Абдуллоев Н. фишор оварда, ҳукми айбдоркуниро нисбати Одилов Д. ва дигарон ҷамъ 33 нафар бо дастуру супориши ӯ таҳия дода бошам, дурӯғи маҳз буда, ба ягон ҳақиқато ҳол рост намебошад, Ман ба хотири аз думболагирии Ҷӯраев С. халос шудан, зимни гуфтугу бо ӯ бе мақсади тӯҳмат, Раиси Суди Олй ва дигар шахсони олимартабаро барои гирифтани пора ва фишороварй тӯҳмат намудам, ки барои ин амали ношоистаи худ аз онҳо расман бахшиш пурсида, омода ҳастам, ки дар баробари адвокати “варзида” Ҷӯраев С. дар назди виҷдон ҷомеа ва қонун ҷавоб гӯям.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: