Узбекистон демократитар аст ё Точикистон?

Одат шудааст, ки Узбекистон хамчун кишвари диктатурй ном бурда шавад ва дар сояи он Точикистонро каме рахм кунанду нисбат ба хамсояаш бехтар номанд.

Аммо имруз, 27 январ дар робита ба интихоботи парламентии Узбекистон хамаи хайъати хукумати Узбекистон пурра ба истеъфо рафт ва аз руйи натичахои интихобот хукумати нав ташкил карда мешавад. Ислом Каримовро диктатор меноманд, аммо дар хукумати вай намояндагони хамаи вилояту махалхои Узбeкистон хастанд.

Дар Точикистон хайъати хукумат ба интихобот ягон вобастагй надорад. Пагох-фардо президент Эмомалй Рахмон мачлис мекунад ва касеро хохад берун мекунаду касеро хохад дарун мекунад. Вай яккаву ягона худаш хукуматро ташкил мекунад ва аз кихо иборат будани он ба хама маълум аст. Бовар кунед, боз хамин одамон мемонанд факат идораашонро дигар мекунанд. Як корро натавонистанд, ба кори дигар гузошта мешаванд.

Интихобот бошад, охири феврал доир мешавад. Дар тамоми дунё интихобот барои он даркор аст, ки аз руйи натичахояш хайъати хукумат сохта шавад. Дар Точикистон хамаи корхо чапа аст. Аввал хукуматро ташкил мекунанд, баъд интихобот мегузаронанд. Хамин худаш далел нест, ки ин интихоботест, ки натичахояш пешакй маълуманд? Онхоро хам чаноби олй муайян мекунад, не?

4 Responses

  1. Рустами гиромй. Хушхолам, ки торнигоратон баруз шудааст. Аммо дар имлои вожаи «Узбакистон» ду навъи навиштро ба кор бурдаед. Бехтар аст, ки якдаст шавад. Поянда бошед.

  2. Ташаккур ба шумо барои ишораатон. Холо ислох карда шуд.

  3. Рустами гиромй. Сипос аз таваччухатон. Аммо оё исроре хаст, ки «Узбакистон»-ро ба он шевае, ки то кунун мегуфтему мегуем, иншо накунем?

  4. Мухтарам мухаррири ин сомона. Хуб мебуд агар макола пурра дар сафхаи аввал чойгир намешуд, зеро маколахое, хастанд, ки хонданбоб барои касе хаст, ва аммо барои дигари он кадар хонданбоб нестанд. Агар кисми аввали макола чойгир мешуду пасон гузариш ба маколаи пурра. Узр агар хотиратонро парешон кардам

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: