Андешидан ва гуфтан магар номардист?

Як нафар чунин мактуб навиштааст ва ин ягона мактубест, ки ин гуна талабот мегузорад. Бисёр мехостам фикри дигархоро дар ин бора дар хамин чо гузорам.

Шахсан ман хам мисли хамаи точикон орзу дорам, ки сиёсати давлати мо дуруст равад,  тамоми халк шоду хурсанд бошанд, зиндагияшон орому осуда ва бою пулдор бошад. Мехохам, ки ниругохи баркию обии Рогун сохта шавад ва мо аз фишори узбакхо начот ёбем. Аммо намефахмам, чаро…

барои ин ман бояд монанди ин бародар гуломтабиат бошам ва чизе, ки ба сарам бор кунанд, мусулмонй гуфта, хомуш бишинам ва фикру акидае хам надошта бошам. Ин мактубро бихонед ва худ казоват кунед:

Бародари азиз! Мехостам аз сайти мазкур суханону андешахое, ки ба сиёсати имрузаи давлат, Президент ва хам сохтмони НБО Рогун мухолифаткунандаро бартараф намои! Мо шабу руз мехнат мекунем, ки давлатамон обод шавад таракки ёбем. Сиёсати имрузаи давлата халк ба назарам дуруст дарк кардааст. Ман агар дар ин мавзуъ бо ту бахс намоям мумкин хотираи сервер нарасад, лекин мо бояд мард шавем. Мард миёна баста мехнат мекунад. Гайбату сифат аз чихати мусулмони хам нодуруст аст.

Якумин бор мефахмам, ки сухани хакку озод гуфтан мардй набудааст. Пас хар касе ки сухани хак мегуяд, номард аст? Ба ин бародар хамаи серверхоро медихам, исбот кунад, ки гапаш хак аст. Шарти якуми ман ин ки мард ворй ному насаб ва чои корашро нависад. Он вакт мешавад мардона бахс кард.

6 Responses

  1. сухане ки таъби гуши бародаро омад маъкулаш мегирад ва он чи ки ба гушаш нафорид номарди аст.

    «Мо шабу руз мехнат мекунем, ки давлатамон обод шавад таракки ёбем.»
    Бале мардум мехнат мекунанд ва президент Рахмон бо ахли оилаш кайфу сафо карда мегарданд.
    Рахмон фармон медихад ки Алимардон аз Чопону Шветсария аз бучаи давлати барои занаш гарданбандхои киммат харида ояд.

    Хамон Рахмони бефахм барои хизмати адвокатхо 128 миллион доллари амрикои сарф кард аз бучаи давлат, натича чи шуд, хеч чи, пуч.
    Мардуми Точикистон бошад 167 миллион доллари амрикои дар кариби як мох барои Рогун хайрия доданд. Ха, бале хайрия монанди сахмияхои Сангтуда
    мешаваду меравад.

    Чи бародар аз номи халк гап зада истодаи, ту чи намояндаи мардуми. «Сиёсати имрузаи давлата халк ба назарам дуруст дарк кардааст. » Хело хуб дарк карда истодаем ин сиёсати горатгарию дуздиви номардиро.

    Вакте ки дар таввалудхонахо навзодахои ояндаи точик вафот мекунанд аз сабаби набудани барк ва Рахмон дар хонаш кувваи барк дораду чахоннаморо тамошо карда мешинад инро номарди мегуянд бародар.

  2. Рустами азиз,
    Камина бо ин пора аз гуфтори шумо, ки мефармоед: «мусулмонй гуфта, хомуш бишинам», мувофиқ нестам. Лозимаи ин гуфтор он аст, ки ҳар ки мусалмонй бигўяд, пас бояд хомўш нишинад. Хомўш нишастану дар баробари беадолатй сукут ихтиёр кардан, на ин ки бо мусалмонй созгор нест, балки кирдорест сад дар сад мухолифи ислому мусалмонй. Шояд барои «мусалмоннамоҳое», сукут дар баробари беадолатй, нишонаи исломашон намояд, аммо ин рабте ба асли дини ислом надорад.

    Нахустин нишонаи мусалмонй, инкори ҳар навъ беадолатй ва хуруч бар зидди ҳар навъ зулуму ситам аст. Калимаи шаҳодат, ки бо гуфтани он, шахс ба ислом мегарояд, бо лафзи «Ло» (яъне нест) шурўъ мешавад. Ба ин маъно, ки мусалмон пеш аз иқрор ба ваҳдонияти Худо, «худои»-и худонамоёнро инкор ва бар алайҳи эшон хуруч мекунад. Мегўяд: Ло илоҳа, яъне «не» бар ҳар «худое», чобире, золиме, диктаторе, худкомае ва мутакаббире, ва он гоҳ мегўяд: Иллаллоҳ…

    Ба иборати дигар, мусалмон пеш аз мусалмон шудан, бояд кофир шавад; кофир ба ҳар худхоҳе…
    Аммо он чи ин бародар мегуяд, фикр намекунам, андешаи як точики дилсуз ба ватанаш бошад. Касе ки ба ватану кишвараш дилсуз аст, ҳатто агар тарафдори сиёсати кунунии давлатмадорон аст, аз рўи дилсўзи ҳам ки бошад, бояд айбу костаи дустдоронашро ошкоро бигуяд. Дустдор он нест, ки ҳамеша лаббайк руи дусташ мегуяд, балки дустдор он касест, ки ҳар вакт дид айбе дар миён аст, онро ошкоро баён медорад, то дусташ айби хеш бартараф созад…
    Комёб бошед.

  3. Чаноби устод Истравшанй. Хидматхои Шумо дар маърифати динй ва фалсафй хеле бузург аст ва ба зери хар калимае, ки олихимматона ва донишмандона ин чо навиштед, омодаам, бо чону дил имзо кунам.

    Ман вожаи «мусулмонй»-ро махсус ворид кардам, харчанд аз гуфтори он бародар бармеомад, ки гайбату сифат аз лихози мусулмонй нодуруст аст.

    Бадбахтй дар ин аст, ки холо ба мардуми мо мусулмонй гуфта, гуломиро ёд дода истодаанд. Дарачаи олии он — Подшох сояи Худо дар замин.

    Инсон як бор ба дунё меояд ва озод ба дунё меояд ва бояд озод хихаду озод бимирад. Хеч чиз дар чахон ба мисли озодй инсонро сарбаланд намекунад.

    Холо мехоханд, озодиро бо такво ва порсоиву пархезгорй мукобил гузоранд.

  4. Рустами азиз,
    Камина сад дар сад бо гуфтаи шумо мувофикам. Оре, бадбахтй он чост, ки давлатмадор барои расидан ба аҳдофи палидаш, аз абзори дин истифода кунад, ва диндор барои матомеи пасти дунё, динро он гуна ки давлатмадор мехоҳад тафсир кунад.
    Чумлаи «Подшоҳ сояи Худо дар замин аст», аз он маворид буда ва мутаассифона мавриди суистифодаи давлатмадорони динмаобу динмадорони бедин карор мегирад.
    Дар сурате ки мавлои муттакиён мефармояд:

    Ҳурран вулидта фа ло такун мустабъадо
    Лал-абд кунта ва ло сивокас-саййидо

    Яъне:

    Ту озод зода шудай, пас бардаи касе мабош,
    На барда будиву на касе хочаи ту

    Комёб бошед.

  5. Salom barodari Rustam. Man tarafdori fikrihoi shumo hastam. Ammo yak chize, baroyam bisyor va nihoyat bisyor achoib ast, ki charo donishmandoni mo, ruznomanigoroni mo, ciyosatmadoroni mo,…berum az vatan rafta fikrihoi xudro dar borai Tojikiston dar borai zindagii xalki tojik va gayra ibroz mekunan.
    Biyoet ba Vatani xud bargardem, yak shavem dar vanat, vatanro obodu zebo namoyeem, chi farke dorem az digar davlathoi Osiyoi Miyona. Agar shumo az Hukumat norozi boshed az kori hukumat norozi boshed dar idorahoi hukumati kor nakuned.. Roh hast. Biyoed, JOMEAI GRAJDANIRO bunyod zocem dar Tojikiston, ki in jomea iborat az ziyoiyon (Inteligensiya) boshad. Dar Vatan kor kardan baroi mardumi xud xizmad kardan, umedi mardumi xudro ba oyanda.. In hast ba fikri man yak Mardonagi, Javonmardi, Shujoati..

  6. Факат РУСИЯ метавон сиесати точикро дигар кард бояд аз онхо кумак пурсид. Дигар ягон илоч нест!!! Бовар кунед!!! Россия поставила Россия и снимет !!!

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: