Изҳороти кушодаи адвокат Солеҳҷон Ҷӯраев оид ба вайронкунии ҳуқуқи инсон

«Фараж» №03 20.01.10 Солеҳҷон Ҷӯраев

Зиндагиномаи муаллиф:

Солеҳҷон Ҷӯраев дар Самарқанд «таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик. Факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, муфаттиши прокуратураи ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе шуда кор кардааст. Аз соли 1978 дар дастгоҳи марказии прокуратураи Тоҷикистон ба ҳайси муфаттиш, муфаттиши калон оид ба парвандаҳои махсусан муҳим дар назди прокурори ҷумҳури, муовини сардори раёсати тафтишоти, сардори сарраёсати тафтишоти – муовини прокурори генерали, иҷрокунандаи вазифаи Прокурори генералии Ҷумхурии Тоҷикистон фаъолият бурдааст. Сипас, ба сифати адвокат дар шаҳрҳои Самарқанд, Москва ва вилояти Самараи Федератсияи Россия кор кардааст.

Солеҳҷон Ҷӯраeв ба фаъолияти як қатор бригадаҳои тафтишоти, аз он ҷумла гурӯҳи шомили бригадаи тафтишотии Прокуратураи генералии СССР таҳти роҳбарии Гдлян-Иванов бомуваффақият рохбари кардааст.

Прокуратураи генералии СССР борҳо таҷрибаи мусбати кори С.Ҷӯраевро оид ба тафтиш ва фош намудани парвандаҳо оид ба куштор, норрупсия ва ҷинояткории муташаккил паҳн намудааст.

Чанд маротиба яке аз бехтарин муфаттишони мақомоти прокуратураи СССР, ҳамчунин адвокати бехтарини сол дар Тоҷикистон эътироф гардидааст.

Барои хизматҳояш дар таҳкими қонуният ва фош кардани ҷиноятҳои махсусан хавфнок С. Қӯраевро хамчун муфаттиш ба ду мукофоти хукумати сазовор донистаанд.

Ба Президепти Ҷумҳурии Тоцикистон, Эмомали Раҳмон

Ба ҳамаи вакилони Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Точикистон,

ОМБУДСМАН Зариф Ализода

Ба Прокурори гепнералии Ҷумҳурии Точикистон Бобохонов Б.К.

Ба Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Точикистон Азимов А.Н.

Ба Директори Бюро оид ба ҳуқуқи инсои вариояи қонуният Зокирова Н.

Ба Воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Точикистон Ба коллегияи Касатсионии Суди Олии ҶТ

Бо арзи эҳтиром ва ифодаи томи пуштибони аз сиёсати Шумо оид ба ташаккули давлати ҳуқуқбунёд, Волоияти қонун ва ҳокимияти мустақили судӣ дар мамлакат, ва пайгирии дастурҳоятон бобати риояи адлу адолат гузашт накардан ба мансабдорон, огоҳ намудани мақомоти давлатӣ аз хусуси конуншиканиҳо ва худсариҳо дар ҷомеа бо мақсади решакан кардан, роҳ надодан ба ин гуна икдом, дар такя ба савгандатон нисбати ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон, умедворам, ки барои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб тадбирҳои қатъй меандешед. Инчунин таъқиби пайвастаи системавии ман чун адвокат аз ҷониби судяҳо маҷбур сохтанд, ки ба Шумо муроҷиат намоям.

Сухан аз боби қонуншиканиҳо дар фаъолияти Агентй оид ба назорати давлатии молиявӣ ва мубориза алайҳи коррупсия, Суди Олӣ ва хомӯшнишинии мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи шаҳрвандони бегуноҳ маҳкумгардидаи мамлакат, таҷрибаи пурнуқсоне меравад, ки ба асосҳои давлати ҳуқуқбунёд ва сиёсати Шумо мухолифанд.

Вазъият махсусан дар судҳои шаҳри Душанбе, хоса Суди Олӣ, ки новобаста аз натиҷаҳои баррасии судии парвандаҳо ва пешниҳоди далелҳои боэътимоди ҳимоя оиди беасос будани айбномаҳо онҳоро ғаӣриқонунӣ нодида гирифта рад менамоянд, ташвишовар аст. Ва гунаҳкории судшавандагон мутобики принсипҳои Конститутсионии татбиқи адолати судӣ, яъне дар Хонаи машваратй аз ҷониби худи судяҳои бевосита парвандаҳоро баррасӣ карда не, балки аксаран дар кабинети Раиси Суди Олй Абдуллоев Н.А. халлу фасл мешаванд, ки моддаҳои 84 ва 87 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон карда, сарфи назар аз бегуноҳии шахс худсарона такдири онҳоро ҳал менамояд ва дар ҳукмномаҳо айбномаи ғайриқонунй ва беасоси мақомоти тафтишоти пешакиро, ки дар суд тасдиқи худро наёфтаанд, бидуни тағйирот рӯбардор мекунанд.

Дар аксар ҳолатҳо тибқи дастури раисони судҳо ҳукмҳои ғайриқонунии айбдоркунанда ва қарори беасоси судҳои зичаҳои аввалро бетағйир гузошта, ҳукмҳои қонунии сафедкунанда, қарор ва ҳалномаҳои дуруст бошад, бо баҳонаҳои сохтаю беасос бекор карда мешаванд.

Мутаассифона, ин гуна далелҳои аниқи сершумор мавҷуданд ва даҳҳо парвандаҳо, аз ҷумла парвандаҳои Зарифов, Маматалиев, Ҳафизов, Абдуллоев, Юсуфовҳо, Ашӯров, Раҳматов, Шамсиддиновҳо, Сатторова, Турманов ва Хоҷахонова, Розиқов, Алиев ва ғайраҳо, инчунин «парвандаи исфарагиҳо» бо айбдоркунии 33 нафар фақат ба фаъолияти ман ба ҳайси ҳимоятгар марбутанд.

Ҳайратовар он аст, ки дар навбати аввал Агентӣ (собиқ директор Ш.Салимзода), баъзан ҳатто судяҳо хилофи принсипҳои Конститутсионӣ оид ба эҳтимолияти бегуноҳӣ ҳанӯз то баровардани ҳукми айбдоркунанда ва гунаҳкор дониста шудани шахс аз ҷониби суд роҳбарияти мамлакат ва ахли ҷомеаро раҳгум занонда, тавассути воситаҳои ахбори омма одамони гумонбар ва айбдоршударо ҷинояткор, гуноҳашонро исботшуда эълон менамоянд ва тасаввуроти дурӯғинро оид ба гунаҳкории онҳо дар хусуси содир намудани дуздиҳои бисёрмиллионаи маблағҳои давлатӣ ва дигар ҷиноятҳои махсусан вазнин, ки дар асл вуҷуд надоранд, ташаккул медиҳанд. Хоса, дар Суди Олй, новобаста аз натиҷаҳои баррасии парвандаҳо дар суд, бо назардошти он ки ин нукта гӯе дастури роҳбарияти мамлакат аст, тибки асосҳои бофта ҳатто одамони бегуноҳро ғайриқонунӣ маҳкум менамоянд ва ба мӯҳлатҳои гӯшношуниди дар моддаҳои Кодекси Ҷиноятӣ пешбининашудаи ҷазои аз озодӣ маҳрум кардан ҳукм мебароранд ва принсипҳои адолатро вайрон мекунанд. Ҳамчунин Конститутсия ва моддаи 57-и КҶ ҶТ вайрон намуда, ғайриқонунӣ молу мулки ба маҳкумшудагон тааллуқ надошта ва молу мулки мансуб ба шахсоне, ки ҳатто судшаванда нестанд, мусодира карда мешавад.

Мисолҳои зерин таваҷҷуҳи хосаро тақозо доранд:

I. Вобаста ба парвандаи кинорежиссёр Турманов Раҳматулло, ки аз ҳисоби худ фаъолияти корхонаи воҳиди «Легпромконтракт»-и қаблан аз сохтори Вазорати иқтисод ва саноати ҶТ соқитшударо бо истифодаи маблағҳои шахсӣ ва пасандозҳои хешу табор барқарор намудааст ва дар натиҷаи фаъолияти соҳибкорӣ тайи давраи солҳои 2002-2007 ба ҳисоби давлат зиёда аз 6 миллион сомонй ҳаққи андоз ва дигар пардохтҳоро супоридааст.

Баъди муроҷиати хаттии ӯ ба Агентӣ оид ба андешидани тадбирҳо нисбати ғоратгарони моликияти шахсиаш ва шахсони масъули мақомоти милиса, ки тадбирҳои қонунӣ наандешидаанд, тафтишгарон ва муфаттишони Агентӣ барои халлу фасл намудани аризаи ӯ борҳо аз Турманов Р. ва писари вай пораи ҳаҷман калонро тамаъҷӯӣ намудаанд. Вақте ӯ ин корро рад мекунад, қасдан санади тафтиш-ревизия ва айбномаи сохта таҳия кардаанд, ки тибқи он дар фаъолияти коргоҳи муаллифи аризаҷабрдида гӯё ба ҳаҷми 1,6 миллион сомонӣ камомади маблағи давлатӣ вуҷуд дорад ва аз ин ҳисоб Турманов Р. гӯё 620 ҳазор сомониашро дуздидаасту аз пардохти ҳаққи андоз ба миқдори 298 ҳазор сомони саркашӣ менамояд. Ҳарчанд далелҳои дақиқ, аз ҷумла, асноди расмии вазорат ва мақомоти андоз тасдиқ кардаанд, ки Турманов Р. маблағҳои давлатиро истифода набурдаасту надуздидааст ва ҳангоми санҷиш на ин ки Турманов Р., балки мақомоти андоз назди ин корхона ба микдори 325 хазор сомонӣ қарздор будаанд.

Бо вуҷуди ин Турманов Раҳматуллоро дидаву дониста ғайриқонуни ба ҳабс гирифтаанд ва бар сари ҷабрдида дар асоси бофтаҳо айби «дуздӣ»-и маблағҳои шахсӣ ва саркашӣ аз андозро бор кардаанд, инчунин Агентӣ ғайриқонунӣ фаъолияти корхонаро манъ кард.

Ба шикояти чандикаратаи айбдоршаванда ва хешовандони ӯ оид ба сохта будани парванда мақомоти Агентӣ ва прокуратураи ш. Душанбе вокуниш нишон надодааст. Ва баъди муроҷиат бо аризаи дастаҷамъӣ ба директори Агентӣ ғайриқонунӣ на фақат ӯ, балки наздиконаш низ зери таъқиб қарор гирифтаанд, сипас, дар заминаи хаёлоти бофтаи содир намудани ду ҷинояти вазнин дигар аризадиҳанда – ҳамсари Турманов Р. -К. Хоҷахоноваи бегуноҳро ҳам ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидаанд. Ба Турманов Р., ки пештар аз руи ду модда айбдор ҳисобида мешуд, акнун якбора тибқи ҳафт моддаи Кодекси Ҷиноятӣ дар содир кардани 15 ҷинояти бофта айбнома пешниҳод карданд.

Ҷои тааҷҷуб аст, ки ин гуна худсарӣ ва таъқиби ғайриқонунии шаҳрвандони бегуноҳ ҳатто дар мавриде сурахгирифт, ки ду тафтиши такрорӣ-ревизия ва ду комиссияи ташхиси судиву бухгалтерии дахҳо коршиносон ва мутахассисони Вазорати адлия ва Кумитаи андози ҶТ гузаронда, тибқи хулосаи худ ошкоро сохтакорӣ ва беасосии санади тафтиши (айбномаҳо)-и Агентӣ ва он омилеро, ки Турманов Р. ва Хоҷахонова К. маблағҳои давлатиро истифода набурдаанд ва аз пардохти андозҳо онҳо саркашӣ накардаанд, тасдиқ намудаанд.

Вазъи парвандаи дар боло зикргардида ва сохтаю бофта будани айбномаи шаҳрвандони бегуноҳ дар ҷараёни мурофиаи судии суди ноҳияи Шоҳмансур муқаррар шуд, ки нисбати шаҳрвандони бегуноҳ суд ҳукми сафедкунанда бароварда баъди 14 моҳи ғайриқонунӣ дар ҳабс нигоҳ доштани бемори вазнин Турманов Р.-ро аз толори судозод намуд, ҳамзамон нисбати шахсони воқеан айбдор ва сохтакорони парванда кори ҷиноятӣ кушод. Ба унвони Директори Агентй оид ба роҳ надодани ин гуна икдомот ва ба ҷавобгарӣ кашидани санҷишгарон-ревизорон ва муфаттишони Агентӣ таъиноти хусусӣ содир намуд.

Ба назар метофт, ки кор адолатнок, тибқи мантиқ ба анҷом мерасад. Ҳайратовар аст, ки масъала боз ҳам мураккабтар шуд. Чунки зери фишор суди шаҳри Душанбе (судя Дадометов Ф.) тибқи асосҳои бофта ҳукми суди зинаи аввал ва таъиноти хусусиро беасос бекор кард, ҳамин тариқ, натанҳо ғоратгарони маблағҳои шахсии Турманов Р. балки боз шахсони мансабдорро ҳам, ки бо мақсади ғаразнок парвандаи ҷиноятиро сохта буданд, дидаю дониста аз ҷавобгарӣ дур гузошт.

Дар таъиноти суди марҳилаи кассатсионӣ хилофи Қонуни мурофиавӣ-ҷиноятӣ, Қарорҳои Пленуми Суди Олии ҶТ ва принсипи эҳтимолияти бегуноҳӣ гунаҳкории шахсонро пешаки ҳал карда, дидаву дониста ҳолатҳои воқеии парвандаро, ба мисли мақомоти Агентӣ нодуруст ғалат нишон доданд, ҳолатҳои дуздидани маблағҳои пулии давлатии вуҷуд надоштаро бофта бароварданд ва ба амали судшаванда ва далелҳо баҳои хукуқии ғайриқонунӣ ва пешакӣ додаанд, ҳарчанд инро қонун манъ кардаасту ба салоҳияти зинаи кассатсионӣ, ки моҳиятан парвандаро барраси накардааст, дохил намешавад. Дар натиҷа парвандаи Турманов, ки ба занҷири сарбаста мубаддал гардидааст, зиёда аз 2,5 сол инҷбниб ҳалли қонунии худро намеёбад Ба ғайр аз ин бе ҳеҷ асос маҷбуран дахҳо ҳазор маблағҳои буҷетӣ масраф мешавад, табиист, ки ин аз ҷайби муфаттишон, прокурор ва ё судяҳои қарорҳои ғайриқонунӣ бароварда не, инчунин садҳо нафар шаҳрвандон ва мутахассисон аз кор мемонанд.

II. Агентӣ дар асоси маводи санҷиш ва тафтишотӣ, ки аз воқеият дуранд, ҳанӯз то баровардани ҳукми суд тавассути воситаҳои ахбори умум борҳо беасос ошкоро изҳор намуд, ки сардори нозироти андози ноҳияи Ҳисор Ҳикматулло Розиқов якҷоя бо нозирон Алиев М. ва Юсупов О. дуздии зиёда аз миллион сомонии давлатиро содир намудаанд, вале танҳо ба маблағи 400 ҳазору 530 сомонӣ ва боз 36 ҳазор сомонӣ маблағи буҷетии барои харидани мебел ҷудошуда, айбнома пешниҳод кардаанд.

Дар ҷараёни мурофиаи судӣ дар Суди Олии ҷумҳурӣ таҳти раисии судя Маҳмадшоев У. зимни шаҳодати бештар аз 40 нафар шоҳидон ва мутаҳассисонбинокорон усули ғайриконунии пешбурди тафтиш, беасос будани айбнома ва маводи тафтиш дақиқ муқаррар гардид, яъне маблағҳои зикршударо надуздидаанд, балки сарфи ғайримақсадноки онҳо барои таъмири бинои кӯҳна ва сохтмони бинои нави нозироти андоз ва хариди мебел ба он ҷой дошт.

Аз ҷумла, мутахассисони Агентй таҳти роҳбарии ревизор Гулов, ки аз зиёда 190 номгӯй корҳои бинокорӣ дар санадтанҳо 65-тоашро зикр намудаанду халос.

Бо вуҷуди ин нокифоягии 250 ҳазор сомонии давлат ҷудокарда ба чашм аён аст. Чунки баҳри таъмири бинои кӯҳна ва бунёди бинои нави бозрасии андоз амалан зиёда аз 700 ҳазор сомонӣ масраф шудааст, яъне баъди барзиёд- 149% иҷро гардидани нақша як қисми маблағҳои аз ҷамъоварии андоз ба даст омадаро истифода бурдаанд ва дар асл ба 80 ҳазор сомонӣ маблаг мебел харидаанд ва ҳеҷ гуна дуздиву азхуднамоии 436 ҳазор сомонӣ ҷой надошт. Бо вуҷуди ин суд зери фишор, беасос далелҳои боэътимодро инкор намуд ва бо назардошти хулосаву тахминҳои пуч, далелҳои номатлуб оид ба дуздӣ ва бидуни исботи аниқи азхуд кардани маблағҳукми ғайриқонунӣ баровард.

16.06.2008 дар ҷараёни мурофиа аз хусуси имконияти қонеъ гардондани пешниҳоди ҳимоя рид ба гузаронидани ревизия-тафтиши такрорӣ ва ташхиси сохтмонию иқтисодии иншоот аз ҷониби мақомоти мустақил ба вуҷуд омад.

Бовар кардан душвор аст, вале аз фурсат истифода бурда, 17.06.2008 дар ҷаласаи Ҳукумат, ки телевизиони ҷумҳурӣ пахш менамуд, вақте Шумо, ҷаноби Президент аз директори Агентӣ пурсидед: «Оид ба парвандаи шахсони мансабдори нозироти андози ноҳияи Ҳисор ҳукм баромад ё не?» мӯҳтарам Шерхон Салимзода Шумо ва аҳли ҷомеаро ба иштибоҳ андохта ҷавоб дод: «Бале, вобаста ба кори дуздӣ дар нозироти андоз ба миқдори ним миллион сомонӣ ҳукми айбдоркунанда бароварда шудааст». Ҳарчанд ҳанӯз ҳеҷ гуна ҳукм вуҷуд надошт.

Ва 26 июн, даҳ руз пас он «ҳидоят»-ро ба эътибор гирифта, бархилофи Сарқонун ва қонунгузории ҷиноятӣ-протсессуалӣ, бе гузарондани ревизияи такрории мустақил ва ташхиси сохтмонӣ-иқтисодӣ, бидуни муайян намудани масрафи аслии маблағ ба таъмири бинои кӯҳна ва сохтмони бинои нави бозрасии андоз суд ҳукми қаблан садододаро зълон ва Розиқов Ҳ. ва дигаронро дар дуздии 436 ҳазор сомонй айбдор донист ва беасос ба мӯҳлатҳои аз 17 то 19-солӣ аз озодӣ маҳрум кард.

Таваҷҷӯҳ фармоед, суд нозук ва ба таври сунъӣ ҳам маблағи дуздӣ ва ҳам ҳадди ҷазоро афзун гардонд, яъне барои содир намудани як ҷиноят Ҳ.Розиқов-ро ду маротиба ҷазо дод: дар аввал барои дуздии 436 ҳазор сомонӣ аз рӯи моддаи 245 қ. 4 – и Кодекси ҷиноятӣ ба мӯҳлати 12 сол, сипас, барои харидории мебел эҳтиёҷоти нозироти андоз ба микдори 36 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби ҳамон маблағҳои «дуздидашуда» тибқи моддаи 314 к,. 3 КҶ ҶТ ба мӯҳлати 7 сол, дар маҷмӯъ ба муддати 19 сол аз озодӣ маҳрум сохт. Суд ҳатто ҳолатҳои моҳиятан муҳимро ба инобат нагирифта, омили маҷбуран ҷуброну пардохтани «зарари расонидашуда», амалан набудани зарари давлатиро инкор намуд.

Қобили таваҷҷӯҳ аст, ки ин гуна ҳукм мутлақо бераҳмона ба шумор меравад, зеро дар таҷрибаи фаъолияти Суди Олӣ даҳҳо далелу хукмномаҳо мавҷуданд, ки гунаҳкорони азҷониби суд бароӣдуздии миллионҳо маблағи давлатӣ ваҷамъиятӣ, фурӯши маводи мухаддир, ҳатто куштор, хиёнат ба Ватан, терроризм ва дигар ҷиноятҳои махсусан вазнини алайҳи давлат дар қиёс бо ҷазои Розиқов Ҳ., ки асосан ба манфиати давлат амал намудааст, ду-се маротиба камтар ҷазо гирифтаанд.

Зиёда аз ин баъди беасос рад намудани шикояти маҳкумшудагон аз тарафи зинаи суди кассатсионии Суди Олӣ, тибқи талаботи адвокатҳо дар асоси моддаи 10- и Қонуни ҶТ «Дар бораи адвокатура» Маркази ҷумҳуриявии ташхисӣ-судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи ҶТ ташхиси маҷмӯии комиссионии соҳтмону иқтисодӣ гузаронд. Он дақиқ муайян намуд, ки масрафи таъмири бинои кӯҳна ва сохтмони бинои нави нозироти андоз, ба 250 ҳазор сомонй, балки бештар аз 700 ҳазор сомониро ташкил медиҳаду амалан баҳри дохили бино ба зиёда аз 80 ҳазор сомонӣ мебел мавҷуданд.

Яъне тафтишгарони Агенти дидаву дониста кулли намудҳои корҳои сохтмонию васлгарӣ ва масрафи онҳоро ба эътибор нагирифтаанд, арзиши аслии корҳоро бошад беасос хеле назаррас кам нишон додаанд. Аз ин мебарояд, ки дуздӣ вуҷуд надорад.

Ҷои тааҷҷуб аст, ки тибқи иқрори шахсии раисикунанда – судяи Суди Олй Маҳмадшоев У. ӯ ин гуна ҳукмномаи беасос ва бераҳмонаро зери фишори Раиси Суди Олӣ Абдуллоев Н.А. баровардааст.

Шикоятҳои бисёркарата ба унвони Прокурори Генералӣ ва Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти хулосаи ташхиси судӣ оид ба аз нав баррасӣ намудани парвандаи Розиқов Ҳ. ба тариқи назоратӣ аз рӯи талаботи қонун ба эътибор гирифта нашуданд. Ҳукми ғайриқонунӣ ва беасос бекор карда нашуд.

Ҳамин тариқ адолат барқарор нагардидааст.

III. Бояд эътироф кард, ки таъсиру аксандозии хама ин қонуншиканиҳо нисбати ҳангома бобати мавҷудияти иттиҳоди ҷиноятй дар Исфара таҳто сарварии директори генералии ҶСШК «Химзавод»-и Н.Х. Ҷӯраев, ки собиқ директории Агентӣ Ш.Салимзода ва собиқ вазири корҳои дохила М.Солеҳов оид ба содир кардани дуздии бисёрмиллионаи маблағҳои давлатӣ ва зарари расонида ба микдори 38 млн. сомонӣ ва даҳҳо дигар ҷиноятҳои махсусан вазнин баровардаанд, ҳеҷ аст. Аз хусуси онҳо то мурофиаи судӣ тавассути ВАО бобати исботи томи гунохҳояшон изҳор намуда, бад-ин васила роҳбарияти кишвар ва ахли ҷомеаро раҳгум занонданд.

Ҳамин тариқ аз ҷониби бригадаи тафтишотӣфаврии Агентӣ ва ВКД таҳти роҳбарии Ғоибов ва Очилов дар ҳайати зиёда аз 100 нафар бо мақсади ба даст овардани далелҳои айбдории сунъӣ ва бо истифодаи усулҳои ғайриқонунии бурдани тафтишот, зӯроварии ҷисмонӣ ва рӯҳӣ, азобу шиканҷа, боздошт ва ҳабси ғайриқонунӣ, таъқиби хешу табори айбдоршавандагон ва дигар одамони мутлақо ба кор дахл надошта ва қалбакисозии далелҳои айбнома дар бораи иттиҳодияи ҷинояткори 33 нафар парвандаи ҷиноятӣ (ба ғайр аз куштори собиқ муовини Прокурори генералӣ Бобоев Т.Н.) бофтаю сохтаанд. Як қатор ҷиноятҳои камаҳамиятро, ки дар алоҳидагӣ ба вуқӯъ пайвастаанд, ғайриқонунӣ муттаҳид намуда, ба суд пешниҳод кардаанд. Вале пешниҳоди ҳимоя оид ба аз ҳам ҷудо намудани парвандаи куштор, корҳои алоҳида ва айбномаҳо ва баргардондани парванда барои тафтишоти иловагй баҳри рафъи нуқсонҳои моҳиятан муҳим аз ҷониби Прокуратураи генерали ва баъд аз тарафи Суди Олӣ нодуруст рад карда шуданд.

Вазъи дар боло зикршудаи парванда, бофтагиҳои айбнома оид ба иттиҳоди ҷиноятӣ дар мурофиаи судй (таи 10 моҳ) аз ҷониби Коллегияи Судӣ оидба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии ҶТ таҳти раисии судя Нуров Н.Э. аниқ муқаррар гардиданд, ки ӯ бо назардошти мавҷуд надоштани далелҳо ва тасдиқ наёфтани айбномаҳо оид ба иттиҳоди ҷиноятияшон ва тасарруфи молу пулии ошкоро азхусуси асоснок набудани онхо арз намуд. Ҳамчунин, аз боби эхтимолияти муроҷиати худ ба Президенти мамлакат бо гузориш аз инҳол, инчунин дар бораи ташкилкунандагони куштор, нисбати онҳо дар шакли алоҳида ҷудо кардани парванда ва фиристодани он ба тафтиши иловагӣ сухан ронд.

Асосан, ҳамин гуна мавқеъ дар сухани айбдоркунандаи давлатӣ – ёвари калони Прокурори генералӣ Олимов Р. ҷонибдорӣ ёфт. Вай бинобар вуҷуд надоштани далелҳо ва ошкоро тасдиқ нагардидани гуноҳ оид ба иттиҳоди ҷиноятӣ ва дуздии маблағҳои давлатӣ моҳиятан сафед кардани судшавандагонро аз рӯи он ва баргардондани қисме дигарро ба тафтишоти иловагӣ талаб намуд ва аз суд хохиш кард, ки ба судшавандагон мутобиқи гуноҳи онҳо (ба ғайр аз қотилон) ҷазои ночиз диҳанд ва нисбати аксарияти маҳкумшудагон Санади авфро истифода баранд ва аз ҳабс озод намоянд.

Вале…

Маҷмӯи далелҳои боэътимод, аз он ҷумла иқрори судяи Суди Олӣ, раисикунанда оид ба парванда Нуров Н.Э., ки ба лентаи магнитофон сабт шудааст, (Аз редаксия: Сабти сӯҳбат дар редаксия маҳфуз аст) амиқ аз он хусус шаҳодат медиҳанд, ки баъди анҷоми мурофиаи судӣ моҳи апрели соли 2009, баъдтар дар ибтидои моҳи майи соли 2009 пас аз расман ба хонаи машваратй рафтани ҳайати суд оид ба беасосии айбнома бобати иттиҳоди ҷиноятӣ, дуздиҳо ва дигар ҷиноятҳои махсусан вазнин (ба ғайр аз айбномаи қотилон) хулоса баровардааст ва бо қарори дар лоиҳаи ҳукм зикрёфтаи худ ин айбномаҳоро аз судшавандагон бардоштааст.

Аммо баъд зери фишор ва супориши Раиси Суди Олӣ Абдуллоев Н.А., ки гӯё аз номи Президенти мамлакат амал мекард, аз тарс, маҷбуран хулоса ва қарорҳои судро тағйир дод, (Аз редаксия: Сабти суҳбат дар редаксия маҳфуз аст) бидуни асос, ноодилона 31 нафар судшавандагонро (ғайри қоталон) мувофиқи айбномаи тафтишоти пешакӣ пешниҳод намуда, нодуруст маҳкум ва ҳар яки онҳоро ба мӯҳлати аз 10 то 25 солй бо мусодираи амвол аз озодӣ маҳрум сохт, сипас аз ин хусус ва беадолатии қарори судя нафақат ба ҳимоятгар, балки ба хешу ақрабои маҳкумшудагон низ изҳор дошт.

9 июни соли 2009 таи кариб 4 соат танҳо қисми муқаддимавӣ ва хулосавии ҳукмро қироат мекунад, чун баъдтар маълум гардид, он аз 528 варака матни чопи мошинӣ иборат асту бинобар дар ҳаҷми пурра мавҷуд набудани ҳукм, бе овардани исботи гунаҳкорӣ ва асоснокнамоии айбнома ва қироати ошкорои гуноҳи маҳкумшавандагон суд мурофиаи судиро тамом намуда, толорро тарк мекунад. Табиист, ки тибқи мӯхлати 3- рӯзаи қонун муқарраркарда, маҳкумшуда гон ва Прокурори генералӣ нусхаи ҳукмро нагирифтаанд. Судя кулли далелҳои бегуноҳии судшавандагонро, ки дар мурофиаи судии парванда тасдиқи худро ёфтаанд, ба қуттии партов ҳаво медиҳад ва баъд таи се ҳафта ҳукми қаблан навиштаву моҳиятан сафедкунандаро рӯйнавис мекунад ва ҳукмномаи навро ба дастури Раиси Суди Олӣ мутобиқ мегардонад. Бо ин худиқрории ӯ ҳам, ки дар аудиокассета сабт шудааст, шаҳодат медиҳад. (Аз редаксия: Сабти сӯҳбат дар редаксия маҳфуз аст)

Ҳолатҳои мазкур ва ваҷҳи ҳимояро оид ба сохтакории ҳукм ба таври боэътимод дигар далелҳои объективӣ ҳам тасдик, менамоянд.

ИНАК:

I. Дар ҳукм далелҳои гунаҳкории судшавандагон дар иттиҳоди ҷиноятй, дуздии, маблағҳои давлатӣ ва ба давлат расонидани зарарй реалӣ вуҷуд надоранд, ки ин моҳиятан ба талаботи моддаҳой 303, 305, 311 ва 318-и КМҶҶТ ва Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 1 «Дар бораи ҳукми судӣ» ба таври ҷиддӣ мухолифат мекунад. Бобати аз ҷониби маҳкумшавандагон содир намудани даҳҳо дигар ҷиноятҳои махсусан вазнин, аз он ҷумла дар бораи ташкилкунандаи куштор далели айбдории ноаниқ, нораво ва нокифоя ифода ёфтаанд, ки барои судасоси қонунии баровардани хукми айбдоркунандаро намедиҳанд. Ва дар бисёр ҳолатҳо, ҳарчанд дар протоколи маҷлиси судӣ далели айбдоркунӣ набуданд, баръакс далелҳои беайбӣ ифода шудаанд, суд ҳолатҳои воқеии корро нодуруст ва ғалат нишон дода, далелҳои айбдоркуниро худаш бофта баромадааст.

II. Барои ҷинояти бисёр судшавандагон, ки махсусан вазнин нестанд ва тибқи Қонун (мод. 18 КҶ ҶТ), аз рӯи маҷмӯи ҷиноятхои содиркарда, ки ҷазои на зиёдтар аз 12 сол маҳрумй аз озодӣ пешбинӣ гардидааст, суд тавассути гирумонҳои гуногун тибқи асосҳои бофта барои як гуноҳ 2-3 ҷазо муайян кардааст, инчунин назар ба он ки сазоворанд, ба мӯҳлати 2-3 карат бештар ҳукм баровардааст, ҳатто ба онҳое, ки субъекти ҷиноят нестанд, аз 10 то 19 сол додааст, рафтори баъзеҳоро ба таври сунъӣ ҷинояти маҳсусан вазнин банду баст намуда, то 25 сол аз озодӣ маҳрум гардонидааст, аз он ҷумла: сарфи назар аз он ки маблағҳои давлатй дар ихтиёри онҳо нест, онҳоро барои маблағҳои дар табиат вуҷуд надошта маҳкум ва беасос молу мулкашонро дар радифи амволи шахсҳои ба ин кор дахлнадошта ва шахсоне, ки бо ин кор судшаванда нестанд, якҷоя мусодира кардааст.

МАСАЛАН:

1) Ҳарчанд аз тарафи Суди иктисодӣ дар ибтидои соли 2009 оид ба даъвои нозироти андоз нисбати саркашй аз пардохти андозҳо ба микдори 1,8 млн. сомонӣ, бо назардошти беасосии он қарори рад қабул шудааст, Коллегияи оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олӣ бидуни бекор намудани қарори мазкур оид ба кори хоҷагии баҳснок, ки ба баъзе судшавандагон дахл дошт, дар сурати умуман мавҷуд набудани далелҳои айб ва дар кирдори онҳо набудани таркиби ҷиноят судшавандагонро гӯё барои дуздӣ ва саркашӣ аз пардохти андоз ба микдори 1,8 млн, сомонӣ, ки дар асл набуданд, маҳкум намудааст;

2) Равшан аст, ки айбномаи мақомоти тафтишоти пешакӣ ҳамчун далели ҷинояткории айбдоршавандагон дар иттиҳоди ҷиноятӣ ва дуздии пули бешумор аз ҷониби онҳо, ки гӯё ба ҶСШК «Химзавод» тааллуқдорад ва аз он хусус, ки «Ҷӯраев Низомхон Ҳайдарович, молу амвол ва маблағи ҶСШК «Шараф» (заводи спирт), ки моликияти хусусии ӯ ҳисоб меёбад, яъне:

1. Бино, иншоот ва таҷҳизот ба маблағи 5112611 сомонӣ;

2. Дигар воситаҳои асосӣ ба миқдори 1932604 сомонӣ;

3. Мебел ва дигар ашёҳо ба миқдори 205422 сомонӣ;

4. Воситаҳсж гардишӣ ба миқдори 475066 сомонӣ, ҳамагӣ ба маблағи умумии 7725703 сомонӣ аз корхонаи «Химзавод» дуздида шудаанд ва якҷоя бо аъзои иттиходи ҷиноятии аз тарафи ӯ таъсисёфта Абдуллоев А. ва Деҳқонов Ш. азхуд кардаанд ва ҳамчун молу амволи ҶСШК «Шараф»-ро ба руйхат гирифтанд, ки дар ҳақиқат моликияти шахсии уст (нигаред, айбнома, ҷ. 2, л-д 338)».

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олӣ ҳамин хел айбномаи дурӯғро ба замимаи айбномаи 12 судшавандагон гузошт, онҳоро дар ҳукм асоснок накарда, гуноҳи ҳар нафарро мушаххас насохта ва зарари воқеиро ба давлат муқаррар нанамуда, дидаю дониста ғайриқонунӣ онҳоро барои иштирок дар иттиҳоди ҷиноятй ва дуздии маблағҳои давлатии бисёрмиллиона (яъне, тибқи моддахои 187 ва 245, қ. 4 КҶ) бо мусодираи амвол ва саҳмияҳои ҶСШК «Шараф» ва аз рӯи парванда молу мулки шахсони суднашавандаро ҳам мусодира намуд, инчунин ду судшавандагонро, ки қаблан бинобар беасосии айбнома Прокурори генералӣ қатъ гардонда буд, маҳкум сохт.

Тазод ва ҷои тааҷҷуб аст: бар асоси садҳо нишондоди аниқи шоҳидон ва далелҳои боэътимод худи суд муқаррар намудааст, ки ҶСШК «Шараф» ҳанӯз соли 1999-2002 бунёд ёфта ва молу амвол, таҷҳизоти он низ ҳамон айём харидорӣ ва асосан аз Федератсияи Россия оварда шуданд ва он замон Ҷӯраев Н.Ҳ. ба молу амволи «Химзавод» муносибат надошт, чунки ба вазифаи Директори генералии корхона 12 июни соли 2003 таъин гардидааст,

III. Ҳатто шаҳрвандони қаторӣ ба тааҷҷуб меафтанд, ҳарчанд бо Қарори Прокурори генералии ҷумҳурӣ аз 23.06.08 таъқиби ҷиноӣ нисбати 21 нафарайбдоршавандагон, иштироки онҳо дар иттиҳоди ҷиноятӣ аз рӯи моддаи 187 КҶ ҶТ қатъ гардонида шудааст, лекин Суди Олӣ муқаррароти раиси онро иҷро ва аз ҳадди ваколатҳои худ барало берун баромада, зумраи судшавандагонро ғайриқонунӣ барои иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ маҳкум кардааст, ба 7 нафар судшавандагон назар ба пешбинии кодекси ҷиноятӣ аз меъёр зиёд ҷазо додааст. Айни замон барои ҷиноятҳое, ки махсусан вазнинанд, яъне барои куштори бераҳмонаи арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ собиқҷонишини Прокурори генералии ҶТ ва ташкили гурӯҳи мусаллаҳи Ҷинояткорӣ (Бандитизм), ки тавре суд муқаррар намудааст, дар ҳолатҳои вазнин содир гардидаанд, суд мутобиқан ба мӯҳлати 20,12 ва 13 сол аз озодӣ маҳрум сохтааст.

IV. Ҳангоми тасдиқи хулосаи айбдорӣ оид ба парванда нисбати судшаванда Толиб Нӯраев, ки ман ҳимоягараш ҳастам, аз рӯи моддаи 187 КҶ ҶТ (иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ), ин айб тибқи Қарори Прокурори генералӣ қатъ гардонида шудааст ва тибқи Таъиноти Коллегияи Судй оид ба парвандахои ҷиноии Суди Олӣ аз рӯи айбномаи мазкур Т.Ҷӯраев ба суд дода нашудааст, аз ин мебарояд ва дар асл ҳамин хел буд, дар мавриди мурофиаи судӣ ин гуноҳ бевосита тахдақ нагардидааст, хамзамон айбдоркунандаи давлатӣ арз карда, ки аз ҷонибдории ин айбнома даст мекашад ва дар баромади худ аз суд талаб намудааст; ки кулли судшавандагонро оид ба иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ бинобар дар ҳаракати онҳо мавҷуд набудани таркиби ҷиноят сафед кунад, сарфи назар аз ин суд зери фишор, ғайриқонунӣ Т.Ҷӯраевро тибқи ҳамин модда ба мӯҳлати 15 сол бо мусодираи амвол маҳкум кардааст.

Ва аз рӯи ду лаҳзаи дигари айбнома -муносибатҳои ҳукуқию иқтисодии субъектҳои хоҷагидорӣ, яъне шахсони хуқуқӣ, ки байни корхонаҳои «Химзавод» ва «Боғистон» ҷой дошт ва амали содирнамудаи судшаванда Ҷӯраев Т.Ҳ. ба манфиати корхонаи давлатие, ки роҳбараш буд, дар мавриди дигар бар манфиати кормандони худ амал намудааст, суд онҳоро ба таври сунъӣ чун дуздии маблағҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ таснифу маънидод карда, ғайриқонунӣ Т.Ҳ. Ҷӯраевро барои дуздии такрорӣ, ки дар асл ҷой надошт, маҳкум кардааст.

V. Танхо барои як амали ғайриқонунии судшаванда Қодиров А.Р., ки тибқи дастури сардори худ беғаразона ба асноди гумрукӣ имзо гузоштааст, суд рафтори ӯро зимни чаҳор моддаи Кодекси Ҷиноятй банду баст намуда, аз рӯи моддаҳои 314, қ. 3 ба мӯҳлати 8 сол, тибқи моддаи 323 ба 2 сол, тибқи моддаи 291, қ. 2 ба 2 сол ва аз рӯи моддаи 292, қ.2 КҶ ҶТ (гарчанде тибқи моддаи охирин ва айбнома ӯ ҳатто субъекти ҷиноят ҳисоб намеёбад, чунки амали ӯро моддаи 314 КҶ дарбар мегирад) ба мӯҳлати се сол аз озодӣмаҳрум намудааст, ҳол он ки бо дастрасии моддаи 67, қ 3 – и КҶ барои ҷинояти зикршуда (яъне махсусан вазнин нест) на зиёдтар аз 10 сол ҷазои аз озодӣ маҳрум намуданро пешбинӣ намудааст, ва тазод ин аст, ки ҳатто маҷмӯи аз рӯи чаҳор модда ҷазои додашуда, дар ҳолати пурра зам кардани ҷазоҳо ҳам, гарчанде ки дар ҳукм суд пурра не, қисман зам кардани мӯҳлатҳои ҷазоро пешбинӣ карда бошад ҳам (8+2+2+3) ҳамагӣ 15 солро ташкил медиҳад, Суди Олй бар замми ин ҷазо ба таври сунъӣ худсарона боз 2 сол илова карда, А.Р. Қодировро дар ниҳояти кор ба муддати. 17 сол аз озодӣ маҳрум намудааст.

Барои чунин ҷиноятҳо ва аз рӯи моддаҳое, : ки ба Қодиров А.Р. марбут донистаанд, боз ба 5 нафар судшавандагон, дар сурате, ки -ҷазои аз ҳама зиёд 10 сол бояд бошад, суд ҳар яки онҳоро ба мӯхлати 17 сол маҳкум кардааст.

VI. Нишондоди шоҳидон ва дигар далелҳое, ки дар протоколи маҷлиси судӣ ва ҳукми суд ифода ёфтаанд, моҳиятан ба якдигар мутобиқ нестанд. Яъне баъди қироати қисми хулосавии ҳукм судя нишондодҳои шоҳидонро оид ба далелҳои бегуноҳии судшавандагон, ки қаблан дар протоколи маҷлиси судӣ дуруст ифода ёфта буданд, вайрону ғалат кардааст ва дар ҳукми судӣ аз номи шоҳидон нишондодҳои онҳоро чун далелҳои айбдоркунанда дидаву дониста дурӯғ дарҷ намудааст.

МАСАЛАН:

Суд ҳамчун далели гунаҳкории дигар зерҳимояи ман Ҷӯраев Ф.Х. дар содир кардани ҷиноятҳои зерин: тамаъҷӯии маблағ, қаллобӣ ва дуздии ҳаҷман ба микдори махсусан калон, инчунин баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ошкоро дар ҳукмнома зикр кардааст, ки гуноҳи судшаванда бо нишондодҳои дар суд пурсидашудагон – шоҳидон ва ҷабрдидагон Набиевҳо (4 нафар), Собитовҳо, Исмоилов, Орифовҳо ва дигарон, ки аз ҷониби судшавандагон содир шудани ҷиноятҳои зикргардидаро гӯё дар назди Коллегияи судӣ тасдиқ намудаанд, пурра исботшуда ҳисобидааст. Вале дар асл, шоҳидони зикршуда дар суд нишондодҳои айбдоркунӣ не, балки ҳамчун нишондодҳои судшавандаро сафедкунанда додаанд ва мохуятан айбҳои ӯро дар ин ҷиноятҳо инкор намудаанд. Дигар шоҳидони асосии айбдорӣ Собитова Т. ва Собитов А. дар суд пурсида нашудаанд, ва ҷабрдида Р.Орифовро, ки суд Ф.Ҷӯраевро дар латукӯби ӯ гунаҳкор шуморидааст, бо парванда умуман пурсида нашудааст ва ягон далел оид ба ин ҷиноят дар парванда вуҷуд надоштанд.

Зиёда аз ин тибқи ду лаҳзаи айбномаи (аз рӯи моддахои 316 қ. 3 ва 250 қ. 4 КҶ), марбут ба нишондодҳои Собитовҳо ҳангоми тафтишоти пешакӣ зимни таҳкики он дар мурофиаи судӣ, бо нишондодҳои бештар аз 20 шоҳидон, аз он ҷумла кормандони ШКД, духтур-мутахассисон, ки «ҷабрдидаро» аз назар гузаронидаанд, ҳамзамон мувофиқи хулосаҳои ташхисҳои судиву тиббӣ ва криминалистӣ, асноди расмии идораҳои дахлдор ва нишондоди қисман иқрории худи Собитов В. дар суд Коллегияи судӣ мукаррар намудааст, ки нишондодҳои беасоси Собитовҳо дар тафтишоти пешакӣ сохтаанд ва ба воқеият мувофиқат намекунанд. Раисикунанда ҳангоми пурсиши Собитов Н. чанд дафъа аз ин хусус гап зад, сипас, вақте ӯ ва хешовандонаш аз суд пинҳон шуданд, бобати маҷбуран ба суд овардани Собитовҳо таъинот баровард ва нияташро оид ба имконпазирии оғоз намудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи шоҳидон барои дидаю дониста додани нишондоди бардурӯғ, иброз дошт.

Бо вуҷуди ин далелҳои мӯътамади зикрёфта ва дигар омилҳои бегуноҳиро суд ба қуттии партов андохта, дар асоси далелҳои бофта, инчунин норавои айбдоркунандаи аз ҷониби худи суд бофта ва гӯё нишондодҳои дар маҷлиси судӣ таҳқиқгардидаи Набиевҳо, Собитовҳо, Исмоилов ва хешу табори Орифов суд ғайриқонунӣ судшавандаро аз рӯи 9 моддаи Кодекси Ҷиноятй дар содир кардани 15 ҷиноят маҳкум ва аз рӯи ҳар яки он мӯҳлатҳои алоҳидаи ҷазоро аз 3 то 15 сол ва маҷмӯан ба муддати 25 сол бо мусодираи молу мулк маҳкум кардааст. Дар ин маврид ҳам овардани мисолҳои мушаххасро зарур мешуморам:

1. Дар тафтишоти пешакӣ ва судӣ Набиев М. ва хешу табораш тасдиқ кардаанд, ки барои қатъ кардани кор нисбати гумонбар бобати иштироки Набиев М. дар терроризм, ки ӯ ба сифати пора автомашинаи ВАЗ-21014 ба муфаттиши ВКД Бобоев, ки парвандаро тафтиш мекард ва аз ӯ тамаъҷӯӣ менамуд, додааст, вале суд сарфи назар аз пешниҳоди ҳимоя ҳатто Бобоев ва дигар кормандони ВКД – ро напурсида, ва мавҷудияти автома шинаи ВАЗ-21014 ва умуман ба Набиев М. тааллуқдоштани ин гуна мошинро муқаррар ва шахси масъули ВКД гӯё пора гирифтаро маҳкум накарда, балки зерҳимояи ман Ф.Х. Ҷӯраевро беасос маҳкум намудааст;

2. Сарфи назар аз он, ки Набиевҳо дар тафтишоти пешакӣ ва судӣ тасдиқ кардаанд, ки барои таъини ҷазои марбут ба аз озодӣ маҳрум накардан бобати авбошии ашаддии бародарон Набиевҳо, айбдоршаванда Набиев М. дар ҳузури Ҷӯраев Ф. ба судя Фозилбеков дар ҳаҷми 2500 доллари ИМА пора додааст, барои ин суд ғайриқонунӣ ва беасос зерҳимояи маро маҳкум намудааст;

3. Суд тибқи далелҳои боэътимод ва объективона худаш муқаррар кардааст, ки дигар айби ба судшаванда Ҷӯраев Ф. пешниҳодгардида оиди якҷоя бо бародараш Ҷӯраев Н.Х. тариқи Комбинати масолеҳи сохтмонии ш. Исфара таи солҳои 2005-2006 дуздидани 165000 хишти ба «Химзавод»-и ш. Исфара тааллукдошта ва истифодаи он ба зарурати шахсӣ – сохтмони ҳаммом ва девори хонаи худ, воқеъ дар кӯчаи Ғоркий, 23 ва иншооти дар худи боғчаи бачагонаи №23 ҷойдошта, инчунин сохтмони ферма ва гармхона аз ҷониби тафтишот қалбакӣ сохта шудаанд. Яъне: суд бо иштироки мутахассисон аз назар гузаронида, муқаррар намудааст, ки девор ва ҳаммом соли 1979 бунёдёфтаанд, на дар солҳои 2005-2006, тавре дар айбнома омадааст, ва деворҳои се иншооти зикрёфта аз хишт не, балки аз семблок қомат афрохтаанд, ва шумораи хиштҳои дар ферма, гармхона ва дохили богчаи бачагона истифодашуда 165000 не, балки ҳамагӣ 45 ҳазор донаанд (12216 донаи он хишти кӯҳнаи истеҳсоли Қирғизистон аст), судшаванда не, балки соҳибони пешина харидаанд.

Бо вуҷуди ин бидуни доштани ягон далел оид ба дар ихтиёри Ҷӯраев Ф. будани хиштҳои ба «Химзавод» тааллуқ буда, суд дидаву дониста, ӯро ба дуздидани 165000 хишти дар табиат мавҷуднабуда маҳкум намуда, дар ҳукмнома пурра айбномаи дар тафтишоти пешакй бофтаро рӯбардор карда, ҷои тааҷҷуб аст, ки дар он оиди мавҷудияти ягон хел далелро оид ба дуздӣ (дар моддаи 60 ҚМҶ ва моддаи 245 КҶ ҶТ) зикр нанамуда, ғайриқонунӣ ӯро ба мӯҳлати 8 сол бо мусодираи амвол аз озодй маҳрум сохтааст.

4. Нисбати зерҳимояҳои ман Ҷӯраевҳо ва Раҳмонов М. суд ба сифати далели гунаҳкории онҳо дар содир намудани дигар панҷ лаҳзаи ҷиноят танҳо нишондоди сохтаи дигар судшаванда А.Исмоиловро аз 17 июли соли 2007, ки гӯе ӯ ба муфаттиш Турсунов дар изолятори тафтишотии №1 ш. Душанбе додааст, дар асоси ҳукми айбдоркунанда гузоштааст. Аммо тазод ин аст – суд далелнок дар мурофиа муайян намӯдааст, ки 17.07.2007 муфаттиш Турсунов маҳбус А. Исмоиловро ба пурсиш ҷег назадааст, напурсидааст ва кӯр ҳам равшан мебинад, ки навиштаҳои нишондод дар протоколи пурсиш ва имзоро дар он аз номи А.Исмоилов худи муфаттиш сохта кардааст.

5. Дар нисбати дигар зерҳимояам Раҳмонов М.:

1) Суд дар асоси далелҳои бегуфтугӯ сохта нодуруст М. Раҳмоновро (якҷоя бо ӯ ғоибона боз се нафарро) ғайриқонунй нисбати нигоҳ доштани силоҳи оташфишон – АКМС «Калашников» №23007707 айбдор шуморида ва аз рӯи моддаи 195 қ 3 КҶ ҶТ (ҷинояте, ки дар ҳайати иттиҳоди ҷиноятй содир шудааст) ба мӯхлати 10 сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Вале суд айни замон муайян намудааст, ки автомати зикрёфта ханӯз моҳи январи соли 1999 аз ҷониби мақомоти милисаи ш. Чкалов аз шахсони ба куштори собиқ муовини Прокурори генералӣ БобоевТ.Н. гумонбаршуда гирифта шудааст, силоҳ хамчун далели шайъй эътироф шуда, ҳамроҳи маводи парванда аввал дар мақомоти милиса ва пас дар ихтиёри муфаттишон Очилов ва Саидов (сарфи назар аз дархости ҳимоя онҳоро ҳатто напурсидаанд) буд. Ва аз ин ҷост, ки аслиҳа ҳеҷ гоҳ дар дасти Раҳмонов М. буда наметавонист.

Зиёда аз ин тибқи Қарори Прокурори генералӣ аз 23.06.08 қисми маводи парвандаи ҷиноятӣ нисбати Раҳмонов М. оид ба моддаи 187 КҶ ҶТ – «иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ» қатъ гардонида шуда буд. Яъне. ҳатто дар сурати аз тарафи суд гунаҳкор донистани ӯ ҳам аз айбнома аломатҳои вазнини содиршавии ҷиноят истисно мешавад, вале суд бошад М.Рахмоновро аз рӯи моддаи 195 қ 2 не, балки бо қисми 3 моддаи 195 КҶҶТ нодуруст маҳкум намудааст.

2) Хулосаи дигари суд, ки ба хукм оварда шудааст, яроқи оташфишонии АКМС -«Калашников» №23007707-ро Раҳмонов М. ҳамчун шахси шоҳид ихтиёрӣ ба мақомоти милиса супоридааст ва пас аз ин, ва бо ин асос рӯзи 30.06.07 нисбати судшаванда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст, касро ба ҳайрат мегузорад. Аммо дар ҳолати чунин хулосаи дар ҳукм дарҷшуда, дар асоси Эзоҳи №1, моддаи 195 КҶ ҶТ суд шахси ихтиёран ин ва дигар яроқи оташфишон супоридаро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод накардааст.

Дигар 31 нафар (ба ғайр аз қотилон) шаҳрвандони мамлакат ҳам бо чунин қонуншиканӣ, худсариҳо ва чораҳои беасоси ҷазодиҳӣ – аз 10 то 25 сол аз рзодӣ маҳрум карда шуданд.

Ва ниҳоят, суд далелхои моҳиятан муҳими дар мурофиаи судӣ тасдиқ ёфта – фарзияи ҳимояро оид ба характери фармоишӣ доштани парванда, ва маҳз тасарруфи ғайриқонуни моликияти судшавандаҳо аз ҷонит би фармоишгарон сабаби беасос ба ҷавобгарии ҷиноятй кашида шудани онҳо дар доираи иттиҳоди ҷинояткорӣ вуҷуднадошта ва дуздиҳо таҳти роҳбарии Ҷӯраев Н.Ҳ.-ро инкор намудааст, яъне:

а) Суд ба далел ва факти мӯътамади коррупсия оид ба он ки ҳанӯз пеш аз баровардани ҳукм ва мусодираи молу мулки шахсони гунаҳкор, моликияти саҳмдоронсудшавандагон ва бо ин парванда суднашаванда Ҷӯраев Н.Ҳ. ва хешу таборони ӯ ҶСШК «Шараф» (заводи спирт)тариқи ғайриконститутсионӣ ба шахси бегона – Директори генералии корхонаи «Сомон-Суғд», собиқ сардори шӯъбаи мубориза бо коррупсияи ВКД ҶТ Вадудов М. дода шуда буд, ки аз оғози марҳилаи тафтишот – соли 2007 нисбати даромади корхона ва моликияти бисёрмиллионаи шахсони таҳти тафтишот қарор гирифта, ҳамчун моликияти худ ихтиёрдорӣ мекард ва то айни замон ихтиёрдорӣ карда истодааст;

б) Бо назардошти мавҷияти асосҳои зарурӣ, ки дар ҷараёни муросриаи судии парванда ба даст омадаанд, тибқи пешниҳоди ҳимоя ва ё бо ташаббуси худ суд алайҳи фармоишгарони парванда ва ташкилотчиёни ҳақиқии куштор, инчунин бар муқобили муфаттишони фармоишро иҷрокарда, ки ҷиноятҳои сершумори мансабӣ ва ба муқобили адолати судй содир намуда, ва дигар вайронкунии ҳукуқ ва озодиҳои Конститутсионии шаҳрвандон парвандаи ҷиноӣ накушода, кулли онҳоро аз адолати судй пинҳон доштааст.

Яъне, аз ҷониби худи Суди Олӣ низ принсипҳои конститутсионии Қонуни ҷиноятӣ оид ба баробари дар назди қонун, ногузории ҷавобгарӣ ва принсипи адолат вайрон шудаанд.

Зикри далелҳои мӯътамад дар шакли алоҳида ва дар маҷмӯъ ошкоро далолат медиҳанд, ки фармоишро оид ба ғайриқонунӣ маҳкум намудани шаҳрвандони бегуноҳ аз ҷониби Суди Олӣ ба иҷро расидааст, бинобар хамин бе назардошти далелҳои бегуноҳии дар суд ба дастомада, айбномаи сохтаи судшавандагонро (моддаҳои Кодекси Ҷиноятӣ) бидуни тағйирот ҳарф ба ҳарф ба ҳукми судй кӯчондаанд.

Дар ин бора ба «қазоват»-и Шумо стенограммаи сабт – иқроршавии раисикунандаи Коллегияи Судии оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олӣ Нуров Н.Э. пешниҳод мегардад.

(Аз редаксия: Дар идомаи изҳороти кушода матни ихтисоршудаи ба гуфтаи адвокат, сӯҳбати адвокат Ҷӯраев Солеҳҷон ва судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуров Нур Эрмонович аз 15 июни соли 2009 нисбати ҳукми судп оид ба парвандаи ҷиноятии Ҷӯраевҳо ва дигар маҳкумшудагон – 33 нафар (Исфара), ки дар аудиолента сабт шудааст, оварда мешавад. Аз ин сӯҳбат маълум мешавад, гуё мақомоти баландпояи давлатп ва судп дар асоси ин парванда маблаг гирифтаанд. Чанд пора аз ин сӯҳбат).

«Адвокат: – Раис, чӣ хел Шумо ҳамин хел ҷазои сахт додед, чӣ хел шуд, ки Шумо бо набудагӣ статьяҳо ҳам задед, раис чӣ гап ин?

… Судя: – Ҳа, ҷавр шуд, ман медонам, ки ҷавр шуд!… Солеҳҷон, шумо як одами таҷрибанок, мефаҳмидагӣ одам… худашон байн ба даромада бе ман ҳал карданд, Худашон ҳал карданд ҳама корро…

Адвокат: – Раис, худатон гуфтед, ки қонун кати кор мекунам, ин чӣ хел…

Судя: – Қонун кати кор мекунам гуфтам, лекин «по мере возможности» (аз рӯи имкони.ят).

Адвокат: – Агар аз рӯи қонун гиред, аз рӯи қонун ҳал мекардед, бисёр гуноҳҳо дар суд тасдиқ нашуд-ку!

Судя: – Ҳа, «скорее всего так»!

Адвокат: – Хайр, байни худамон раис, Шумо профессионал, ман профессионал, судба ҳамон гуноҳи онҳо, обвинение тасдиқ нашуд-ку!

Судя: Кадомаш?

Адвокат: – Бисёраш,. моддаи 187 тасдиқ нашуд, хищение тасдиқ нашуд, дар он ҷой пули давлатӣ нест… убийство (нисбати Ҷӯраев Низом) тасдиқ нашуд! (Оиди куштори собик, муовини прбкурори Генералии ҶТ).

Судя: Солеҳҷон, ҳозир ин гапҳои бефоида!

Адвокат: – Чиба (барои чӣ) бефоида! Худатон 10 бор гуфтед, ки нест 187 модда, одамон шуниданд ҳамаашро, убийстваро вай (Ҷӯраев Низом) ташкил накардааст гуфтед, гӯё ки … ташкил кардааст, ин қисми делоро «выделить» мекунам гуфтед, худатон дар пеши одамон дар суд ҳамин хел гуфтед, прокурор ҳамин хел гуфт, пас чӣ хел боз айбдор кардед?

Судя: – Ман раиси Суди Олӣ не-ку?.. хайр, ман ҳамин хел тарсончак!

Адвокат: – Агар манро парронад ҳам ман ин хел кор намекардам.

Судя: – Хайр, ман кардам!..

… Адвокат: – Шумо худатон гуфта будед, ки хиштро снимать мекунам, хищение нест, дар суд гуфтед 187-ро снимать мекунам. Бо моддаи 187 дар суд ҳатто саволу ҷавоб накардем, тасдиқ нашуд гуфтед, ҳазор кас шунид, инро.

Судя: – Ҳа, ҳа. Дуруст…

Адвоках: – Э…э, Раис, Шумо нодуруст суд кардед, ҳатто таможникҳо, бечораҳо гунох, надоранд, Шумо онҳоро 17-солӣ «зада» фиристодед…

Судя: – Ҳа, ҳ-м…м…м…

Адвокат: – Раис, агар ба хамонҳо (таможеникҳо) як сол ҷазо медодед ҳам ягон кас гап намезад. Онҳо ягон кор, ягон ҳаракат накардагӣ, фақат ба ҳуҷҷат як имзо кардагию халос!

Судя: – Ҳа, ҳамин хел, ҳамин хел…

Адвокат: – Раис, Шумо худатон гап зада будед, ки ба пенсия меравам, корро қонунӣ мекунам… Лекин…

Судя: – Раис добро додагӣ буд, моддаи 187-ро мо железный обсуждать карда будем, добро дода буд, ки 187 нест, убийстворо добро додагӣ буд, хищение баҳснок буд.. Ман пеш аз ба хонаи машваратӣ рафтанай омадам, ба назди раис даромадам… Ману раис маслиҳат карда будем, вай розӣ буд…»

Аризаҳои бешумор ва шикоятҳои кассатсионй ва назоратӣ оид ба ғайриқонунй будани ҳукмҳо, аз он ҷумла бо пешниҳоди ҳанӯз 24.07.09 сабти магнитофонии иқрори судя Нуров Н.Э. ва дигар чунин далелҳо бобати коррупсия дар Суди Олӣ, инчунин шикоятҳои такрории адвокат аз ин хусус санаи 17.08.09, 16.10.09 ва 18.11.09 (нусхахо замима мешаванд) бе вокуниши қонунии Раиси Суди Олӣ мондаанд. Ҳарчанд дар қабули шахсии Абдуллоев Н.А. 17.08.09 судя Нуров Н.Э. ҳангоми рӯбарӯкунӣ бо адвокат ҳакҳонияти кассетаро ва мансубияти ҳар сухани дар он гуфташударо ба худ эътироф кард. Ва мӯҳтарам Абдуллоев Н.А. ҳамчунин эътироф намуд, ки ҳар сухани аз забони судя дар кассета сабтшуда ба Нуров Н.Э. тааллуқ дорад, лекин ба адвокат изҳор дошт, ки гӯё Нуров Н.Э. ва дигар судяи Суди Олӣ Маҳмадшоев У. ба ӯ, Раис тӯҳмат кардаанд. Вале дар ҳар ҳолат нофаҳмо ва ҷои тааҷҷуб аст, ки таи 5 моҳ нисбати судяҳо-«тӯҳматгарони» Суди Олӣ ва ё судяҳои худсарии судӣ зоҳир карда, тадбирҳои мувофиқ андешида нашудаанд ва тӯҳматчиён татбиқи «адолати судӣ»-ро идома медиҳанд, лекин судяи ноҳияи Шоҳмансур А. Раҳматовро, ки сарфи назар аз фишори Агентӣ нисбати Турманов Р. ва ҳамсараш Хоҷахонова К. хукми одилонаи сафедкунанда бароварда буд, аз вазифаи ишғолнамудааш сабукдӯш гардондаанд.

Оё ҳамаи ин пинҳоннамой, тарзи ҳимоя аз худсарии судии содиршуда ва коррупсия аст ё не, ман қазоват карданӣ нестам.

Вале маҷбурам ошкоро аз хусуси таъқиби иштирокчии мурофиа – адвокат барои танқид, пешниҳоди далелҳои шайъӣ, ки худсарии судиро тасдиқ менамоянд, яъне: дар аввал амалҳои мустақим ва таҳдидҳо аз ҷониби шахсони манфиатдор оид ба додани асли кассетаҳо, хомӯшнишинӣ, сипас таҳдиди ҷисман аз байн бурдан изҳор намоям.

Ниҳоят, аз ҷониби суди ноҳияи Сино (судя Сафоев А.), гӯё барои тӯҳмат, яъне паст задани шаъну шараф ва резондани обрӯи кории ҳамон судяҳои Суди Олӣ, ки тибку! акидаи адвокат мувофиқи дастури Раис худсарӣ содир намудаанд, ба гуфти Абдуллоев Н.А. бошад судяҳо тӯҳматгар ҳастанд, судй адвокатро ташкил кардаанд, алҳол онҳо якбора даъвогарҷабрдида шуданду адвокат бошад ба тӯҳматчӣ табдил ёфтааст!

Ба мундариҷаи гуфтугӯи адвокатва судя Нуров Н.Э. ва ба мӯҳтавои шикоятҳои кассатсионӣ ва назоратии адвокат, ки мавқеи касбии худро химоя мекунад, оид ба беадолатии ҳукмҳо ва баҳри беҳдошти сифати адолати судӣ далелҳо пешниҳод менамояд, равона шуданд, на он ки ба таҳқири шаъну шарафи судяҳо, таваҷҷӯҳ фармоед. (Аудиокассета ва аризаҳо, дигар мавод ва далелҳо оид ба судя Маҳмадшоев У. ба Прокурори Генералӣ алоҳида пешниҳод карда мешаванд).

Вобаста ба маълумоти зикрёфтаи порагирӣ ва коррупсия дар Суди Олй -онҳо бофтаи хаёлоти адвокат не, балки далелҳоеанд, ки худи судяҳо ком бурдаанд, суханҳои икрории онҳо дар лентаи магнитофон сабт шуда, танҳо ба мақомоти дахлдори Суди Олӣ пешниҳод гардидаанд.

Мӯҳтарам судяҳо, ки эҳтимол боварашон ба ҳукм ва вазифаҳои ишғолкардаашон комилу абадианд, ҳанӯз то баррасии парванда дар мақомоти кассатсионӣ, арзёбии шикояти адвокат аз ҷониби суд саросема суди адвокатро ороста, нияти ӯро паси панҷара, назди зерҳимояҳояш андохтан доранд, Зеро дар мавриди тасдиқи далели «тӯҳмат» аз ҷониби суди фармоишӣ ба адвокат нафақат ҷуброни пулӣ ба микдори 1100 000 (як миллиону сад ҳазор) сомонӣ бар фоидаи судяҳо, балки минбаъд ҷазои ҷиноятӣ дар шакли ба мӯҳлати аз 3 то 5 сол (моддаи 135 қ. 3 КҶ) аз озодӣ махрум намудан, тахдид менамояд.

Бинобар ин бояд тахмин зад, ки натанҳо судяҳои Суди Олӣ соҳиби ҳуқуқ, шаъну шараф, обрӯи корӣ ва аклу идроки солиманд. Ва аз чӣ боис, ки аризаи адвокат ва изҳороти судяро (бо кассета) оид ба коррупсия дар Суди Олй таи 5 моҳ инҷониб барои таҳқиқба унвони Прокурори генералӣ нафиристодаанд. Эҳтимол боиси он аст, ки дар он асосҳои кофии далелҳои адвокатро тасдиқкунанда ва ногувори судҳоро аз ҷониби худи судҳо айбдоркунанда, аз он ҷумла оид ба ҷиноятҳо алайҳи адолати судӣ содиршуда ҷой доранд!

Ҳамзамон, ба иттилоятон мерасонам, ки аз ҷониби судяҳо пайваста ва ғайриқонунӣ адвокат, муаллйфи ариза таъқиб карда мешавад ва кӯшиши ӯро паси панҷара андохтан мекунанд.

Ҳамин тариқ, барои хифзи мавқеи касбию қонунии худ, танқиди асосноки фаъолияти баъзе судҳо, ки ҳукмнома ва қарори ноодилона ва нисбати ҳимоятгар даҳҳо таъиноти хусусию пешниходҳои ғайриқонунӣ баровардаанд, инчунин ба прокуратура ва Раёсати Коллегияи адвокатҳо оид ба ҷалби ӯ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ва аз хориҷ кардан аз Коллегияи адвокатҳо ариза пеш овардаанд, ва шахсан худи Раиси Суди Олӣ дар ҷаласаи пӯшидаи Раёсати Суди Олӣ адвокатро ғайриқонунӣ аз иштирок дар суд барканор менамояд ва ғайриқонунӣ шахси бегона – директори генералии тарабхонаро роҳ медиҳад ва ба ҷои баррасии парвандаи зерҳимояи ман О. Ашӯров худсарона парванда ва аризаи шахси бегона – директори тарабхонаро «аз хусуси авбошӣ»-и ҳимоятгар баррасӣ мешавад, ва дар суди ноҳиявӣ дигар парвандаи сохта «оиди аз манзилаш кӯчониданй ҳимоятгар»-ро дида мебароянд, баъд адвокат ва идораи, рӯзномаи «Вечерний Душанбе»-ро барои мақолаи «Аз болои судҳо низ суд ҳаст», яъне ба хотири он ки ман, ҳимоятгар, прокуррр ва судяҳои қонуншиканӣ ва худсарӣ кардаро зери танқид гирифтам, чунки асоси фаъолияташонро на манфиатҳои давлатӣ, балки шахсӣ ташкил медиҳанд, ин ақидаи шахсии ман аз нав дар мисолу далёлҳои рафтори баъзе судҳои Суди Олӣ тасдиқи худро меёбад, тавассути суди фармоишӣ ғайриқонунӣ гӯё бар фоидаи судя, зоҳиран барои таҳқири шаъну шарафи судя Амиров Н. (суди ш. Душанбе) аз ҷониби адвокат ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ дар маҷмӯъ ҷарима баста шуд, ки он ҳам сохтаю бофта баромад (инро тафтиши такрорӣ ва карори Прокурори генералӣ, ки барои бекор намудани ҳукми сохта эътироз оварда буд ва Комитети СММ оид ба ҳукуқҳои инсон тасдиқ намуданд, собит менамояд). Дар ин ҳолат маҷбур шудам тариқи рӯзномаи «Бизнес ва Политика» бо изҳороти кушода ва мақолаи «Адолати судӣ ё Дурӯғи Калон» (№№1-2) бобати таъқиби адвокат ва ба ҷавобгарӣ кашидани сохтакорони парванда ба Шумо, ҷаноби Президент муроҷиат намоям.

Баъди падид наомадани вокуниши қонунӣ ва ҷавоби рад додани Суди Олй бобати татбиқи адолати судӣ ман ба Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиат кардам. Кумитаи зикрёфта тибқи қарори хӯд муқаррар намуд, ки амали судҳои иштирокчии Пакт (давлати Тоҷикистон) мазмуни ғаразнок ва характери худсарона дошта ҳуқуқи инсонро поймол кардааст ва қарори судҳоро нисбати парвандаи Ашӯров О., таъқиби хешу табори вай ва ҳимоятгар беадолатона (ғайриқонунӣ) ҳисобид. Ва дар асоси Пакти байналхалқӣ оид ба ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандй ва протоколи факултативии Тоҷикистон эътирофнамуда аз нав баррасӣ кардани парванда ва ташкили мурофиаи судии одилона, ҷуброни ҷабрдидагонро барои таъқиботи ғайриқонунӣ пешниҳод сохт.

Вале бо вайронкунии моддаҳои 10 ва 14 Конститутсияи ҶТ Раиси Суди Олии ҶТ Абдуллоев Н.А. чун пештара, ба хам аз амалӣ тардондани адолати судӣ ва ҳимояи ҳуқуқи инсон даст кашид ба Пленуми Суди Олӣ аз рӯи ин корҳо оид ба бекор намудани қарорҳои ғайриқонунии судҳо эътироз пешниҳод накард, ки ин ва умуман дар маҷмӯъ, ба андешаам давлати ҳуқуқбунёди Тоҷикистонро беобрӯ месозад, чунки бо назардошти даст кашидани Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати аз нав баррасӣ кардани парванда ва мурофиаи одилонаи судӣ Кумитаи СММ оид ба халалдор намудани ҳуқуқи инсон масъаларо ба санади ҷамъбастии Комитет дар ҷаласаи Ассамблеяи генералии СММ дар Ню-Йорк гузошт.

Айни замон, далелҳо оид ба бисёр ин гуна -қонуншиканиҳо, худсариҳо ва беадолатии хукмномаву қарорҳои судҳо, вайрон гардидани ҳуқуқ ва озодиҳои Конститутсионии шаҳрвандон дар сурати зарурат дар радифи дигар ҳимоятгарони ҳуқуқ пешниҳод карда мешаванд.

Бинобар ин ташвишангез аст, ки чунин тадбирҳои пахшкунӣ аа ҷазодиҳӣ, таҷрибаи пурнуқсони судҳо нисбато шахрвандони мамлакат характери муташаккилона доранд, ҳамзамон ба адолати судӣ, давлати ҳуқуқбунёд ва сиёсати Шумо, Президенти мамлакат зарар мерасонанд.

Ин боз аз он ҷиҳат хепе ташвишовар аст, ки тибқи Қонунгузории нави Мурофиавӣ-Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон додани иҷозат барои ҳабс бар зиммаи судяҳо вогузор мешавад, аз ин рӯ оё ояндаи адолати судӣ ва тақдири ҳазорон шаҳрвандони мамлакатро ба чунин судяҳо бовар кардан мумкин аст?

Ба андешаи мо чунин таҷрибаи пурнуксони судй, ки пештар дар таҷрибаи судҳои Тоҷикистон ба назар намерасанд, бешубҳа дар таърихи ба амаловарии адолати судии малакат осори сиёҳу носутурданӣ мегузорад.

Ҳамаи ин зуҳуроти мавҷударо оид ба он, ки аз ҷониби идоранишинони олимартаба мансабдорони на манфиати давлатӣ, балки манфиати шахсиро асоси фаъолияти худ қарордода, гапдаро ва хушомадгӯ дастгирӣ меёбанд, тасдиқ менамояд.

Яъне, саросар занҷири сарбаста амал менамояду эҳсоси бемасъулиятӣ ва ҷоизшумории томро, ки тавлид менамояд ва ба падид омадани психологияи пурнуқсони устувор оварда мерасонад.

Зоҳиран ба Шумо оид ба вазъи қонуният ва адолати судй дар мамлакат, аз он ҷумла оид ба парвандаҳои зикрёфта, ки аҳамияти давлативу ҷамъиятӣ доранд, макомоти дахлдор ахбороти дақиқу саҳеҳ пешниҳод намекунанд.

Бинобар зикри маҷмӯи далелҳои мӯътамад ақидаи роҳбарияти Суди Олӣ дар хусуси он ки онҳо талаботи| Конститутсионӣ ва принсипҳои татбики! адолати судиро иҷро, Суд ҳуқуқва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлатконуният ва адолатро ҳифз менамояд, ба ҳақиқат рост намеоянд.

Охир ба ҳамагон маълум, ки «Қонунҳо баҳри ҳама навишта шудаанд, онҳоро ҳам худоён ва одамони оддӣ, дороён ва ҳам тобеону онҳо ӯҳдадоранд, ки иҷро намоянд».

Аз болои судяҳо ҳам суд ҳаст ва бояд Суд бошад. Имрӯз не, фардо фаро мерасад. Ва агар касе гумон кунанд, ки барояшон суд нест, пас суди Худовандӣ вуҷуд дорад.

– Ин ногузир аст, чунки Худованд ҳамаро мебинад.

Мутобиқи моддаҳои 30 ва 31 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо муроҷиат карда, хоҳиш менамоям, ки Шумо ҳамчун кафили риояи Конститутсия, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон аризаи адвокатро баррасӣ намоед ва бар манфиати шаҳрвандони мамлакат ва бехдошти адолати судӣ тадбирҳои судманди парвандаҳои ҷиноятии зикрёфта мурофиаи судии одилонаро таъмин созедто шахсони гунаҳкорро тибқи қонун ба ҷазои сазовор расонад, қонуният ва адлу адолатро пойдор гардонад. Ва шахсони мансабдори гуноҳ содиркардаро ба ҷавобгарии мутобиқ кашед.

Ба сифати далелҳои шаъйӣ ва мӯътамад оид ба вазъи адолати судӣ дар Суди Олӣ, ҳамзамон ба Шумо яке аз аудиокассетаро бо иқрори судя Нуров Н.Э. оид ба коррупсия дар Суди Олӣ, инчунин нусхаҳои аризаи ҳимоятгарро ба Суди Олӣ, ки нисбати онҳо вокуниши қонунӣ нишон надодааст, мефиристам.

Аз ҷониби худ изҳор менамоям, ки барои пешниҳоди далел ва иттилои бардуруғ ва ба воқеият номувофиқ омодаам дар назди қонун ҳаргуна ҷавобгариро ба ӯхда гирам.

Замима: 1) Нусхаи аудиокассетаҳо бо стенограмма.

2) Нусхаҳои аризаи ҳимоятгар.

2 Responses

  1. Ачаб мардуме хастед! Кучо адолату кучо суду кучо Конуни Асоси???? Ин системаи сангаки ибтидо маълум – аз решааш пусида буд!
    Баъдан худи Низом Чураев агар вокеан ватанпарасте мебуд кори дигаре буд. Шахсе, ки бо чунин имконот худаш намехохад зидди режим мубориза барад, чи хочати гап?! Тамоми авлодашро мисли гусфанд ба дасти кассобони сангаки додааст…
    Ба Худо, дар точик неруи салим намондааст, ки дарди дил куни!

  2. Эх, агар хама адвокатону хукукшиносон чун Шумо МАРД мебуданд, ин Ватани мо ВАТАН мешуд!
    Ин судяхоро хамаашонро ба пахтачинй бурдан даркор! Харчанд пахтаро хам харом меккунанд…

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: