Ҳами Роғун мегам дуруғ набоша бо…

Ҳама саҳмияи Роғун гирифтанд, ман намегирам. Барои чй ки боварй надорам. Як рафикам дар Ориёнбанк кор мекунад, гуфт акаи Хасан ба як дирам хам сахмия нахаридааст.  Холо ин ки акаи Хасан Асадуллохзода пули зиёд дорад ва агар хохад аз ним беши сахмияхоро як худаш мехарад.

Аз рузе ки ин гапа шунидам, хобам намебарад. Наход ин кадар халк ба хамин гапхоио Рогун бовар карданд? Ё аз руи тарс сахмия мегиранду пеши телевизион омада ба хама, аз хама хам асосияш ба Чаноболй нишон медиханд, ки ана, ака мо харидем, чон халос. Ман фикр мекунам, онхо хамин хел гап мезананд, ки пули худро дар оби Вахш партофта бошанд.

Лекин ман пули мепартофтагй надорам. Барои хамин сахмия намехарам. Хамин кадар одам бовар карду давид сахмияхарй, акаи Хасан хатто нагуфтааст, ки чй гапай берунда. Ягон гапа медонад, ки нахаридай. Камтарак диққам, ки хама давиду ман надавидам, аз катор мондам.

Хайр, холо хам вакт хаст. Агар дар хакикат максад аз Рогун сарчамъ кардани хамаи миллат бошад, бигзор хукумат исбот кунад. Масалан, Чаноболй одамони расвошударо аз хукумат берун кунаду чавонони доно ва арзандаро ба сари кор биёранд. Агар хешу таборашро дур кунад, армияи дангарагихоро кам кунаду хамаи мардуми хамаи махалхои Точикистонро ба як чашм бинад, он вакт камтар боварй дар дили ман пайдо мешавад.

Лекин агар рох дихад, ки дар интихобот халк одамони мехостагияшро интихоб кунад ва парламенти Точикистон аз фурухташудахо не, балки аз одамони асил ва гамхори халк ташкил ёбад, он вакт боварии ман 100% мешавад ва як не 20 сахмия мехарам, гушнаву ташна мегардам, луччу урён, лекин сахмия мехарам, чунки бовар мекунам.

Одамоне ки мехоханд ман ба гапашон бовар кунам, охир бояд исбот кунанд, ки гапи рост мегуянд, на дуруги навбатй. Он вакт аксаи Хасан хам намегуяд, ки хами Рогун мегам дуруг набоша бо… Кй хаст ки сари хасана гаранг мекунад?

12 Responses

  1. salom aleykum ba shaxsone ki provokaysiya mekunan.!!!

    Barodaro chi darkor hamin xel xabarho
    1. um az az Hasan bezor hastam …….
    2. az tamomi kalaxuron
    3. in himmat baroi Rogun hissi milliyi moro nishon medihad va insholloh ki be yagon sadama ba oxir merasad.
    4.shumo firk nakuned ki in shaxsone ki hakki mardumro mexuran to fakat hakki shumoro xurdaand mo ham tojik hastem.
    5.man tarafdori sahmiya guzori dar Rogun meboshad to inki az mutaham shudani Uzbakiston va rassia xalos shavem.

  2. Az tojvar digar shudan shumo ba safi hamon vatandori ghulomi halkabargushi ajnabiyon monand shudaed.
    Shumo az xud pursed chi ikdomi neke kardaed baroi tojikiston alalxusus Roghun?

    Agar nakardaed akallan zarar narasoned tamasxuru mazok nakuned.

    Shayx Sadi chi zebo meguyag agar markabi shaxsero dar loy bini agar kumak karda natavoni az vay mapurs chi hol dori.

    Bezanro talok kardan oson. Shumo az vatan dur namedoned ki soxtani Roghun farzi ayn ast.
    Chunin xabarhoi manfi yo bo niyati gharaz yo az firebi sodadilon ba nasr merasad ki hama bar zarari millati most.

    Hz. Mavlono ba mujdai durughe az Shams hirqai kheshro ba mujdadeh hadya mekunad. Ba u meguyand ki mujda durugh bud charo dodi. Hazrat meguyad ki man medonam ki durugh ast. Baroi xabari durughi Shams man hirka dodam agar rost mebud jonamro medodam.

    Shumo agar ba in kadar mehri vatan nadoshta boshed iltimoz lof az vatandori nazaned. Az holi tojikon giryaaton nameoyad akallan az zahrxan sharm dored.

    Umedvoram akalan jasorati nashr kardani in navishtajotro dored.

  3. Кани кафолат??? Ракамхо??? Одам гусфанд нест!!! Сангтуда -1???

  4. Коррупсия коррупсияро мехурад?

    • Коррупсия дар коррупсия,
    • «БХСС зинда шуд», – зинда бод Саид Фаттох»,
    • У конунро ба таври худ шахр медихад,
    • Чаро Абдулхасанов А. мутахассисони ду сол калб баргузидаи худро химоя карда натавонист.

    Бо дигар шудани рохбарияти АНДМ МК Чумхурии Точикистон (минбаъд Агентии мубориза бо коррупсия) миёни мардум хулосахо яксон набуданд. Бисёрихо бар он буданд, ки рохбарияти нави АК чавони нотарсу далер, принсипнок буда танхо ба Хукумати Чумхури итоат мекунад, зердастони худ ва корафтодагонро дар масофаи 3 метр ба худ хангоми мулокот наздик омадан намемонад,ба чашму руяшон нигох накарда гап мезанад, ва аз паи доштани «наханг»-хои «укёнуси ором» мегардад, бо як «турандози» кисми зиёди онхоро ба «дом» меафканад, бокимонда ба каъри бахрхои дигар панох бурда, аз паи начоти худ мешаванд, ва бо ин бо «мохиву мохичахо ва дигар чонваракони «укёнус» тинчиву оромиро таъмин менамояд, яъне дигаргунихои куллие дар фаъолияти Агентии мубориза бо коррупсия чори мекунад.
    Бо ин максад аввалин дигаргунии у аз кор рондани даххо кормандони чавони маълумотнок шуд, ки аз озмуни гурухи санчишии Агентии коррупсия ва Чумхурии Точикистон гузашта буданд. Баъдан кормандони тачрибаноки бо табъи у мувофик набударо бо бахонаи синну соли нафака «рахмат нагуфта» фармони аз кор рафтанашонро баровард. Дар харду холат бо дагалона вайрон кардани талаботи конуни мехнат бе огохии калби, бе таъмини чои кори дигар, бо надодани имтиёзхои конун муайян намуда шартхои озмунро дагалона бекор кард, ва аз кор рафтагон талаб намуд, ки либосхои низомии кухна ва нимдоштаи худро ба Агентии коррупсия баргардонанд. Дар атрофии худ кормандони пешинаи «БХСС»-ро, ки дар замони Шурави барои 2-3 тин савдогаронро ба махбас мекашиданду то хол ин одаташон бокист ва барои бесалохияти бо амри Президенти мамлакат пароканда шуда буданд, аз нав чамъ овард.
    Шояд бо ин рох ва фуруши либосхои нимдошти аз кор рондашудагону имтиёзпулихои нагирифтаи онхо бучети давлатро гани гардонидани бошад?
    Ачаб «ташабуси хуб». Агар ин ташабусро Вазорати мудофиа, ВКД, КБД, Прокуратура, Вазорати холатхои фавкулода, адлия, ВД Рохи охан, инспексияи наклиёт, чангалбонхо… дастгири намоянд, бучаи давлат хело гани мегардад. Ё у дар назди Агенти вохиди нави «кухнафурушон» ташкил кардани бошад? Чунин тартибот дар ягон давру замон дар ягон мамлакати хатто кашоктарин чори набуд.
    Шояд дар назди Агенти вохиди наве оиди фуруши либосхои нимдошти низоми ташкил шуданист.

    Шояд барои «корманда»-и худ, ки вазорату идорахои Чумхури одати мукаррари шудааст, чойхои нави кори таёр мекарда бошад.
    Наход роххои дигари ганигардонии бучаи давлатиро наёфта бошанд.
    Шояд малакаи фаъолияти оперативи ба у халал расонад.
    Агар парвандаи чиноятии Саидов Акбарро (аз н.Турсунзода), ки ба сохибкории сохта машгул шуда зиёда аз 3 млн сомони маблагхои андоз ва зиёда аз ин маблаг бочхои гумрукиро насупоридааст, катъ намекард зарурияти кухначамъкуни набуд ва имтиёзхои аз кор рондашудагонро мепушонд.
    Агар аризахои пай дар пай собик директории «Чамол –К» Сияев Чамшед ва хешу табори уро, ки ба унвонии Президенти мамлакат ва Агентии коррупсия нависта аз горатгарихои гурухи тафтишотии Прокуратураи Генерали шикоят карданд, санчида хамзамон супориши Чаноби Олиро оиди тафтишоти ин масъала ичро мекард, арзандаи номи ин макомоти бонуфуз мегардид.
    Аз аризаи махбус Сияев Чамшед ва суханхои наздикони у бармеояд, ки дар зарфи 6-мохи фаъолияти мухрафурушии «Чамол компания» аз мардум ба маблаги зиёда аз 117 млн сомони чамъ шуда буд. Аз ин маблаг ба мардум бо хисоби фоизхо барои «фаъолияташон» аз тарафи компания 29 млн. сомони баргардонида шудааст.
    Домони 4 млн сомони дигар аз хисоби фуруши амволхои компания, ки бо нархи 10 маротиба арзон ба хешу табору шиносони кормандони Прокуратура, кормандони суди нохияи Сино ва Чкаловск фурухта шудаст, ба буча ворид гардидаст. Инчунин ба мардум гуё 9 млн сомони баргардонида шудаст, ки ин хам шубханок аст.
    Бе муаммо савол ба миён меояд, бокимонда маблагхои мардум ва молу мулки Сияев Ч. кучо шуд?
    Хангоми махбас шудани Сияев Чамшед маблагхои дар сейфхо буда, бе хисобу китоб, бе тартиб додани хуччатхои дахлдор аз тарафи кормандони Прокуратура дар халтахои басташуда ба прокуратура оварда шуданд.
    Молу ашё, тачхизоту бинохо; автомашинахои компания пурра ба руйхат дароварда шуда буданд, аммо дар хуччатхои мусодира кисми зиёди онро дохил накарданд.
    Маблаги 2-бинои 9-ошёна, хобгохи калони донишчуён дар махалаи «политехникум», 2-хонаи 4-5 хучраги дар хиёбони Рудаки, 1-хонаи 4-хучраги, 2-хонаи 4-хучраги ва тарабхона дар ш.Чкаловск бо тачхизоташон, 400 сар модаговхои чушои зоти, 2500 сар гусфандхои хисори, 40 –букаи зотти, 30-сар аспи този, фермахо дар н.Бохтар, н.Ч.Руми, Кургонтеппа, бостонсаро дар н.Хисор, Турсунзода, Шахринав, тачхизотхои пурраи заводи мехбарори, заводи спирт, фермаи мургпарвари, чандин дорухона ва дуконхои дигар, ки ба маблаги аз мухрафуруши чамъшуда тааллук надорад бе ному нишон аст. Ин номгуи дар даврахои то ба мухрафуруши машгул шудани махбус Сияев Чамшед аз тарафи у харидори шудааст. Маблаги фуруши инхо кучо шуд? Хамчунин аз 16 млн сомони аз хонаи Сияев Ч. дарёфт шуда 8 млн. он ба кайд гирифта нашудааст ва 10 га замини хочагии у дар даромангохи шахри Душанбе мувофики таъби гурухи тафтишотии Прокуратураи Генерали байни онхо таксим карда шудааст. Такдир ва тартиби фуруши онрохо ба чуз аъзои суди Оли Ватанов М. гурухи тафтишотии Прокуратура ва кормандони суди н.Сино касе намедонад.
    Магар махкумшуда метавонист дар як муддати кутох чунин маблаги калонро бо падару модари пир ва завчааш бихурад ё сарф кунад. Агар у марлумро фиреб дода гурехтани мебуд, чаро ин кадар молу мулкро дар Чумхури харидори кард. Агар маблагро ба бонкхои хоричи интикол дода бошад, чаро прокуратура то имруз чорае надид, аз паи кофтукови маблагхо нашуд. Чаро прокуратура то хол ба саволи Чаноби Оли «миллионхо кучо шуд» чавоб намедихад, хомуш аст. То баста шудани компания ва махбас шудани у фаъолияти корхона аз тарафи Кумитаи андоз ва Прокуратураи Генерали санчида шуда буд ва ягон конуншикании чиддие дар хуччатдори ва андозсупории он муайян нагардида буд.
    Анна диди маблаг ва конуншиканихои коррупсиони дар кучост , ту боши …..
    Бо пароканда кардани Раёсати Агентии коррупсия дар наклиёт дарвозахои Чумхури барои кочокчиён бо эхтиром кушода шуд. Пушида нест, ки воридоту содирот дар Чумхури тавассути наклиёт ба рох монда шудаст. Шояд кори бо маслихат бошад, ки дигар касе ба онхо халал нарасонад.
    Дар дуконхои тиллофуруши шахру нохияхои Чумхури 1000-хо кг. тилловори, чавохирот ва сангхои киматбахо солхои тулони ба фуруш бароварда мешаванд, ки аз Туркия ва мамлакати Араб тавассути тайёрахо ворид мегардад, лек дар хуччатхои гумурки 0,5%-и он ба расмият дароварда шудасту халос.
    Оварданд, ки Саридораи Агентии коррупсия Кумитахои заминсозии тамоми дехшурохои нохияи Рудаки ва бахши вазъияти фавкулодаи ин нохияро (солхои 2005-2007) чун мурги дар оби таспон андохташуда «парт» карда партофтанд.
    Оё медонед, молхои ниёзи мардум, ки бо маблаги махсусан калон тарики кочок вориду содир мешаванд, аз тарафи ашхос ва вазифадорони алохида пуштидони шуда бочу андозе, ки бояд ба хазинаи давлат ворид шавад, тасаруфи онхо мегардад.
    Оё медонед, ки 65-70% доруворихои дар фуруш буда бо максади кам супоридани бочу андоз бе хуччатанду сертификати сифат надоранд, чи микдори ин калбаки аст.
    Оё медонед, ки тамоми молу мавод хангоми воридот бо нархи 5-7 баробар паст ба расмияти гумруки дароварда мешаванду андозсупори низ бо ин нарх амали мегардад.
    Оё медонед, , ки зиёда аз 80%-и махсулотхои ба Чумхури воридшуда ба меъёрхои стандарти чавобгуй нестанд, махсусан хуроквори ва тачхизотхои техники. Ки назорати онро таъмин мекунад, ки ба ин хавасманд аст?
    Оё медонед, ки 60% хукми судхо бо дагалона вайрон кардани конунхои чори бароварда шуда, махбусон бе исботи чиноят дар махбасххо хобанд. Хукм аз руи конун набуда бо муросои суд ва прокурор бароварда мешавад. Мавкеъи адвокат дар мурофиаи суди ба кадри кохи зери по баробар аст.
    Хуб нест, ки чиноятхои сабук ва иктисоди бо пул мучозот шаванд, ки манфиаташ ба чамъият ва давлат бештар хохад буд.
    Оё медонед, ки маводхои сохтмони дар тамоми иншоотхо, корхонахои давлати ва стратеги, ки аз хисоби буча маблаггузхори карда мешаванд, аз нархи бозор даххо маротиба ва аз ин хам зиёд хуччат карда мешаванд.
    Акнун фахмиди ки «нахангхо» дар кучо сайр мекунанд? Ту боши аз онхо дар масофаи 3 км дури мегурези.
    Аз ин беамалихо махе дахо млн.сомони ба киссаи мансабдорони алохида муфт меояд.
    Агар ин холатхо аз тарафи Агентии коррупсия зери назорат мебуд Хукумат мухточи хизмати хирсонаи рохбарони муассисаву донишкадахо, ки ба хотири обруи хасаки бо тахдиди аз кор рондани гурухи камбизоати ахоли ва аз донишкада пеш кардани донишчуён, ки маблаги гаронро барои неругохи «Рогун» талаб мекунанд, намешуд, ва агар фуруши конунии замин ба рох монда мешуд, барои сохтмони иншоотхо ташвиши Хукумат камтар мегардид.
    Хамзамон дар хотир дор, ки маблагхое, ки бе гирифтани сахмияхо гузаронида мешаванд бе назорат мемонанд.
    Фаромуш накун, ки ягон (ревизор) тафтишотчи ба манфиати давлат (дар Чумхурии Точикистон) кор накардааст ва намекунад, вагарна садхо млн. маблагхои аз буча тасарруфшударо ошкор кардан мумкин аст. Агар чиноятеро ошкор карда бошанд он хам аз руи «заказ» аст.
    Он чиноятхое, ки ошкор карда мешаванд, ба гайр аз «парвандаи Исфара» шоистаи АНДМ ва МК ЧТ нест. Чунин чиноятхоро макомотхои то Агентии коррупсия амалкунанда низ аз ин бехтар ошкор мекарданд.
    Агенти ба мутахассисони тачрибадору пуркувват эхтиёч дорад. «Кормандони худро» аз хисоби авлоду махалу шиносон ташкил намуда такдиру умеди мутахассисони чавон, оилахои онхо ва манфиати давлатро помол кардан чиноят аст. Окибати талхи чунин кирдорро мардум фаромуш накардаст. Шояд ин барои дар оянда чо кардани «худихо» бахонае бошад.
    Бо ин амал дар муддати кутохи рохбарии мувакатии худ захмати дахсолахои Президенти мамлакатро, ки мардуму махалу кишвархоро ба хам наздик месозад, барбод медихед. Дили хазорон авлоду фарзандони онхо аз сиёсати давлатдори хунук мегардад.
    Аз «гуфтугуи мустаким»-и сохтакорона ташкил намудаи худ, ки пешаки саволхои таёршударо бо зердастони наздики худ дода аз номи дигарон занг мезаданд, шарм надор, ту танхо нести, макомоти Прокуратура, Точикстандарт, Хадамоти гумруки низ чунин карда буданд. Хатто чавобхои пешаки таёршуда ба саволхо мувофикат намекарданд.
    Боз ба наздикони худ ваъда додаст, ки баъди як сол сохтори ВКД-ро дигаргун месозад, он чо низ ислохот мегузаронад. Мо аллакай бовари хосил кардем. Он чо лисобхои кухнаву нимдошти низоми бисёр аст-ку. Шояд бо хамин максад вазир шудани бошад.
    Аз чамши мардум хеч чиз пинхон намемонад.
    Ин хамма порчае аст аз он «агар»-хо ва «оё медони»-хо. Дар шуморахои оянда оиди масъалахои баёншуда муфассал ба хонанадагон пешниход хохад шуд.
    Бо хохиши махкумшуда Сияев Ч. ва ахлу оилаи у ва маводхои пешниходкардаи онхо.

    Ахмади Гози.

  5. Азму разми точикона мо ба майдон мекунем
    Чархи рогунро ба дасти хеш гардон мекунем
    Мерасад нуру зиёи он ба хар як хонадон.
    Точикстонро саросар ахтаристон мекунем

  6. Хайрона, майнаатон тамоман вайрона будааст

  7. Ба Хайронаи хайрон!!!! Оё казияи “исфарагихо” нишон надод ба Шумо -то чи андоза ба ин давлат метавон бовар кард??? Шумо ба афсонае бовар доред…. хайрон бимонед!!!!

  8. Як насли “хайронахо” дар ин бист сол режими Рахмон тарбия кард, ки инхо ба гайр аз хаёти гуломонаи сангаки-рахмони дигар чизро намебинанд. Давлатро ба хонаи худ кучонида, будчаи давлатиро ба чайби хонаводаи чашмгуруснаи хеш табдил додаанд. Ин “хайронахо” хамон манкуртхои бе аслу насаб мебошанд, ки умри режими сангаки-рахмониро тамдид мекунанд. Ба инхо бондитхо “Рогун” гуяд хамон замон эзори охиринашонро хам кашида медиханд. Намепурсанд, ки пул кучо меравад, ба “Рогун” ё ба чои дигар. То хол маълум нест, ки чи кадар маблаг чамъ шуда ва дар кучо ин пулхо нигох дошта мешаванд. пули чамъкардаи Сангтуда кучо шуд? Чаро ин дуздхо аз Русия барои Сангтуда то хол миллионхо доллар карздоранд? Касе намехохад пурсад гуиё он пулхо пули ин мардум набуд…

  9. Имруз Рогун ба майдони созандаги табдил ёфтааст. Хар яки мо барои сохтмони он камари химмат баста сахми хешро барои харчи тезтар ба итмом расидани ин иншооти аср гузорем. Як чизи асосиро набояд, мо фаромуш кунем, хунукихои зимистонхои гузаштаро. То кай мо аз давлати хамсоя чабр мекашем.Мо набояд ба хар гуна хабархои вайрона бовар карда рохгум назанем.

  10. Ту киву Рамонов ки?
    Рахмонов гарчанде барои кисаи худ бештар кор мекнад. Аммо фикри окилона намуд, ки РОгунро бояд сохт, то мардум аз бумбасти бебарки рахо бишаванд. дар ким кучое нишаста вазъиятро дарк накарда хар суха гуфтан чоиз нест.
    акнун ту ба гапи чураат бовар карди ки Хасан Асадуллозода сахмия нахаридааст.
    Мо Рогунро мезозем, бе кумаки ту бепарво бош.

  11. ман бовар дорам, ки хамаи он шахсоне, ки аз бесаводи ва бемсъулиятии хукумат шикоят доранд, аз чумла худи ман низ чунин акида дорам. Аммо бояд бигум, ки хар нафаре ки президент интихоб мешавад дуст ва хешованди худроба курсии мансаб интихоб менаояд.Албатта, бесаводро намемонад. 80 фоиз кафолат медихам ки касе президент интихоб шуд ба чунин кор даст мезанад. мансаб инсонро тагйир медихад. Холо ту фикри миллат ва мардумро мехури. баъд аз ки фазифаро бар ухда гирифти ба 180 градус тагйир меёби.

  12. Худои мехрубон ба ин халки точик кумак кунад ва аз Худованд умедворам ки ин кори хеле савобро дар мухлати хеле кутох ба анчом мерасонад,, Худованд точикони моро инсоф тияд.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: