Интихобот дар торикй ва сардии зимистон

Пешниходи ба вакти дигар гузарондани интихобот дар Точикистон таваччухи хеч касро дар кишвар ба худ чалб накард. Мансабдорон ин пешниходро шунида бошанд хам, гуши худро ба карй заданд. Агар даъвохои онхо, ки аз минбархои баланд фарёд мезананд, ки тарафдори интихоботи шаффоф ва одилона хастанд, як сари сузан хакикат медоштанд, хатман ба ин пешниходи мардум гуш медоданд.

Баъзехо ин пешниходро барои он ба миён гузоштанд, ки хунукии зимистон (январ-феврал) ва махдудияти интиколи нируи барк хамчун як вазъи фавкулодда имкон намедихад, ки маъракаи таблиготии интихоботй дар сатхи лозим гузаронида шавад.  Хуб дар хотир дорем, ки махудияти барк ба баъзе мулокоту махфилхои таблиготй таъсир хохад дошт, вале ба бархи дигар на.

Масалан, вакте номзадхои хизби Халкй-Демкоратй мулокот гузаронанд, барк хомуш намешавад. Лекин агар намояндаи хизби дигаре мулокот барпо кунад, мумкин аст, дар нимаи он барк хомуш гардад.

Нашри роликхои таблиготии хизбхо дар телевизион хам мумкин аст барои соатхое интихоб шавад, ки мардум барк доранд ё надоранд. Сардии хаво ба чамъшавии интихобкунандагон таъсир манфй дорад.

Хулоса, махдудияти барк бозичаи сиёсии онхое хохад шуд, ки рубилник дар дасташон аст ва сардиии хавову чамъ нашудани интихобкунандагон ба мулокотхо низ ба фоидаи онхое тамом мешавад, ки зарурате ба мулокот бо мардум надоранд ва такдири интихоботро дар даруни куттихои рой хал мекунанд.

Агар сарварони кишвар дар хакикат тарсе аз бохтани мавкеъхои худ надоранд, чаро намехоханд, интихоботро ба вакти дигар, масалан моххои апрел ё май гузаронанд? Ё умедашон факат ба ин аст, ки дар торикй интихобкунандагони сармозада ва хоболуд мисли солхои пеш боз хам интихоби галат хоханд кард?

Бисёр суолбарангез аст, ки халки мо боз хам ба хаминхо раьй хохад дод? Яъне хамаи ин азобу укубаташро фаромуш хохад кард ва хакки рахбариро боз хам бо одамоне хохад дод, ки ин панч соли гузашта парвои халк надоштанд ва аксари кулли конунхои кабулкардаашон бар зидди манфиатхои мардум аст?

Ё Оллох! Наход боз хам хамин хел шавад?

Advertisements

One Response

  1. чи хеле ки Косим косимов гуфта буд он касе вакил хохад шуд ки уро ману Рахмон хохонем

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: