НОН

Зафари СУФЙ «Озодагон» №45 12.11.09

Мабод он руз, ки аслитарин хуроки точик кимат шавад

Боридани борон ва сард шудани хавои тирамохи боиси 3 соат катъ гаштани барки дар кишвар шуд. Ин чо коре ба сабабу омили ин катъи барк, ва изхороти расмиву овозахо надорам.

Маро чизи дигаре сахт норохат кард. Шомгохи хамон рузе, ки барк, кать шуд, дар бозорчахои махаллахои 103, 84 ва82 нон набуд. Мачбур шудам то макони аслии нонфурушон дар пойтахт, яъне бозорчаи махаллаи Карияи боло равам. Аммо дар ин чо хам нон набуд ва ду чавонзани нонфуруш мунтазир буданд, ки барояшон нон меоранд. Мо хам интизор шудем ва хангоме, ки дар аробае нон оварданд, яке аз он ду чавонзан гуи Пан Ги Мун бошад, бо карру фарр ва дагалона шуруъ ба “кор” кард. У бидуни хеч мукaддима нархи нони як сомониро дуву ним сомонй эълом намуд. Гуфтам бало ба пасаш, мухим тифлаконам гурусна набошанд. Аз суй дигар, охир иктисоди бозорй, ки шуд бардорад зам кардан дорад! Чахор дона нон харидам ва рахо-рах, фикре маро азоб медод.

Ин чавонзани пустгафси пурру бидуни хич тарсе аз Худо ва риояти бандагони Худо нархро саду панчох, фоиз баланд карда буд. Аммо касе чизе нагуфта бо кашокашу шитобкорй нонро мегирифт.

Онхо мисли каргасе буданд, ки ба туъма чангол мезанаду онро мебардорад. Аммо оё ниходе хает, ки аз фалокат ва ё тасодуф суистифода кардани фурушандахоро назорат намояд? Оё мо метавонем аз хакки худ дифоъ намоем? Агар Худо нахоста фардо катъи барк, бештар шавад оё кй бояд амният ва нархи собит ё дастраси гизои асосии мардум, яъне нонро таъмин ва тазмин кунад?

Хич чиз дар фарханги мо чои нонро наметавонад бигирад. Ба назар мерасад нон як чузъи чудонопазири мавчудияти мост. Точик хама чиз надошта бошад хам бояд нон дошта бошад. Точик хатто нонро бояд бо нон бихурад, вагарна серии шикамашро эхсос намекунад, аз гизои хурдааш лаззат намебарад. Магар надидаед, ки чи гуна порахои нони курутобро бо пораи нон гирифта нуши чон мекунем? Магар палавро ба воситаи порахои нон гирифта хурдани хаммилатонамонро гувох, набудаед? Бале точик, ин сабуртарин миллати дунё, бояд хама чизро бо нон бихурад.

Нон аз як тараф ифодагари сатхи суботи зиндагй бошад аз суй дигар масрафи зиёди он нишони кашшокй аст. Кишваре, ки мардумаш бо нон таъмин аст, дар хисоботи созмону ниходхои байнулмилалй, ки худ тарвичгари кашшокй хастанду зери пушиши мубориза бо факр амал мекунанд, аз сафи кишвархои кашшок берун меояд.

Аз суй дигар масрафи нону чой ва ё ба таъбири мардумй чою чапотй нишони зиндагии “аз гурусна гуруснатар” аст. Холо чй микдор мардумй точик бо чою чаппотй ё нону чой субхро ба шому шомро ба субх, мерасонад бояд ниходхои дахлдор барраси карда ба ин ЧАРО посух бичуянд. ЧАРО точик чунин шуд?

Мисраъхои шоири шодравон Кайсари Аминпур ёдам меояд, ки аз кафторро ба кафтар табдил кардани як тафовути сода дар харф дили нозукаш ба дард омадаву басуз мегуяд:

Бояд ба бетафовутии вожахо
Ва вожахои бетафовуте мисли нон дил баст,
Нонро аз хар тараф бихонй нон аст.

Вале ман ба вожзи нон дил бастан намехохам. Зеро дар кишвари мо дил бастан ба чизе хатар дорад. Яъне агар фардо барк, ба иллати кадом мушкили фанни барои чанд соат катъ шавад нонфурушон ба сарам бадбахтй хоханд овард. Бехтар аст аз фарханг ва руйхати гизохо хамин нонро берун кунам.

Шояд он вакт ними шахрро барои пайдо карданаш давр задан дигар лозим намешавад. Охир дар тамоми дунё мардум бештар гушт ва гизо мехуранд, пас чаро мо чунин накунем? Албатта метавонед бипурсед, ки вакте аз киматии нон ин кадар дар хавотир хастам, хатман, ки барои гушти зиёд ва доим гизо хурдан маблаг надорам? Аксиома хам дар хамин чост, ки мо мисли хич миллати дунё нестем ва ман хам чузъи хурдакаки хамин миллате хастам, ки мисли хич миллати дигар нест.

One Response

  1. Ба фикри Хукумати Точикистон ва радиою телевизионхои он барои точикон НОН лозим нест: ба чои он РАКСУ СУРУД ё суханронихои ПРЕЗИДЕНТ кофист.
    Боз мегуянд, ки нон бошад, суруд хам мешавад. Ин кадар раксу суруд (махсусан вакти сафархои Эмомали Рахмон ба шахру навохии Точикистон) аз оудани нон дар кишвар ва серу пуру бегам будани мардуми он гувохи мдихад. Гох-гох хомуш кардани барк дар пойтахт ва бештар аз барк махрум будани мардуми дехот барои он аст, ки мардум аз худ мабодо нараванд ва ба кадри хукмат расанд.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: