Кадом вазорат бештар дуздидааст?

Хумайрои БАХТИЁР

Аз тарафи идораҳои давлатӣ дар 9 моҳ 10 милллион дуздида шудааст

Бори аввал Вазорати молияи Тоҷикистон дуздии маблағ аз чониби идораҳои давлатиро эълон намуд. Тибки маълумоти Вазири молияи Точикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов, масъулини 8 корхонаи давлатӣ барои ғайримақсаднок истифода бурдани маблағхои буҷаи давлат бояд назди макомот ҷавоб гӯянд. Вазири молия гуфт, ки барои дақиқ кардани омор феълан комиссияи махсус тафтишот мегузаронад.

Давоми 9 моҳи соли равон масъулини Вазорати молияи Точикистон дуздӣ ва аз худкунии маблағро дар 8 идораи давлатӣ дар ҳаҷми зиёда аз 10 млн сомонӣ ошкор кардаанд. Ба гуфтаи Сафаралӣ Наҷмиддинов буҷаи кишвар бештар дар бахшҳои иҷтимоӣ, маорифу тандурустӣ аз худ шудааст.

Ин нуктаро Сафаралӣ Наҷмиддинов рӯзи 23-юми октябр зимни баргузории нишасти матбуотии Вазорати молия зикр намуда гуфт, ки шурӯъ аз моҳи январ Корхонаи воҳиди давлатии “Мубориза бар зидди малах” 1 млн. 582 хазор сомонӣ. Вазорати мелиоратсия ва захоири об 253 ҳазор сомонӣ ва Агентии давлатии хифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 4 млн сомонӣ, ки ҳамчун кӯмакпулӣ барои афроди беҷойи кор пешбинӣ шуда буд. 687 ҳазор сомониашро аз худ кардааст.

Ҳамзамон масуълини Вазорати нақлиёт ва комуникатсия барои 4 млн сомонӣ ва Вазорати энергетика ва саноати кишварро зарур аст, то дар мавриди гум шудани 6 млн сомонӣ назди мақомот ҷавоб гӯянд. Ҳарчанд ҳаҷми буҷаи давлатӣ кам аст, аммо агар ин маблағҳо самаранок истифода шаванд, пас имконияти бароварда сохтани баъзе аз ниёзҳои мардум вуҷуд дорад. Вазири молияи Тоҷикистон бо изҳори таасуф гуфт, ки иллати аслии норасои ва нодории кишвар низ маҳз дар дуздидии маблағҳои давлатӣ аз ҷониби вазорату идораҳо мебошад.

Бояд гуфт, дар феҳрасти “сиёҳи” омода кардаи Вазорати молия ҳамчунин Агентии захираҳои геодезии Тоҷикистон бо дуздии 300 ҳазор сомонӣ, Геологияи тоҷик 308 ҳазор сомонӣ ва департаменти Хоҷагию манзилии комуналӣ бо ҷурми аз худ кардани 8 ҳазор сомонӣ шомил шудаанд. Сафаралӣ Наҷмиддинов гуфт, ки фаъолияти ғайриқонунии 8 ниҳоди давлатӣ танҳо аз ҷониби масъулини Вазорати молияи Тоҷикистон ошкор шуда, эҳтимол сафи чунин идораҳо дучанд бошад. Феълан комиссияи махсус барои дақиқ кардани ин маълумот дар корхонаҳои зикршуда, санҷиш мегузаронад.

Маврид ба зикр аст, ки чанде қабл раҳбари Агентии мубориза бо коррупсияи назди президенти Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов низ аз афзоиши сатҳи фасод миёни мансабдорон ва раҳбарони мақомоти баландпоияи кишвар изҳори нигаронӣ кард. Номбурда, гуфт, ки давоми 9 моҳи соли равон масъулин дар тамоми сохторҳои давлати 892 тафтишоту санҷиш гузаронида, ба маблағи 55,9 млн. сомонӣ зарари молиявиро ошкор кардаанд. Фаттоҳ Саидов омили аслии дуздии маблағи буҷаи давлатиро дар бемасъулиятии бархе аз раҳбарони сохторҳои қудратӣ мебинад.

Агентии мубориза бо фасоди назди президенти кишвар дар ҳоле аз дуздида шудани 55, 9 млн сомонӣ дар давоми нӯҳ моҳи соли равон мегуяд, ки тибқи ҳисоботи соли 2008 масъулини ин ниҳод дар ҳаҷми 96 млн сомонӣ хисорот молиявиро ошкор карда буданд.

Ҳанӯз моҳи марти соли равон замоне, ки Шерхон Салимзода раҳбарии Агентии мубориза бо фасоди назди президенти Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт, зимни ҳисоботи худ дар парлумони Тоҷикистон гуфт, ки давоми соли 2008 масъулин пас аз санҷишхо ба президенти кишвар 47, вазорату идораҳои давлатӣ бошад 63-пешниҳод равон карда, дар натиҷа ҳазору 266 нафарро ба ҷавобгарии интизомӣ кашида, 63 нафари дигар аз вазифа озод шудааст.

Бояд гуфт, ки он замон ин ҳисоботи Шерхон Салимзода миёни вакилон баҳсҳои зиёдеро ба бор овард. Аз ҷумла Шодӣ Шабдолов вакили мардумӣ гуфта буд, ки агар масъулини Агентии мубориза бо коррупсия ба маблағи наздики 96-млн сомонӣ зарари молиявиро дар мақомоти давлатӣ ошкор кардаанд, пас даст доштани танҳо 63 нафар ба авҷи фасод дар сатҳи давлатӣ зери суол меравад. Ва худи ҳамон руз вакили дигар Юсуфҷон Ахмедов барои ҳалли мушкили мазкур пешниҳод намуд, то ҳамасола эъломияи муаяйни харҷу сарфи мансабдорон ва маоши онҳо ба ҷомеа пешниҳод шавад. Ба бовари Юсуфҷон Ахмедов ҳачми даромад ва хароҷоти мансабдорону шахсони воқеъӣ набояд махфӣ бошад.

Дар ҳамин ҳол, таҳлилгари масоили иқтисодӣ Зулфиқори Исмоилиён аз пешниҳоди вакили мардумӣ ҷонибдорӣ намуда гуфт, ки нашри дороии мансабдорон хуб аст ва он метавонад то андозае барои мубориза бо ришвахорӣ дар сатҳи давлатӣ мусоидат намояд.

Аммо номбурда муътакид аст, ки барои додани декларатсияи молу амвол мансабдорони мо зид хоҳанд буд. Зеро, аз замони шӯравӣ дар идеологияи онҳо боқӣ мондааст, ки ҳатман аз вазифаи ба даст овардаашон бояд суди молӣ бубинанд. Ба сифати далели гуфтаҳояш, номбурда аз ҳақ ва хуқуқи мансабдорони тоҷик ба тиҷорат оварда, мегӯяд, ки тибқи қонунгузории кишвар онҳо набояд ба тиҷорат даст зананд, вале дар ҳоли таҳлил муаяйн хоҳад шуд, ки тақрибан тамоми тиҷорати бузурги кишварро мансабдорон ба таври пинҳонӣ соҳиб шудаанд.

Умуман мегӯяд Зулфиқори Исмоилиён, худи фасодкорӣ дар Тоҷикистон дар қиёс бо давлатҳои дигар куллан фарқ мекунад. Агар дар давлатҳои хориҷ танҳо корхона ва ё ширкатҳои бузург барои ба даст овардани тендер ришва диҳанд, пас дар Тоҷикистон барои гирифтани роҳхат ва ё маълумоте шаҳрвандони оддиро лозим аст, то ба ин ё он масъули идораи давлатӣ пора бидиҳанд, ки ин ба мардуми кишвар таъсири бевосита мерасонад. Омили мазкур мушкили-№1-и кишвар мебошад, чун дар натиҷа эътимоди мардумро нисбат ба давлат аз байн мебарад, изҳор дошт Зулфиқори Исмоилиён. Ба бовари вай мубориза бо фасодкорӣ дар сатҳи давлатӣ хеле мушкил бошад ҳам, аммо имконпазир аст.

Масуълини Кумитаи андози Тоҷикистон метавонанд, алайҳи фасодкорӣ дар кишвар муборизаи шадидро ба роҳ монда, натиҷаи хуберо ҳам ба даст оранд. Аммо, кормандони ин ниҳодро зарур аст, ки новобаста аз вазифа ва хешутабориашон корхонаҳои кишварро аз пардохти андоз озод нанамоянд. Зеро, соли сипаригардида парлумони Тоҷикистон бо пешниҳоди имтиёзе 27 корхонаи дохилӣро аз пардохти андоз озод намуд. Зулфиқори Исмоилиён муътакид аст, ки агар ҳамаи корхонаҳои Тоҷикистон андозро сари вақт пардохт намоянд, пас ба буҷаи давлат мабалағи зиёд ворид шуда, эҳтимол меравад мизони фасод ва порахӯрӣ то андозае коҳиш ёбад.

Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки коррупсия зери сояи чатре ба вуҷуд меояд, ки он иктисодиёти сиёҳ, ё худ “теневая экономика” унвон дорад. Дар ин робита, қаблан аз ҷониби Маркази таҳлилии “Шарқ” як назарсанҷӣ гузаронида шуд. Пажӯҳиши ин марказ мушаххас кардааст, ки ҳудуди 60-дарсади иқтисодиёти кишвар “иқтисодиёти сиёҳ” мебошад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иттилои қаблии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон “иқтисодиёти сиёҳ” дар кишвар 25 фисадро ташкил медиҳад.

Мантиқан вазорату идораҳои давлатӣ бояст барои пешбурди вазъи иҷтимоии аҳолй талош намоянд, аммо маълум мегардад, ки бархе аз онҳо бо дуздии худ садди пешрафти кишвар мегарданд. Бо чунин ҳол оё метавон ба ояндаи кишвар умед баст?

6 Responses

  1. Хумайрои азиз. Ин хама вазоратхо, ки доля мегиранд, ба БОЛО доля медиханд. Аз хамин ру, дузди асосй хамон аст.
    Равед, дар кучое, ки арз мекунед, кардан гиред (хатто ба сайти АНДЕША!)

  2. Дуруд ба Точвари гироми! Хаста набошед!
    Як хохиши дустона, матлаби Хумайро барои “Озодагон” тахия шуда буд ва ин матн дар хафтанома ба нашр расид. Агар лутф мекардеду манбаъро эълом медоштед хам амонат риоят мешуд ва хам мо аз Шумо миннатпазир.
    Боки дар амони Худо бошед.
    Бо эхтиром ахли “Озодагон”

  3. “…дар 9 мох 10 миллион дуздида шудааст”.
    10 миллион чй? Доллар? Сомонй? Манат? Ийена? Пашша? Таракан?… Чй, билахира?!

  4. Шояб бештар аз хама Агентии иттилоотии ХОВАР дуздида бошад…
    Аз С.Шамсиддинов пурсед чи кадар дар 8 мох дуздидааст….

  5. ман низ барои Ховар шаходат медихам аз дуздии 2солааш!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: