Ҳувияти ҲНИТ

Сайидюнуси Истаравшанӣ, коршиноси аршади фалсафа ва ҳикмати исломӣ

Оё метавон Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро, як ҷунбиши исломгарои бархоста аз матни ҷомеаи Тоҷикистон донист? Ба сухани дигар: оё ин ҷунбиш, дар чигунагии таъсисёбӣ, афроде ки онро поягузорӣ кардаанд, тарзи бардошт ва тафсире, ки аз маорифи исломӣ, ба вижа ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва сиёсии ислом пеши худ дорад, дидгоҳҳое, ки матраҳ мекунад, барномаҳое, ки мехоҳад пиёда кунад ва ғайра… оё дар ҳамаи ин абъод, ҷунбишест сад дар сад тоҷикӣ?

Ё на, як ҷунбиш ва як ҳаракатест, ки маншае ғайри тоҷикӣ дорад, ҳамонанди ағлаби ҷунбишҳои исломии фаъол дар кишварҳои исломӣ, ки ҳарчанд бо номҳои мухталиф зуҳур кардаанд, вале дар андешаву дидгоҳҳои худ, ба навъе мутаассир аз яке ё ду ҷунбиш мисли Ихвонул-муслимин, ё Ҳизбут-таҳрир ва ё наҳзати Имом Хумайнӣ ва ё аз ин қабил ҷунбишҳое, ки нигариши ҷаҳонӣ доранд ҳастанд?

Қазоват ва доварӣ дар ин маҷол, кори саҳлу осоне нест, ба вижа барои таҳлилгаре, ки бо Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аз наздик ошно набошад. Мутаассифона, дар ин мавзўъ, ки аз аҳамияти зиёде бархўрдор аст, метавон гуфт то ҳанўз касе пайдо нашуда, ки зимни як таҳқиқи комил, воқеиятро барои хонандаи тоҷик ва ҳатто ғайри тоҷик некў баён дорад.

Албатта аз инсоф дур аст агар таҳқиқоти ҷаноби устод Абдуллоҳ Раҳнамо дар ин заминаро нодида бигирем. Эшон дар мақолоте мутааддид ва низ ду китобе ба хусус, мавзўи мавриди назарро то ҳадде зиёд некў баррасӣ кардаанд.

Камина иддао надорам дар ин маҷол битавонам доварии лозимро кунам. Чунин кори муҳиммеро мебоист яке аз он касоне, ки аз оғози пайдоиши ин ҷунбиш то ба имрўз, ба таври дақиқ шоҳиди тамоми мароҳиле, ки ҳаракати мазкур пушти сар карда ва фарозу нишебҳое, ки убур намудааст бошад. Иншоаллоҳ умедворем яке аз чунин касоне, ки қатъан ҳастанд, рўзе ин муҳимро анҷом диҳанд.

Аммо, аз боби “Мо ло юдрак куллуҳу, ло ютраку куллуҳу”, камина ба андозаи маълумоте, ки дорам, метавонам то ҳадде муайян назари худамро дар ин мавзўъ иброз намоям. Ҳар чи бошад, солҳое аз шогирдони асотиде будам, ки яди тўло дар ин ҷунбиш доштанд, чи дар асли таъсисаш ва чи дар мароҳили гуногуни фаъолиятҳояш. Ва ҳатто муддате ҳам тавфиқи ҳамроҳӣ бо марҳуми Устод Сайид Абдуллоҳи Нуриро доштам.

Дар таъсиру таассури ҷунбишҳои исломӣ дар якдигар шакке нест

Ҳар чи ҳаст, дар ин шакке нест, ки ҷунбишҳои муосири исломӣ, ба навъе дар якдигар таъсиргузор будаанд. Масалан, таассури ҳаракати Ихвонул-муслимин, хусусан поягузораш Ҳасанул-банно аз андешаҳои ислоҳии Сайид Ҷамоли Афғонӣ ва низ Муҳаммад Абдуҳ-ро ҳаргиз наметавон мункир шуд. Сипас, таъсирпазирии тамомии ҳаракот ва ҷунбишҳои сиёсии исломӣ (ки пас аз Ихвонул-муслимин, дар ақсо нуқоти олами исломӣ зуҳур карданд) аз афкору андешаҳои Ҳасанул-банно ва соири ихвониҳо низ ҷои тардиде надорад. Ҳатто Ҳизбут-таҳрир, ки дар андешаҳои ислоҳӣ ва сиёсии хеш мухолифи ҳаракати Ихвон аст низ, ҷунбише аст пайдо шуда аз батни Ихвонул-муслимин.

Ҳатто бархе мўтақиданд, ҷунбиши Имом Хумайнӣ, ки мунҷар ба таъсиси Ҷумҳурии Исломӣ дар Ирон шуд, ба навъе мутаассир ва дунболарави ҳамон идеяҳоест, ки амсоли Сайид Ҷамол, Ҳасанул-банно ва Сайид Қутб тарроҳони он ба шумор мерафтанд. Доктор Алиакбари Вилоятӣ як чунин назаре дорад.

Бо таваҷҷўҳ ба ин, метавон бо камоли итминон гуфт, ки Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон низ аз ин падида мустасно нест. Касе наметавонад мункири ин ҳақиқат шавад, ки марҳуми Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки поягузор ва муҳандиси аслии ҷунбиши исломӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад, дар навъи нигоҳи худ ба маорифи исломӣ, мутаассир аз афкори амсоли Ҳасанул-банно, Сайид Қутб ва низ Имом Хумайнӣ будааст.

Аслан, мутолеаи китобҳои исломӣ-сиёсии ихвониҳо, осори Абулаъло Мавдудӣ, китобҳои шаҳид Мутаҳҳарӣ ва марҳуми Шариатӣ, осори Имом Хумайнӣ, ва баъдҳо истимои радиои Ирон (пас аз Инқилоби Исломӣ) ва ғайра тавассути марҳуми Устод ва шогирдону ҳамандешони вай будааст, ки дар эшон шўри инқилобӣ эҷод карда, ва нигаришашон ба исломро дигаргун сохта.

Хеле аз ҳақиқат дур аст агар чунин пиндошта шавад, ки ҷунбиши исломӣ дар Тоҷикистон ба раҳбарии марҳуми Устод Нурӣ, ҳеҷ гуна таъсире аз ҷунбишҳои исломии ҷаҳонӣ напазируфта.

Баъзе аз муҳаллилини маҳаллӣ, он ҷо ки ҷунбиши исломӣ дар Тоҷикистонро таҳлил мекунанд, саъй мекунанд ба наҳве решаҳои ин ҷунбишро дар талоши руҳонияти маҳаллие, ки қабл аз Устоду шогирдонаш зистаанд пайдо кунанд, ва ё онро идомаи талоши ҷунбиши маорифпарварон ва ё ҳаракати ҷадидия қаламдод кунанд, ки воқеан аз ҳақиқат дур аст.

Оре, шояд ба як лиҳоз, ин ҷунбишро ба он ҳаракот пайванд дод, ва он ин ки билохира ҳар чи ҳаст, ҷунбише аст падидомада дар маконе, ки пештар он ҳаракот дар ин макон зуҳуру буруз кардаанд. Яъне фақат ва фақат ба лиҳози ҷуғрофиёӣ, на чизе дигар.

Шояд бархе дар чунин таҳлилоти хеш, истинод ба суханони худи марҳуми Устод кунанд, ки бе тардид эшон ҷунбишу ҳаракати худро ба наҳве гиреҳ медод ба талоши бузургоне амсоли Мавлавӣ Муҳаммадҷон (маъруф ба Ҳиндустонӣ) ва ё эшони Абдураҳмонҷон ва ё дигарон, ки аз нуфузи қобили таваҷҷўҳе миёни мардумон бархўрдор будаанд. Аммо бояд таваҷҷўҳ дошт, ки чаро Устод чунин мекард? Посухи ин чаро, барои рўшанбин комилан ҳувайдост. Барои Устод осон набуд миёни мардуме, ки ба шиддат таҳти нуфузи руҳонияти суннатӣ қарор доштанд, бигўяд, ман чизе ҷадид овардаам, ман сухане нав мегўям, ман чизе мегўям, ки ҳатто ба зеҳни ин бузургон хутур намекарда, ман коре хоҳам намуд, ки ин бузургон ҳатто дар хобашон надидаанд.

Шумо бубинед, абармардони майдони илму маърифат, дар замони худ вақте чизе ҷадид дар майдони илм ба армуғон меоварданд, аз он ҷо ки ҳарфашон харидор дошта бошад, саъй мекарданд ба наҳве ин овардаи хешро чизе ҷадид муаррифӣ накунанд, мегуфтанд гузаштагон низ ба ин матолиб ишораҳое намудаанд, ва он гоҳ бо як такаллуфи аҷибу ғарибе суханаке аз он пешиноён пайдо карда ва онро дастак қарор медоданд. Ибни Сино чунин кардааст, қабл аз ў Форобӣ низ чунин кардааст. Ва албатта ин худ як навъ тавозўъ аст, ки инсон ҳатто чизеро, ки ба худаш ихтисос дорад, ба дигарон нисбат диҳад.

Аммо…

Ин ҷо як “аммое” вуҷуд дорад. Ва он ин ки ҳарчанд Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо таассур аз андешаҳои ҷунбишҳое чун Ихвонул-муслимин ва ё наҳзати Имом Хумайнӣ кори худ оғоз намудааст ва ба иборати дигар, аз он реша мегирад, вале як имтиёзе, ки ин ҳаракат дорад, ин аст, ки тавонист – албатта бо мурури замон ва бо пушти сар кардани таҷрубиёти адида – ин ҷунбишро ба як ҷунбиши комилан маҳаллӣ ва ҳамоҳанг бо фарҳанги бумӣ ва тоҷикӣ дароварад. Ва ин кори осоне нест. Дар ин масъала ҳам, саъю талоши поягузори ин ҷунбиш марҳуми Устод Нурӣ ва шогирдонаш, ба вижа Муҳйиддин Кабирӣ (ки дар ҳоли ҳозир раҳбарияти ин ҳаракатро ба ўҳда дорад) бе назир будааст. Эшон тавонистанд бо мурури замон ҳаракати хешро бо фарҳангу суннатҳои маҳаллӣ вифқ диҳанд. Агар ба забони илмӣ бигўем, онҳо тавонистанд ҳаракату ҷунбиши исломии хешро, вифқи муқтазаёти замону макон пеш бубаранд. Тавонистанд худ васоили расидан ба ҳадафро таъйин кунанд, бе он ки муроҷеае ба гуфтаҳои дигарон намоянд, ҳатто ҷое ҳам лозим буд, бо як зарофати хоссе, аҳдофе, ки пеши рўй доранд, авлавиятбандӣ намуда, муҳимро фидои муҳимтар намуданд. Ин кори осоне нест, бо забон гуфтанаш хеле саҳл аст, аммо дар амал хеле сахт аст.

Мисоле мезанам то масъала рўшантар шавад. Шумо бубинед, Ҳизбут-таҳрир, ки ба дасти марҳуми Тақиюддин Набиҳонӣ таъсис шудааст, аз ҳамон оғоз, аҳдофе пеши рўи худ тарсим карда ва васоили расидан ба он аҳдофро ҳам дар ҳамон ибтидои ташаккул мушаххас кардааст, ва он ҳам тавассути поягузораш. Шояд он аҳдоф ва васоили расидан ба онҳо, ба назари муассис ва тибқи зарфи замонию маконие, ки мезиста, мантиқӣ буда (мегўям шояд). Аммо баъд аз он, ҳар чи замон мегузарад, ва ҳар чи макон тағйир меёбад, аҳдоф ҳамон аҳдоф ва васоил ҳамон васоил, бидуни ин ки касе чизеро тағйир ва ё ҷобаҷоӣ дар онҳо анҷом бидиҳад, ва имрўза ҳам он аҳдофу он васоил пеши пайравонаш, басон ваҳйи мунзал аст, ки касе ҳаққи тағйири чизеро надорад. Ҳизбут-таҳрире, ки дар Индонезӣ масалан фаъолият дорад, дар аҳдофу тактику васоил, ҳеҷ тафовуте бо Ҳизбут-таҳрире, ки масалан дар Фаластин ва ё ҳатто дар Ўзбакистон фаъол аст надорад, гўи фарҳангу суннату аз ин қабил муассироти ин амокин яке бошад. Бинобар ин мебинем ин ҷунбиш, ҳарчанд пайравони зиёд барои худ пайдо мекунад, вале амалан коре аз дасташон сохта нест.

Ҳоло, камина коре ба ин надорам, манзурам як нуктаи дигар аст. Мехоҳам арз кунам, ки фаъолони ин ҳизб барои худ ин ҷуръатро намедиҳанд, ки аз гуфтаҳову раҳнамудҳои поягузори ҳизбашон тахаттӣ кунанд, чун кори осоне нест, метарсанд, ки мабодо муртакиби гуноҳе шаванд. Ва воқеан ҳам кори осоне нест. Ин кор, илова бар иҳотаи комил доштан ба маорифи исломӣ, як шуҷоату ҷуръати бузурге металабад.

Ва хушбахтона ҳамин шуҷоату ҷуръат, ба иловаи иҳота доштан ба маорифи исломиро дар вуҷуду пайкараи Ҳизби Наҳзати Исломӣ дидем, ба вижа дар вуҷуди поягузораш марҳуми устод Нурӣ. Ў ҷое, ки лозим буд худ ҷангид, ҷое ки лозим буд худ созиш кард ва мунтазири касе ҳам нанишаст, ва ҷое ҳам ки лозим буд, бо як шуҷоати комил омад ва эълон кард, ки ҳизби исломии ў дар вазъи кунунии Тоҷикистон, бо давлати дунявӣ дониста шудани он мухолиф нест, ва дар чорчўбаи ҳамин қонун, фаъолият хоҳад намуд. Ва агар рўзе ба сари қудрат ояд, ҳамин қонунро пиёда хоҳад кард, ва дар айни замон, аз исломияти худ ҳам даст набардошт.

Албатта ин ба маънои он ҳам нест, ки Наҳзати исломӣ хато ва ё иштибоҳе накарда. На, чунин нест, хатоҳои адида ва аҳёнан муртакиби иштибоҳоти бузурге, ҳатто дар замони марҳуми Устод Нурӣ шуда. Бе хатою иштибоҳ танҳо ҳамон касе аст, ки коре намекунад. Вақте коре кардӣ, ҳатман аз ту иштибоҳ низ сар мезанад. Муҳим он аст, ки ба хатои худ пай барӣ ва он гоҳ мардонавор эътироф карда, ҷубронаш намоӣ.

Хулоса…

Пас, натиҷае, ки мехоҳам арз кунам, ин аст, ки агар бихоҳем Наҳзати Исломии Тоҷикистонро мунсифона арзёбӣ намоем, бояд бигўем, ин ҷунбиш дар оғоз бо таассур аз ҷунбишҳои исломии ҷаҳонӣ поярезӣ ва фаъолияти худ шурўъ намуда, вале бо мурури замон, хештанро маҳаллӣ кунонида ва тибқи муқтазаёти замону макони маҳал ва низ фарҳанги бумӣ кори худ пеш бурда.

Агар бихоҳем шабеҳе барои ин ҷунбиш дар дунёи муосир пайдо кунем, метавонем ҷунбиши исломхоҳони Туркияро мисол занем, ки дуруст мисли ҲНИТ бо таассур аз андешаҳои ихвониҳо поярезӣ шуда ва бо мурури замон, хештанро маҳаллӣ ва сипас кори худ тибқи он ҳар он чи “туркӣ” аст, пеш бурдааст.

Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳ

http://kemyaesaadat.com/

Advertisements

One Response

  1. salam
    shoma nemkhahid ke man baraye shoma shabiye http://www.kemyaesaadat.com tarrahi konam?
    va soyt va domain masalan http://www.tojvar.com sapt konam?
    age mikhahid ba man tamas begirid
    00989384078739
    getpanel@gmail.com

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: